Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (17)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши севвум: табъизҳо (3)

Тафовут, на табъиз (2)

Низоми арзӣ

Илова бар низоми тӯлӣ, ки тартиби мавҷудотро аз лиҳози фоилият ва холиқият ва эҷод муайян мекунад, низоми дигаре бар хусуси ҷаҳони табиат ҳоким аст, ки шароити моддӣ ва эъдодии (1) ба вуҷуд омадани як падидаро таъйин менамояд. Ин низом, низоми арзӣ номида мешавад ва ба мӯҷиби ин низом аст, ки таърихи ҷаҳон вазъи қатъӣ ва мушаххасе пайдо мекунад. Ҳар ҳодиса дар макон ва замони хоссе падид меояд; ва ҳар замони хосс ва макони хосс, зарфи ҳаводиси муайяне мегардад.

Мо маъмулан вақте яке аз падидаҳоро мавриди суол ва тардид қарор медиҳем, фақат ба худи он падида таваҷҷӯҳ мекунем; ҳисоб намекунем, ки он падида дар низоми ҳасти чӣ ҷое ва чӣ вазъе дорад? Дар ҳоле, ки ҳар падидае, хоҳ нек бошад ё бад, маълули як силсила иллатҳои махсус ва вобаста ба шароити муайяне аст; ҳеҷ вақт як ҳариқ бидуни иртибот ба авомил ва ҳаводиси дигар рух намедиҳад ва ҷилавгирӣ аз вуқӯи он низ ҷудо аз як силсила иллатҳо ва омилҳо, хоҳ моддӣ ва хоҳ маънавӣ, имконпазир нест. Ҳеҷ ҳодисае дар ҷаҳон, “мунфарид” ва “мустақил” аз соири ҳаводис нест, ҳамаи қисматҳои ҷаҳон бо якдигар муттасил ва муртабит аст. Ин иттисол ва иртибот, ҳамаи аҷзои ҷаҳонро шомил мегардад ва як пайвастагии умумӣ ва ҳамаҷонибаро ба вуҷуд меоварад. Асли вобастагии ашё ба якдигар, ва ба иборати дигар, асли ваҳдати воқеии ҷаҳон — ваҳдати андомворӣ — асле аст, ки ҳикмати илоҳӣ такяи фаровон бар он дорад. Асли вобастаги ашё, дар ҳикмати илоҳӣ мафҳуми ҷиддитаре пайдо мекунад, ва он, мафҳуми “таҷрибанопазирӣ”-и ҷаҳон аст. Баъдан дар бораи ин асл тавзеҳи бештаре хоҳем дод.

Дар фалсафа гуфта мешавад:

كل حادث مسبوق بمادة و مدة

Яъне ҳар падидае дар чаҳорчӯби замон хосс ва макони хосс воқеъ мешавад. Ҳар падида, замони хоссе ва макони хоссе дорад. Мумкин нест, ки ҳамаи замонҳо ё ҳамаи маконҳо барои як ҳодиса, бетафовут бошад.

Мушоҳидоти айнии мо низ ин матлабро таъйид мекунад. Вақте ҳариқе дар як нуқтаи ҷаҳон воқеъ шавад, дар замони муайян ва макони муайян ва дар моддаи хоссе воқеъ мешавад. Вуҷуди ҳариқ ба шароите бастагӣ дорад, ки замону макони онро таъйин мекунанд. Худи он шароит низ ба навбаи худ замону макони мушаххасе доранд ва ба иллатҳо ва омилҳои хоссе вобаста ҳастанд. Агар сайри худамонро дунбол кунем, ба ин натиҷа мерасем, ки силсилаи ҳаводис, монанди ҳалқаҳои занҷир ба якдигар муттасиланд; ҳар ҳодисае бо ҳодисаи қабл аз худ ва бо ҳодисаи баъд аз худ, ва ба иборати дигар, ҳар шайъе бо гузашта ва ояндаи худ бастагӣ дорад, ва ин бастагӣ як риштаи азалӣ-абадиро ба вуҷуд меоварад.

Ҷолибтар ин аст, ки дар ковиши амиқтар, байни падидаҳое, ки дар арзи якдигар қарор доранд ва ҳамзамон анҷом мешаванд, иртибот ва пайвастагӣ кашф мекунем.

Як коргари руфӯгар фаршеро руфӯ мекунад ва як табиби ҷарроҳ маризеро таҳти амали ҷарроҳӣ қарор медиҳад. Дар назари сатҳӣ, байни ин ду кор ҳеч гуна иртиботе дида намешавад, вале агар мутаваҷҷеҳ шавем, ки як оташсӯзӣ мӯҷиби сӯхтани мариз ва фарш ҳар ду то будааст, тасдиқ мекунем, ки кори ҷарроҳ ва руфӯгар аз як асл сарчашма гирифтааст; як ҳодиса аст, ки агар намебуд, ҳеч кадом аз ин ду ба фаъолият намеафтоданд.

Кори ҳамаи инсонҳое, ки аз як падарбузург ба вуҷуд омадаанд, ба вуҷуди он падарбузург дар замону макони хосси худаш марбут мегардад ва биннатиҷа кори ҳамаи ин инсонҳо низ вобаста ба ҳам хоҳад буд.

Ҳодисаи ҷудо шудани замин аз хуршед, нуқтаи муштараки ҳамаи корҳо ва ҳаракоте аст, ки дар рӯи замин анҷом мегирад. Агар он ҳодиса намебуд, ҳеч як аз ҳаводиси дигари замин намебуд. Вуҷуди он ҳодиса сабаб шудааст, ки ҳаводиси дигар ҳам ба дунболи он ба вуҷуд ояд.

Дар фалсафа, истилоҳе ҳаст таҳти унвон “вуҷуби билқиёс” ва “имкони билқиёс”. Мавриди ин истилоҳ ин аст, ки вақте як ҳодисаро бо як ҳодисаи дигар муқоиса мекунем, агар бо фарзи вуҷуди ҳодисаи аввал, вуҷуди дигарӣ зарурӣ бошад, мегӯем, ҳодисаи дуввум нисбат ба ҳодисаи аввал “вуҷуби билқиёс” дорад, вале агар бо фарзи ҳодисаи аввал, вуҷуд ва адами ҳодисаи дуввум ҳар ду то мумкин бошад, мегӯем, ҳодисаи дуввум нисбат ба ҳодисаи аввал “имкони билқиёс” дорад.

Дар назари сатҳӣ, чунин пиндошта мешавад, ки байни бархе аз ҳаводис ва ҳаводиси дигар “вуҷуби билқиёс” аст ва мавориде ҳам ҳаст, ки байни ду ҳодиса ҳеч гуна робитаи зарурӣ нест ва байни онҳо “имкони билқиёс” ҳукмфармост; вале дар назари дақиқтар меёбем, ки байни ҳар ду ҳодиса “вуҷуби билқиёс” ҳукумат мекунад ва “имкони билқиёс” таҳаққуқи хориҷӣ надорад, зеро ҳамаи ҳаводис билохира дар як “иллати раъс” иштирок доранд ва чун байни ҳар иллат ва маълуле робитаи зарурат вуҷуд дорад, байни ҳамаи ҳаводис, зарурат ҳукмфармост.

Усуле, ки исботи ин пайвастагии зарурӣ ва умумӣ бар он муттакӣ аст аз ин қарор аст:

1) Қонуни иллат ва маълули умумӣ;

2) Зарурати иллат ва маълул;

3) Синхияти иллат ва маълул;

4) Ҷаҳони ҳастӣ, ҳама ба як иллатулилал мунтаҳӣ мешавад.

Асли аввал, ҳамон қонуни поя ва бадеҳие аст, ки ҳамаи улум ба он иттико доранд ва инкори он, мусталзими инкори ҳама чиз ва ғарқ шудан дар ғарқоби суфастоигарӣ аст.

Асли дуввум, мубайини ин ҳақиқат аст, ки ҳар маълул, вақте ба вуҷуд меояд, ки на танҳо иллати ӯ мавҷуд бошад, балки аз ноҳияи вуҷуди иллат, зарурат пайдо карда бошад. Модоме, ки вуҷуди як маълул аз ноҳияи иллати худ зарурӣ нагардад, маҳол аст, ки он маълул ба вуҷуд ояд, ва билъакс, вақте, ки иллати томмаи як шайъ муҳаққақ шуд, вуҷуди маълулро эҷоб мекунад, ва дар ин сурат мавҷуд нашудани маълул маҳол аст. Аз ин асл натиҷа мешавад, ки ҳар чизе, ки мавҷуд шуда, вуҷудаш зарурат доштааст ва ҳар чизе, ки мавҷуд нашуда, адамаш зарурат доштааст.

Асли севвум, иртиботи мушаххаси иллат ва маълулро тазмин мекунад ва натиҷа медиҳад, ки ҳеч иллате наметавонад ба ҷои маълули худаш, маълули дигареро ба вуҷуд оварад, ва ҳеч маълуле низ мумкин нест аз ғайри иллати худаш ба вуҷуд ояд.

Аз ин се асл, натиҷа мешавад, ки ҷаҳон як низоми қотеъ ва ғайриқобили табдиле дорад. Ва бо замима шудани асли чаҳорум, ки ҳамон асли “тавҳиди мабдаъ” аст, иртибот ва пайвастагии қотеъ ва умумӣ байни ҳамаи ҳаводиси ҷаҳон истинбот мегардад.

Дар бахши севвум таҳти унвони “тафовути зарфиятҳо” тавзеҳоти дигаре дар атрофи ин матлаб дода хоҳад шуд.

* * *

Поварақӣ:

1) Иллатҳои моддӣ ва замонӣ, мисли иллияти падару модар барои фарзанд, ва иллияти обу ҳаво ва ҳарорат барои гиёҳ. Аз назари фалосифа, ин гуна иллиятҳо, иллияти эъдодӣ аст, на эҷодӣ. Ин иллатҳо ба вуҷудоварандаи он маълулот нестанд, балки ҳукми маҷрои убур доранд ва танҳо заминаи ба вуҷуд омадан ва шароити имкони вуҷудро аз ноҳияи холиқ ва фоили эҷодӣ фароҳам мекунанд. Фалосифа ин иллатҳоро, ки аз лиҳози мартибаи вуҷуд дар арзи маълулоти худ мебошанд ва аҳёнан маълулот дар дараҷаи олитар ва комилтар аз иллатҳои худ қарор мегиранд, ҳарчанд аз назари замон мутааххир аз иллатҳои худ мебошанд, “иллатҳои арзӣ”, ва аммо иллатҳои муҷидро, ки аз назари мартибаи вуҷуд дар дараҷаи олитар қарор доранд ва муҳит ва мусаллат бар ин оламанд, “иллатҳои тӯлӣ” меноманд.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: