Фалсафа ва равиши реализм (158)

Мақолаи сездаҳум:

Моҳият, ҷавҳар, араз (1)

Моҳият

Дар мақолаи 5 ва ҳамчунин дар мақолаи 7 баҳсе дар атрофи “моҳият” намуда иҷмолан равшан кардем, ки моҳият — дар муқобили вуҷуд — чист ва мо чӣ гуна бо он бархӯрд мекунем, ва дар инҷо низ ба унвони тавзеҳи бештар мегӯем:

Ҳар чизе, ки дар ҷаҳони воқеият аз ҳастӣ баҳра дорад, дар ҳастии худ аз “ваҳдат” бебаҳра нест. Масалан, агар инсоне мавҷуд шавад, аз он ҷиҳат, ки инсони воқеӣ ва мавҷуд аст, як воҳиди шахсӣ аст агарчи аз ҷиҳоти дигар садҳо ҳазор аст.

Дуруст аст, ки касрат дар хориҷ мавҷуд аст (чунонки дар мақолаи 12 гузашт), вале агар диққат кунем, ҳар касрате як воҳиди касрат аст.

Ҳар чизе, ки ба ростӣ дар хориҷ воҳиди мавҷуд аст, дар айни ҳол, ки воҳиди хориҷӣ мебошад, мо аз он ду чиз мефаҳмем: моҳият ва вуҷуд. Масалан, инсони мавҷуд чизе дорад, ки аз он бо лафзи “инсон” ҳикоят менамоем, ва чизе дигар, ки бо лафзи “мавҷуд”.

Ин ду чиз дар айни ҳол, ки дар хориҷ як воҳидро ташкил медиҳанд, бо диққат ҷуз ҳамдигаранд, зеро моҳият (инсонияти инсон масалан) ҳам вуҷуд ва ҳам адамро мепазирад, вале вуҷуд ҳаргиз адамро намепазирад, балки пайваста вуҷуд аст, агарчи моҳияти мавҷуд мумкин аст гоҳе мавҷуд ва гоҳе маъдум шавад.

Яъне вуҷуд ба худии худ вуҷуд аст ва моҳият ба воситаи вуҷуд дорои вуҷуд. Мо моҳиятҳо (анвоъ)-ро аз роҳи мушоҳидаи хоссиятҳое исбот менамоем ва ба воситаи ихтилофи хоссиятҳо, ба ихтилофи анвоъ қазоват менамоем. Масалан, дар афроде аз инсон, ки мушоҳида мешавад, хоссиятҳои фикр, ирода, идрок, такаллум ва ҷуз онҳо, ва дар афроде, ки аз ҳарорат мушоҳида мешавад, хоссиятҳои дигар меёбем ва дар натиҷа ҳукм мекунем, ки дар дастаи аввал моҳияте (навъе) ба номи “инсон” ҳаст, ва дар дастаи дуввум моҳияте (навъе) ба номи “ҳарорат”, ва ин ду навъ аз роҳи табоюне, ки дар хоссиятҳо ва осор доранд, худ низ бо ҳамдигар муғойиранд.

* * *

Ақсоми моҳият

Аз баёни гузашта натиҷа гирифта мешавад, ки:

Мо дар хориҷ моҳиятҳои бисёре дорем.

Бо ин ки моҳиятҳо аз роҳи ихтилофи хоссиятҳо ба даст омадаанд, гоҳе миёни онҳо хоссиятҳои муштарак низ пайдо мешаванд, агарчи ҳамеша ин тавр нест. Масалан, агар моҳияти “инсон”-ро бо моҳияти “миён” — ки яке аз нисбатҳои хориҷӣ мебошад – бисанҷем, хоҳем дид, ки ҳеч гуна хоссаи муштараке надоранд, дар ҳоле, ки агар ҳамин моҳияти инсон бо моҳияти пашша санҷида шавад, дар бисёре аз хоссиятҳо шарики ҳам хоҳанд буд, монанди идрок ва ирода ва бисёре аз аҳкоми ҳаёт ва ҷисмият ва ҷуз онҳо, агарчи аҳкоми вежа низ доранд.

Ин ҷост, ки бояд гуфт: ин ду навъ дар асли моҳият низ ширкате доранд, яъне моҳияти навъии онҳо ба ду бахши мухтасс ва муштарак таҳлил мешавад, чунонки ҳар ду навъ дар ҳайвоният шариканд ва ҳар кадом як бахши мухтасс низ доранд хоҳ мо бифаҳмем ё нафаҳмем.

Моҳияти муштарак ба номи “ҷинс”, ва моҳияти вежа ба номи “фасл” номида мешавад.

Аз ин баён натиҷа мегирем, ки:

1) Дар моҳиятҳо низ таркиб пайдо мешавад;

2) Таркиб дар моҳиятҳо ба воситаи ҷинс ва фасл пайдо мешавад;

Яъне аз як моҳияти муштарак ба воситаи инзимоми ду фасли мухталиф ду навъи мухталиф пайдо мешавад, ва бо забони фалсафӣ: моҳияти ҷинс моҳиятест дар ҳоли ибҳом, ки дар таҳсил ва пайдоиши як навъ ниёзманд ба инзимоми фасл ва таъйини он аст, монанди “ҳайвон”, ки бо инзимоми “нотиқ” инсон мешавад;

3) Чун ҳар таркиб ночор бояд аз оҳод таълиф пазирад, ногузир таркиби моҳият низ бояд ба ҷинсе бирасад, ки “басит” буда ва дигар болотар аз худ ҷинсе надошта бошад. Аз ин рӯй, бояд гуфт: дар таркиби моҳиятҳо аҷносе дорем, ки аҷноси олӣ мебошад ва дар истилоҳи фалсафа, ин аҷносро “мақулот” меноманд;

4) Ҳар мақула (ҷинси олӣ) ба воситаи инзимоми фаслҳое “навъият” пайдо мекунад, ва ҳамчунин ҳар “навъ” ба воситаи инзимоми фаслҳо навъиятҳои кучактаре ташкил медиҳад, ва ҳамчунин, то ба навъи ахир бирасад ва дар ин ҳол моҳият дигар тамом шуда ва танҳо ниёзе, ки дорад ба вуҷуд аст;

5) Моҳияти томм (навъи ахир) чун дигар ниёзмандии моҳувӣ надорад, ҳар замима, ки пайдо кунад, дигар ба худаш иртибот надошта ва иттифоқӣ буда ва шахсияти он аз иллатҳои хориҷа хоҳад буд. Масалан, фарде аз инсон, ки мавҷуд аст, ниёзи моҳувӣ танҳо ба моҳияти инсонӣ дорад, ва ин ки дар фалон замон ё фалон макон, писари фалон мард ва фалон зан, бо ранги вежа, бо шаклу ҳаҷму андоми вежа ва… мавҷуд аст, ба моҳияти инсон муртабит набуда ва мустанад ба иллатҳои хориҷӣ мебошад.

Танҳо аҳкомеро ба моҳияти ин фард — инсоният масалан — нисбат метавон дод, ки ҳамаи афроди инсонӣ билфеъл ё билимкон дошта бошанд, монанди ин ки инсон маконе мехоҳад, замоне мехоҳад, шакле ва андоме мехоҳад ва ҳамчунин…

6) Ҷинс бе фасл намешавад ва фасл бе ҷинс намешавад.

(Моҳият пайваста куллӣ аст. Куллӣ тақсимоте дорад. Аз бештар аз як ҷинси олӣ ва ҳамчунин ду ҷинси ҳамрутба ва ҳамчунин ду фасли ҳамарз моҳият таълиф намешавад. Фасл бояд басит бошад. Аз маҷмӯи ду фасл моҳият таълиф намешавад. Инҳо ва монанди инҳо масоиле ҳастанд, ки дар китобҳои “мантиқ” баён шудаанд).

* * *

Ҷавҳар ва араз

Дар мақолаи 5-ум гуфта шуд, ки мо гоҳе, ки худ (нафс)-ро бо андеша ва ҳолоти нафсонии худ (ман – идрок — ирода) мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳем (ва ҳамеша ин мушоҳида дар мо мавҷуд аст) ва сипас ҳоли вуҷудии онҳоро бо ҳамдигар бисанҷем, ошкоро хоҳем дид, ки вуҷуди идрок ва ирода бо вуҷуди нафс қоим аст, на ба акс.

Яъне, мо наметавонем “андешаи худ”-ро бе ”ман” тасаввур кунем, вале “ман” бидуни тасаввури “андешаи худ” қобили тасаввур аст, бо илм ба ин ки ин васф на аз ин роҳ аст, ки тасаввури мо ин гуна аст, балки “мутасаввар”-и мо ин гуна аст.

Ва ба баёни дигар: вуҷуди идрок ва ирода айни вуҷуди нафс нест, вале хориҷ аз вуҷуди “ман” низ намебошад. Инҳо, ки хоссиятҳо ва осори худи нафс шумурда мешаванд, чизҳое ҳастанд, ки вуҷуди онҳо дар вуҷуди нафс печида ва мунтавӣ буда ва ниёзманд ба вуҷуди нафс мебошанд. Яъне ду гуна вуҷуд аст, ки яке аз онҳо дар таҳаққуқи худ мӯҳтоҷ ба дигаре аст, ки ӯро маҳди худ (мавзӯъ) қарор дода ва номи ҳастиро доро шавад. Мо ин ду вуҷудро ба номи “ҷавҳар” ва “араз” меномем.

Пас, “ҷавҳар” моҳияте аст, ки вуҷудаш қоим бо худ буда ва ниёзе ба вуҷуди дигар надошта бошад, монанди нафс. Ва “араз” моҳияте аст, ки вуҷуди он ниёзманд ва қоим бо вуҷуди дигаре аст, монанди идрок ва ирода. Мо аз ҳамин ҷо хоссиятҳо ва осореро, ки аз хориҷ ба мо ворид мешаванд, номи “араз” дода ва “аъроз” (аразҳо) медонем, чун хоссаи араз (ниёз) дар онҳо меёбем ва ҳамон мавзӯеро, ки ин аъроз ба ҳасби вуҷуд мехоҳанд, бо ин ки ҳисс намекунем, “ҷавҳар” медонем.

Бо баёни соддатар бигӯем: мо ҳоссаи ҷавҳаршинос надорем, вале маҳсусоте, ки бо ҳавосси худ меёбем, чун аъроз ҳастанд, ҳамроҳашон ҷавҳаре исбот мекунем.

* * *

Баёни дигар: гузашта аз хоссиятҳое, ки дар ҳавосси мо мавҷуд мешаванд, дар хориҷ низ чизҳое меёбем, ки кунҷковӣ дар ҳастии онҳо сиҳҳати тақсими гузашта (ҷавҳар, араз)-ро ба субут мерасонад.

Мо дар хориҷ “адад” дорем, зеро хоссиятҳои риёзии бисёре барои он меёбем, ки камтарин тардиде дар вуҷудаш боқӣ намегузорад. Ҳар ададе маъдуде мехоҳад (5 — инсон), ки бе маъдуди худ таҳаққуқ нахоҳад гирифт, ва ҳангом таҳаққуқ айни вуҷуди маъдуд нест, вале берун аз вуҷуди маъдуд ва замимаи ҳастии вай низ нест. Ва ҳамчунин ақсоми нисбатҳо, ки дар хориҷ мавҷуд мешаванд, вуҷуди онҳо на айни вуҷуди атрофи нисбатҳо мебошад ва на хориҷ аз вуҷуди онҳо, пас вуҷуди онҳо ниёз ва эҳтиёҷи вуҷудӣ ба вуҷудоти дигар дорад, ва агар чунончи ҳамон вуҷудоти мавриди эҳтиёҷ ҳамон ҳоли эҳтиёҷро дошта бошанд, онҳо низ ниёзманд ба вуҷудоти дигаре хоҳанд буд, ва чун воқеияти хориҷ, ин ниёзро рафъ карда ва ниёзмандҳоро ба вуҷуд овардааст, ночор вуҷудоте дар хориҷ дорем, ки қоим ба зот (ҷавҳар) ҳастанд ва ин гуна вуҷудоти ниёзманд (аъроз) бо онҳо қоим буда хоссиятҳо ва осори онҳо шумурда мешаванд.

Аз ин баён натиҷа гирифта мешавад, ки: “моҳиятҳои хориҷӣ бар ду қисманд: ҷавҳар ва араз”.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: