Фалсафа ва равиши реализм (160)

Худои ҷаҳон ва ҷаҳон (2)

Муқаддима (2)

Дар бораи зот ва сифот ва асмои Ҳақ, дар шарқу дар ғарб аз тарафи фалосифа, урафо, мутакаллимин баҳсҳои истидлолии фаровон бо сабкҳои гуногун ба амал омадааст, вале дар мутуни исломӣ як сабки комилан ибтикорӣ ва бесобиқа унвон шудааст, ва ҳам масоиле тарҳ шудааст, ки дар ҷаҳон бесобиқа аст. Масоиле, ки дар боло баршумурдем (дар қисмати пешин), ғолибан аз ин навъ масоил аст. Ба илова, сабку равиши истидлол, бо он чӣ пеш аз ислом буда мутафовит аст. Дар давраи ислом низ сабки амсоли Форобӣ ва Бӯалӣ ва Ибни Рушд ва Хоҷа Насируддин, ки бештар юнонист, бо сабку равиши Садрулмутааллиҳин, ки саршор аст аз илҳомоти Қуръон ва “Наҳҷул-балоға” мутафовит аст.

Меҳвари истидлолҳои амсоли Форобӣ ва Бӯалӣ дар мабоҳиси марбут ба зот ва сифот ва шуъуни Ҳақ — аз ваҳдат ва басотат ва ғинои зотӣ ва илм ва қудрат ва машият ва ғайра — “вуҷуби вуҷуд” аст, яъне ҳама чиз аз вуҷуби вуҷуд истинтоҷ мешавад, ва худи вуҷуби вуҷуд аз як тариқи ғайримустақим яъне аз як навъ “бурҳони иннӣ” исбот мегардад; аз ин роҳ исбот мегардад, ки бидуни фарзи воҷибулвуҷуд вуҷуди мумкинот ғайриқобили тавҷеҳ аст. Дар ин роҳ, зеҳн ҳаргиз ба милоки вуҷуби вуҷуд даст намеёбад.

Вале дар мутуни исломӣ бар чизе дигар ғайр аз вуҷуби вуҷуд такя шудааст, ва он ҳамон чизе аст, ки милоки вуҷуби вуҷуд аст, яъне итлоқ ва лоҳаддӣ ва бемарзии зоти Ҳақ, ва албатта ин матлаб худ мубтанӣ бар асли дигаре аст, ки акнун маҷоли баҳс дар он нест.

Ба ҳар ҳол, дар мутуни исломӣ на танҳо дар ин масоил сукут нашудааст, як силсила масоил дар авҷи андешаи башарӣ тарҳ шудааст, ки дар ҷаҳони андеша ва тафаккур собиқа надорад.

Инҳо барои чӣ ва ба чӣ манзуре тарҳ шудааст? Инҳо дастуруламал нест, то гуфта шавад, вазифаи мо амал асту бас. Инҳо як силсила масоили назарӣ аст. Агар ин масоил барои ақли башар қобили фаҳму дарк нест, дар тарҳи инҳо чӣ суде аст? Дуруст мисли ин аст, ки муаллиме бар сари килоси аввали ибтидоӣ масоили марбут ба давраи донишгоҳро тарҳ кунад ва аз кӯдакон дархост кунад, ки он чӣ ман мегӯям гарчи шумо намефаҳмед, вале бипазиред.

Дар ҳадис аст, ки аз Алӣ ибни Ҳусайн дар бораи тавҳид пурсиш шуд, фармуд:

إن الله عزوجل علم أنه يكون في آخر الزمان أقوام متعمقون فأنزل الله عزوجل: «قل هو الله أحد. الله الصمد» والآيات من سورة الحديد — إلى قوله: «وهو عليم بذات الصدور»، فمن رام ما وراء هنالك هلك

Худованд медонист дар охируззамон гурӯҳҳое жарфандеш хоҳанд омад, аз ин рӯ “Қул ҳуваллоҳу аҳад” ва оёти аввали сураи Ҳадидро фиристод, ва ҳар кас сухане ғайри онҳо бигӯяд, ҳалок шудааст.” (Тавҳиди Садуқ, с.283)

Назариёти дақиқи фалсафӣ ва ирфонӣ собит кардааст, ки оёти “Қул ҳуваллоҳу аҳад” ва оёти аввали сураи Ҳадид қуллаи ниҳоии тавҳид ва маърифат аст.

* * *

Тарҳи мабоҳиси амиқи илоҳӣ аз тарафи пешвоёни атҳор ва дар раъси онҳо Алӣ алайҳис-салом, сабаб шуд, ки ақли шиъӣ аз қадимулайём ба сурати ақли фалсафӣ ва истидлолӣ дарояд. Дар миёни аҳли тасаннун гурӯҳи Мӯътазила ба шиъа наздиктар буданд ва каму беш аз ақли фалсафӣ ва истидлолӣ баҳраманд буданд, вале чунонки медонем, мизоҷи ҷамоат ононро напазируфт ва тақрибан мунқариз гаштанд. Аҳмад Амини мисрӣ дар ҷилди аввали “Зуҳрул-ислом” ин матлабро тасдиқ мекунад. Вай пас аз баҳсе дар бораи ҳаракати фалсафӣ дар Миср ба василаи хулафои фотимӣ, ки шиъа буданд мегӯяд:

Асосан фалсафа ба ташайюъ беш аз тасаннун мечасбад. Дар ҳамаи замонҳо ва маконҳое, ки ташайюъ ривоҷ дошта фалсафа равнақ гирифта монанди давраи Фотимиёни Миср ва Оли Буя, ва ҳатто дар асри ахир ҳам инояти ҷаҳони ташайюъ ба мабоҳиси ақлӣ беш аз ҷаҳони тасаннун аст. Сайидҷамолуддини Асадободӣ, ки тамоюли шиъӣ дошт, вақте ки ба Миср омад, як неҳзати фалсафӣ ба вуҷуд овард.”

Аҳмад Амин иллати гароиши бештари шиъаро ба мабоҳиси ақлӣ, тамоюли шиъа ба ботинигарӣ муаррифӣ мекунад. Аҳмад Амин намехоҳад эътироф кунад, ки руҳи ақлигариро пешвоёни шиъа бо тарҳи мабоҳисе амиқ дар илоҳиёт ба вуҷуд оварданд.

Бертронд Росел дар “Таърихи фалсафаи ғарб” тамоюли бештари шиъаро ба ин масоил, хусусияти нажодии эрониён медонад. Росел маъзур аст, ӯ аз фалсафаи исломӣ чизе намедонад, то битавонад дар решаҳои он изҳори назар кунад. Мо дар посухи тарафдорони ин назария мегӯем, аввалан на ҳамаи шиъаён эронӣ буданд ва на ҳамаи эрониён шиъа буданд. Оё муҳаддисини шиъа аз қабили Кулайнӣ ва Садуқ ва Муҳаммад ибни Абӯтолиби Табарсӣ, ки масоили тавҳидро дар китобҳои худ тарҳ карданд, эронӣ буданд, аммо муҳаддисини аҳли тасаннун аз қабили Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ ва Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Нишопурӣ ва Абӯдовуди Сиҷистонӣ эронӣ набуданд? Оё Сайид Разӣ, ҷомеи “Наҳҷул-балоға” эронӣ буд? Оё Фотимиёни Миср эронӣ буданд? Чаро фикри фалсафӣ ба василаи хулафои шиъаи фотимӣ эҳё мешавад ва бо суқути онҳо мемирад ва бори дигар ба василаи як сайиди шиъаи эронӣ эҳё мегардад? Дар садри ислом дар миёни омма ду ҷараёни мутазодд аз назари тадаббуру таъаммуқ дар масоили мовароуттабиии Қуръон ва суннат падид омад: иддае ба номи Аҳли ҳадис, ки маълумоташон дар ҳудуди нақл ва ривояти аҳодис буд, ва дар раъси онҳо Ҳанобила, ҳар гуна баҳсу таъаммуқ ва таҷзияву таҳлил дар ин масоилро нораво мешумурданд, вале Мӯътазила иҷтиҳод ва истинботашон ин буд, ки бояд дар умқи ин масоил ворид шуд ва таҷзияву таҳлил кард.

Суфён ибни Уяйна, яке аз фуқаҳои ҷамоат аст, гуфтааст:

Ҳар чӣ Худованд худашро дар Қуръон тавсиф кард набояд тафсир кард ва дар борааш баҳс намуд. Тафсири ин гуна оёт, тиловати онҳо ва сукут дар бораи онҳост.”

Дар бораи Молик ибни Анас, яке аз фуқаҳои чаҳоргонаи омма, навиштаанд:

Шахсе аз Молик дар бораи ояти “Арраҳмону ъалал-ъаршис-таво” суол кард, вай он чунон хашмнок гашт, ки ҳаргиз он чунон хашмнок дида нашуда буд, арақ бар чеҳрааш нишаст. Ҷамъи ҳозир ҳама сарҳоро поин афканданд. Пас аз чанд лаҳза, Молик сар бардошт ва гуфт: кайфият номаълум, ва истивои Худованд бар арш маълум, ва эътиқод ба он воҷиб, ва суол ҳам бидъат аст.”

Молик он гоҳ хитоб ба пурсишкунанда гуфт: “Ту, ки чунин пурсишҳое менамоӣ, метарсам гумроҳ бошӣ”. Сипас фармон дод ӯро аз ҷаласа хориҷ карданд. Ин ҷумла:

الكيفية مجهولة والسؤال عنها بدعة

— зоҳиран ҷумлаи шойеъе буда дар он замон, ки ҳамаи Аҳли ҳадис дар посухи пурсишкунандагони ин гуна масоил мегуфтаанд. Айни ҳамин ҷумла аз Аҳмад ибни Ҳанбал низ нақл шудааст.

Шиблӣ Нӯъмон дар ҷилди аввали “Таърихи илми калом” мегӯяд:

Равияи муҳаддисин ва фуқаҳо ин буд, ки ҷуз бо ҳамкешони худ бо аҳли ҳеч кешу мазҳабе муошират намекарданд, ва ҷиҳати он яке ин буд, ки онҳо муошират бо ғайрро хуб намедонистанд, ва дигар ин ки дар талош ва ҷустуҷӯи аҳодис ва тафаҳҳус ва таҳқиқ дар нақлу ривоят маҷоли ин ки ба кори дигаре пардозанд надоштанд, ва натиҷа ин мешуд, ки садои мухолифи мазҳаб ба самъи онҳо намерасид ва эътирозоте, ки алайҳи ислом мешуд аз он ба куллӣ бехабар буданд. Тарафи сӯҳбат ва хитоби онҳо фақат гурӯҳи пайравон ва мӯътақидини худ буд ва эшон ҳам он чи, ки ба онҳо гуфта мешуд, бидуни узр қабул менамуданд. Ин мардум вақте ки аз муҳаддисин мепурсиданд, ки “Худо вақте ки ҷисм нест, чӣ гуна бар арш мумкин аст мутамаккин бошад?”, дар ҷавоб мегуфтанд: “алкайфу маҷҳулун вас суолу бидъатун” (кайфияти он номаълум ва суол ҳам бидъат аст) ва он бечораҳо ҳам хомӯш менишастанд, ва лизо барои муҳаддисин барои рафъи ин ибҳом зарурате пайдо намешуд, бар хилофи мутакаллимин, хосса Мӯътазила, ки бо мардуми ҳар фирқа ва мазҳабе муровида доштанд ва махсусан бо онҳо мунозира ва мубоҳиса мекарданд ва чун ҷавоби таҳаккумона ва омирона дар мавриди онҳо бенатиҷа буд, маҷбур буданд асли ҳақиқатро изҳор доранд ва уқдаи иҷмолу ибҳомро бигушоянд.” (Таърихи илми калом, с.11-12)

Вале вақте ки ба сираи шахси Расули Акрам ва хонадонаш муроҷеа мекунем, ҳаргиз ба чунин ҷавобҳои таҳаккумомез ва омирона ва ба истилоҳ, “сарболо” барнамехӯрем. Дар ҳеч мавриде суолро маҳкум накарда ва бидъат нашумурда ва ҷумлаи “ассуолу бидъа”-ро, ки нишонаи заъф аст шиори худ қарор надодаанд. Дар бораи ҳамон ояти “Арраҳмону ъалал-ъаршис-таво” ва ин ки маънии арш чист ва истиво бар арш чӣ маъние дорад, мукаррар аз имомони атҳор пурсишҳое шудааст ва дар ҳамаи маворид ба шарҳу тавзеҳу тафсири он пардохтаанд. Дар “Тавҳиди Садуқ” ва “Кофӣ” бобе таҳти ҳамин унвон боз шуда ва аҳодиси зиёде нақл шуда, ки дар ҳамаи онҳо аз ҳамин мавзӯъ суолоте шуда ва имомони атҳор посух гуфтаанд. Аз ҷумла масоиле, ки дар оёти аввали сураи Ҳадид тарҳ шудааст ва мутобиқи ҳадисе, ки аз Имом Саҷҷод алайҳис-салом нақл кардем, он оёт, хосси жарфандешон аст, ҳамин масъала аст. Дар ҷилди ҳаштуми тафсири шариф ва гаронқадри “Аламизон” зайли ояти 54 сураи Аъроф бо илҳом аз оёти каримаи Қуръон ва ривоёте, ки аз имомони аҳли байт алайҳимус-салом дар ин замина расидааст, баҳсе жарф ва муҳаққиқона дар бораи ҳамин матлаб сурат гирифтааст.

Ҳазрати устод Аллома Таботабоӣ дар муқаддимаи он баҳс чунин мефармоянд:

Мардум дар шарҳи амсоли ин оёт маслакҳои мухталиф интихоб кардаанд. Аксари пешиниён (аз омма) бар онанд, ки баҳс дар ин гуна оёт раво нест, илми инҳоро бояд ба Худо вогузор кард. Ин даста баҳс аз “ҳақоиқи динӣ” ва таъаммуқ дар моварои завоҳири алфози китобу суннатро нораво ва бидъат мешуморанд. Аммо ақл бар хилофи назари онҳо ҳукм мекунад ва китобу суннат низ ононро таъйид наменамояд. Оёти Қуръон ба шиддати тамом даъват мекунад ба тадаббур ва таъаммуқ ва кӯшиш дар маърифати Худо ва оёти Худо ба василаи тазаккуру тафаккур ва назару истидлолоти ақлӣ, ва ривоёти мутавотир билмаъно низ дар ҳамин маънӣ омадааст. Маънӣ надорад, ки ба муқаддимае, ки мусталзими натиҷае аст амр шавад, аммо худи натиҷа мамнуъ бошад. Даъват ба тазаккуру тафаккур барои маърифат аст, на барои чизи дигар…” (Алмизон, ҷ.8, с.158)

Он чӣ мояи таассуф аст ин аст, ки дар қуруни мутааххир тарзи тафаккури Аҳли ҳадис дар миёни шиъа ҳам русух ёфт, дар шиъа низ гурӯҳе пайдо шуданд, ки ҳар гуна таъаммуқ ва тафаккур дар маорифи илоҳиро бидъат ва залолат шумурданд, дар сурате, ки билошак ин навъе инҳироф аз сираи поки пешвоёни ин мазҳаб аст. Албатта он чӣ дар шиъа падид омад, аввалан умумият надошт, ва сониян, то он дараҷаи шадид набуд ва наметавонист он умумият ё шиддатро, ки дар миёни дигарон пайдо шуд пайдо кунад, аммо каму беш то он андоза, ки озори аҳли таҳқиқро фароҳам кунад, дар аъсори ахир вуҷуд дошта ва дорад. Садрулмутааллиҳин дар муқаддимаи “Асфор” аз ҳамин табақа менолад он ҷо, ки мегӯяд:

Ҳамоно гирифтори ҷамоате нафаҳм шудаем, ки чашмашон аз дидани анвору асрори ҳикмат нотавон аст ва дидагонашон монанди дидагони хуффош тоби нурро надорад. Инҳо таъаммуқ дар умури раббонӣ ва маорифи илоҳӣ ва тадаббур дар оёти субҳониро бидъат, ва ҳар гуна мухолифат бо ақоиди омиёнаро залолат мешуморанд. Гӯӣ инон Ҳанобила аз Аҳли ҳадисанд, ки масъалаи воҷиб ва мумкин ва қадим ва ҳодис бар эшон аз муташобеҳот аст ва тафаккурашон аз ҳудуди аҷсом ва моддиёт болотар намеравад…

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: