Барандаҳо ва бозандаҳои ҷанги Туркия бо курдҳои Сурия

Таҳлиле аз Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Даъвати “Нерӯҳои Сурияи демукротик” (курдҳои Сурия) аз эътилофи зидди ДОЪИШ ба раҳбарии Омрико ба унвони муҳимтарин ҳомиёнаш ба пазируфтани “масъулияти худ” пас аз ҳамлаи Туркия ба шаҳри Ифрин дар шимоли ғарби Сурия — ки ғолиби сокинони онро курдҳо ташкил медиҳанд ва сукути маънодори Омрико дар баробари он — хутути куллӣ дар арсаи сиёсӣ ва низомии минтақаро мушаххас кард.

То лаҳзаи навиштани ин таҳлил, ба назар мерасад, ки Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, агар ба тамоми аҳдофаш дар Ифрин нарасида бошад, аммо ба бештари онҳо — аз ҷумла нуфузи низомӣ дар шаҳри Ифрин ва бомбборони пойгоҳҳои “Ягонҳои мудофеи халқи курд” дар тӯли се рӯзи гузашта — даст ёфта, ва баъид намедонем, ки ӯ дар ҳоли омодагӣ барои оғози марҳилаи пас аз ин вуруд аст, яъне эҷоди минтақаи ҳоил ва холӣ аз аслиҳа, то амнияти марзҳои кишварашро, ки садҳо ҳазор паноҳҷӯи сурӣ дар он манотиқ сокин ҳастанд, таъмин кунад.

Ардуғон рӯзи душанбе замоне, ки аз истиқболи Русия аз ин амалиёти низомӣ дар Ифрин гуфт, ҳақиқатро гуфта буд. Русҳо аз ин амалиёт, бо хориҷ кардани мушовиронашон аз Ифрин ба Талрифъат, истиқбол карданд, ва баъид нест, ки ҳатто шоҳиди иттифоқоте беш аз ин монанди адами мухолифати Сурия ва Эрон бо ин амалиёт дар чорчӯби қарордоди бузург миёни ду тараф бошем, ки бозандаи он курдҳо ҳастанд, ҳамон гуна ки ҳамеша дар бештари қарордодҳои минтақа дар тӯли чанд даҳаи ахир, шоҳиди он будаем.

Сукути Эрон бисёр равшан аст. Ва чӣ басо таъкиди Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия, бар ирсоли номаи расмӣ барои Димишқ пеш аз оғози амалиёти низомӣ дар Ифрин, нишон медиҳад, ки раҳбарии Сурия қасде барои амалӣ кардани таҳдидоти худ мабнӣ бар ҳадаф қарор додани ҳар ҳавопаймои ҷангии Туркия, ки ҳарими ҳавоии ин кишварро нақз кунад, надорад.

* * *

Акнун суол дар бораи ҷузъиёти нуфузи нерӯҳои Туркия ба Ифрин ва Манбаҷ — ду шаҳри таҳти контроли курдҳо — нест, балки алъон суол дар бораи моҳияти тавофуқе аст, ки Ардуғон бо раҳбарони Русия ва пас аз он, раҳбарони Сурия ва Эрон ба даст оварда ва аз тариқи он, “чароғи сабз” барои иҷрои ин амалиётро дарёфт кардааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, рӯзи душанбе таъкид кард, масъулони рус дар робита бо амалиёти низомии Туркия дар Ифрин алайҳи “Ягонҳои мудофеи халқи курд”, бо масъулони Туркия дар тамос ҳастанд ва Русия ҳамчунон ба ҳифзи тамомияти арзии Сурия бовар дорад. Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, бо интиқод аз Омрико, ки: “Иқдомоти Омрико дар Сурия ё таҳрикомез ва омидона ва ё далеле бар адами дарки Вошингтун аз вазъияти он ҷост”, Туркияро ба хештандорӣ ташвиқ кард.

Замоне, ки Риён Долун, сухангӯи эътилофи зидди ДОЪИШ ба раҳбарии Омрико эълом кард, ки кишвараш қасди ташкили нерӯе бо 30 ҳазор сарбоз дорад, ки ниме аз онҳоро “Нерӯҳои Сурияи демукротик” (курдҳо) ташкил медиҳанд — дар ҳоле, ки “Ягонҳои мудофеи халқи курд” сутуни аслии “Нерӯҳои Сурияи демукротик”-ро ташкил медиҳанд — мушаххас шуд, ки ин Омрикост, ки шӯълаи ҷанг дар Ифрин, ҷадидтарин бӯҳрон дар Сурияро равшан мекунад.

Ин тасмими Омрико, ки Рикс Тилерсун, вазири умури хориҷаи Омрико талош кард аз шиддати он бикоҳад ва албатта онро инкор накард, Ардуғонро ташвиқ карда ва ҳимояти лозим барои ҳамла алайҳи Ифринро фароҳам овард ва боиси ҷалби назари бештари аҳзоби мухолиф ба ӯ шуд. Аз ҷузъиёти ин қарордод, ки пушти сукути Омрико ва Русия, ду қудрати бузурги ҷаҳонӣ ва бархе кишварҳои минтақа монанди Эрон ва ҳимояти алании кишварҳои бузурги урупоӣ чун Ангилис ва Олмон дар баробари вуруди Туркия ба Ифрин вуҷуд дорад, иттилое вуҷуд надорад, аммо чизе, ки метавон гуфт он аст, ки чизе, ки Сурия дар баробари он дарёфт кардааст, бозпасгирии контрол бар минтақаи Идлиб бошад, ва чӣ басо вуруди нерӯҳояш ба фурудгоҳи низомии Абуззуҳур, танҳо марҳилаи аввали ин пардохт будааст.

Фирори Песков, сухангӯи Кремлин, аз посух ба ин суол, ки оё Кремлин аз пеш аз амалиёти Туркия мутталеъ будааст ё на, ва таъкиди ӯ бар ин масъала, ки Русия ҳамчунон ҳифзи тамомияти арзӣ ва ваҳдати Сурияро муҳим медонад, метавонад муҳтавои номае, ки Човушуғлу аз ирсоли он барои раҳбарии Сурия хабар дода буд, тафсир кунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба манофеи муштараки Сурия, Эрон ва Туркия дар муқобила бо тарҳи Омрико барои эҷоди давлати курд дар тӯли марзҳои муштараки Сурия – Туркия ва густариши он дар шимоли Ироқ, ба назар мерасад, ки раҳбарии Русия низ тасмими худро гирифта ва ҳимоятҳояш аз курдҳоро дар ин чорчӯб коҳиш додааст.

* * *

Ҳамаи тарафҳо ва ба таври хосс, гурӯҳҳои даргир дар Сурия, бояд эътироф кунанд, ки тағйире асосӣ дар Сурия рух додааст ва онҳо бояд иқрор кунанд, ки “инқилоби Сурия” ба шакле, ки дар тӯли чанд соли аввал барқарор буд поён ёфта ва ҳамроҳ бо он, тамоми унвонҳои қаблӣ монанди ҷанги дохилӣ, ҷанги тоифаӣ ва ё ҷанг барои демукросӣ ва озодӣ ва сарнагунии режими “диктотурӣ” поён ёфта ва ҳама дар баробари унвони ҷадиде ҳастанд, ки ин рӯзҳо мушаххастар шудааст, ва он унвон, ҷанги минтақаӣ ва ҷаҳонӣ алайҳи Сурия аст.

Мувофиқати Ардуғон бо мушорикат дар канори ҳампаймононаш дар конфронси Сочи ва мухолифат бо мушорикати курдҳо дар ин гуфтугӯ, эҳтимолан яке аз муҳимтарин бандҳои қарордоди ёдшуда аст, чаро ки ҳуҷуми нерӯҳои Туркия ба Ифрин ва нобуд кардани пойгоҳҳои “Ягонҳои мудофеи халқи курд”, хатари низомии онҳо алайҳи Туркияро ҳарчанд ба шакли муваққат, аз байн мебарад.

Ардуғон пас аз он ки итминон ёфт Омрико ҳаргиз аз сари тарс ва ё ба далоили дигаре, вориди ин даргирӣ нахоҳад шуд, ҷанги осонеро алайҳи душмани заъиф интихоб кард, ки бар ҳимояти Омрико такя карда буд. Ба ҳамин далел низ то ин лаҳза бо хасоратҳо ва талафоти бисёр андаке, агар нахоҳем бигӯем бидуни ҳеҷ хасорат ва талафоте, пирӯз будааст ва дар оянда низ ин ҷанг ба унвони захирае барои ӯ дар имтиёзгирӣ дар дигар мавқеиятҳо хоҳад буд.

Баъид намедонем, ки тайи чанд ҳафтаи оянда шоҳиди гушоише дар равобити Сурия ва Туркия бошем. Ирсоли номае аз сӯи Онқоро барои итминонбахшӣ ба Димишқ ва адами мавзеъгирии Димишқ дар баробари ин дахолати низомӣ дар Ифрин, нишонаҳое долл бар чунин натиҷагирӣ аст.

Ин чаҳорумин ё даҳумин бор аст, ки бародарони курди мо аз сӯрохи омрикоӣ–исроилӣ газида мешаванд. Умедворем, ки онҳо ба хубӣ аз ин масъала дарс бигиранд ва таваҳҳуми ҳимояти Омрико аз худ барои ташкили давлате мустақилро канор бигузоранд. Омрико аз онҳо ба унвони барге дар даргирияш бо русҳо ва қудратҳои минтақаӣ истифода кард ва хеле зуд онҳоро танҳо гузошт.

Шояд ёдоварии ин нукта муфид бошад, ки Масъуд Боризонӣ ва қабл аз ӯ падараш Мулло Мустафо Боризонӣ дар шимоли Ироқ аз Омрико ноумед шуданд ва акнун низ Солеҳ Муслим (раҳбари курдҳои Сурия) ва дӯстонаш дар Ифрин ва Манбаҷ, намунаҳое аз ин нокомӣ ҳастанд.

Асли ҳамзистӣ дар минтақа бар асоси озодиҳо, демукросӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар ба дур аз нажодпарастӣ, тоифагароӣ ва мазҳабгароӣ, ҷойгузине надорад, ин ҳамон муборизаи воқеӣ аст, ки тамоми дарҳоро ба рӯи дахолатҳои хориҷӣ, сиёсӣ ва ё низомӣ мебандад.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: