Шарҳи Маснавӣ (243)

Нолидани сутуни ҳаннона чун барои пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам минбар сохтанд, ки ҷамоат анбӯҳ шуд, гуфтанд: мо рӯйи мубораки туро ба ҳангоми ваъз намебинем ва шунидани Расулу саҳоба он ноларо ва суолу ҷавоби Мустафо саллалоҳу алайҳи ва саллам бо сутун, сареҳ (3)

* * *

Ғайри он қутби замони дидавар,

К-аз суботаш кӯҳ гардад хирасар.

Ин байт давоми он чи дар байти пешин омада буд аст. Дар байти пешин гуфта буд:

Пойи истидлолиён чӯбин бувад,

Пойи чӯбин сахт бетамкин бувад.

Аммо дар байти мавриди назар мегӯяд: ба ҷуз он қутби замон, ки бинову огоҳ ба асрори ниҳон аст ва аз устувории яқину маърифати ӯ, кӯҳҳои росих саргаштаву ҳайрон мешаванд.

Дидавар: огоҳ ва басир ба ҳақоиқ ва асрор.

Нукта: “Қутб” дар луғат ба маънии милае аст, ки санги осиё ба даври он мегардад. Вале дар истилоҳи сӯфия, Қутб як тан бештар нест, ки дар ҳар замоне мавриди назари Ҳақ Таъолост. Аз ин рӯ, ӯро “Ғавс” низ меноманд. Ва ӯ дар воқеъ воситаи файзи ҳазрати Субҳон аст. Қутбро аз ин ҷиҳат бад-ин ном мавсум кардаанд, ки коинот ва мавҷудот доир мадори ӯст ва ӯ маркази олам аст, аз ин рӯ Ибни Фориз мегӯяд:

فبي دارت الأفلاك فاعجب لقطبها ال

محيط بها، والقطب مركز نقطة

Бо таваҷҷӯҳ ба байти фавқ, ҳамаи афлок ва даварон ва бақои онҳо манут аст ба вуҷуди Қутб. (Машориқуд-дарорӣ, с.413) Ҳарчанд мутаъаххирони сӯфия Қутбро як тан пеш надонистаанд, вале Ибни Арабӣ Қутбҳоро мутаъаддид донистааст. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.871)

Пойи нобино асо бошад, асо,

То наяфтад сарнигун ӯ бар ҳасо.

Пойи кӯрдилу нобино асо аст, то он ки ӯ рӯи сангрезаҳо наяфтад.

Ҳасо: сангреза.

Нукта: Манзур аз асо дар инҷо, истидлол ва мақсуд аз кӯрон, аҳли истидлол аст. Касе, ки нобиност, ба асо ниёз дорад, вале касе, ки дидааш биност, ниёзе ба асо надорад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.650)

Он саворе, к-ӯ сипаҳро шуд зафар,

Аҳли динро кист? Султони басар.

Он саворе, ки сабаби пирӯзии сипоҳи дин шуд кист? Ӯ ҳамон султони басират ва подшоҳи маърифат аст.

Бо асо кӯрон агар раҳ дидаанд,

Дар паноҳи халқи рӯшандидаанд.

Кӯрону нобиноён гарчи бо асо роҳ бурдаанд ва ба мақсуд расидаанд, вале дар паноҳи мардуми бино роҳро аз чоҳ ташхис додаанд.

Гар на биноён будандиву шаҳон,

Ҷумла кӯрон мурдаандӣ дар ҷаҳон.

Агар дар дунё биноён ва шоҳони ҳақиқат намебуданд, ҳамаи кӯрони ҷаҳон мемурданд. (Зеро ғолиби мардум ба манзилаи нобиноён ҳастанд ва роҳро аз чоҳ тамйиз натавонанд дод. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.651))

На зи кӯрон кишт ояд, на дуруд,

На иморат, на тиҷоратҳову суд.

Зеро кӯрдилон на метавонанд кишт кунанд ва на дарав намоянд. На тиҷорату доду ситаде медонанд ва на иморатеро метавонанд бисозанд. Яъне кӯрдилон ба анҷоми корҳои нек тавоно нестанд.

Гар накардӣ раҳмату ифзолатон,

Даршикастӣ чӯби истидлолатон.

Эй кӯрдилон! Агар ҳазрати Ҳақ Таъоло бар шумо фазлу раҳмат ато намекард, асои истидлолатон дарҳам мешикаст.

Ин асо чӣ бвад? Қиёсоту далел,

Он асо кӣ додашон? Бино ҷалил!

Ин асо, ки зикраш рафт чист? Манзур аз он асо, ҳамоно қиёсҳо ва далоил аст. Он асоро кӣ ба онҳо дод? Худо. Барои чӣ дод? Барои он ки модом, ки нобино ҳастанд ва дар замине, ки чашмонашон намебинад, асоро василаи рафтори худ кунанд.

Нукта: Қиёс гуфторест муташаккил аз чанд қазия, ки ҳар гоҳ мусаллам ва ҷозим шумурда шавад, исботи қазияи дигарро ба дунбол хоҳад дошт, (Асосул-иқтибос, с.186), монанди: Саъид инсон аст, ҳар инсоне мемирад, пас, Саъид мемирад.

Равшан аст, ки муроди Мавлоно қиёси мантиқӣ аст, на қиёси шаръӣ, ки аз назари мантиқӣ “тамсил” аст. Сониян, Мавлоно намехоҳад қиёси мантиқиро аз реша ва беху бун бе эътибор шуморад, балки мехоҳад бигӯяд: қиёс (асои истидлол) ба дарди роҳбарӣ ва роҳнамоии солик намехӯрад, балки танҳо метавонад ӯро дар бидояти амр чанд қадаме роҳ барад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: