Фалсафа ва равиши реализм (159)

Ҷилди панҷум

Худои ҷаҳон ва ҷаҳон (1)

Муқаддима (1)

Мабоҳиси ин ҷилд кӯшиши мухтасаре аст дар бораи он чӣ дар истилоҳи ҳукамои исломӣ “илоҳиёт бил-маънал-ахасс” (илоҳиёт ба маънои хосстар) хонда мешавад, яъне дар заминаи шинохти Худованд ва сифот ва афъоли ӯст. Саъй шуда бо роҳнамоии далелҳои ақлӣ ва бурҳонҳои фалсафӣ, дар бораи зоти илоҳӣ ва сифоти камолияи он зоти муқаддас ва дар бораи наҳваи интисоб ва судури ҷаҳон аз ӯ, баҳсу истидлол шавад.

Тарафи сухан дар ин ҷилд низ — монанди соири муҷалладот — моддигароён мебошанд, шубаҳот ва ишколоти онҳо, ки ҳама ношӣ аз бехабарӣ аз ҳикмати илоҳӣ аст дафъ шудааст.

Вале албатта ҳадафи аслӣ ва мунҳасир, посухгӯӣ ба моддигароён ва дафъи шубаҳоти онҳо нест, ва бинобар ин, арзиши китоб мунҳасиран салбӣ намебошад. Ҳадафи аслӣ, ки ба он арзиши асил ва исботӣ мебахшад, ироаи роҳи саҳеҳи истидлоли ақлист бар масоили моварои табиат, ва ба иборати дигар, арзиши аслии ин китоб ин аст, ки навъе сулуки ақлӣ ва фикрист дар ҷаҳони моварои табиат.

Аз назари ҳукамои илоҳӣ, ин илм “боарзиштарини илмҳо дар бораи боарзиштарини маълумҳо” (Ибни Сино, Илоҳиёти Шифо) аст.

Дар ин ки он чизе, ки ин илм муддаии маърифати ӯст, боарзиштарини маълумот аст, сухане нест; чӣ, маълуми ин илм комилтарин вуҷуд яъне зоти муқаддаси аҳадият аст, ки манбаи ҳамаи ҳастиҳо ва сарчашмаи ҳамаи камолҳо ва аслу асоси ҳамаи ҷамолҳо ва ҷалолҳо ва баҳоъҳо ва азаматҳост, балки ҳастии ҳақиқӣ мунҳасиран ҳастии ӯст ва “ҳама ҳар чӣ ҳастанд, аз он камтаранд, ки бо ҳастияш номи ҳастӣ баранд”.

Ҳар сухане ҳаст, дар бораи арзиши худи ин илм аст, ки то чӣ андоза аз назари сулуки ақлӣ ва фикрӣ қобили эътимод ва итминон аст.

Масоили илоҳӣ дуртарини масоил аз маҳсусот ва машҳудот аст. Дар ин масоил сухан дар бораи он сӯи марзи моддиёт аст, ва ҳамин кофист, ки гурӯҳеро дар эътибор ва арзиши ин илм ба тардид водорад.

Бигзарем аз моддигароён, ки ба баҳонаи ин ки моварои табиатро дар табиат ламс накардаанд мункир шудаанд, дигарон ҳам, ки то ин ҳадд мунҳат фикр намекунанд, чандон ба арзиш ва эътибори ин илм эътироф надоранд.

Гурӯҳе, румузи марбут ба моварои табиатро он чунон маҷҳулу кашфношуданӣ медонанд, ки муддаӣ шудаанд башар барои ҳамеша бояд аз ҳалли муаммои моварои табиат чашм бипӯшад ва нафян ва исботан аз изҳори назар худдорӣ намояд. Аз назари ин гурӯҳ, дасти ақл кӯтоҳ аст. Ин гурӯҳро дар истилоҳ, “лоадриюн” ва аҳёнан “шаккокон” мехонанд.

Гурӯҳе дигар, ин роҳро рафтанӣ ва ин дарро гушуданӣ медонанд, вале пойи истидлолро дар ин роҳ чӯбин ва ғайримутмаин, ва сулуки ақлӣ ва фикриро ғайримуҳтотона талаққӣ менамоянд. Инон фақат дилро маркаби Худой ва ягона “раҳнаварди бодияпаймо” мешуморанд ва танҳо сулуки мутмаинро сулуки қалбӣ медонанд, на сулуки ақлӣ. Урафо аз ин назар дифоъ мекунанд.

Гурӯҳе дигар мегӯянд:

أين التراب وربّ الأرباب

Башар, ин мавҷуди хокӣ ва заминӣ куҷо ва сайру сулуки ақлӣ ё қалбӣ дар водии саҳмгини моварои ҳисс куҷо? Масоили илоҳӣ ҳама осмонист ва хабари осмонро мунҳасиран аз худи осмон бояд шунид. (Мегӯянд:) мо дар бораи Худо ва сифоти субутия ва салбияи Худо ва ин ки чӣ сифатеро метавон ба ӯ нисбат дод ва чӣ сифатеро натавон ба ӯ нисбат дод, чизе намедонем ва наметавонем бидонем. Мо воқеан наметавонем бо ақли худ бифаҳмем, ки чӣ тавр мешавад як мавҷуде Худо бошад яъне чизе ӯро ба вуҷуд наёварда бошад, ва ҳамчунин наметавонем бо ақли худ бифаҳмем, ки Худо якест ё беш аз яке? Басит аст ё мураккаб? Ҷисм аст ё ҷисм нест? Ба наҳве аз анҳо узв ва ҷориҳа дорад ё надорад? Бар чизе қарор гирифтааст ё на? Хобу бедорӣ дорад ё на? Ҳаракату интиқол дорад ё на?.. Ҳамаи инҳо ва амсоли инҳо маҷҳулотест барои башар ва ҷуз аз роҳи хабари осмонӣ (ваҳй) набояд ақидае дар ин гуна масоил иттихоз кард, дар бораи ҳамаи инҳо бидуни чуну чаро ва бидуни ҳаққи назар яъне бидуни дахолат додани мантиқу истидлол, бояд таслими назари ваҳй шуд.

Ин гурӯҳ мӯътақиданд, назари ислом ва мабнои ислом дар ин гуна масоил, бар таслиму таъаббуд аст, на бар таҳқиқу тафаккур, ва ҳар гуна чуну чарое дар ин гуна масоил, аз назари исломӣ бидъат ва ҳаром аст. Ҳанобила, ки худро “Аҳли ҳадис” меноманд, тарафдори ин назарияанд.

Мо дар бораи назари моддигароён мабнӣ бар инкори моварои табиат ва ҳамчунин дар бораи назари шаккокон ва лоадриюн, ки аз назари илмӣ масоили моварои табиатро маҷҳулоте ҳалношуданӣ медонанд, дар ин муқаддима баҳсе намекунем, зеро дар худи китоб, чӣ дар ин ҷилд ва чӣ дар муҷалладоти дигар, дар ин бора ба қадри кофӣ баҳс шудааст.

Ҳамчунин дар бораи назари урафо низ баҳсе намекунем, зеро назари урафо мабнӣ бар инкори арзиши роҳи ақлу бурҳону истидлол нест, балки бар тарҷеҳи роҳи дил ва сайру сулук ва тасфия ва тазкия бар ин роҳ аст. Аз назари урафо:

Баҳси ақлӣ гар дуру марҷон бувад,

Он дигар бошад, ки баҳси ҷон бувад.

Баҳси ҷон андар мақоме дигар аст,

Бодаи ҷонро қивоме дигар аст.

(Мегӯянд:) маърифати истидлолӣ, ки ҳаким дар ҷустуҷӯи он аст, аз ҳудуди тасаввурот ва мафоҳими зеҳнӣ ва иқноъи қувваи оқила таҷовуз намекунад, ва албатта ин худ арзише басазо дорад. Вале маърифати ифозӣ, ки ориф дар ҷустуҷӯи он аст, чизе аз навъи расидан ва чашидан аст. Дар маърифати истидлолӣ, ақл дар дарун ирзо мешавад ва қонеъ мегардад, аммо дар маърифати ифозӣ илова бар ирзои виҷдонӣ, саросари вуҷуди башар ба ҳаяҷону шӯру ҳаракат дармеояд ва ба сӯи Худо боло меравад ва ба ӯ наздик мегардад. Ин навъ маърифат вуҷуди одамиро равшан мекунад ва ба ӯ нерӯ ва ҷуръат ва муҳаббат медиҳад, хушӯъу риққату латофат мебахшад ва бунёди ҳастии ӯро дигаргун месозад.

Ба назари мо, сухан аз тарҷеҳи он роҳ бар ин роҳ беҳуда аст, ҳар як аз ин ду роҳ, мукаммили дигарӣ аст. Ва ба ҳар ҳол, ориф мункири арзиши роҳи истидлол нест, аз ин рӯ мо дар ин ҷо бо ин табақа низ баҳсе надорем.

Он чӣ лозим аст дар ин муқаддима дар бораи он баҳс шавад, назарияи ахир аст, ки ба назарияи Ҳанобила ва Аҳли ҳадис маъруф аст, зеро дар поварақиҳои ин ҷилд бар хилофи соири муҷалладоти дигар, ба ҳукми зарурат, ба оёт ва аҳодиси исломӣ зиёд истидлол шудааст. Аз ин рӯ бояд бидонем назари воқеии ислом дар ин замина чист, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки назарияи Ҳанобила ва Аҳли ҳадис ҳанӯз ҳам тарафдороне дорад ва бархе аз бузургони муҳаддисини шиъа дар асрҳои ахир сареҳан изҳор медоранд, ки ҳатто масъалаи ягонагии Худо сад дар сад як масъалаи осмонист, аз назари ақли башар далели кофӣ надорад, танҳо аз роҳи таъаббуд ба гуфтаи шореъ бояд мултазим шавем, ки Худо якест.

Ҳукамои илоҳӣ дар посухи ин гурӯҳ мегӯянд, дуруст аст, ки хабари осмонро ҳам аз осмон бояд шунид, вале аввалан ин нерӯи ҳайратангез ба номи “оқила”, ки Худои осмон дар сиришти ин мавҷуди заминӣ ба номи “инсон” ниҳодааст, як унсури осмонист, на заминӣ, ҳамчунон ки дар аҳодис ворид шуда, ки “Худованд сиришти одамиро аз сиришти ҳайвон ва фаришта мураккаб сохт”. Ва бинобар ин, монеъе надорад, ки порае аз ҳақоиқи осмонӣ бо ин нерӯи осмонӣ қобили таҳқиқ бошад. Он чӣ мусаллам аст ин аст, ки ин нерӯ он қудратро надорад, ки тамоми хабарҳои осмониро кашф кунад ва ба ҳамин далел башар дар зиндагии худ ниёзманд ба “ваҳй” аст. Вале чунин нест, ки ин нерӯ аз таҳқиқ дар бархе масоили осмонӣ аз қабили усули масоили мабдаъ ва маъод ба таври куллӣ нотавон бошад. Ин ки дар дини муқаддаси ислом тақлид дар усули дин ба ҳеч ваҷҳ ҷоиз нест ва мунҳасиран аз роҳи таҳқиқ ва истидлол бояд таҳсил шавад, далели боризе аст бар ин ки ислом масоили осмониро дар ҳудуди усули дин барои ақли инсон қобили таҳқиқ медонад.

Сониян, дар ваҳйи исломӣ, яъне дар Қуръон ва суннат, хабарҳои осмонии зиёде дар илоҳиёт барои шунидан ҳаст. Ҳадафи ваҳйи исломӣ аз гузориши ин ҳама хабарҳо чӣ будааст? Оё ҳадаф ин буда, ки як силсила дарсҳо барои тадаббуру тафаккур ва фаҳму илҳомгирӣ илқо кунад ва андешаҳоро таҳрик ва водор ба шиноварӣ дар дарёи бекарони маорифи илоҳӣ намояд, ё ин ки ҳадаф ин буда, ки як силсила матолиби ҳалношуданӣ ва ғайриқобили ҳазм ба манзури водор кардани андешаҳо ба таслим ва сукут ва қабули кӯр-кӯрона арза бидорад? Матолиб ва масоиле, ки аз манбаи ваҳй илқо мешавад, ду гуна аст: бархе аз онҳо як силсила дастуруламалҳост, ки бояд бад-онҳо амал шавад, то натиҷае, ки аз онҳо дар назар аст ҳосил гардад. Дар ин гуна масоил дарку маърифат таъсири зиёде надорад. Ҳадаф ва манзур дар ин масоил амал аст, на маърифат. Таъаббуд ва таслим марбут ба ин гуна масоил аст.

Бархе дигар, як силсила масоили назарӣ ва эътиқодӣ аст марбут ба Худованд ва сифоти субутия ва салбияи ӯ ва оламҳои қабл аз ин олам ва баъд аз ин олам. Дар Қуръони Карим ва калимоти пешвоёни дин, чӣ ба сурати ҳадис ва чӣ ба сурати дуоҳо ва чӣ ба сурати эҳтиҷоҷот ва чӣ ба сурати хутба ва хитоба, аз ин масоил зиёд оварда шудааст.

Масалан, дар “Наҳҷул-балоға” дар ҳудуди 40 навбат дар бораи ин матолиб баҳс шудааст ва баъзе аз он баҳсҳо тӯлонист яъне дар ҳудуди ду се сафҳа аст. Дар “Кофӣ” мутаҷовиз аз 200 ҳадис дар бобҳои тавҳид омадааст, ки дар бораи масоиле аз қабили исботи вуҷуди Худованд, ҳаддиақали маърифат, сифоти субутия аз қабили илм ва қудрат, сифоти салбия аз қабили ҷисмият ва таҳаррук ва ғайра баҳс кардааст. “Тавҳиди Садуқ” худ дарёе аз маърифат аст, дар ҳудуди 450 сафҳа дар масоили мухталифи тавҳидӣ баҳс кардааст, 50 сафҳаи ин китоб таҳти унвони “Аттавҳид ва нафют-ташбиҳ” аст, 20 сафҳа дар бораи илм ва қудрат аст, 12 сафҳа дар бораи сифоти зот ва сифоти афъол аст, 37 сафҳа дар бораи асмои Аллоҳ аст, 27 сафҳа дар радди санавия ва занодиқа аст, 25 сафҳа дар бораи қазо ва қадар аст, 35 сафҳа ихтисос дорад ба мубоҳисоти ҳазрати Ризо алайҳис-салом бо аҳли адён ва асҳоби мақолот, ва ғайри ин мабоҳис. Дар ҳамаи ин мабоҳис на ба шакли илқои як силсила масоили таъаббудӣ, балки ба сурати илқои як силсила баёноти истидлолии равшангар ва тартиби суғро ва куброи мантиқӣ баҳс шудааст.

Дар Қуръон ва “Наҳҷул-балоға” ва хутбаҳо ва эҳтиҷоҷот ва дуоҳо, масоиле матраҳ шуда аз қабили: итлоқ ва лоҳаддӣ ва иҳотаи зотӣ ва қайюмии Худованд ва ин ки ӯ ҳастии мутлақ ва номаҳдуд аст, чистӣ (моҳият) надорад ва қайду ҳаддро ба ҳеч ваҷҳ дар ӯ роҳ нест, зотест маҳдудиятнопазир ва бемарз, ҳеч макону замон аз ӯ холӣ нест, ҳам бар замон тақаддум дорад ва ҳам бар макон ва ҳам бар адад, ваҳдати ӯ ваҳдати ададӣ нест, замону макону адад дар мартибаи мутааххир аз ӯ яъне дар мартибаи феъли ӯст, вуҷудаш мусовии ваҳдат аст, далели вуҷуди воҷиб айни далели ваҳдати ӯст, бо ҳама чиз аст ва дар ҳеч чиз нест, бо ҳама чиз аст вале на ба наҳви тақорун, ва берун аз ҳар чиз аст вале на ба наҳви инфисол ва ҷудоӣ, ҳама чиз аз они ӯст ва бозгашти ҳама чиз ба сӯи ӯст, ӯ басит аст ва ҳеч гуна ҷузъе барои ӯ фарз намешавад, сифоташ айни зоташ аст, ҳам аввал аст ва ҳам охир, ва ҳам зоҳир аст ва ҳам ботин, аввалияташ айни охирият, ва зуҳураш айни бутун аст, ҳеч шаъне ӯро аз шаъни дигар бознамедорад, каломи ӯ айни феъл ва ибдоъи ӯст, ҳадди тавоноии ақлҳо бар маърифати ӯ чист, маърифати Ҳақ навъе таҷаллии ӯ бар ақлҳост, салби ҷисмият ва ҳаракат ва сукун ва тағйир ва мисл ва зидд ва шабеҳ ва истихдоми олат ва истионат ба ғайр.

Дар худи Қуръон ба сабки истидлолӣ ва бурҳонӣ бар бархе матолиб истидлол шудааст аз қабили:

لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا

(“Агар дар онҳо (замину осмон) ҷуз Худо худоёне дигар вуҷуд дошт, қатъан замину осмон табоҳ мешуданд…” (Сураи Анбиё, ояти 22)) ва ё:

مَا اتَّخَذَ اللَّهُ مِن وَلَدٍ وَمَا كَانَ مَعَهُ مِنْ إِلَهٍ إِذًا لَّذَهَبَ كُلُّ إِلَهٍ بِمَا خَلَقَ وَلَعَلَا بَعْضُهُمْ عَلَى بَعْضٍ

(“Худо фарзанде ихтиёр накарда ва бо Ӯ маъбуде дигар нест. Ва агар ҷуз ин буд, қатъан ҳар худое он чиро офарида буд, бо худ мебурд ва ҳатман баъзе аз онон бар баъзе дигар тафаввуқ меҷустанд…” (Сураи Мӯъминун, ояти 91))

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: