Перейти к содержимому

“Хон”-ҳои Боливуд ба дидори нахуствазири режими саҳюнистӣ нарафтанд

Се ситораи машҳури синамои Боливуд аз дидор бо Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими “Исроил” дар Деҳлӣ худдорӣ карданд.

Ба гузориши Спутник ба нақл аз расонаҳои ҳиндӣ, Амирхон, Шоҳруххон ва Салмонхон, се ситораи синамои Боливуд, аз рафтан ба дидоре, ки дар Деҳлии нав бо Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ баргузор шуда буд, парҳез кардаанд.

Расонаҳои ҳиндӣ навиштаанд, ки далели ин амал куштори фаластиниҳои бегуноҳ ба шумули кӯдакону занон тавассути режими “Исроил” будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Амитоб Бачан, ҳамроҳи хонаводааш дар дидор бо нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳозир шуда ва бо вай акси селфӣ гирифтааст, ки ин амали вай мавриди интиқоди шумори анбӯҳе аз корбарони интернет қарор гирифтааст.

https://twitter.com/sadamengr_/status/954309337924689920?ref_src=twsrc%5Etfw&ref_url=https%3A%2F%2Faf.sputniknews.com%2Fworld%2F201801222008055-%25D9%2586%25D8%25B1%25D9%2581%25D8%25AA%25D9%2586-%25D8%25AE%25D8%25A7%25D9%2586-%25D9%2587%25D8%25A7%25DB%258C-%25D8%25A8%25D8%25A7%25D9%2584%25DB%258C%25D9%2588%25D9%2588%25D8%25AF-%25D8%25AF%25DB%258C%25D8%25AF%25D8%25A7%25D8%25B1-%25D9%2586%25D8%25AA%25D8%25A7%25D9%2586%25DB%258C%25D8%25A7%25D9%2587%25D9%2588%2F

Пас аз нарафтани ин се ситораи Боливуд ба дидор бо Натонёҳу, корбарони интернет ин амалро писандида ва се “Хон”-ро “қаҳрамонони воқеӣ” хондаанд.

* * *

Мусалмонони Ҳинд Натонёҳуро бо шиори “Исроил мурда бод!” истиқбол намуданд

Мусалмонон дар Деҳлии нав ҳангоми сафари Натонёҳу ба Ҳинд, тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд ва тасовири Натонёҳу ва парчами режими “Исроил”-ро оташ заданд.

Ба гузориши расонаҳои ҳиндӣ, “Марг бар Исроил!” ва “Марг бар Натонёҳу!” аз шиорҳои тазоҳуроткунандагон дар Деҳлии нав буд.

Ба гуфтаи тазоҳуроткунандагон, Ҳинд кишвари Гондӣ ва Неҳру аст, ва сафари раиси режими саҳюнистии золим ва ҷинояткор ба Ҳинд таассуфовар аст.

Суханронон дар ин таҷаммӯъи эътирозӣ бо ташреҳи ҷиноятҳои “Исроил” алайҳи мусалмонони мазлуми Фаластин, аз давлати Ҳинд хостанд равобити худро бо режими кӯдаккуши саҳюнистӣ қатъ кунад.

Гуфтанист, сафари Натонёҳу бо ҳадафи густариши бесобиқаи равобити иқтисодӣ, дифоӣ ва сиёсӣ миёни ду кишвар анҷом шуд. Нахуствазири режими “Исроил”-ро дар ин сафар, беш аз сад тоҷир ва мақоми давлатӣ ҳамроҳӣ карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: