Адли илоҳӣ (16)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши севвум: табъизҳо (2)

Тафовут, на табъиз (1)

Он чи дар хилқат вуҷуд дорад “тафовут” аст, на “табъиз”. “Табъиз” он аст, ки дар шароити мусовӣ (баробар) ва истеҳқоқҳои ҳамсон (шоистагиҳои якнавохт), байни ашё фарқ гузошта шавад, вале “тафовут” он аст, ки дар шароити номусовӣ фарқ гузошта шавад. Ба иборати дигар, табъиз аз ноҳияи диҳанда аст ва тафовут марбут ба гиранда.

Бо як мисоли содда матлаб равшан мешавад: агар ду зарфро, ки ҳар кадом зарфияти 10 литр об доранд, дар муқобили шири об (крани об) қарор диҳем ва дар яке 10 литр об бирезем ва дар дигаре 5 литр, дар ин ҷо табъизе сурат гирифтааст. Маншаи ихтилоф, нерӯе аст, ки обро холӣ мекунад. Ва аммо агар ду зарф дошта бошем яке ба зарфияти 10 литр ва дигаре ба зарфияти 5 литр ва ҳар дуро дар дарё фурӯ барем, боз ҳам ихтилоф ҳаст, аммо маншаи ихтилоф тафовуте аст, ки худи он ду зарф аз назари гунҷоиш ва истеъдод доранд, на дарё ва нерӯи фишори об.

Мисоли дигар: агар як муаллим ба донишомӯзоне, ки ҳама дар як дараҷа ҳастанд ва кори онҳо яксон аст нумраҳои (баҳоҳои) мухталифе бидиҳад, ин табъиз аст. Вале агар муаллим ҳамаро ба як дид бингарад ва ҳамаро як ҷур таълим диҳад ва як ҷур имтиҳон кунад ва суолоти имтиҳонӣ, ки тарҳ мекунад, барои ҳама яксон бошад, он гоҳ бархе аз шогирдони ӯ ба хотири кавданӣ ва камҳушӣ ё ба хотири талошгар набудан, аз ӯҳдаи имтиҳон ба хубӣ ё аслан барнаёянд, ва бархе дигар аз шогирдон ба иллати истеъдоди қавӣ ва кори хуб, суолоти имтиҳониро комилан ҷавоб бидиҳанд, ва муаллим ба ҳар кадоми онҳо бар тибқи ҷавобҳои имтиҳонӣ нумра бидиҳад, ки қаҳран мухталиф хоҳад буд, дар ин ҷо тафовут рух дода, на табъиз. Адолат ин нест, ки муаллим ҳамаи нумраҳоро ҷамъ кунад ва баъд байни ҳамаи донишомӯзон ба таври мусовӣ (баробар) қисмат кунад. (Балки) адолат ин аст, ки ба ҳар кадом он чиро, ки истеҳқоқ дорад, бидиҳад. Дар ин гуна маворид, фарқ гузоштан айни адолат ва мусовот аст ва фарқ нагузоштан айни табъиз ва зулм.

Дар ин ҷо қаҳран ин матлаб ба зеҳн меояд, ки: Худоро бо як омӯзгор натавон қиёс кард, Худо офаринандаи мавҷудот аст ва ҳар тафовуте, ки ҳаст, аз ӯ ба вуҷуд омадааст. Вале як омӯзгор холиқи шогирдон нест; агар яке боҳуш аст ва дигаре кавдан, ба омӯзгор марбут нест. Агар яке истеъдод дорад ва кӯшиш кардааст ва дигаре истеъдод надорад ё кӯшо набуда, рабте ба муаллим надорад. Дар мавриди Худо ва ҳастӣ бояд эътироф кард, ки ҳамаи тафовутҳо ва ихтилофҳо ҳам ба дасти Худост. Худо дар ду марҳила кор карда; дар як марҳила мавҷудотро мутафовит офарида ва дар марҳилаи дигар ба ҳисоби тафовутҳояшон бо онҳо рафтор карда ва ба ҳар як он чиро истеҳқоқ дошта додааст. Ишкол мутаваҷҷеҳи марҳилаи аввал аст, ки чаро аз оғоз ҳамаро яксон наёфаридааст? Бояд дид, рози тафовутҳо чист?

* * *

Рози тафовутҳо

Рози тафовутҳо як калима аст:

Тафовути мавҷудот, зотии онҳо мебошад ва лозимаи низоми иллат ва маълул аст.”

Ҷумлаи сангине аст, вале чорае нест, бояд тавзеҳ дода шавад. Дар ин ҷо ночорем он чи як навбат гуфтаем, бори дигар бо баёне дигар такрор кунем ва билохира душвории як баҳси амиқро бар худ ҳамвор созем ва ба умеди даст ёфтан ба натиҷае олӣ ва дилчасб, дунболаи баҳси пешинро бигирем ва иҷборан қадре файласуф шавем.

Чунонки қаблан ишора шуд, дар ҳикмати илоҳӣ ин баҳс таҳти унвони “Кайфияти судури мавҷудот аз зоти Борӣ” матраҳ мегардад. Мавзӯи баҳс ин аст, ки: оё иродаи Худо ба таври ҷудо-ҷудо ба офариниши мавҷудот таъаллуқ мегирад? Масалан, ирода мекунад ва оқои “А”-ро меофаринад; иродаи дигаре мекунад ва оқои “Б”-ро меофаринад ва иродаи севвуме мекунад ва фаразан шайъи “В”-ро халқ мекунад; ва ҳамин тавр ҳар чизеро бо иродае ҷудогона ва махсус ба он чиз халқ мекунад? Ё он ки ҳамаи ашёро бо як иродаи воҳид ва басит эҷод менамояд?

Гурӯҳе аз мутакаллимон, ки дар маорифи илоҳӣ “сатҳӣ” фикр мекунанд, тарафдори эҳтимоли авваланд; вале он чиро, ки далоили дандоншикани ақлӣ ва бароҳини қотеъи фалсафӣ исбот мекунад ва шавоҳиде аз Қуръони Карим низ бар дурустии он ҳаст, назарияи дуввум аст. Ба мӯҷиби ин назария, ҳамаи ҷаҳон, аз оғоз то анҷом, бо як иродаи илоҳӣ ба вуҷуд меояд, яъне бениҳоят чиз ба вуҷуд меояд ва ҳама бо иродаи Худо ба вуҷуд меояд, вале на бо иродаҳои ҷудо-ҷудо, балки фақат бо як ирода, он ҳам як иродаи басит, чунонки Қуръони Карим мефармояд:

إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ. وَمَا أَمْرُنَا إِلَّا وَاحِدَةٌ كَلَمْحٍ بِالْبَصَرِ

Мо ҳама чизро бо андоза ва қадри мушаххас офаридаем ва кори мо ҷуз яке нест, ҳамчун чашм бар ҳам задан.” (Сураи Қамар, оятҳои 49-50)

Ба мӯҷиби ин ақида, барои офариниш, низоми хосс ва қонун ва тартиби муайяне аст ва иродаи Худо ба вуҷуди ашё, айни иродаи низом аст. Аз ҳамин ҷост, ки қонуни иллат ва маълул ва ё “низоми асбоб ва мусаббабот” ба вуҷуд меояд. Маънои “низоми асбоб ва мусаббабот” ин аст, ки ҳар маълуле иллати хосс, ва ҳар иллате маълули махсус дорад; на як маълули мушаххас мумкин аст аз ҳар иллате бидуни восита судур ёбад ва мавҷуд гардад, ва на як иллати муайян метавонад ҳар маълулеро бе восита эҷод кунад. Дар ҳақиқат, ҳар мавҷуд ва ҳар шайъе дар низоми иллат ва маълул, ҷои мушаххас ва мақоми маълуме дорад, яъне он маълул, маълули шайъи муайяне аст ва иллати шайъи муайян, ва ин ҳамон мафҳуми дақиқи:

إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ

Мо ҳама чизро бо андоза ва қадри мушаххас офаридаем…” аст. Барои равшан шудани ин матлаб, низоми ҷаҳонро дар ду қисмат: “низоми тӯлӣ” ва “низоми арзӣ” тавзеҳ медиҳем:

* * *

Низоми тӯлӣ

Мақсуд аз низоми тӯлии иллат ва маълул, тартиб дар офаридан ва халқи ашё ва ба истилоҳ, тартиб дар фоилияти Худо нисбат ба ашё ва судури ашё аз ӯст. Улувви зоти Парвардигор ва қудсияти ӯ иқтизо дорад, ки мавҷудот рутба ба рутба ва пушти сари якдигар нисбат ба ӯ қарор дошта бошанд; содири аввале бошад, содири дуввуме бошад, содири севвуме бошад, ва ҳоказо яке пас аз дигаре эҷод шаванд ва ҳар кадом маълули моқабли худ бошанд. Албатта мақсуд, аввал будан ва дуввум ва севвум будани замонӣ нест; дар он ҷо замон матраҳ нест, худи замон яке аз махлуқот аст.

Он чи дар лисони (забони) дин, ба унвони малоика ва ҷунуди илоҳӣ ва русули илоҳӣ (фиристодаҳои таквинӣ, на фиристодаҳои ташреъӣ) ва муқассимоти амр ва мудаббироти амр омадааст, ва мафоҳиме монанди арш, курсӣ, лавҳу қалам, ки вуҷуди як силсила ташкилоти маънавӣ ва илоҳиро барои Худо муаррифӣ мекунад, ҳама барои тафҳими ҳамин ҳақиқат аст, ки Худои Мутаъол офаринишро бо низоми хосс ва тартиби мушаххас ирода ва иҷро мекунад. Ин матлабро ҳукамо бо истилоҳ ва забони махсус баён кардаанд ва дар маорифи исломӣ бо забони дигар баён шудааст. Мо ҳамон забони исломиро, ки ширинтар ва расотар аст интихоб мекунем:

Дар ин низом, зоти Ҳақ дар раъси ҳамаи мавҷудот қарор дорад ва малоика муҷриёни фармони ӯ ҳастанд, байни худи малоика низ силсиламаротиб муҳаққақ аст: баъзе риёсат ва фармондеҳӣ доранд ва баъзе аз аъвону ансор ба шумор мераванд; Микоил фариштаи маъмури арзоқ, ва Азроил малакулмавт ва муваккал бар қабзи арвоҳ аст, ва барои ҳар як аз он ду, аъвону ёроне низ вуҷуд дорад, ҳар малаке мақоми мушаххас ва ҷое муайян дорад:

وَمَا مِنَّا إِلَّا لَهُ مَقَامٌ مَّعْلُومٌ

Ҳар як аз мо, фариштагон, мақоми муайяне дорем.” (Сураи Соффот, ояти 164)

Фаромӯш накунем, ки нисбати Худо ба мавҷудот, нисбати офаридан ва эҷод кардан ва таквин аст. Ташкилот ва дастгоҳи ӯро монанди ташкилоти иҷтимоӣ ва равобити қарордодӣ, ки дар иҷтимои башар доир аст, набояд пиндошт. Низоми фармондеҳӣ ва итоат дар байни Худо ва малоика, ҷанбаи таквинӣ ва ҳақиқӣ дорад, на ҷанбаи қарордодӣ ва эътиборӣ. Фармони Худо ҳарф нест, эҷод аст; итоати малоика низ мутаносиб бо он аст. Вақте мегӯем, ба фариштагон фармон дода, ки чунин кунанд, маънояш ин аст, ки ононро тавре эҷод карда, ки иллат ва фоил бошанд барои феъл ва маълули махсус, ва маънои итоати малоика низ ҳамин иллият ва маълулияти таквинӣ аст. Ташкилоти ёдшуда, мубайини як низоми таквинӣ аст.

Ва аз ҳамин ҷост, ки Қуръони Карим тадбири хилқатро гоҳе ба “Худо” нисбат медиҳад ва гоҳе ба фариштагон; гоҳ мегӯяд:

يُدَبِّرُ الْأَمْرَ مِنَ السَّمَاءِ إِلَى الْأَرْضِ

Худо корро аз осмон ба замин тадбир мекунад ва мефиристад.” (Сураи Саҷда, ояти 5)

Ва гоҳ мегӯяд:

فَالْمُدَبِّرَاتِ أَمْرًا

“(Қасам ба) фариштагони тадбиркунандаи кор.” (Сураи Нозиъот, ояти 5)

Гоҳе қабз ва дарёфти инсонҳоеро, ки мемиранд, ба фариштагон нисбат медиҳад, ва гоҳе ба фариштаи хосси мавт, ва гоҳе ба Худо. Гоҳе ваҳйро ба як фаришта нисбат медиҳад:

نَزَلَ بِهِ الرُّوحُ الْأَمِينُ. عَلَى قَلْبِكَ لِتَكُونَ مِنَ الْمُنذِرِينَ

Руҳуламин (Ҷаброил) Қуръонро бар қалби ту фуруд овард, то аз бимдиҳандагон бошӣ.” (Сураи Шуъаро, оятҳои 193-194) Ва гоҳе ба зоти ақдаси аҳадият, ва мефармояд:

إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا عَلَيْكَ الْقُرْآنَ تَنزِيلًا

Мо худ Қуръонро бар ту нозил кардаем.” (Сураи Инсон, ояти 23)

Рамзаш ин аст, ки кори Худо низому тартиб дорад ва иродаи Худо ба офариниш ва тадбири ҷаҳон, айни иродаи низом аст.

Набудани низоми муайян дар байни мавҷудот, мусталзими ин аст, ки ҳар мавҷуде битавонад маншаи эҷоди ҳар чизе бишавад, ва низ мумкин бошад ҳар чизе аз ҳар чизе ба вуҷуд ояд. Масалан, бояд мумкин бошад, ки аз як нерӯи кучак як инфиҷори бузург, ки мутаносиб бо як нерӯи бузург аст ба вуҷуд ояд. Ва баръакс, нерӯи бузург қудрати камтаре нишон бидиҳад. Бояд мумкин бошад, ки асари як шӯълаи кибрит бо асари хуршеди ҷаҳонтоб баробарӣ кунад. Бояд мумкин бошад як маълул ба ҷои иллати худ қарор гирад ва иллат ба ҷои ӯ биёяд. Ва ба ин ҳисоб, бояд мумкин бошад, ки Худо махлуқ гардад ва махлуқ Худо гардад.

Воҷиб будани воҷиб, ва мумкин будани мумкин, зотии онҳост. Яъне, на ин аст, ки мумкинулвуҷуд мумкин буд воҷиб бошад, ва воҷибуллвуҷуд мумкин буд, ки мумкин бошад, вале тасодуфан ва ё ба воситаи як иллати хориҷӣ, он яке воҷиб шуд ва ин яке мумкин. Хайр, мумкинулвуҷуд воҷибулимкон аст, ва воҷибуллвуҷуд воҷибулвуҷуб.

Ҳамчунин аст маротиби мумкинот. Ҳар мартиба аз маротиби мумкинот, дар ҳар дараҷа ва ҳар мақоме аз вуҷуд, ки ҳастанд, ҳамин ҳолро доранд. Масалан, он ки муваккал бар басту ризқ додани мавҷудот аст, ё он ки маъмури қабз ва дарёфти мавҷудот аст, мақоме, ки ба ӯ тафвиз шудааст, лозимаи наҳваи вуҷуд ва мартибаи вуҷудӣ аст, ки ба ӯ ифоза шудааст. На чунин аст, ки масалан мумкин буд як пашша бо як иблоғ ҷои Микоилро бигирад, ва як мӯрча бо иблоғи дигар ҷои Азроилро, ва як инсон ҷои Ҷаброилро.

Ҳамаи он иштибоҳот — ки фарз мешавад комил дар ҷои ноқис биншинад ва ноқис дар ҷои комил — аз он ҷо пайдо шудааст, ки афрод қатъият ва зарурат ва равобити зотии мавҷудотро дарк намекунанд ва маротиби мавҷудотро дар ҷаҳони ҳастӣ аз қабили маротиби қарордодӣ ва эътибории афрод дар муҳити иҷтимоъ фарз мекунанд. Ҳамаи иштибоҳот аз қиёси Худо ба инсон ва қиёси низоми зотии ҷаҳон ба низоми қарордодии иҷтимои инсон ношӣ мешавад.

Ин гуна афрод пеши худ фикр мекунанд, ҳамон тавр, ки ҳеч монеъе нест, ки фалон раис маръус бошад ва маръус раис, чаро набояд гӯсфанд ба ҷои инсон, ва инсон ба ҷои гӯсфанд бошад? Чаро онро гӯсфанд ва инро инсон қарор дод? Намедонанд, ки чунин чизе маҳол аст, зеро иллат будани иллате барои маълули муайян, ва маълул воқеъ шудани маълуле барои иллате муайян, ҷаълӣ ва қарордодӣ нест. Агар “А” иллат аст аз барои “Б”, ба хотири хусусияте аст, ки дар зоти “А” вуҷуд дорад ва онро иллати “Б” сохтааст, ва низ “Б”, ки маълули “А” аст, хусусияте дорад, ки ба хотири он, марбут бо “А” гаштааст. Ва ин хусусият, чизе ҷуз наҳваи вуҷуди онҳо нест. Ва ба ҳамин далел, он хусусият амре воқеӣ аст, на эътиборӣ ва оризӣ ва қобили интиқол. Бинобар ин, иртиботи ҳар иллат бо маълули худаш ва иртиботи ҳар маълул бо иллати худаш, аз зоти иллат ва зоти маълул бармехезад. Маълул ба тамоми зоти худ муртабит бо иллат аст, ва иллат низ ба тамоми зоти худ маншаи судури маълул аст.

Аз ин ҷо — ҳамон тавре, ки қаблан ишора кардем — равшан мегардад, ки мартибаи ҳар вуҷуде айни зоти ӯст ва тахаллуфнопазир аст. Дуруст монанди маротиби ададҳо. Дар як саффи автобус афродро метавон ақибу ҷилав кард, вале маротиби ададҳоро наметавон ақибу ҷилав кард, адади 5, ки рутбааш баъд аз адади 4 қарор дорад, мумкин нест қабл аз он қарор бигирад. Қабл аз адади 4, ҷуз адади 3 чизе наметавонад бошад; ҳатто агар онро 5 ҳам биномем, фақат номро иваз кардаем ва маҳол аст, ки воқеияти онро иваз кунем.

Байни ҳамаи мавҷудоти ҷаҳон чунин низоми зотӣ ва амиқ барқарор аст. Ин ҷумлаи Қуръони Карим дар бораи фариштагон, ки мегӯяд:

وَمَا مِنَّا إِلَّا لَهُ مَقَامٌ مَّعْلُومٌ

Ҳар як аз мо, фариштагон, мақоми муайяне дорем.” (Сураи Соффот, ояти 164) дар бораи ҳамаи мавҷудот содиқ аст. Ҳар чизе ҷои хоссе дорад ва фарзи он дар ғайри ҷои худаш, мусовӣ бо аз даст додани зоти он аст ва хулф аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: