Перейти к содержимому

Ҳишом ва Фараздақ

(Ду достони ҷолиб аз таърихи ислом)

Ҳишом ва Фараздақ

Ҳишом ибни Абдулмалик бо он ки мақоми вилоятаҳдӣ дошт ва он рӯзгор — яъне даҳаи аввали қарни дуввуми ҳиҷрӣ — аз авқоте буд, ки ҳукумати умавӣ ба авҷи қудрати худ расида буд, ҳар чӣ хост баъд аз тавофи Каъба худро ба Ҳаҷаруласвад бирасонад ва бо дасти худ онро ламс кунад, муяссар нашуд.

Мардум ҳама як навъ ҷомаи содда, ки ҷомаи эҳром буд пӯшида буданд, як навъ сухан, ки зикри Худо буд ба забон доштанд, як навъ амал мекарданд, чунон дар эҳсосоти поки худ ғарқ буданд, ки наметавонистанд дар бораи шахсияти дунёии Ҳишом ва мақоми иҷтимоии ӯ биандешанд. Афрод ва ашхосе, ки ӯ аз Шом бо худ оварда буд, то ҳурмат ва ҳишмати ӯро ҳифз кунанд, дар муқобили уббуҳат ва азамати маънавии амали ҳаҷ ночиз ба назар мерасиданд.

Ҳишом ҳар чӣ кард худро ба Ҳаҷаруласвад бирасонад ва тибқи одоби ҳаҷ онро ламс кунад, ба иллати касрат ва издиҳоми мардум муяссар нашуд. Ночор баргашт ва дар ҷои баланде барояш курсӣ гузоштанд. Ӯ аз болои он курсӣ ба тамошои ҷамъият пардохт. Шомиёне, ки ҳамроҳаш омада буданд, даврашро гирифтанд. Онҳо низ ба тамошои манзараи пуриздиҳоми ҷамъият пардохтанд.

Дар ин миён, марде зоҳир шуд дар симои парҳезкорон. Ӯ низ монанди ҳама як ҷомаи содда бештар ба тан надошт. Осори ибодат ва бандагии Худо бар чеҳрааш намудор буд. Аввал рафт ва ба даври Каъба тавоф кард. Баъд бо қиёфае ором ва қадамҳое мутмаин ба тарафи Ҳаҷаруласвад омад. Ҷамъият бо ҳамаи издиҳоме, ки буд, ҳамин ки ӯро диданд, фавран кӯча доданд ва ӯ худро ба Ҳаҷаруласвад наздик сохт.

Шомиён, ки ин манзараро диданд, ва қаблан дида буданд, ки мақоми вилоятаҳдӣ (Ҳишом ибни Абдулмалик) бо он аҳаммият ва тумтароқ муваффақ нашуда буд, ки худро ба Ҳаҷаруласвад наздик кунад, чашмҳояшон хира шуд ва ғарқ дар таъаҷҷуб гаштанд. Яке аз онҳо аз худи Ҳишом пурсид:

— Ин шахс кист?

Ҳишом бо он ки комилан мешинохт, ки ин шахс Алӣ ибни Ҳусайн Зайнулобидин аст, худро ба ношиносӣ зад ва гуфт:

— Намешиносам.

Дар ин ҳангом чӣ касе буд — аз тарси Ҳишом, ки аз шамшераш хун мечакид — ҷуръат ба худ дода ӯро муаррифӣ кунад?! Вале дар ҳамин вақт Ҳумом ибни Ғолиб маъруф ба Фараздақ, шоири забардаст ва тавонои араб, бо он ки ба воситаи кору шуғлу ҳунари махсусаш беш аз ҳар каси дигар мебоист ҳурмату ҳишмати Ҳишомро ҳифз кунад, чунон виҷдонаш таҳрик шуд ва эҳсосоташ ба ҷӯш омад, ки фавран гуфт:

— Лекин ман ӯро мешиносам… Ва ба муаррифии содда қаноат накард, бар рӯи баландӣ истода қасидае ғарро — ки аз шоҳкорҳои адабиёти араб аст ва фақат дар мавоқеи ҳассоси пур аз ҳаяҷон, ки руҳи шоир мисли дарё мавҷ бизанад метавонад чунон сухане ибдоъ шавад — билбадоҳа суруд ва иншо кард. Дар зимни ашъораш чунин гуфт:

هذا الذی تعرف البطحاء وطأته

والبيت يعرفه والحل والحرم

هذا ابن خير عباد الله كلهم

هذا التقی النقی الطاهر العلم

وليس قولك من هذا بضائره

العرب تعرف من انكرت والعجم

Ин шахс касе аст, ки тамоми сангрезаҳои сарзамини Батҳо ӯро мешиносанд,

Ин Каъба ӯро мешиносад, замини ҳарам ва замини хориҷи ҳарам ӯро мешиносанд.

Ин, фарзанди беҳтарини бандагони Худост.

Ин аст он парҳезкори поки покизаи машҳур.

Ин ки ту мегӯӣ ӯро намешиносам, зиёне ба ӯ намерсонад.

Агар ту як нафар фаразан нашносӣ, арабу аҷам ӯро мешиносанд…”

Ҳишом аз шунидани ин қасида ва ин мантиқ ва ин баён, аз хашму ғазаб оташ гирифт ва дастур дод мустамаррии (маоши) Фараздақро аз байтулмол қатъ карданд ва худашро дар Ъисфон, байни Макка ва Мадина, зиндонӣ карданд. Вале Фараздақ ҳеч аҳаммияте ба ин ҳаводис — ки дар натиҷаи шуҷоат дар изҳори ақида барояш пеш омада буд — надод, на ба қатъи ҳуқуқ ва мустамаррӣ аҳаммият дод ва на ба зиндонӣ шудан. Ва дар ҳамон зиндон низ бо иншои ашъори обдор аз ҳаҷву интиқоди Ҳишом худдорӣ намекард.

Алӣ ибни Ҳусайн алайҳис-салом маблағе пул барои Фараздақ — ки роҳи даромадаш баста шуда буд — ба зиндон фиристод. Фараздақ аз қабули он имтиноъ кард ва гуфт:

— Ман он қасидаро фақат дар роҳи ақида ва имон ва барои Худо иншо кардам ва майл надорам дар муқобили он пуле дарёфт дорам.

Бори дуввум Алӣ ибни Ҳусайн он пулро барои Фараздақ фиристод ва пайғом дод ба ӯ, ки: “Худованд худаш аз ният ва қасди ту огоҳ аст ва туро мутобиқи ҳамон ният ва қасдат подоши нек хоҳад дод. Ту агар ин кӯмакро бипазирӣ, ба аҷру подоши ту дар назди Худо зиён намерсонад.” Ва Фараздақро қасам дод, ки ҳатман он кӯмакро бипазирад. Фараздақ ҳам пазируфт.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

* * *

Банди кафш

Имом Содиқ алайҳис-салом бо баъзе аз асҳоб барои таслият ба хонаи яке аз хешовандон мерафтанд. Дар байни роҳ, банди кафши Имом Содиқ алайҳис-салом пора шуд ба тавре, ки кафш ба по банд намешуд. Имом кафшро ба даст гирифт ва побараҳна ба роҳ афтод.

Ибни Абияъфур — ки аз бузургони ёрони он ҳазрат буд — фавран кафши хешро аз по даровард, банди кафшро боз ва дасти худро дароз кард ба тарафи Имом, то он бандро бидиҳад ба Имом, ки Имом бо кафш биравад ва худаш бо пойи бараҳна роҳро тай кунад.

Имом бо ҳолати хашмнок рӯи хешро аз Абдуллоҳ баргардонд ва ба ҳеч ваҷҳ ҳозир нашуд онро бипазирад ва фармуд:

— Агар як сахтӣ барои касе пеш ояд, худи он шахс аз ҳама ба таҳаммули он сахтӣ авлост. Маъно надорад, ки ҳодисае барои як нафар пеш биёяд ва дигарӣ мутаҳаммили ранҷ бишавад.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: