Перейти к содержимому

Ақил меҳмони Алӣ

Ақил дар замони хилофати бародараш Алӣ ибни Абӯтолиб ба унвони меҳмон ба хонаи он ҳазрат дар Куфа ворид шуд. Алӣ ба фарзанди меҳтари хеш, Ҳасан ибни Алӣ ишора кард, ки ҷомае ба амуят ҳадия кун. Имом Ҳасан як пероҳан ва як ридо аз моли шахсии худ ба амуи хеш Ақил таъоруф ва эҳдо кард. Шаб фаро расид ва ҳаво гарм буд. Алӣ ва Ақил рӯи боми дорулимора нишаста машғули гуфтугӯ буданд. Мавқеи сарфи шом расид. Ақил, ки худро меҳмони дарбори хилофат медид, табъан интизори суфраи рангине дошт, вале бар хилофи интизори вай, суфраи бисёр содда ва фақиронае оварда шуд. Бо камоли таъаҷҷуб пурсид:

— Ғизо ҳар чӣ ҳаст ҳамин аст?

Алӣ гуфт:

— Магар ин неъмати Худо нест? Ман, ки Худоро бар ин неъматҳо бисёр шукр мекунам ва сипос мегӯям.

Ақил гуфт:

— Пас бояд ҳоҷати хешро зудтар бигӯям ва мураххас шавам. Ман қарздорам ва зери бори қарз мондаам, дастур фармо ҳар чӣ зудтар қарзи маро адо кунанд, ва ҳар миқдор мехоҳӣ ба бародарат кӯмак кунӣ, бикун, то заҳматро кам карда ба хонаи хеш баргардам.

Алӣ пурсид:

— Чӣ қадр қарздорӣ?

Гуфт:

— Сад ҳазор дирҳам.

Алӣ гуфт:

— Оҳ, сад ҳазор дирҳам! Чӣ қадр зиёд! Мутаассифам бародарҷон, ки ин қадр надорам, ки қарзҳои туро бидиҳам, вале сабр кун мавқеи пардохти ҳуқуқ (маош) бирасад, аз саҳми шахсии худам бармедорам ва ба ту медиҳам ва шарти мувосот ва бародариро баҷо хоҳам овард. Агар на ин буд, ки оилаи худам харҷ доранд, тамоми саҳми худамро ба ту медодам ва чизе барои худ намегузоштам.

Ақил гуфт:

— Чӣ?! Сабр кунам, то вақти пардохти ҳуқуқ бирасад? Байтулмол ва хазонаи кишвар дар дасти туст ва ба ман мегӯӣ сабр кун, то мавқеи пардохти саҳмияҳо бирасад ва аз саҳми худам ба ту бидиҳам! Ту ҳар андоза бихоҳӣ, метавонӣ аз хазона ва байтулмол бардорӣ, чаро маро ба расидани мавқеи пардохти ҳуқуқ ҳавола мекунӣ?! Ба илова, магар тамоми ҳуқуқи ту аз байтулмол чӣ қадр аст? Фаразан тамоми ҳуқуқи худатро ба ман бидиҳӣ, чӣ дарде аз ман даво мекунад?

Алӣ фармуд:

— Ман аз пешниҳоди ту таъаҷҷуб мекунам. Ин ки хазонаи давлат пул дорад ё надорад, чӣ рабте ба ману ту дорад?! Ману ту ҳам ҳар кадом фарде ҳастем мисли соири афроди мусалмонон. Рост аст, ки ту бародари манӣ ва ман бояд то ҳудуди имкон аз моли худам ба ту кӯмак ва мусоидат кунам, аммо аз моли худам, на аз байтулмоли мусалмонон.

Гуфтугӯ идома дошт ва Ақил бо забонҳои мухталиф исрор ва симоҷат мекард, ки: иҷоза бидеҳ аз байтулмол пули кофӣ ба ман бидиҳанд, то ман дунболи кори худ биравам.

Он ҷо, ки нишаста буданд, ба бозори Куфа мушриф буд. Сандуқҳои пули туҷҷор ва бозориҳо аз он ҷо дида мешуд. Дар ин байн, ки Ақил исрор ва симоҷат мекард, Алӣ ба Ақил фармуд:

— Агар боз ҳам исрор дорӣ ва сухани маро намепазирӣ, пешниҳоде ба ту мекунам, агар амал кунӣ, метавонӣ тамоми дайни хешро бипардозӣ ва беш аз он ҳам дошта бошӣ.

Ақил гуфт:

— Чӣ кор кунам?

Алӣ фармуд:

— Дар ин поин сандуқҳое аст. Ҳамин ки хилват шуд ва касе дар бозор намонд, аз ин ҷо бирав поин ва ин сандуқҳоро бишкан ва ҳар чӣ дилат мехоҳад, бардор!

Ақил гуфт:

— Сандуқҳо моли кист?

Алӣ гуфт:

— Моли ин мардуми касаба аст, амволи нақдинаи худро дар он ҷо мерезанд.

Ақил гуфт:

— Аҷаб! Ба ман пешниҳод мекунӣ, ки сандуқи мардумро бишканам ва моли мардуми бечорае, ки ба ҳазор заҳмат ба даст оварда ва дар ин сандуқҳо рехта ва ба Худо таваккул карда ва рафтаанд, бардорам ва биравам?

Алӣ гуфт:

— Пас ту чӣ тавр ба ман пешниҳод мекунӣ, ки сандуқи байтулмоли мусалмононро барои ту боз кунам? Магар ин мол мутаъаллиқ ба кист? Ин ҳам мутаъаллиқ ба мардумест, ки худ роҳат ва бехиёл дар хонаҳои хеш хуфтаанд. Акнун пешниҳоди дигаре мекунам, агар майл дорӣ, ин пешниҳодро бипазир.

Ақил гуфт:

— Дигар чӣ пешниҳоде?

Гуфт:

— Агар ҳозирӣ шамшери хешро бардор, ман низ шамшери худро бармедорам, дар ин наздикии Куфа шаҳри қадими Ҳира аст, дар он ҷо бозаргонони умда ва сарватмандони бузурге ҳастанд, шабона дунафарӣ меравем ва бар яке аз онҳо шабихун мезанем ва сарвати калоне баланд карда меоварем.

Ақил гуфт:

— Бародарҷон! Ман барои дуздӣ наомадаам, ки ту ин ҳарфҳоро мезанӣ. Ман мегӯям аз байтулмол ва хазонаи кишвар, ки дар ихтиёри туст иҷоза бидеҳ пуле ба ман бидиҳанд, то ман қарзҳои худро бидиҳам.

Алӣ фармуд:

— Иттифоқан агар моли як нафарро бидуздем, беҳтар аст аз ин ки моли садҳо ҳазор нафар мусалмон яъне моли ҳамаи мусалмононро бидуздем. Чӣ тавр шуд, ки рубудани моли як нафар бо шамшер дуздӣ аст, вале рубудани моли умуми мардум дуздӣ нест? Ту хаёл кардаӣ, ки дуздӣ фақат мунҳасир аст ба ин ки касе ба касе ҳамла кунад ва бо зӯр моли ӯро аз чанголаш берун биёвард?! Шанеътарин ақсоми дуздӣ ҳамин аст, ки ту алъон ба ман пешниҳод мекунӣ.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: