Истиқболи курдҳо аз вуруди артиши Сурия ба Ифрин

Як манбаи курд дар Ифрин таъкид кард, курдҳо аз вуруди артиши Сурия ба минтақаи Ифрин дар қолаби як тавофуқ бо давлати Димишқ истиқбол мекунанд ва ин дар муқобили он аст, ки курдҳо ҷузъе аз раванди сиёсӣ бошанд.

Як манбаи курд дар гуфтугӯ бо шабакаи Алмаёдин, бо баёни истиқболи курдҳо аз вуруди нерӯҳои сурӣ ба кулли минтақаи Ифрин дар қолаби як тавофуқ бо давлати Сурия гуфт: “Курдҳо силоҳро дар дифоъ аз худ ба даст гирифта ва ҳеч душмание бо низоми сурӣ эълом накардаанд.”

Вай таъкид кард, курдҳо талоше барои эҷоди як кишвари кучак дар Сурия намекунанд, балки онҳо бахше аз бофти миллии Сурия ҳастанд.

Тибқи гуфтаи ин манбаи курд, дархостҳои курдҳо дар муқобили вуруди артиши Сурия ба Ифрин он аст, ки онҳо ҷузъе аз раванди сиёсӣ бошанд, аммо дар хусуси силоҳи “Ягонҳои мудофеи халқи курд” бояд гуфт, силоҳ ба давлати Сурия бозхоҳад гашт ва дар асл барои он хоҳад буд.

Ин манбаи курд афзуд: “Курдҳо ҳеч вақт ҷузъи эътилофи омрикоӣ набуданд ва ба ҳеч навъ ҳимояте аз ҷониби он ҳам даст наёфтанд.”

Ин ба рағми ҳимоятҳое аст, ки эътилофи зидди ДОЪИШ ҳамвора аз курдҳои Сурия кардааст.

Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ҳеч тарҳ ва барномае барои ҷудоӣ вуҷуд надорад, балки он чи курдҳо ба дунболи он ҳастанд, дастёбӣ ба бархе ҳуқуқашон дар кишвар аст.

Гуфтанист, Туркия аз чанд рӯз пеш амалиёти низомиро бо мушорикати гурӯҳҳои шӯришии сурӣ барои ҳадаф қарор додани курдҳои мусаллаҳ дар Ифрин оғоз кардааст.

Дар ин росто, хабарнигори Алмаёдин дар Сурия гузориш дод, ин манбаъ, ки ин иттилоотро матраҳ карда гуфта, ки ба тавофуқоти аввалия дар бораи маҷмӯае аз масоил ё тафоҳумоте тақрибан қатъишуда даст ёфта шудааст.

Ин хабарнигор афзуд, такзиби хабари имкони вуруди артиши Сурия ба Ифрин аз сӯи як ё ду раҳбари курдҳо масъалае аст, ки ба худи ин манобеъ бозмегардад, ки комилан ин хабарро такзиб мекунанд.

Вай идома дод: “Мо аз ин масоил ва ҷузъиёти мавриди тавофуқ итминон дорем.”

Ин хабарнигор дар бораи имкони расидани нерӯҳои сурӣ ба Ифрин гуфт: “Ба лиҳози майдонӣ табъан ин имкон вуҷуд дорад ва артиши Сурия метавонад ба нуқоти мушаххасе ворид шавад, зеро ин нуқотро артиши Сурия дар ҳумаи шимолии Ҳалаб ҳифз кардааст. Ҳамчунин имкони сареъи истиқрор дар манотиқи атрофи Ифрин дар Талрифъат ва бисёре аз манотиқ вуҷуд дорад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: