Миллат ва ҳиммат

Ёддошти Азиз Нақибзод

Дӯсти ҷавоне дар Фейсбук пурсише матраҳ намуд, ки агар 5000 дулор ёбед, ба он чӣ хоҳед кард?
Ва аҳли Фейсбук назарҳои хешро матраҳ намуданд. Бархе бо шӯхӣ ва аксар ҷиддӣ. Яке гуфт, хона мехарам, дигаре гуфт, ба эҳтиёҷмандон медиҳам, саввумӣ шӯхӣ кард, ки як зани дигар мегирам…
Ин пурсишу посухҳои зоҳиран оддиро агар ба ҷидд бингарем, боиси нигарониву афсӯс аст. Ҳам ин пурсиш ва ҳам он посухҳо аз ҳолу ҳавои мову кишвари мо мегӯянд; аз имрӯзи миллати мо ва аз ҳиммати он.

Аз он мегӯянд, ки мо ба кадом сатҳ фаромадем ё моро ба чунин жарфно афканданд.

Ҳоло орзуи ҳаммеҳанамон шуда 5000. Афсӯс! Маъмулан чунин пурсишҳо дар ҳар кишваре матраҳ мешавад. Аммо мепурсанд, ки агар 1 000 000 ёбӣ чӣ мекунӣ? Ё 10 000 000 ва 100 000 000.

Бо 5000 чӣ мешавад кард, ҷони бародар?!

5000 чӣ ҳаст, ки бо он хона бихарӣ, ин миқдор чӣ аст, ки камбизоатонро ёрӣ диҳӣ?

Ин миқдорест, ки орзу кунӣ?

Бо ин ҳиммат чӣ гуна давлату миллат месозӣ?!

Аммо агар ман 100 000 000 медоштам, ҳамаи зиёиёни муҳоҷиру мусофирро ба Ватан меовардам.

Агар 5 000 000 000 медоштам, тамоми муҳоҷиронро ба Тоҷикистон меовардам.

Барои аз ин камтараш шукр мекунам, аммо орзу намекунам.

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: