Бозори сиёҳ

(Ду достони дарсомӯз аз таърихи ислом)

Бозори сиёҳ

Оилаи Имом Содиқ ва ҳазинаи зиндагии он ҳазрат зиёд шуда буд. Имом ба фикр афтод, ки аз тариқи касбу тиҷорат оидоте ба даст оварад, то ҷавоби махориҷи хонаро бидиҳад.

Ҳазор динор сармоя фароҳам кард ва ба ғуломи хеш — ки Мусодиф ном дошт — фармуд:

— Ин ҳазор динорро бигир ва омодаи тиҷорат ва мусофират ба Миср бош.

Мусодиф рафт ва бо он пул аз навъи матоъе, ки маъмулан ба Миср ҳамл мешуд харид ва бо корвоне аз туҷҷор, ки ҳама аз ҳамон навъи матоъ ҳамл карда буданд, ба тарафи Миср ҳаракат кард.

Ҳамин ки наздики Миср расиданд, қофилаи дигаре аз туҷҷор, ки аз Миср хориҷ шуда буд, ба онҳо бархӯрд. Авзоъу аҳволро аз якдигар пурсиданд. Зимни гуфтугӯҳо маълум шуд, ки ахиран матоъе, ки Мусодиф ва руфақояш ҳамл мекунанд, бозори хубе пайдо карда ва камёб шудааст. Соҳибони матоъ аз бахти неки худ бисёр хушҳол шуданд, ва иттифоқан он матоъ аз чизҳое буд, ки мавриди эҳтиёҷи умум буд ва мардум ночор буданд ба ҳар қимат ҳаст онро харидорӣ кунанд.

Соҳибони матоъ баъд аз шунидани ин хабари масарратбахш бо якдигар ҳамаҳд шуданд, ки ба суде камтар аз сад дар сад нафарӯшанд.

Рафтанд ва вориди Миср шуданд. Матлаб ҳамон тавр буд, ки иттилоъ ёфта буданд. Тибқи аҳде, ки бо ҳам баста буданд, бозори сиёҳ ба вуҷуд оварданд ва ба камтар аз ду баробари қимате, ки барои худи онҳо тамом шуда буд нафарӯхтанд.

Мусодиф бо ҳазор динор суди холис ба Мадина баргашт. Хушвақту хушҳол ба ҳузури Имом Содиқ рафт ва ду киса, ки ҳар кадом ҳазор динор дошт ҷилави Имом гузошт.

Имом пурсид:

— Инҳо чист?

Гуфт:

— Яке аз ин ду киса сармояе аст, ки шумо ба ман додед, ва дигаре — ки баробари асли сармоя аст — суди холисе аст, ки ба даст омада.

Имом фармуд:

— Суди зиёде аст, бигӯ бибинам, чӣ тавр шуд, ки шумо тавонистед ин қадр суд бибаред?

Мусодиф гуфт:

— Қазия аз ин қарор аст, ки дар наздики Миср иттилоъ ёфтем, ки молуттиҷораи мо дар он ҷо камёб шуда. Ҳамқасам шудем, ки ба камтар аз сад дар сад суди холис нафарӯшем, ва ҳамин корро кардем.

Имом фармуд:

— Субҳоналлоҳ! Шумо ҳамчу коре кардед?! Қасам хӯрдед, ки дар миёни мардуми мусалмон бозори сиёҳ дуруст кунед?! Қасам хӯрдед, ки ба камтар аз суди холиси баробари асли сармоя нафарӯшед?! Ҳамчу тиҷорат ва судеро ман ҳаргиз намехоҳам.

Сипас Имом яке аз ду кисаро бардошт ва фармуд:

— Ин сармояи ман… Ва ба он яке дигар даст назад ва фармуд:

— Ман ба он коре надорам.

Он гоҳ фармуд:

يا مصادف! مجالدة السيوف أهون من طلب الحلال

Эй Мусодиф! Шамшер задан аз касби ҳалол осонтар аст.”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

* * *

Вомондаи қофила

Дар торикии шаб, аз дур садои ҷавоне ба гӯш мерасид, ки истиғоса (талаби ёрӣ) мекард ва кӯмак металабид ва модарҷон, модарҷон мегуфт. Шутури заъифу лоғараш аз қофила ақиб монда буд ва саранҷом аз камоли хастагӣ хобида буд. Ҳар кор кард шутурро ҳаракат диҳад, натавонист. Ночор болои сари шутур истода буд ва нола мекард. Дар ин байн Расули Акрам (с), ки маъмулан баъд аз ҳама ва дар дунболи қофила ҳаракат мекард — ки агар аҳёнан заъифу нотавоне аз қофила ҷудо шуда бошад, танҳо ва бе мададкор намонад — аз дур садои нолаи ҷавонро шунид, ҳамин ки наздик расид пурсид:

— Кӣ ҳастӣ?

— Ман Ҷобирам.

— Чаро муъаттал ва саргардонӣ?

— Ё Расулаллоҳ! Фақат ба иллати ин ки шутурам аз роҳ монда.

— Асо ҳамроҳ дорӣ?

— Бале.

— Бидеҳ ба ман.

Расули Акрам (с) асоро гирифт ва ба кӯмаки он асо, шутурро ҳаракат дод ва сипас ӯро хобонид, баъд дасташро рикоб сохт ва ба Ҷобир гуфт:

— Савор шав.

Ҷобир савор шуд ва бо ҳам роҳ афтоданд. Дар ин ҳангом шутури Ҷобир тундтар ҳаракат мекард.

Пайғамбар дар байни роҳ доиман Ҷобирро мавриди мулотифат қарор медод. Ҷобир шумурд, дид, маҷмӯъан бисту панҷ бор барои ӯ талаби омурзиш кард.

Дар байни роҳ, аз Ҷобир пурсид:

— Аз падарат Абдуллоҳ чанд фарзанд боқӣ монда?

— Ҳафт духтар ва як писар, ки манам.

— Оё қарзе ҳам аз падарат боқӣ монда?

— Бале.

— Пас, вақте ба Мадина баргаштӣ, бо онҳо қароре бигузор, ва ҳамин ки мавқеъи чидани хурмо шуд, маро хабар кун.

— Бисёр хуб.

— Зан гирифтаӣ?

— Бале.

— Бо кӣ издивоҷ кардӣ?

— Бо фалон зан, духтари фалон кас, яке аз бевазанони Мадина.

— Чаро дӯшиза нагирифтӣ?

— Ё Расулаллоҳ! Чанд хоҳари ҷавон ва бетаҷриба доштам, нахостам зани ҷавону бетаҷриба бигирам, маслиҳат дидам оқилазанеро ба ҳамсарӣ интихоб кунам.

— Бисёр кори хубе кардӣ. Ин шутурро чанд харидӣ?

— Ба панҷ тилло.

— Ба ҳамин қимат моли мо бошад, ба Мадина, ки омадӣ, биё пулашро бигир.

Он сафар ба охир расид ва ба Мадина муроҷиат карданд. Ҷобир шутурро овард, ки таҳвил бидиҳад, Расули Акрам (с) ба Билол фармуд:

— Панҷ тилло бобати пули шутур ба Ҷобир бидиҳ, ба иловаи се тиллои дигар, то қарзҳои падараш Абдуллоҳро бидиҳад, шутураш ҳам моли худаш бошад.

Баъд, аз Ҷобир пурсид:

— Бо талабкорон қарордод бастӣ?

— На, ё Расулаллоҳ!

— Оё он чӣ аз падарат монда, вофӣ ба қарзҳояш ҳаст?

— На, ё Расулаллоҳ!

— Пас, мавқеъи чидани хурмо моро хабар кун.

Мавқеъи чидани хурмо расид, Расули Худоро хабар кард. Паёмбар омад ва ҳисоби талабкоронро тасвия кард ва барои хонаводаи Ҷобир низ ба андозаи кофӣ боқӣ гузошт.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Ислом, Омӯзаҳои набавӣ, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: