Адли илоҳӣ (14)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши дуввум: ҳалли мушкил (1)

Фалсафаи исломӣ

Масъалаи низоми аҳсан (некӯтарин низом) ва ишколи шурур, аз муҳимтарин масоили фалсафа аст ва чунонки дар бахши нахуст тавзеҳ додем, ин масъала дар шарқу ғарб мӯҷиби пайдоиши фалсафаҳои “санавият”, “моддигарӣ” ва “бадбинӣ” гардидааст. Камтар касест, ки ба ин масъала таваҷҷӯҳ накарда бошад ва дар бораи он сухане нагуфта бошад. Фалосифаи шарқу ғарб ба ишколи шурур таваҷҷӯҳ кардаанд, вале то он ҷо, ки ман мутолеа дорам, фалосифаи ғарб посухе қотеъ барои ин ишкол наёфтаанд. Вале фалосифа ва ҳукамои ислом ишколро мавриди таҷзия ва таҳлил қарор дода ва ба хубӣ аз ӯҳдаи посухи он баромада ва рози муҳиммеро гушудаанд.

Беҷо нест дар инҷо як ҷумла дар бораи ҳикмати илоҳии шарқ бигӯем ва аз ин ганҷинаи бузурги маънавӣ қадрдонӣ кунем. Ҳикмати илоҳии Машриқзамин сармояи азим ва гаронбаҳоест, ки дар партави шуъоҳои тобноки ислом ба вуҷуд омада ва ба башарият эҳдо гардидааст. Аммо афсӯс, ки иддаи қалил ва бисёр маҳдуде амиқона бо ин сармояи азим ошно ҳастанд ва аз ноҳияи бехабарон ва душманони мутаъассиб, бар он ситамҳо шудааст. Иддае, ки иттилооташон аз фалсафаи қадим умуман аз ҳудуди афлоки тисъа (нӯҳгона) ва ъуқули ашара (даҳгона) таҷовуз намекунад, ва чун фақат номи онро шунида ва ё агар ба китобҳо муроҷеа кардаанд, чизе аз он сар дарнаёвардаанд, хаёл кардаанд фалсафаи исломӣ ҳамон аст, ки дар бораи афлоки тисъа ва ъуқули ашара баҳс мекунад, ва чун имрӯз беасосии назарияи афлок равшан шуда, пас онҳо метавонанд гардан барафрозанд ва худро аз Форобӣ ва Бӯалӣ ва Садрулмутааллиҳин бартар шуморанд. Оре, ин идда мепиндоранд ҳикмати илоҳии исломӣ ҳамон фалсафаи қадими юнониён аст ва чизи иловае надорад ва нораво ҳам дохили ислом шудааст.

Инон, нафаҳмида ё фаҳмида, ҷинояти азиме нисбат ба ислом ва маорифи исломӣ муртакиб мегарданд. Ҳикмати исломӣ бо фалсафаи Юнон ҳамон андоза мутафовит аст, ки физики Эйнштейн бо физики Юнон. Далоиле ҳаст, ки ҳатто илоҳиёти Ибни Сино ҳам ба таври комил ба Урупо нарафтааст ва урупоиён аз ин ганҷинаи арзанда ҳанӯз ҳам бехабаранд. Барои намуна, зикри мавриди зайл кофӣ аст:

Дар поварақиҳои ҷилди дуввуми “Усули фалсафа ва равиш реализм” тазаккур додаем, сухани маъруфи Декорт ”Ман фикр мекунам пас вуҷуд дорам”, ки ба унвони фикре нав ва андешае пурарҷ дар фалсафаи Урупо талаққӣ шудааст, ҳарфи пучу бемағзе аст, ки Бӯалӣ (дар 500 қабл аз он) онро дар намати севвуми “Ишорот” бо сароҳати комил ва дар ниҳояти вузӯҳ тарҳ карда ва сипас бо бурҳоне муҳкам ботил кардааст. Агар фалсафаи Ибни Сино барои урупоиён дуруст тарҷума шуда буд, сухани Декорт бо барчасби “ибтикори нав” ва “фикре тоза” мабнои фалсафаи ҷадид қарор намегирифт. Аммо чӣ бояд кард, ки феълан ҳар чизе, ки морки урупоӣ дорад, равнақ дорад, агарчи сухани пӯсидае бошад, ки солҳост мо аз он гузаштаем.

Акнун ба посухи пурсишҳое, ки дар бахши аввал тарҳ кардем мепардозем. Мо ин пурсишҳоро таҳти чаҳор унвон тарҳ кардем: табъизҳо, фаноҳо ва нестиҳо, нақсҳо, офатҳо. Аз ин чаҳор навъ, қисмати аввалро таҳти унвони “табъизҳо” ва боқиро таҳти унвони “шурур” посух мегӯем ва лозим медонем қаблан ишораи мухтасаре ба машрабҳо ва маслакҳои мухталиф дар ҳалли ин гуна ишколот бинамоем.

* * *

Роҳҳо ва маслакҳо

Роҳҳо ва маслакҳо дар ҳалли мушкилоти марбут ба адли илоҳӣ мутафовит аст. Маъмулан аҳли имон, ки дар партави дину мазҳаб ба Худованд имон доранд, бо як посухи иҷмолӣ виҷдони худро қонеъ месозанд; бо худ чунин меандешанд, ки далелҳои қотеъ, вуҷуди Худои қодири алими ҳакимро исбот кардааст; далеле надорад, ки Худои қодири алими ҳаким, зулм кунад. Магар Худованд бо касе душманӣ дорад, ки ба ангезаи душманӣ, ҳаққи ӯро аз байн бибарад, ва ё ниёзманд аст, ки ҳаққи касеро бирубояд ва ба худ ихтисос диҳад?! Ангезаи зулм, ё уқдаҳои руҳӣ аст ва ё ниёзҳо ва эҳтиёҷҳо. Ва чун ангезаи зулм дар Худованд вуҷуд надорад, пас зулм дар бораи Худованд маънӣ надорад. Ӯ қодири мутлақ ва алими мутлақ ва ҳакими мутлақ аст; ҳам олим ба низоми аҳсан ва аслаҳ аст, ва ҳам қодир ба эҷоди он. Бинобар ин, далеле надорад, ки Худованд ҷаҳонро тавре биёфаринад, ки бар хилофи вазъи аҳсан ва аслаҳ бошад. Мусалламан он чи ба номи “шурур” номида мешавад, агар бар зидди низоми аҳсан ва аслаҳ буд, офарида намешуд.

Ин гурӯҳ аҳёнан агар ҷараёнотеро мушоҳида кунанд, ки аз назари худашон қобили тавҷеҳ набошад, онро ба навъе ҳикмат ва маслиҳат, ки бар мо маҷҳул аст ва фақат Худованд аз рози он огоҳ аст, тавҷеҳ мекунанд, ва ба иборати дигар, онро ба “сирри қадар” таъбир мекунанд.

Шак нест, ки ин тарзи тафаккур ва натиҷагирӣ, худ, навъе истидлол аст ва истидлоли саҳеҳе ҳам ҳаст. Ин даста метавонанд бигӯянд, агар фаразан мушкили баъзе аз шурур қобили тавҷеҳ набошад, ба воситаи қусури фаҳми башар аз розҳо ва асрори ҷаҳон аст. Башар вақте, ки худро дар ҷаҳоне мебинад пур аз розу пур аз ҳикмат, табъан агар дар чанд мавриди хосс ба рози ҳикмат ва сирри маслиҳат пай набарад, набояд дар асли матлаб тардид кунад.

Инсон агар китоберо мутолеа кунад ва дар саросари китоб, диққат ва дироят ва қуввати андешаи муаллифро мушоҳида намояд ва дар чанд маврид ҳам баъзе иборот маҷҳул ва лоянҳалл бимонад, табъан ҳукм мекунад, ки ман мақсуди муаллифро дар ин чанд маврид намефаҳмам; ҳаргиз ҳукм намекунад, ки ба далели лоянҳалл мондани ин чанд маврид, муаллиф фоқиди дирояту диққат ва фаҳму идрок будааст ва соири матолиб ба ҳасби тасодуф, бомаънӣ даромадааст. Ниҳояти худхоҳӣ ва ҷаҳолат аст, ки маҷҳул мондани як ё чанд қисмати китобе, ки шахсияти илмии нависандааш дар саросари китоб ба субут расидааст, ҳамл бар ҷаҳолати ӯ, ва иттифоқӣ ва тасодуфӣ будани ҳамаи матолиби ҳакимона бишавад.

Авомми аҳли имон ҳар гоҳ бо ин масоил рӯ ба рӯ шаванд, ба тариқи фавқ, мушкилро барои худ ҳал мекунанд.

Ҳамчунон, ки қаблан гуфтем, табақаи аҳли ҳадис, дар маорифи илоҳӣ тарафдори таъаббуд ва сукутанд ва табъан дар ин масоил аз изҳори назар худдорӣ мекунанд, ва дар ҳақиқат роҳашон ҳамон роҳи авом аст, на роҳи дигаре. Ашоира аз мутакаллимон низ роҳеро рафтаанд, ки табъан масъалае барои онҳо боқӣ намемонад, ки ниёз ба ҳал дошта бошад. Аммо соири мутакаллимон, ва ҳамчунин тарафдорони равиши ҳиссӣ ва таҷрибӣ дар илоҳиёт, роҳи ҳалли мушкилоти адли илоҳиро ҷустуҷӯ ва таҳқиқ дар асрори коинот ва фавоид ва масолеҳи онҳо медонанд.

Вале ҳукамои (фалосифаи) илоҳӣ, ҳам аз ин роҳ ворид мешаванд, ки ҷаҳон, ки асари Худованд аст, ба манзилаи зилл ва сояи Борӣ Таъолост, Худованд ҷамили мутлақ аст, ва зилли ҷамил, ҷамил аст. Ва ҳам ба таҷзия ва таҳлили моҳияти шурур ва ин ки шурур адамианд мепардозанд. Ва ҳам зарурати шурур ва лоянфакк (ҷудонопазир) будани онҳоро аз хайрот, ва ба иборати дигар, таҷзиянопазир будани офаринишро исбот мекунанд. Ва ҳам ба баҳс дар осор ва фавоиди шурур мепардозанд.

Ҳамчунон ки қаблан гуфтем, эродҳо ва ишколоти ин масъала, таҳти ду унвон хулоса мешавад: табъизҳо, шурур. Аввал вориди баҳси табъизҳо мешавем ва сипас шурурро дар бахше ҷудогона мавриди таҷзия ва таҳлил қарор медиҳем.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: