Тонкҳои Туркия вориди Сурия шуданд

Амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия бо номи “Шохаи зайтун” алайҳи шибҳинизомиёни курд, ки аз сӯи Омрико ҳимоят мешаванд, дар шаҳри Ифрин аз рӯзи ҷумъа ба сурати ғайрирасмӣ оғоз шуд ва акнун дар марҳилаи аввал қарор дорад.

Охирин гузоришҳои майдонӣ аз амалиёти Ифрин ҳокӣ аз он аст, ки тонкҳо ва худравҳои зиреҳии Туркия бо убур аз гузаргоҳи марзии устони Килис, барои ширкат дар марҳилаи заминии амалиёти “Шохаи зайтун” вориди Сурия шуданд.

Манобеи маҳаллӣ ҳамчунин аз шунида шудани садои инфиҷори маҳиб дар марзи Туркия ва маҳалли вуруди тонкҳо ба Сурия хабар медиҳанд.

Ба навиштаи расонаҳои Туркия, ҳамчунин 72 фарванд ҳавопаймои ҷангии нерӯи ҳавоии ин кишвар аз шомгоҳи шанбе мавозеъи шибҳинизомиёни курд дар Ифринро ба шиддат бомбборон карданд.

Ситоди кулли артиши Туркия бо судури баёнияе, эълом кард, аз 113 ҳадафи таъйиншуда барои ҳавопаймоҳои ҷангӣ, 108 ҳадаф нобуд шуданд ва тамоми касоне, ки дар ин ҳамалот кушта шуданд, ҳамагӣ терурист буданд.

Салиби сурхи Туркия низ дар шаҳри Эъзоз, бемористони саҳроӣ эҷод кардааст.

Бо оғози амалиёти ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия, фурудгоҳи ”Маноғ” дар наздикии шаҳри Эъзоз, ки пештар тавассути омрикоиҳо барои ирсоли силоҳ ба нерӯҳои курд мавриди истифода буд, низ ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор гирифт.

Артиши Туркия эълом кардааст, ҷоддаи байни Ифрин-Ҳалаб дар пайи тавофуқи курдҳо ва давлати Сурия баста шудааст.

Хулуси Окор, раиси ситоди кулли артиши Туркия таъйид кард, ки дар ҷараёни марҳилаи оғозини амалиёти “Шохаи зайтун” чандин низомии турк маҷрӯҳ шудаанд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, дар ҷараёни амалиёти “Шохаи зайтун” фақат шибиҳнизомиёни курд, пойгоҳҳо, анбори муҳиммот, таҷҳизот ва адавоти низомии онҳо ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.

Ин дар ҳолест, ки сухангӯи ягонҳои мудофеъи халқи Курд мегӯяд, дар ҷараёни ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии Туркия алайҳи Ифрин, 10 ғайринизомӣ кушта ва 13 нафари дигар захмӣ шуданд.

Рӯзномаи “Яни шафақ” низ гузориш дод, ки ягонҳои муҳандисӣ ва таҷҳизоти сохтусози артиши Туркия бо убур аз марз, барои сохти пул дар шаҳри Ифрин ҷиҳати убури тонкҳо ва худравҳои зиреҳӣ, вориди Сурия шуданд.

Вазорати дифои Русия низ эълом кард, нозирон ва мусташорони низомӣ, ки дар Ифрин ва шимоли Сурия ҳозир буданд, баъд аз оғози амалиёти ҳавоии Туркия, ин шаҳрро тарк карда ва дар Талъиҷор мустақар шуданд.

Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки дар пайи пешравии “Артиши озод” бо ҳимояти ҳавоии Туркия дар шимоли Сурия, гурӯҳе аз аносури курди нерӯҳои демукротики сурӣ худро таслими онҳо кардаанд.

Беналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия эълом кард, ки марҳилаи заминии амалиёти “Шохаи зайтун” дар шимоли Сурия, эҳтимолан рӯзи якшанбе оғоз хоҳад шуд.

Расонаҳои курдӣ мегӯянд, нерӯҳои Туркия тамоми хутути иртиботӣ ва шабакаи интернети минтақаи Ифрин дар Сурияро қатъ кардаанд, то монеъи интишори ахбори он ба фазои берунӣ шаванд.

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: