Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (15)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши севвум: табъизҳо (1)

Эроди табъиз ин буд, ки бо ин ки мавҷудот бо зоти Ҳақ нисбати мутасовӣ (баробар) доранд, чаро мухталиф ва мутафовит офарида шудаанд? Чаро яке сиёҳ аст ва дигаре сафед? Яке зишт аст ва дигаре зебо? Яке комил аст ва дигаре ноқис? Чаро яке фаришта аст ва дигаре инсон ва севвуме ҳайвон ва чаҳоруме набот ва панҷуме ҷамод? Чаро ба акс нашуд? Чаро ҳайвон фаришта, ва фаришта ҳайвон нашуд? Чаро дар миёни махлуқот фақат инсон инсон офарида шуд, ки мустаъидди таклифу савобу иқоб бошад, аммо соири мавҷудот чунин нестанд? Агар хуб аст, чаро ҳама инчунин нестанд? Ва агар бад аст, чаро инсон инчунин офарида шудааст?

Посухи ин пурсишҳо ду наҳв аст: иҷмолӣ ва тафсилӣ.

Посухи иҷмолӣ он аст, ки қаблан он ҷо, ки роҳҳо ва маслакҳоро шарҳ медодем, ба он ишора кардем. Гуфтем, маъмулан аҳли имон бо як баёни иҷмолӣ, зеҳни худро қонеъ месозанд; онҳо мегӯянд: ин суолҳо тарҳи як силсила маҷҳулот аст, на эроди як силсила нақзҳо. Ҳаддиаксар ин аст, ки бигӯем, намедонем.

Мо Худоро ба сифоти алим, ҳаким, ғанӣ, комил, одил, ҷавод шинохтаем, ва чун ӯро бо ин сифот шинохтаем, медонем он чи воқеъ мешавад, мабнӣ бар “ҳикмат” ва “маслиҳат” аст, ҳарчанд мо наметавонем ҳамаи он ҳикматҳо ва маслиҳатҳоро дарк кунем. Мо ба истилоҳ, аз “сирри қадар” огоҳ нестем. Бисёр худхоҳӣ ва пурмуддаоӣ аст барои башар, ки бо кӯшишҳои ҷамъии чанд ҳазорсолаи худ, ҳанӯз аз асрори бадани маҳсуси худ натавониста огоҳии комиле ба даст оварад, аммо мехоҳад аз “рози ҳастӣ” ва “сирри қадар” сар дароварад! Башар пас аз он ки дар низоми ҳастӣ ин ҳама ҳикмату тадбир, ки ақли ӯро ҳайрон мегардонад мебинад, бояд эътироф кунад, ки он ҷо, ки ҳикмати як амр бар ӯ маҷҳул аст, аз қусур ва нуқсони дарки ӯст, на аз хилқат.

Ин гурӯҳ ҳаргиз худро бо ин чуну чароҳо саргарм намекунанд, ба ҷои он ки вақти худро сарф дар ин масоил кунанд, сарфи таҳқиқ дар масоиле мекунанд, ки аз тарафе онҳоро мефаҳманд, ва аз тарафи дигар мабнои амал қарор мегирад.

Шак нест, ки ин ҷавоб ҷавоби саҳеҳе аст, афроди боимон муваззаф нестанд, ки дар ҷузъиёти ин масоил ғавр кунанд. Ва ҳатто оммаи мардум истеъдоди вуруд дар ин масоилро надоранд, балки аз вуруд дар ин масоил манъ шудаанд. Ва дар ҳақиқат ин худ навъе истидлол аст, ки аз тариқи иллат ва камоли иллат, ба камоли маълул изъон намоем.

Вале дар ин ҷо матлаби дигар ҳаст, ва он ин ки: ғолиби мардум Худовандро аз роҳи осор, яъне аз роҳи низоми ҷаҳон мешиносанд; такягоҳи маърифати онҳо ҷаҳон аст. Инчунин маърифат, маърифати ноқисе хоҳад буд. Табъан вақте ба маҷҳулоте дар ҳамон такягоҳи маърифати хеш бармехӯранд, каму беш музтариб мегарданд ва ҳалли ишколашон ҷуз аз тариқи баррасии мавориди ишкол муяссар нест. Онҳо Худоро мустақил аз ҷаҳон нашнохтаанд, то маърифати Худо ба унвони камоли мутлақ ва ғинои мутлақ ва зебоии мутлақ, онҳоро бо ҷаҳон ба унвони зеботарин асар аз зеботарин муассир, ва комилтарин асар аз комилтарин муассир ошно кунад. Онҳо бо ҷаҳон, танҳо аз як роҳ иртибот доранду бас, ки ҳамон роҳи оддӣ ва маъмулии ҳавосс аст. Онҳо Худоро дар ойинаи ҷаҳон мебинанд, ночор лаккае, ки дар сатҳи ойина ба чашмашон мехӯрад, дар диди онҳо нисбат ба маръии асар мегузорад. Агар метавонистанд ҷаҳонро дар ойинаи Худо бибинанд, ва ба иборати дигар, агар метавонистанд ҷаҳонро аз боло бибинанд, тамоми нақсҳо ва нозебоиҳое, ки аз поин ба назар мерасид, ҳама маҳву нобуд мешуд ва маълум мегашт аз навъи хатои диди ноқис аст. Ин навъ назар ҳамон аст, ки гуфтем Ҳофиз онро “назари пири тариқат” мехонад:

Пири мо гуфт, хато бар қалами сунъ нарафт,

Офарин бар назари поки хатопӯшаш бод!

Мардуме, ки такягоҳи маърифаташон мунҳасиран ҷаҳон аст, Худоро ва ҳаким ва алим ва одил ва ғанӣ ва комил будани Худоро дар ойинаи ҷаҳон дидаанду бас, хоҳ нохоҳ маҷҳулоте, ки дар ин замина дар ҷаҳон пайдо мекунанд, лаккае бар чеҳраи ойинаашон мешавад ва монеъи нишон додани саҳеҳ мегардад.

Аз тарафи дигар, дар асру замони мо — ба хусус аз тарафи гароишдорандагон ба моддигарӣ — ин эроду ишколҳо зиёд дар гуфтаҳо ва навиштаҳо тарҳ мешавад. Ин банда бо афроде, ки чунин суолотеро тарҳ мекунанд, зиёд мувоҷеҳ мешавам. Ин суолкунандагон ё асосан ба Худо мӯътақид нестанд, ва ё эътиқодашон он қадр муҳкам нест, ки ба тасдиқи иҷмолӣ ба ҳикмат ва маслиҳат қаноат кунанд. Аз ин рӯ, лозим аст бархе масоил, ки бо решаи ин суолот сару кор дорад тарҳ шавад, то мушкилот ҳал гардад.

* * *

Матлаби дигар ин ки: як ишколи муҳим дар мавриди “ҳикматҳо” ва “маслиҳатҳо” ҳаст, ки камтар тарҳ мешавад, ва агар ин ишкол муртафаъ нагардад, ҷавоби иҷмолии боло арзиши худро аз даст медиҳад. Ҳалли он ишкол мавқуф ба ин аст, ки мо як асли асосиро, ки пояи ҷавоби тафсилии оянда аст ва ҳукамо бештар ба он ҷавоб такя мекунанд поярезӣ кунем, ва танҳо бо иттико ба он асл аст, ки ҳам ҷавоби иҷмолии гузашта арзиш пайдо мекунад ва ҳам ҷавоби тафсилии оянда. Он ишкол ин аст:

Оё асосан дар мавриди Худованд “маслиҳат” ва “ҳикмат” метавонад маънӣ ва мафҳум дошта бошад? Оё метавон гуфт, Худованд фалон корро ба хотири фалон маслиҳат кардааст ва ё ҳикмати фалон кори Худованд ин асту он аст? Ва оё ин навъ андешаҳо дар бораи Худованд ношӣ аз қиёс гирифтани Худованд ба махлуқот нест? Мумкин аст касе иддао кунад, ки асосан дар бораи Худованд “ҳикмат” ва “маслиҳат” мафҳум ва маънӣ надорад ва ҳамаи инҳо аз қиёс гирифтани холиқ ба махлуқ пайдо шудааст, зеро маънии ин ки маслиҳат чунин иқтизо мекунад, ин аст, ки барои расидан ба фалон мақсад, бояд аз фалон васила истифода шавад. Интихоби он васила маслиҳат аст, зеро ба фалон мақсад мерасонад. Ва интихоби фалон василаи дигар маслиҳат нест, зеро аз он мақсад дур мекунад. Масалан, мегӯем: маслиҳат иқтизо кардааст, ки дарду ранҷ бошад, то лаззат маънӣ ва мафҳум дошта бошад. Ҳикмат эҷоб карда, ки модар пистон дошта бошад, то фарзанд ғизои омодае дошта бошад. Ҳикмат ва маслиҳат эҷоб карда, ки фалон ҳайвон шох дошта бошад, то дар баробари ҳуҷуми душман аз худ дифоъ кунад.

Оё наметавон гуфт, ки: ҳамаи инҳо қиёс гирифтани Худованд аст бо башар ва соири мавҷудоти ноқиси дигар?

Барои башар ва ҳар мавҷуди ноқиси дигар, маслиҳат ва ҳикмат маънӣ ва мафҳум дорад, зеро башар ва ё як мавҷуди ноқиси дигар, дар дохили низоме қарор гирифта, ки он низом ба ҳар ҳол аз як силсила асбобу мусаббабот ташкил шудааст. Он мавҷуд барои ин ки ба мусаббаб бирасад, чорае надорад ҷуз ин ки ба сабаб мутавассил шавад. Чунин мавҷуде он гоҳ, ки мехоҳад ба як мақсаде бирасад, агар он чизе, ки ба унвони васила интихоб мекунад, ҳамон чизе бошад, ки дар низоми олам сабаби он мақсад қарор дода шудааст, коре бар вифқи маслиҳат ва ҳикмат анҷом додааст, ва илло бар хилофи маслиҳат ва ҳикмат амал кардааст.

Маслиҳат ва ҳикмат дар бораи мавҷуде содиқ аст, ки ҷузъе аз низоми мавҷуд ва дорои қудрате маҳдуд аст ва чорае надорад ҷуз ин ки низоми мавҷудро ба расмият бишносад. Маҳдуд будани қудрат, ҷузъе аз мафҳуми маслиҳат ва ҳикмат аст.

Аммо мавҷуде, ки фавқи ин низом аст ва худ падидоварандаи ин низом аст, барои ӯ ҳикмат ва маслиҳат чӣ маънӣ ва мафҳуме метавонад дошта бошад? Ӯ чӣ ниёзе дорад, ки барои расидан ба як мақсад, мутавассил ба асбоб шавад, то гуфта шавад, фалон кораш ҳакимона буд ва фалон кораш ғайриҳакимона? Бинобар ин, саҳеҳ нест, ки бигӯем, Худованд масалан дарду ранҷро офарид, то лаззат маънӣ ва мафҳум дошта бошад, пистони модарро офарид, то бачча бе ғизо намонад. (Зеро) Худованд метавонад бидуни ин ки бачча ба ширу пистони модар ниёз дошта бошад, ӯро сер гардонад ва бидуни он ки ба инсон ранҷ бирасонад, мафҳум ва маънии лаззатро ба ӯ бифаҳмонад.

Низоми асбобу мусаббабот, аз назари мо як амри ҷиддӣ аст, вале аз назари Худованд як амри ташрифотӣ беш нест. Бинобар ин, мо метавонем ҳаким бошем, на Худо, феъли мо метавонад ҳакимона бошад — яъне мунтабиқ бар низоми мавҷуд бошад — на феъли Худо, ки айни низом аст.

Худи низом бар вифқи низоми дигаре офарида нашудааст. Худованд холиқи низоме аст, ки дар мартибаи баъд аз хилқати он низом ва барқарории он, агар касе он низомро бишносад ва амали худро бар он татбиқ диҳад, кори ҳакимонае анҷом додааст.

Агар гуфта шавад, Худованд оламро муназзам ва бар асоси иллатҳо ва асбоб, ва муқаддамот ва натоиҷ қарор дода, то илму ҳикмати худро бар бандагонаш равшан гардонад ва василае барои маърифати онҳо қарор диҳад, зеро агар назму итқоне набуд, яъне агар газоф ва судфа дар кор буд ва ба дунболи ҳар муқаддимае ҳар гуна натиҷае интизор мерафт, роҳе барои маърифати Худо набуд. Ҷавоб ин аст, ки худи ин матлаб, ки ҳусули маърифат барои бандагон мубтанӣ аст бар мутолеаи низоми ҳакимонаи хилқат, ба маънии ин аст, ки низоми қатъӣ ва зарурӣ бар олам ҳукмфармост, ва ҳол он ки бино бар асли фавқ, тавассул ба асбоб барои ҳусули натоиҷ, шаъни бандагон аст, на шаъни Худованд. Барои Худованд мумкин аст, ки ҳамон маърифатҳоро барои бандагон эҷод кунад бидуни ин ки аз ин роҳ истифода шавад.

Бино бар ин баён, мумкин аст бар мантиқи касоне, ки шурур ва табъизҳоро бар асоси “ҳикмат” ва “маслиҳат” тавҷеҳ мекунанд, эрод гирифта шавад, ки: табъизҳо ва бадиҳоро бар асоси “ҳикмат” ва “маслиҳат” намешавад тавҷеҳ кард, зеро Худованд метавонист ҳамаи он осор ва фоидаҳоеро, ки барои табъизҳо ва бадиҳо ҳаст биёфаринад бидуни он ки чунин васоили нороҳаткунандае дар кор бошад.

Ин аст ишколи бузурге, ки бояд қаблан ҳал шавад, то навбат ба тарҳи масъалаи “маслиҳат” дар ҷавоби ишкол бирасад.

* * *

Оё низоми ҷаҳон, зотии ҷаҳон аст?

Акнун вориди асли ҷавоб мешавем. Матлаби умда ин аст, ки низоми оламро бишносем. Оё низоми олам як низоми қарордодӣ аст, ё як низоми зотӣ? Маънии хилқат ва офариниш аз ин назар чист? Оё маънии он ин аст, ки Худованд маҷмӯе аз ашё ва ҳаводис меофаринад дар ҳоле, ки ҳеч робитаи воқеӣ ва зотӣ миёни онҳо нест, баъд онҳоро ба сафф мекашад ва якеро пушти сари дигаре қарор медиҳад, ва аз ин қарордод, низому суннат, ва муқаддимаву натиҷа пайдо мешавад? Ё он ки равобити иллатҳо ва асбоб бо маълулот ва мусаббабот, ва равобити муқаддамот бо натоиҷ таврест, ки қарор гирифтани ҳар маълуле ва мусаббабе дар дунболи иллат ва сабаби худ, ва қарор гирифтани ҳар натиҷа ба дунболи муқаддимаи худ, ва қарор гирифтани ҳар ғоят ба дунболи муғаёи худ, айни вуҷуди он аст, ва ба истилоҳ: “мартибаи ҳар вуҷуд дар низоми тӯлӣ ва арзии ҷаҳон, муқаввими зоти он вуҷуд аст” ончунон, ки маротиби ададҳо ҳастанд. Инак тавзеҳ ва мисоле аз ададҳо:

Дар ададҳо мебинем, ки адади “як” қабл аз адади “ду”, ва адади “ду” қабл аз адади “се” ва баъд аз адади “як” аст. Ва ҳамчунин ҳар ададе ғайр аз адади “як”, баъд аз ададе ва қабл аз адади дигар аст. Ҳар ададе мартибаеро ишғол кардааст ва дар мартибаи худ аҳком ва осоре дорад ва маҷмӯи ададҳо, ки маҳдуд ба ҳадде нестанд, низомеро ба вуҷуд овардаанд.

Ададҳо чӣ вазъе доранд? Оё вуҷуд ва моҳияти ададҳо, бо дараҷа ва мартибаи онҳо ду амри ҷудогонаанд, ва ҳар як аз ададҳо аз худ вуҷуд ва моҳияти мустақил аз дараҷа ва мартибаи худ дорад, ва метавонад ҳар мартиба ва дараҷаеро ишғол кунад? Масалан, адади панҷ ба ҳар ҳол адади панҷ аст ва фарқе намекунад, ки миёни адади чаҳор ва адади шаш бошад ва ё миёни адади шаш ва адади ҳашт, ва он чизе, ки миёни адади чаҳор ва адади шаш қарор мегирад, адади ҳафт бошад? Оё ин тавр аст? Оё вуқӯи ҳар як аз ададҳо дар ҳар мартибае бо ҳифзи моҳияти онҳо мумкин аст? Монанди инсонҳое, ки дар иҷтимоъ маротиберо ишғол мекунанд ва он маротиби иҷтимоӣ таъсире дар ҳувият ва моҳияти онҳо надорад; ҳувият ва моҳияташон ҳам ҳеч бастагӣ ба он маротиб надорад. Ё кор бар хилофи ин аст? Адади панҷ моҳияташ панҷ аст, ва панҷ будани панҷ, бо мартиба ва дараҷааш, яъне бо ин ки миёни адади чаҳор ва адади шаш бошад, якест на ду то; фарзи вуқӯи адади панҷ дар миёни адади шаш ва адади ҳашт мусовӣ аст бо ин ки панҷ, панҷ набошад, ва худи ҳафт бошад, яъне панҷи мафруз ва хаёлии мо панҷ нест, балки ҳамон ҳафт аст, ки дар ҷои худ қарор дорад ва мо ба ғалат ва таваҳҳум, номи онро панҷ гузоштаем. Ба иборати дигар: фарзи ин ки адади панҷ дар ҷои адади ҳафт қарор гирад, сирфан як тахайюли пуч ва бемаънӣ ва ғайримаъқуле аст, ки хаёли мо анҷом медиҳад.

Акнун бибинем низоми иллатҳо ва маълулот, ва асбоб ва мусаббабот, ва муқаддамот ва натоиҷ, чӣ гуна аст? Оё инҳо як бор офарида мешаванд ва бори дигар ҷо ва мартиба барои онҳо қарор дода мешавад? Ва ё ин ки вуҷудашон мусовӣ (баробар) аст бо мартибае, ки дар он мартиба қарор гирифтаанд? Масалан, Саъдӣ дар мартиба ва дараҷаи хоссе аз шароити маконӣ ва замонӣ қарор гирифтааст, ки дар натиҷа аз лиҳози замонӣ бар мо тақаддум дорад. Оё Саъдӣ офарида шуда ва сипас дар он шароити хосс қарор гирифтааст? Ва ё вуҷуди Саъдӣ мусовӣ аст бо он дараҷаи хосс аз вуҷуд бо ҳамаи он шароит; замон ва макон ва мартиба ва мақом ва нисбатҳое, ки Саъдӣ бо ашёи дигар пайдо кардааст ҷузъи формули вуҷуди Саъдӣ аст; вуҷуди Саъдӣ яъне маҷмӯи онҳо. Бинобар ин, ҷудо кардани Саъдӣ аз замон ва макони худ, яъне ҷудо кардани Саъдӣ аз худ. Яъне ин ки Саъдӣ Саъдӣ набошад, балки масалан Ҷомиро, ки дар замони баъд аст Саъдӣ фарз карда ва номи Саъдӣ ба он додаем.

Баҳси низоми вуҷуд, баҳси дилкашӣ аст. Бархе пиндоштаанд, ки агар низоми ҳастӣ ва қарор гирифтани ҳар маълулеро дар ҷои худ як амри зарурӣ ва қатъӣ бидонанд, навъе маҳдудият барои қудрат ва иродаи мутлақаи Борӣ Таъоло қоил шудаанд. Ғофил аз ин ки: сухан дар ин нест, ки чизе ғайр аз худи мавҷудоти ҷаҳон дар ҷаҳон ҳаст, ки бояд бошад ва тахаллуфпазир нест ва он чиз ҳамон низом ва тартиби мавҷудот аст. (Балки) сухан дар ин аст, ки тартиб ва низоми мавҷудот айни вуҷуди онҳост, ки аз ноҳияи зоти Ҳақ ифоза мешавад; иродаи Ҳақ аст, ки ба онҳо низом додааст, вале на ба ин маънӣ, ки бо як ирода онҳоро офарида ва бо иродае дигар ба онҳо низом додааст, то фарз шавад агар ирода ба низом бардошта шавад, ирода ба асли офариниши онҳо боқӣ бимонад. Чун вуҷуди мавҷудот ва мартибаи вуҷуди онҳо якест, иродаи вуҷуди онҳо айни иродаи низом, ва иродаи низом айни иродаи вуҷуди онҳост.

Аз ин рӯ, иродаи Борӣ Таъоло ба вуҷуди ҳар шайъ, танҳо аз роҳи иродаи вуҷуди сабаби он чиз сурат мегирад, ва иродаи вуҷуди он сабаб, аз роҳи иродаи вуҷуди сабаби сабаб сурат мегирад, ва ҷуз ин маҳол аст. Мавҷудот дар низоми тӯлӣ мунтаҳӣ мешаванд ба сабабе, ки мустақиман иродаи Ҳақ ба ӯ таъаллуқ гирифтааст. Иродаи Ҳақ вуҷуди ӯро, айни иродаи вуҷуди ҳамаи ашё ва ҳамаи низомот аст.

وَمَا أَمْرُنَا إِلَّا وَاحِدَةٌ

(“Ва амри мо ҷуз як бор нест…” (Сураи Қамар, ояти 50))

Бинобар ин, дар бораи Борӣ Таъоло низ дар айни лоятаноҳӣ (номаҳдуд) будани қудрат ва ирода, ва дар айни ин ки ӯ мақҳури низоме, ки худ офаридааст нест, ҳам ҳикмат сидқ мекунад ва ҳам маслиҳат. Маънии ҳикмати Борӣ Таъоло ин аст, ки ашёро ба ғоёт ва камолоти вуҷудиашон мерасонад. Вале маънии ҳикмат дар феъли башар ин аст, ки кореро барои расидани худаш ба ғоят ва камоле анҷом медиҳад.

Чун вуҷуди мусаббаб ва интисоб ва иртиботаш бо сабаби худаш якест ва ду чиз нест, то фарзи тафкик дар он бишавад, пас иродаи Борӣ Таъоло ӯро, иборат аст аз иродаи иртиботи ӯ бо сабаби хосси худаш, ва иродаи он сабаб низ мусовӣ (баробар) аст бо иродаи иртиботи он бо сабаби хосси худаш, то мерасад ба сабабе, ки иродаи он сабаб, мусовӣ аст бо иртибот бо зоти Ҳақ, ва иродаи Ҳақ ӯро, мусовӣ аст бо иродаи ҳамаи ашё ва ҳамаи равобит ва ҳамаи низомот.

* * *

Хотирае хуш ва ҷовид

Ёдам ҳаст, дар замоне, ки дар Қум таҳсил мекардам, як рӯз худам ва таҳсилотам ва роҳеро, ки дар зиндагӣ интихоб кардаам арзёбӣ мекардам; бо худ андешидам, ки оё агар ба ҷои ин таҳсилот, риштае аз таҳсилоти ҷадидро пеш мегирифтам, беҳтар буд ё на? Табъан бо руҳияе, ки доштам ва арзише, ки барои имон ва маорифи маънавӣ қоил будам, аввалин чизе, ки ба зеҳнам расид ин буд, ки дар он сурат вазъи руҳӣ ва маънавии ман чӣ мешуд?

Фикр кардам, ки алъон ба усули тавҳид ва нубувват ва маъод ва имомат ва ғайра имон ва эътиқод дорам ва фавқулъода инҳоро азиз медорам. Оё агар як ришта аз улуми табиӣ ва ё риёзӣ ё адабиро пеш гирифта будам, чӣ вазъе доштам? Ба худам ҷавоб додам, ки эътиқод ба ин усул ва балки асосан руҳонии воқеӣ будан вобаста ба ин нест, ки инсон дар риштаҳои улуми қадима таҳсил кунад. Бисёранд касоне, ки аз ин таҳсилот маҳруманд ва дар риштаҳои дигар тахассус доранд, аммо дорои имоне қавӣ ва нерӯманд ҳастанд ва амалан муттақӣ ва парҳезкор ва аҳёнан ҳомӣ ва мубаллиғи исломанд ва каму беш мутолеоти исломӣ ҳам доранд; аҳёнан мумкин буд ман дар он риштаҳо бар заминаҳои илмӣ барои имони худ даст меёфтам беҳтар аз он чи акнун даст ёфтаам.

Он айём, тоза бо ҳикмати илоҳии исломӣ (фалсафаи исломӣ) ошно шуда будам ва онро назди устоде — ки бар хилофи аксарияти қариб ба иттифоқи муддаиён ва мударрисони ин ришта, сирфан дорои як силсила маҳфузот набуд, балки илоҳиёти исломиро воқеан чашида ва амиқтарин андешаҳои онро дарёфта буд ва бо ширинтарин баён онҳоро бозгӯ мекард — меомӯхтам. Лаззати он рӯзҳо ва махсусан баёноти амиқ ва латиф ва ширини устод, аз хотираҳои фаромӯшношудании умри ман аст.

Дар он рӯзҳо, қоъидаи маъруфи “Алвоҳиду ло ясдуру минҳу илло алвоҳид” (Аз воҳид ҷуз воҳид содир намешавад)-ро он тавр, ки як ҳаким дарк мекунад дарк карда будам (лоақал ба хаёли худам). Низоми қатъӣ ва лоятахаллафи ҷаҳонро бо дидаи ақл медидам. Фикр мекардам, ки чӣ гуна суолотам ва чуну чароҳоям як мартиба нақши бар об шуд? Ва чӣ гуна мефаҳмам, ки миёни ин қоъидаи қатъӣ — ки ашёро дар як низоми қатъӣ қарор медиҳад — ва миёни асли “Ло муассира фил-вуҷуд иллаллоҳ” (Дар вуҷуд таъсиргузоре ҷуз Аллоҳ мавҷуд нест) мунофоте надида онҳоро дар канори ҳам ва дар оғӯши ҳам ҷо медиҳам, маънии ин ҷумларо мефаҳмидам, ки “Алфеълу феълуллоҳ ва ҳува феълуно” (Кор кори Худост ва дар айни ҳол кори мост) ва миёни ду қисмати ин ҷумла таноқузе намедидам, “Амрун байнал-амрайн” бароям ҳал шуда буд, баёни хосси Садрулмутааллиҳин дар наҳваи иртиботи маълул бо иллат ва махсусан истифода аз ҳамин матлаб барои исботи қоъидаи “Алвоҳиду ло ясдуру минҳу илло алвоҳид” фавқулъода маро таҳти таъсир қарор дода ва ба ваҷд оварда буд. Хулоса як тарҳи асосӣ дар фикрам рехта шуда буд, ки заминаи ҳалли мушкилотам дар як ҷаҳонбинии густарда буд; дар асари дарки ин матлаб ва як силсила матолиби дигар аз ин қабил, ба асолати маорифи исломӣ эътиқод пайдо карда будам, маорифи тавҳидии Қуръон ва “Наҳҷул-балоға” ва порае аз аҳодис ва дуоҳои Пайғамбари Акрам ва Аҳли байти атҳорро дар як авҷи олӣ эҳсос мекардам.

Дар ин вақт фикр кардам дидам агар дар ин ришта набудам ва файзи маҳзари ин устодро дарк намекардам, ҳама чизи дигар чӣ аз лиҳози моддӣ ва чӣ аз лиҳози маънавӣ, мумкин буд беҳтар аз ин бошад, ки ҳаст, ҳамаи он чизҳое, ки акнун дорам доштам ва лоақал мисл ва ҷонишин ва аҳёнан беҳтар аз онро доштам, аммо танҳо чизе, ки воқеан на худи онро ва на ҷонишини онро доштам, ҳамин тарҳи фикрӣ буд бо натоиҷаш; алъон ҳам бар ҳамон ақидаам.

Баҳси адли илоҳӣ, ки ибтидо дар назар буд ба сурати соддатаре тарҳ шавад, то пойи қуллаи баҳсҳои амиқи фалсафӣ кашида шуд. Агар бихоҳем бештар биравем бояд омодаи суъуд ба қуллаҳои муртафеътаре бошем ва ба назар намерасад чунин омодагӣ дар кор бошад. Беҳтар ин аст бо забоне соддатар ва дар сатҳи поинтар, матлабро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Хонандагоне, ки фикр мекунам ин китобро хоҳанд хонд, бо баёни соддатар, беҳтар матлабро мефаҳманд.

Хулосаи сухан ин ки:

Ҷавоби иҷмолии ишколи “табъизҳо” ва “шурур” мабнӣ бар ин ки “як силсила масолеҳ дар кор аст ва ба хотири манофеъ ва фавоид ва масолеҳе, ки бар онҳо мутараттиб аст, вуҷуди онҳо шарри маҳз нест, балки шарри омехта ба хайр аст, ва чун ҷанбаи хайр бар ҷанбаи шарр мечарбад, маҷмӯан хайр аст, на шарр”, мубтанӣ бар ин асл аст, ки низоми асбоб ва мусаббабот, низомест қатъӣ ва лоятахаллаф ва зотӣ, на ташрифотӣ ва қарордодӣ. Донистани ин матлаб, заминаро барои баҳси оянда, ки он чи вуҷуд дорад “тафовут” аст, на “табъиз” омода месозад.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: