Фалсафа ва равиши реализм (159)

Моҳият, ҷавҳар, араз (2)

Матни мақола

Озмоиши илмӣ чӣ мегӯяд?

Мумкин аст дар натиҷаи равише, ки ахиран гурӯҳе аз донишмандон монанди Огуст Кант (Auguste Comte) ва дигарон пеш гирифтаанд, ишкол ва хӯрдагирӣ шуда гуфта шавад:

Улум ба ҷуз ҳавосс ва таҷриба ба чизи дигар эътимод намекунад ва мо аз роҳи ҳавосс танҳо ба хоссиятҳо ва аъроз ноил мешавем. Оре, аз роҳи илҳоми зеҳнӣ, иддае аз хоссиятҳо ва аърозро як воҳид фарз карда ва ба он номи “ҷавҳар” ва “сурати ҷавҳарӣ” монанди инсон, дарахт ва ҷуз онҳо дода ва хоссиятҳоро аз они онҳо мешуморем, ва албатта илҳоми зеҳнӣ то аз бӯтаи озмоиши илмӣ берун наёяд, касби эътибор нахоҳад намуд. Иттифоқан, озмоиши илмӣ низ ба ҷуз хоссиятҳо чизе намеёбад, ки расидагӣ кунад. Инсон масалан дар нигоҳи нахустин, ки дарахтеро мебинад, дар воқеъ арз, тӯл, умқ, нисбатҳои гуногуни дигар, рангҳои бисёр, равшанӣ, торикиҳои бешумор ҳисс мекунад ва пас аз он бо вазиши боде масалан, ки ҳамаи онҳо ба як сӯй ҳаракат мекунанд, ваҳдате дар миёни онҳо устувор карда ва он маҷмӯаро “дарахт” меномад, сипас ҷоҳое аз ин воҳидро, ки тӯлу арзу умқ ҷамъ шудаанд, “ҷисм” мехонад монанди ҷисми тана, ҷисми шоха, ҷисми барг ва… Ва пас аз он, чун баргҳо гоҳе рӯи дарахтанд ва гоҳе нестанд ва ҳамчунин ранг ва хоссиятҳои дигар рӯзе ҳастанд ва рӯзе нестанд, берун аз моҳияти дарахт фарз мекунад ва дар натиҷа дарахтро (маҷмӯае аз хоссиятҳо, ки нисбат ба дигарон собиттар ҳастанд) “ҷавҳар” пиндошта ва боқии хоссиятҳоро осор ва аърози он мегирад. Ва ҳамчунин мо як силсила идрокот, ки пай дар пай аз роҳи ҳавосс ба мағз ворид шуда ва ҳамеша мағзро ишғол намуда ва ба ҳамин сабаб каммияташон табдил ба кайфият мегардад, ба номи “ҷавҳари нафсонӣ” (ман) пазируфта ва хоссиятҳои дигарро осор ва аърози он қарор медиҳем.

Ва хулоса ин ки: ба ин тартиб мӯҷибе аз барои тақсими моҳиятҳо ба ҷавҳар ва араз нест ва улум низ ахиран рӯи ҳамин назар мавзӯоти худро, ки дар гузашта ҷавҳар мепиндошт, ба маҷмӯаи аъроз табдил намуда ва бе ин ки ланг шавад ё беҳтар аз собиқ ба кунҷковии худ идома медиҳад.

* * *

Посух

Дуруст аст, ки мо дар мавориде, ки гуфтаанд ва он чунонки гуфтаанд, андешаҳое, ки суратҳои хоссиятҳои ашё буда бошад дорем ва ҳатто ҷавҳарро бо хоссиятҳои онҳо мешиносем — яъне дар мавриди тасаввури ҷавҳаре, хоссиятҳои онро муарриф қарор дода ва онҳоро тасаввур мекунем — вале ҷавҳари нафсонӣ ё мутлақи ҷавҳарро аз роҳе, ки ин донишмандон нишон додаанд исбот намекунем, ва чунонки инон пиндоштаанд ғафлат накардаем, балки чунонки баён намудем, нахуст ҷавҳари нафсониро аз мушоҳидаи дарунии худ исбот карда сипас дар мавриди ҷавоҳири хориҷӣ бо тавзеҳе, ки дода шуд, қазоват намудаем.

Ва ҳукми номбурдаи мо агарчи мустақиман аз роҳи ҳисс нест, вале ба роҳнамоии муқаддимаи чанде мунтаҳӣ ба ҳисс мебошад, ки мо ҳаргиз наметавонем онҳоро напазирем.

Ва ин ки гуфта шуда “улум чунин кунҷковиро ё натиҷаи онро, ки маҳсули мустақими ҳисс нест намепазирад”, суханест ноозмуда ва носанҷида; зеро ин мавзӯъ ва назоири он мавзӯест фалсафӣ ва ғайри марбут ба улум ва ҳаргиз илм наметавонад дар масъалае, ки аз майдони баҳс ва кунҷковии он канор аст, гуфтугӯ кунад.

Равоншиносӣ ва ба вежа равоншиносии тарбиятӣ, бо кунҷковии худ хоссиятҳои нафсро меҷӯяду бас, ва ҳамчунин гиёҳшиносӣ ё фанни кишоварзӣ хоссиятҳои дарахтро ба даст медиҳаду бас, вале оё нафс чист?, моҳияти дарахт кадом аст?, ҳаргиз марбут ба ин улум нест.

Мо борҳо дар хусуси ин сухан, ки “улум ба ғайри ҳисс эътимод надоранд” гуфтугӯ кардем. Пас, дар натиҷа ин донишмандон назари фалсафиро бо назари илмӣ халт ва дар мавриди баҳси фалсафӣ бо равиши илмӣ қазоват менамоянд.

Гузашта аз инҳо, ин донишмандон хостаанд “ҷавҳар”-ро инкор кунанд, дар натиҷа “араз”-ро нафй карда ва ба ҷавҳар афзудаанд ва бо равиши прагматизм ба сӯи асолати амал гаравида ва аз андӯхтаҳои ҳиссии мо, ки аз хориҷ мегирем, сифати “беруннамоӣ”-ро салб намуда ва идрокоти дигари моро, ки ҳиссӣ нестанд, аз ҳамин суратҳои ҳиссии худ медонанд, ва дар ин сурат, агар мо бисёр ҳунарнамоӣ кунем, ҷаҳони берун аз худ метавонем исбот кунем (агар битавонем), ва аммо ин ки ташхисоте дигар дар ҷаҳон дода ва қазоватҳое дар ҷавҳар ва араз ва дигар масоили фалсафӣ дода бошем, дигар дасти мо кӯтоҳ аст!

* * *

Ақсоми ҷавҳар

Муқаддимтан бояд донист, ки агар мо хоста бошем аз барои мавзӯе тавсиъаи ҷинсӣ дода ва анвоъе исбот кунем, танҳо роҳаш он аст, ки дар миёни афродаш ихтилоф ва табоюн дар осор ва хоссиятҳо пайдо карда ва аз он роҳ, мабодии он аҳкоми мухталифаро мухталиф шуморем.

Масалан, “ҳаҷм”-ро ба анвоъи мухталифаи кура ва устувона ва мукаъаб ва махрут ва маншур, ва ҳамчунин “сатҳ”-ро ба сатҳи муставӣ ва мунҳанӣ аз роҳи ихтилофи хоссиятҳои риёзӣ, ки дар афроди мухталифаи онҳо пайдо мешавад, тақсим менамоем.

Ва аз инҷо равшан мешавад, ки агар моҳияти ҷавҳар, ки аз роҳи вежаи худ дар хориҷ исбот шуда анвоъе дошта бошад, бояд ихтилофе дар аҳкоми афродаш буруз кунад.

Ва бо эътимод ба ин ҳақиқат, гузаштагони фалосифа ақсоми зеринро барои моҳияти ҷавҳар исбот кардаанд:

Аввал “нафс”. Чунонки дар мақолаи 3 мубарҳан кардем, нафси мо ҷавҳарест муҷаррад аз модда, ки афъолаш ибтидоан аз модда буруз карда ва мутасаддии афъоли баданӣ мебошад. Чунонки равшан аст, назири ин суханро дар нуфуси соири ҳайвонот низ метавон гуфт.

Дуввум “ақл”, ва он ҷавҳарест муҷаррад аз модда, ки ҳеч гуна таъаллуқи зотӣ ва феълӣ ба модда надорад. Фалосифаи илоҳӣ ба вуҷуди чунин мавҷуде иқомаи бурҳон кардаанд, чунонки дар мақолаи 14 хоҳад омад.

Севвум “ҷисм”. Гузаштагони фалосифа пас аз исботи вуҷуди ҷавҳари моддӣ дар ҷаҳони табиат, мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки ҳамаи аҷсом, хоссае муштарак монанди ҳаҷм доранд ва аз ин рӯй ҳукм кардаанд, ки ҷисм навъест аз ҷавҳар (он гурӯҳ аз фалосифа, ки модда ба маънии ҳаюло исбот кардаанд, ночор ҷавҳари ҷисмониро ба се қисми ҳаюло, сурати ҳиссӣ ва ҷисм — ки натиҷаи таркиби онҳост — тақсим кардаанд, вале бо исботи “ҳаракати ҷавҳарӣ” бояд ҳаюлоро ҷиҳате аз ҷиҳоти вуҷуди ҷисм донист, на мавҷуди мустақилле дар баробари ҷисм).

Чаҳорум “сурати навъӣ”. Ихтилофи осоре, ки дар аҷсоми гуногуни ҷаҳон машҳуд аст, бо тазаккури асле, ки дар оғози сухан гуфта шуд, эҷоб мекунад, ки ба ҳасби ихтилофи осори ҷисмонӣ тақсими дигаре дар худи ҷавҳари ҷисм анҷом гирифта ва дар натиҷа мутлақи ҷисм суратҳои тозаи ҷавҳарӣ пайдо кунад.

Вале чун назари соддаи мо гоҳе хато карда ва як асари мураккаберо басит шумурда ва мавзӯи ғайри воқеӣ барояш исбот мекунад — чунонки масалан мо бо назари содда амсоли хона ва фарш ва сандуқ ва мошин ва ғайри онҳоро воҳидҳои ҷавҳарӣ шумурда ва осор ва хоссиятҳое аз барои онҳо мепиндорем ва пас аз баррасӣ равшан мешавад, ки чунон набудааст – ин ҷост, ки фалсафа бояд аз назариёти илмӣ истимдод ҷуста ва аз натоиҷи кунҷковии онҳо, ки хоссиятҳои ашёро ташхис медиҳанд истифода карда ва аз барои хоссиятҳои ҳақиқӣ, мавзӯоти ҳақиқӣ исбот кунад, зеро ташхиси хоссиятҳои аҷсом вазифаи илм аст, на вазифаи фалсафа.

Пас мегӯем: табииёт ва риёзиёти қадим 1. аносур ва усули аввалияи таркиботи ҷисмониро — ба истиснои аҷсоми фалакӣ — чаҳор то медонист: оташ, ҳаво, об ва хок; 2. афлоке, ки дорои аҷроми кавкабӣ буданд исбот мекард 3. маволиди сегона, ки инсон ва ҳайвон ва набот бошанд ёфта буд (ғайр аз таркиботи маъданӣ ва коиноти ҷавв монанди шаҳобҳо ва абру барфу тагарг) ва аз ин рӯй фалсафа низ аз барои ҳар як аз онҳо сурати навъии ҷавҳарии ҷудогона исбот мекард монанди суратҳои унсурӣ, суратҳои фалакӣ ва кавкабӣ, суратҳои наботӣ, суратҳои ҳайвонӣ ва сурати инсонӣ.

Вале пешрафти тозаи улум ин бисотро барчида ва бисоти тоза густурдааст: 1. чаҳор унсури кӯҳна таҷзия шуда ва то кунун аносури бисёре пайдо шуда; 2. ба субут расонида, ки афлоке дар вуҷуд набуда ва ҳаракатҳои машҳуди осмонӣ бештарашон аз они замин буда ва ситорагон низ аз аносуре, ки заминро ба вуҷуд овардаанд таркиб ёфтаанд; 3. аносурро низ ба молекулаҳо ва молекуларо ба атомҳо ва атомро ба аҷзои дигаре монанди протон ва электрон таҷзия намуда; 4. моддаро ба энержӣ ва энержиро ба модда қобили таҳаввул фарз карда ва бо ин фарзия ҷаҳони табиат ба энержӣ бармегардад, ки ҳаракат аст; аз ин рӯй имрӯз фалсафа низ тибқи усули мусалламаи худ, бо ҳифзи ин назариёт, навъиятҳои ҷисмонии ҷавҳарӣ исбот хоҳад кард.

Бинобар ин, аз он ҷое, ки ҷисмият пайдо шуда ва таркиб шурӯъ мешавад, ҳар таркиби тоза хоссиятҳои тозае эҷод мекунад, то он ҷо, ки таркибот хотима мепазирад. Ҳар таркиби тозае дорои хоссиятҳои басити тоза, як сурати навъии ҷавҳарии махсус ба худ дорад ва маҷмӯи чандин навъ, ки навъи тозае ба вуҷуд меоваранд, “модда” ҳастанд ва сурати навъии тоза сурати навъии онҳост ва маҷмӯи сурат ва модда як навъи тоза мебошад.

Ва аммо фарзияе, ки моддаро натиҷаи тарокум ёфтани анбӯҳе аз энержӣ мегирад, чун то кунун аз рози тарокуми энержӣ ва пайдоиши ҳаҷм, парда бардошта нашуда, навъияти ҷавҳарии вежаи ҷисм, ки нахустин навъи падидаи навъӣ шумурда мешавад, дар эътибори худ боқӣ аст.

* * *

Ақсоми араз

Гузаштагони фалосифа аз Машшоин, ки дар раъси онҳо Арасту, файласуфи шаҳири юнонӣ қарор дорад ва бузургони фалосифаи ислом монанди Форобӣ, Ибни Сино ва Садрулмутааллиҳин, пас аз исботи вуҷуди “араз” онро ба қисмати аввалӣ бар 9 мақула, ки аҷноси олии аъроз буда бошанд, тақсим кардаанд:

Кайф, кам, мато, айна, вазъ, милк, феъл, инфиъол ва изофа.

Ва албатта ин тақсим ва тақсимоте, ки барои ақсоми он намудаанд, мабнӣ бар истиқрое аст, ки дар хоссиятҳои моҳиятҳо намудаанд, ва албатта пас аз ин дар асари пешрафти илму санъат хоссиятҳои бисёре кашф шуда, ки дар он замон парда аз рӯи онҳо бардошта нашуда буд ва пайдоиши ин хоссиятҳо дар тақсимоти номбурда холӣ аз таъсир нахоҳад буд.

Ва чун фоидаи илмии зиёде дар истифои баҳс ва теъдод ва ташхиси ин навъиятҳои аразӣ ва хосса дар ҳафт мақулаи қаблӣ (аз севвум то нӯҳум) нест, аз гуфтугӯ дар бораи онҳо худдорӣ мекунем.

Ҳамин андоза мутлақи “араз” ба се навъи куллӣ “кайфият”, “каммият”, “нисбат” тақсим мешавад:

1) Кайфият аразе аст, ки ба худии худ қисмат ва нисбат намепазирад монанди каҷии хатт ва ростии хатт;

2) Каммият аразе аст, ки ба худии худ қисматпазир бошад монанди хатт, сатҳ, ҳаҷм, адад, замон;

3) Нисбати мақулӣ аразе аст, ки аз роҳи бархӯрди ду моҳият ё бештар ва пайдоиши санҷиш дар миёни онҳо пайдо мешавад монанди нисбати дурӣ ва наздикӣ ва монанди мувозот ва муҳозот.

Ва албатта табоюни ин се навъ куллӣ пӯшида нест.

Масоиле, ки дар ин мақола ба субут расид:

1) Мо дар хориҷ моҳиятҳои зиёде дорем;

2) Дар моҳиятҳо низ таркиб пайдо мешавад;

3) Таркиби моҳиятҳо ба воситаи ҷинс ва фасл аст;

4) Аҷнос ниҳоятан ба аҷноси олӣ мунтаҳӣ мешаванд;

5) Аҷноси олӣ ба воситаи фусуле навъият пайдо мекунанд;

6) Моҳият бо инзимоми фасли ахир тамом мешавад;

7) Ҷинс бе фасл ва фасл бе ҷинс намешавад;

8) Моҳият мунқасим мешавад ба ҷавҳар ва араз, ва ҳар ду қисм дар хориҷ мавҷуданд;

9) Ҷавҳар чаҳор навъи куллӣ дорад;

10) Араз ба се қисми куллӣ мунқасим мешавад.

* * *

Поёни мақолаи сездаҳум

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: