Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (242)

Нолидани сутуни ҳаннона чун барои пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам минбар сохтанд, ки ҷамоат анбӯҳ шуд, гуфтанд: мо рӯйи мубораки туро ба ҳангоми ваъз намебинем ва шунидани Расулу саҳоба он ноларо ва суолу ҷавоби Мустафо саллалоҳу алайҳи ва саллам бо сутун, сареҳ (2)

* * *

Ҳар киро бошад зи Яздон кору бор,

Ёфт бор он ҷову берун шуд зи кор.

Ҳар кас, ки кору бораш аз Худо бошад, ӯ ба даргоҳи Ҳақ Таъоло роҳ меёбад ва дар онҷо аз кори ҷаҳон берун мешавад.

Нукта: Марде, ки дили ӯ фирефтаи роҳати маҳсусот нест ва лаззати тарки ин лаззот дар дили худ меёбад, бояд донист, ки ба офаридгор восил шуда ба роҳати ҷовидонӣ мерасад. (Сурудаи ирфонии Багват Гито, гуфтори панҷум, с.32)

Он кӣ ӯро набвад аз асрор дод,

Кай кунад тасдиқ ӯ нолай ҷамод?

Он кас, ки аз асрори илоҳӣ ба вай чизе дода нашавад, ӯ кай метавонад нола ва ҳанини ҷамодро тасдиқ кунад?

Нукта: Мазмунан ишора аст ба ояти 44 сураи Исро:

وَإِن مِّن شَيْءٍ إِلاَّ يُسَبِّحُ بِحَمْدَهِ وَلَكِن لاَّ تَفْقَهُونَ تَسْبِيحَهُمْ

Нест чизе ҷуз он ки ситоиши Худо гӯяд, вале шумо ситоиши он чизро дарнамеёбед.”

Гӯяд: оре, на зи дил, баҳри вифоқ,

То нагӯяндаш, ки ҳаст аҳли нифоқ.

Ӯ барои ҳамроҳӣ ва мувофиқат бо касоне, ки эътиқод ба тасбеҳи ҷамод доранд, зоҳиран “бале” мегӯяд ва худро мувофиқи онҳо нишон медиҳад, мабод, ки ӯро аз зумраи аҳли нифоқ ба шумор оранд.

Вифоқ: созгорӣ, мувофиқат.

Гар наяндӣ воқифони амри “кун”,

Дар ҷаҳон рад гашта будӣ ин сухун.

Агар ин ҷамодот ба амри “кун” воқиф набуданд, дар ҷаҳон, сухан гуфтани ҷамодот ва гиёҳон рад мешуд ва ҳеч кас тасдиқ намекард, ки ин сутуни беҷон кори ҷондор мекунад.

Амри “кун”: амр ва машиати илоҳӣ аст.

Садҳазорон аҳли тақлиду нишон,

Афканад дар қаър, як осебашон.

Як осеби кучаки руҳӣ ва ё як шубҳаи ночиз, мумкин аст аҳли истидлол ва муноқишаи каломиро дар жарфои гумроҳӣ ва саргаштагӣ бияфканад.

Нукта: Мурод аз “аҳли тақлиду нишон” фалосифаи ҳамасри Мавлоно ва Мӯътазила аст, ки ақволи пешиниёнро монанди асли мусаллам пазируфта буданд ва аз асар бар муассир истидлол мекарданд. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.866)

Ки ба занн, тақлиду истидлолашон,

Қоим асту ҷумла парру болашон.

Зеро тақлид ва истидлолашон муттакӣ бар занну гумон аст ва ҳамчунин пару боли ақлу фикрашон бар мабнои гумон аст, ва занну гумон низ роҳ ба ҳақиқат намебарад.

Нукта: Дар сураи Навм, ояти 28 мефармояд:

وَإِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا

Занну гумон дар фаҳми ҳаққу ҳақиқат ҳеч суде надорад.”

Шубҳае ангезад он шайтони дун,

Дарфитанд ин ҷумла кӯрон сарнигун.

Он шайтони паст, дар даруни гурӯҳи мазкур шубҳае меангезад, дар натиҷа ин ашхос ҳамагӣ кӯру сарнагун мешаванд.

Нукта: Асҳоби занну гумон ҳамвора дар чанбари шакку васваса ҳастанд, вале аҳли яқин ҳаргиз ба чоҳи шакку ибҳом дарнамеафтанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.649)

Пойи истидлолиён чӯбин бувад,

Пойи чӯбин сахт бетамкин бувад.

Ҳамон тавр ки бо пойи чӯбин намешавад устувору рост роҳ рафт, аҳли истидлол низ монанди касоне, ки пойи табиӣ ва солим надоранд, дар машйу машраби худ мутазалзилу сусту ларзон ҳастанд ва дар тариқи ҳақиқат наметавонанд дуруст роҳ бираванд, зеро истидлолро пойи худ сохтаанд, на шуҳудро. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.649)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: