Перейти к содержимому

Deutsche Welle: “Як узви ҳизби исломситези AFD ба ислом гаравид”

“Ислом ба Олмон таъаллуқ надорад!” Ин яке аз усули асосномаи ҳизби “Олтернотив барои Олмон” (AFD), як ҳизби ростгарои ифротӣ дар ин кишвар аст, ки акнун беш аз 90 курсӣ дар маҷлис (порлумон) дорад. Ҳоло яке аз аъзои фаъоли ин ҳизб мусалмон шудааст.

Ба гузориши Deutsche Welle, Ортур Вогнер (Arthur Wagner), яке аз раҳбарони ҳизби ростгарои “Олтернотив барои Олмон” (AFD) дар иёлати Бронденбург воқеъ дар шарқи Олмон, ба ислом гаравидааст. Ин ҳизб аз қазо гурӯҳе аст, ки доиман дар бораи густариши ислом дар Олмон ҳушдор медиҳад.

Яке аз сухангӯёни ҳизби “Олтернотив барои Олмон” ин мавзӯъро дар посух ба рӯзномаи Berliner Zeitung таъйид карда ва дар айни ҳол афзудааст: “Дин амре хусусӣ аст ва мо ба озодии мазҳаб, ки дар қонуни асосӣ ҳам қайд шудааст пойбандем.” Ӯ изофа кардааст: “Оқои Вогнер метавонист ба ҳар мазҳаби дигаре ҳам бигаравад.”

Ортур Вогнер, муовини раиси ҳайъати минтақаии “Олтернотив барои Олмон” дар Ҳуланд аст. Дар вебсойти ин ҳизб метавон дид, ки Вогнер, ки тобеияти русӣ-олмонӣ дорад, дар айни ҳол узви ҳайъат раисаи AFD дар Бронденбург ҳам ҳаст. Аммо он тавр, ки сухангӯи ин ҳизб гуфтааст, ӯ муддате пеш аз ин симат канорагирӣ кард.

Ортур Вогнер ба рӯзномаи Tagesspiegel гуфтааст, ки ин мавзӯи хусусӣ аст ва ӯ намехоҳад дар бораи мусалмон шуданаш ҳарфе бизанад.

Бо вуҷуди ин, бармало шудани гаравидани яке аз аъзои раҳбарии AFD дар Бронденбург ба ислом, таваҷҷӯҳи расонаҳоро ба худ ҷалб кардааст, зеро исломситезӣ аз аркони аслии сиёсати ин ҳизб будааст. Дар асосномаи ин ҳизб ба равшанӣ тасреҳ шудааст, ки “Ислом ба Олмон таъаллуқ надорад!”

“Олтернотив барои Олмон” (AFD) ҳамвора нисбат ба “хатари густариши ислом” ва ”бештар шудани теъдоди мусалмонон” дар Олмон ҳушдор дода ва гуфтааст, ки “ислом хатаре барои кишвар, ҷомеа ва арзишҳои мост.”

Оқои Вогнер ба гуфтаи худаш қаблан узви ҳизби демукрот-масеҳии Олмон буда ва пеш аз гаравидан ба ислом дар бахше аз ҳизби AFD ба номи “Масеҳиён дар AFD” фаъол будааст.

Ӯ дар як видео, ки дар тобистони соли гузашта мунташир шуд, боз шудани марзҳои Олмон бар рӯи паноҳандагонро мавриди интиқод қарор дода буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: