Шарҳи Маснавӣ (244)

Нолидани сутуни ҳаннона чун барои пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам минбар сохтанд, ки ҷамоат анбӯҳ шуд, гуфтанд: мо рӯйи мубораки туро ба ҳангоми ваъз намебинем ва шунидани Расулу саҳоба он ноларо ва суолу ҷавоби Мустафо саллалоҳу алайҳи ва саллам бо сутун, сареҳ (4)

* * *

Чун асо шуд олати ҷангу нафир,

Он асоро хурд бишкан, эй зарир!

Вақте асо олати ҷангу ситез шуд, эй кӯрдил, онро хурд ва муталошӣ кун.

Нафир: ҷанг. Зарир: нобино.

Нукта: Асои истидлол ба дарди роҳбарӣ ва роҳнамоии солик намехӯрад, балки танҳо метавонад ӯро дар бидояти амр чанд қадаме роҳ барад.

Ӯ асотон дод, то пеш омадет,

Он асо аз хашм ҳам бар вай задет?

Худованд ин асоро ба шумо дод, то бо он роҳ биравед, вале оё шумо он асоро низ аз хашму ғазаб бар сари Ҳақ кӯфтед?

Нукта: Истидлол то ҷое мӯътабар аст, ки ҳақиқат махдуш нашавад ва ба куфру илҳод нарасад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.652)

Ҳалқаи кӯрон! Ба чӣ кор андаред?

Дидабонро дар миёна оваред.

Эй гурӯҳи кӯрдилон ва саргаштагон! Ба чӣ кор машғулед? Фарди биноеро дар миёни худ ворид кунед ва ба ӯ иқтидо намоед, то дасти шуморо бигирад ва роҳро ба шумо нишон диҳад ва ба матлуб восилатон созад.

Домани ӯ гир, к-ӯ додат асо,

Дарнигар, к-Одам чиҳо дид аз “асо”.

Истидлоли сафсатаомези ақлиро раҳо кун ва домани амру фармони Худоро бигир, ки асои ақлу истидлолро ӯ ба ту додааст. Ва нигоҳ кун Одам (а)-ро, ки ба воситаи васвасаи шайтон, аз наҳйи Ҳақ Таъоло сарпечӣ кард ва мафтуни ақлу қиёсоти назарӣ шуд ва гуфт: оё ин ки Худо маро аз ин дарахт наҳй карда, ҷанбаи таҳримӣ дорад ё танзеҳӣ? Хулоса ин ки: ба асои истидлол такя кард ва исён намуд ва он ҳама бало ва гирифторӣ бар ӯ тохтан овард.

Нукта: Калимаи “асо” дар мисроъи дуввум, ки ба маънои “исён ва нофармонӣ кард” мебошад, ишора аст ба ояти 121 сураи Тоҳо:

وَعَصَى آدَمُ رَبَّهُ فَغَوَى

Ва Одам Парвардигори худро нофармонӣ кард, пас бероҳа рафт.”

Мӯъҷизай Мӯсову Аҳмадро нигар,

Чун асо шуд мору устун бохабар.

Ба мӯъҷизаи ҳазрати Мӯсо (а) ва ҳазрати Муҳаммад (с) бингар ва бибин, ки чӣ гуна асо аждаҳо шуд ва сутуни ҳаннона бошуъур гардид.

Аз асо мореву аз устун ҳанин

Панҷ навбат мезананд аз баҳри дин.

Аз асо море бузург намоён шуд ва аз сутун нолаву фиғон биёмад ва аз манораи масҷид панҷ навбат дар ҳар рӯз азон мегӯянд, то мардумро ба ниёишу парастиши Худо хонанд.

Ҳанин: нолаву фиғон.

Нукта: Онқуравӣ сутунро дар ин байт ба маънии манораи масҷид гирифта ва маънии омм бад-он бахшидааст. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.846) Ва аммо Устод Фурӯзонфар, “панҷ навбат”-ро чунин таъриф кардааст: “Навбат ба маънии нақора ва низ гурӯҳи нақоразанон аст, чунонки аз ахбори таърихӣ истинбот мешавад. Бар саройи салотин ба ҳангоми панҷ вақт намоз, кӯсу нақора мезадаанд, ва ин нишона ба манзилаи эъломи салтанат ва истиқлол дар умури подшоҳӣ будааст.” (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.877-878)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: