Ёде аз марҳум Устод Нурӣ (р)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бо қатъи фаъолияти расмии ҲНИТ дар дохили Тоҷикистон ва зиндонӣ кардани шуморе аз раҳбарони аршади он аз сӯи ҳукумати кунунӣ, як таҳоҷуми расонаии густарда алайҳи ин ҳизб ва раҳбаронаш шурӯъ шуд ва то ба ҳамин рӯз идома дорад ва зоҳиран тамошуданӣ ҳам нест. Ва бо ин ки мошини таблиғотии давлат, дар оғози кор, марҳум Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ (р), поягузори ҲНИТ-ро аз ин “ҳамалоти заҳролуд” мустасно карда буд, вале аз тақрибан як сол пеш тасмим гирифтаанд, ки эшонро ҳам мустасно насозанд, ва нахустин мақолае ҳам, ки алайҳи марҳум навишта шуд, тавассути Рустам Азизӣ, яке аз кормандони Окодемии улуми Тоҷикистон, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳам фаъол аст сурат гирифт. Яъне, мақолаи Азизӣ фатҳулбобе буд, то ин ҳарим ҳам шикаста бишавад.

Ин тасмими ҳукумат воқеан ноҷавонмардона буд. Зеро, бо ин ки марҳуми Устод муассис ва нахустин раҳбари ҲНИТ аст ва ин ҳизб феълан “душмани” давлатмардони кунунӣ маҳсуб меояд, аммо ба шаҳодати дӯсту душман ва мухолифу мувофиқ, марҳуми Устод як шахсияти фароҳизбӣ ва як шахсияти миллӣ ва як рукни асосии сулҳу ваҳдат дар кишварамон ба шумор меояд, чунонки Эмомалӣ Раҳмон худ изъон карда, ки:

Дар кори хайри сулҳи тоҷикон роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ҳамсафони наздики ӯ ва собиқ қӯмандонҳои ин иттиҳод саҳми арзанда доранд. Бинобар ин ман ба онҳо миннатдории хешро иброз медорам.”

* * *

Банда, то ҳанӯз касеро, чӣ аз ҳаводорони марҳум ва чӣ мухолифонаш намешиносам, ки бо Устод ошноӣ дошта ва дар бораи эшон нигоҳе манфӣ пайдо карда бошад, ва балки болотар аз ин, ҳар касе, ки бо марҳум нишасту бархост ва гуфтугӯи мухтасаре ҳам доштааст, маҷзуби ӯ гардида, маҷзуби ахлоқ ва рафтораш ва маҷзуби бузургвории ӯ шуда.

Бинобар ин, тасмиме, ки ҳукумати кунунӣ гирифта мабнӣ бар зери суол бурдани марҳуми Устод ва сиёҳ нишон додани чеҳраи вай, тасмими бисёр ноҷавонмардона ва хилофи усули инсоният аст агар нагӯем хилофи ахлоқи тоҷикон аст, ки ҳаргиз ин миллат ба “номардӣ” шинохта нашуда, магар ин ки фарзро бар ин бигирем, ки имрӯзҳо афроде виҷдони худро фурӯхтаанд.

Дар ин навиштор, мехоҳам ёде аз он бузургвор карда бошам. Мухотаби ман, бештар ҷавононе ҳастанд, ки марҳуми Устодро ё дарк накардаанд ва ё намешиносанд.

Яке аз вежагиҳои он марҳум ин буд, ки ӯ бо хурду калон якгуна бархӯрд мекард, касеро нодида намегирифт; бо як ҷавон ва навҷавон ва ҳатто як кӯдак, чунон бархӯрд мекард, ки гӯӣ бо як одами бузургсол бархӯрд мекунад. Ва ин вежагӣ, ба назари ман, ба хусус дар миёни мо, тоҷикҳо як вежагии истисноӣ аст.

25 солам буд ва машғули таҳсил дар донишгоҳ будам, ки нахустин таълифи худро, ки китобе буд дар ду ҷилд дар омӯзиши забон ва сарфу наҳви арабӣ ба номи “Бидоятул-мубтадӣ” ба поён расондам. (Албатта ҷилди аввали ин китобро ҳамроҳ бо бародари азизам ҷаноби Қамаруддин Афзалӣ ду сол пеш аз он таърих дар Доғистон навишта будем.) Хостам ин китоб чопу нашр шавад. Хеле саъю талош кардам, то касе ӯҳдадори чопи он шавад. Дари хелеҳоро кӯфтам, то кӯмакам кунад. Вале касе ҳозир нашуд. Мегуфтанд, китоби хубе аст, вале ҳанӯз синну соли ту иҷоза намедиҳад, ки нашраш кунем. Воқеан ман ин ҳарфро намефаҳмидам, ки синну сол чӣ рабте дар ин замина дорад! Тақрибан ноумед шуда будам.

Як рӯз ба иттифоқи яке аз дӯстон рафтем ба зиёрати марҳуми Устод Нурӣ. Он замон эшон дар Теҳрон зиндагӣ мекард. Он ду ҷилд китобро ҳам ба ҳамроҳам бурдам. Пас аз андаке гапу гуфтугӯ, ба эшон арз кардам, ки банда як китобе таълиф кардаам, агар фурсат дошта бошед, як нигоҳе ба он биандозед! Аслан сухан аз чопу нашри он ба миён наёвардам, балки фақат ба далели ин ки марҳуми Устод дар риштаи сарфу наҳви арабӣ як устод ба тамоми маънои калимааш буд, хостам назари эшонро бигирам. Эшон бардошт ва фармуд, ман ҳатман мебинам ва сипас назарамро бароят мегӯям.

Он солҳо марҳуми Устод машғалаҳои зиёде дошт, аз ин рӯ фикр намекардам эшон аслан вақте пайдо кунад, то ин китобро бихонад ва аз назар бигузаронад. Аммо як ҳафта нагузашта, эшон худаш занг зад ва фармуд, ҳарчи зудтар худамро ба назди эшон бирасонам. Вақте хидмати марҳум расидам, фармуд, ман ба диққат хондам ва писандам омад. Он гоҳ, бидуни ин ки ман чизе гуфта бошам, фармуд, агар бихоҳӣ, ман инро чопу нашр хоҳам кард! Дар он замон, акои Мирбобо Мирраҳим дар канори марҳуми Устод буд ва зоҳиран ӯҳдадори корҳои марбут ба чопу нашри китобҳо ва ин ҷур чизҳо дар ИНОТ буд. Ҳамон лаҳза марҳуми Устод аз акои Мирбобо хостанд, ин китоб ҳарчи зудтар чопу нашр бишавад. Дар як муддати бисёр кӯтоҳ, ин кор анҷом гирифт ва ин китоб ба унвони як китоби дарсӣ дар заминаи сарфу наҳв ва омӯзиши забони арабӣ пешкаши хонандаҳо қарор гирифт. Соли 2009 ҳам барои дуввумин бор чоп гардид. (Нусхаи электронии ҳар ду ҷилди ин китобро дар сойти Кимиёи саодат гузоштаам.)

* * *

Ҳадаф аз ёдоварии ин хотира он аст, ки марҳуми Устод Нурӣ фарде истисноӣ буд, бо ҳамагон якгуна бархӯрд мекард, инсоншинос буд, истеъдодпарвар буд, агар дар касе истеъдоде медид, дасташро мегирифт ва кӯмакаш мекард. Он чи ин ҷо баён доштам, шумо метавонед аз ҳар касе, ки марҳумро мешиносад, бипурсед ва қатъан посухаш ҳамин хоҳад буд, ки арз кардам.

Мо ду нафар шахсияти истисноӣ дар Тоҷикистон доштем (ва дорем), яке марҳуми Устод Нурӣ ва дигаре Устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки хеле аз афрод дар имрӯз агар ба ҷое расидаанд, ба дастгирӣ ва кӯмаки ин ду шахсияти камназир будааст; афроде, ки баъзе аз онҳо имрӯза дар дастгоҳҳои ҳукумати кунунӣ ҳам машғул ба коранд. Агар дастгирӣ ва кӯмаки ин ду шахсият набуд, ба ҷое намерасиданд, аммо рӯзгор чунин шудааст, ки бархе аз инон фаромӯшашон шудааст.

Ҳар андоза ва ҳар миқдор, ки мошини таблиғоти ҳукумати кунунӣ алайҳи марҳуми Устод бинависад ва талош кунад, то чеҳрае манфӣ аз эшон ба намоиш бигузорад, мутмаиннам, ки талошҳояшон беҳуда хоҳад рафт, зеро муҳаббати марҳуми Устод дар дилҳо ҷой гирифта ва аҳаде қодир ба зудудани он нест.

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Пароканда

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: