Шарҳи Маснавӣ (245)

Нолидани сутуни ҳаннона чун барои пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам минбар сохтанд, ки ҷамоат анбӯҳ шуд, гуфтанд: мо рӯйи мубораки туро ба ҳангоми ваъз намебинем ва шунидани Расулу саҳоба он ноларо ва суолу ҷавоби Мустафо саллалоҳу алайҳи ва саллам бо сутун, сареҳ (5)

* * *

Гар на номаъқул будӣ ин маза,

Кай будӣ ҳоҷат ба чандин мӯъҷиза?

Агар маззаи шариат ва лаззату ҳаловати дину тариқат номаъқул намебуд, кай ба ин ҳама мӯъҷизоти паёмбарон ниёз пайдо мешуд?

Нукта: Дар ин ҷо калимаи “номаъқул” ба маънои манфӣ, ки ёва ва беасос аст нест, балки манзур умуре аст, ки ҳарчанд ҳақиқат доранд, вале аз ҳитаи ақлҳо хориҷанд ва ақл дар фаҳми онҳо қосир аст. Бинобар ин бояд гуфт: агар ҳамаи бахшҳои дин тавассути ақли назарӣ дарк мешуд ва масоили фавқи ақлонӣ вуҷуд намедошт, ниёзе ба мӯъҷиза пайдо намешуд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.653)

Ҳар чӣ маъқул аст, ақлаш мехурад,

Бе баёни мӯъҷиза, бе ҷарру мад.

Зеро ҳар чи ки маъқул бошад, ақл мепазирадаш, бе он ки ба мӯъҷиза ниёзе бошад онро бе чуну чаро ва ситезу ҷидол мепазирад.

Ҷарру мадд: фурӯ кашидан ва пеш омадани оби дарё, дар инҷо манзур аз ҷарр ҳамон ҷазр аст.

Ин тариқи бикри номаъқулбин,

Дар дили ҳар муқбиле мақбул бин.

Ин шеваи бикр агарчи аз назари кӯтаҳназарон ва истидлолиёни ҷазмӣ номаъқул аст, вале аз назари ҳақхоҳон мавриди қабул аст.

Муқбил: некбахт.

Нукта: Дар ин чанд байт баҳс бар сари ин ҳақиқат аст, ки ақли назарӣ наметавонад аҳволи анбиё ва авлиё ва мукошифоти қалбии ононро дарк кунад. Вале некбахтони ҳақиқӣ ин равишро қабул доранд ва роҳи таҳзиби нафс ва мукошифаро мераванд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.653)

Ҳамчунон к-аз бими Одам деву дад,

Дар ҷазоир даррамиданд аз ҳасад.

Чунонки масалан шайтон ва дадон аз тарси одамӣ ва аз сари ҳасодат, ба сӯи ҷазоир гурехтанд ва дар онҷо қарор гирифтанд.

Ҳам зи бими мӯъҷизоти анбиё

Сар кашида мункирон зери гиё.

Ҳамчунин аз тарси мӯъҷизаҳои паёмбарон мункирони дин ба зери гиёҳон сар фурӯ бурдаанд. Яъне ҳақситезон дар баробари мӯъҷизоти анбиё мақҳуру саргашта мешаванд.

Нукта: “Сар зери гиё кашидан”: аз тарсу бими ҷон худро пинҳон кардан, ба муносибати он, ки кабку дарроҷу амсоли онҳо аз бими мурғони шикорӣ ба зери хорҳо ва бӯтаҳо пинҳон мешаванд. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.88)

Онқуравӣ гӯяд: “Киноя аз ин аст, ки мункирон монанди он ҳайвонот аз тарси сайёд сарашонро зери гиёҳ мебаранд ва махфӣ мешаванд.” (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.849)

То ба номуси мусалмонӣ зиянд,

Дар тасаллус то надонӣ, ки кианд.

То ин ки бо эҳтирому ҳурмати мусалмонӣ зиндагӣ кунанд ва ту натавонӣ ташхис диҳӣ, ки инҳо чӣ ҳилагароне ҳастанд. Хулоса, худро бо солусбозӣ ва дағалкорӣ мусалмон нишон медиҳанд, то касе мутаъарризи онон нашавад.

Номус: дар инҷо ба маънои ҳурмату эҳтиром омадааст. Тасаллус: солус варзидан ва риё кардан.

Ҳамчу қаллобон бар он нақди табоҳ

Нуқра мемоланду номи подшоҳ.

Ин мункирон монанди он касоне ҳастанд, ки рӯи филизи табоҳ ва беарзиш оби нуқра медиҳанд ва номи подшоҳро рӯи он ҳак мекунанд, то бад-ин васила сиккаи тақаллубии худро миёни мардум ривоҷ диҳанд.

Қаллоб: он ки сиккаҳои тақаллубӣ бизанад.

Зоҳири алфозашон тавҳиду шаръ,

Ботини он ҳамчу дар нон тухми саръ.

Алфозу калимоти инон гарчи дар зоҳир мутобиқи шариату мазҳаби яктопарастӣ аст, вале дар ботин ва гавҳар, дарбардорандаи гумроҳӣ ва палидӣ аст; дуруст монанди ин аст, ки ноне пухтаанд ва дар лобалои он, тухми ногувори саръ нуҳуфтаанд, ба тавре ки ҳар кас аз он истифода кунад, мадҳушу масруъ мешавад ва роҳи рости ҳидоятро гум мекунад.

Тухми саръ: тахме, ки агар бо донаи гандум осиё шавад ва бо орди он нон пухта гардад, таъми онро бисёр талху ногувор мекунад ва мӯҷиби саргиҷа мешавад.

Фалсафиро заҳра на то дам занад,

Дам занад, дини ҳақаш барҳам занад.

Мутафалсифа ҷуръат надоранд, ки дам аз нафйи шариат зананд, зеро агар чунин иддаое кунанд, дини ҳақ басоти зоҳирӣ ва сусти ононро бар ҳам мезанад ва расвояшон мекунад.

Дасту пойи ӯ ҷамоду ҷони ӯ,

Ҳар чӣ гӯяд, он ду дар фармони ӯ.

Дасту пойи ӯ, ки ҳукми ҷамодро доранд, ҳар чи ҷони ӯ ба он ду амр кунад, он ду мутеъу фармонбари ҷон ҳастанд.

Бо забон гарчи ки тӯҳмат мениҳанд,

Дасту поҳошон гувоҳӣ медиҳанд.

Агарчи мункирон бо забони худ ҳақиқатро инкор мекунанд, вале дасту пояшон бар ҳақоиқ гувоҳӣ медиҳад.

Нукта: Байти ахир ишора аст ба ояти 65 сураи Ёсин:

وَتُكَلِّمُنَا أَيْدِيهِمْ وَتَشْهَدُ أَرْجُلُهُمْ بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ

Ва дастҳояшон бо мо сухан мегӯянд ва поҳояшон гувоҳӣ диҳанд бад-он чи кардаанд.”

Манзури ду байти ахир: Бо он ки мункирони ҳақиқат ба лафз Ҳақро инкор мекунанд, вале вуҷудашон, ки офаридаи офаридгори ҷаҳон аст, бар ҳаққонияти Ҳақ Таъоло гувоҳӣ медиҳад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: