Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (18)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши севвум: табъизҳо (4)

Тафовут, на табъиз (3)

Суннати илоҳӣ

Он чи дар истилоҳи фалсафа ба номи “низоми ҷаҳон” ва “қонуни асбоб” хонда мешавад, дар забони дин “суннати илоҳӣ” номида мешавад. Қуръони Карим дар чанд ҷо гуфтааст, ки:

Ҳаргиз дар суннати Худо тағйире нахоҳӣ ёфт.” (Сураи Аҳзоб, ояти 62, сураи Фатҳ, ояти 23)

Яъне кори Худо шеваи махсус ва формули собите дорад ва тағйирпазир нест.

Дар сураи Фотир, ин мазмун ба таври мукаррар ва муъаккад ёд шудааст:

فَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَبْدِيلًا وَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَحْوِيلًا

Ҳаргиз дар суннати Худо табдиле намеёбӣ (яъне суннати илоҳӣ табдил ба суннати дигаре намешавад, мисли ин ки қонуне насх шавад ва қонуни дигар ҷои онро бигирад) ва ҳаргиз дар суннати Худо тағйире намеёбӣ (назири ин ки дар як қонуни қарордодӣ табсирае изофа мешавад ва ё қисмате аз он лағв мешавад ва тағйироте дар он дода мешавад бидуни он ки асли қонун лағв шавад).»

Шигифт ҷумлаест аз шигифт китобе! Чӣ азим аст Қуръон! Пешрави донишҳо, рафиқи парҳезкорон. Андешаи бузурги файласуфон солҳо ковиш мекунад ва қонуни иллияти умумӣ ва низоми офаринишро ба даст меоварад, мехоҳад ба худ мағрур шавад ва биболад, ки аҷаб розеро гушудам ва чӣ азим қонунеро шинохтам, ки ногаҳон Қуръонро дар ҷилави худ мебинад, ки бо таъбире бисёр расо ва дар айни ҳол содда, ин розро баён кардааст: “Ҳаргиз суннати Худо тағйир намекунад!”

Кӣ метавонад аз ин равшантар бигӯяд? Кадом ҷумла метавонад расотар ва муҳкамтар аз ин бошад: “Ҳаргиз суннати Худо тағйир намекунад!”

Қуръони Карим на танҳо ба таври куллӣ, қонунӣ будан ва суннат доштани офаринишро гӯшзад мекунад, балки дар мавориде, бархе аз сунани махсусро низ муаррифӣ менамояд.

Дар бораи некбахтӣ ва бадбахтии ҷомеаҳо мегӯяд:

إِنَّ اللّهَ لاَ يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنْفُسِهِمْ

Худованд вазъи ҳеч миллатеро иваз намекунад, то ки худашон тағйире дар худ эҷод кунанд.” (Сураи Раъд, ояти 11)

Ин ояти карима, рамзи ҷилав афтодан ва ақиб афтодани миллатҳоро баён мекунад.

Ҳеч мардуме аз бадбахтӣ ба хушбахтӣ намерасанд, магар ин ки авомили бадбахтиро аз худ дур созанд, ва билъакс, як миллати хушбахтро Худо бадбахт намекунад, магар он ки худашон мӯҷиботи бадбахтиро барои хеш фароҳам оваранд.

Мо нола дорем, ки чаро Худо як мушт яҳудии жондорми Омрикоро бар ҳафтсад милюн (имрӯз якуним милёрд) мусалмон ба суратҳои мухталифи низомӣ, сиёсӣ, фикрӣ, иқтисодӣ мусаллат мекунад? Чаро сад милюн араб дар ҷанги панҷуми июн шикаст хӯрданд? Чаро Худо мусалмононро иззат намедиҳад? Чаро қавонини табиатро ба нафъи мусалмонон намечархонад? Асабонӣ мешавем, шаб аз ғусса бехоб мемонем, ранҷ мебарем ва нола мекунем, дуо ва истиғоса мекунем, вале мустаҷоб намешавад. Посухе, ки Қуръон ба мо медиҳад як ҷумла аст:

إِنَّ اللّهَ لاَ يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنْفُسِهِمْ

Худованд вазъи ҳеч миллатеро иваз намекунад, то ки худашон тағйире дар худ эҷод кунанд.” (Сураи Раъд, ояти 11)

Худо қонуни худро иваз намекунад. Мо бояд худамонро иваз кунем. Мо ғарқ дар ҷаҳолатем, дар фасоди ахлоқӣ ғӯтаварем, ҳеч гуна ваҳдат ва иттифоқ надорем ва дар айни ҳол таваққӯъ дорем, ки Худо носири мо ва ёвари мо бошад! Мо барои як ҳодисаи кучак ҳазор қисм шойеа месозем, дурӯғгӯӣ ва нодурустиро шеваи худ қарор додаем ва аз ҳар фазилате табаррӣ ҷуста истеъфо кардаем ва дар айни ҳол мехоҳем бар дунё ҳам оқоӣ ва сиёдат дошта бошем! Ин нашуданӣ аст.

Дар китобҳои осмонии гузашта, барои миллати яҳуд — ки дар миёнашон ба хотири палидӣ ва нопокиашон беш аз ҳар миллати дигар пайғамбар барангехта шудааст, зеро бештар эҳтиёҷ ба мураббӣ доштаанд – оре, барои ин миллат, ду ҷараёни иҷтимоӣ, ду инқилобу таҳаввул пешгӯӣ шуда буд, ки ҳар ду вуқӯъ пайдо кард ва Қуръон ҷараёни ин пешгуиҳо ва сипас таҳаққуқ ёфтани инҳоро дар таърихи яҳуд ёд мекунад. Дар ин пешгӯӣ омадааст, ки эшон ду навбат дар замин фасод мекунанд ва Худо ононро саркӯбӣ медиҳад.

Қуръон сипас як формули куллиро ёдоварӣ мекунад. Он формул ин аст, ки ҳар фасоде муқаддимаи шикаст ва бадбахтӣ аст ва ҳар таҷдиди назари ислоҳӣ раҳмати Худоро таҷдид мекунад. Инак, матни оёт:

وَقَضَيْنَا إِلَى بَنِي إِسْرَائِيلَ فِي الْكِتَابِ لَتُفْسِدُنَّ فِي الأَرْضِ مَرَّتَيْنِ وَلَتَعْلُنَّ عُلُوًّا كَبِيرًا. فَإِذَا جَاء وَعْدُ أُولاهُمَا بَعَثْنَا عَلَيْكُمْ عِبَادًا لَّنَا أُوْلِي بَأْسٍ شَدِيدٍ فَجَاسُواْ خِلاَلَ الدِّيَارِ وَكَانَ وَعْدًا مَّفْعُولًا. ثُمَّ رَدَدْنَا لَكُمُ الْكَرَّةَ عَلَيْهِمْ وَأَمْدَدْنَاكُم بِأَمْوَالٍ وَبَنِينَ وَجَعَلْنَاكُمْ أَكْثَرَ نَفِيرًا. إِنْ أَحْسَنتُمْ أَحْسَنتُمْ لِأَنفُسِكُمْ وَإِنْ أَسَأْتُمْ فَلَهَا فَإِذَا جَاء وَعْدُ الآخِرَةِ لِيَسُوؤُواْ وُجُوهَكُمْ وَلِيَدْخُلُواْ الْمَسْجِدَ كَمَا دَخَلُوهُ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَلِيُتَبِّرُواْ مَا عَلَوْاْ تَتْبِيرًا. عَسَى رَبُّكُمْ أَن يَرْحَمَكُمْ وَإِنْ عُدتُّمْ عُدْنَا وَجَعَلْنَا جَهَنَّمَ لِلْكَافِرِينَ حَصِيرًا  

Ба фарзандони Исроил хабар додем, ки шумо ду бор дар рӯи замин фасод бапо мекунед ва улувв ва бартарӣ меҷӯед (яъне қудрати худро бар мардум таҳмил мекунед ва ба ҳуқуқи дигарон таҷовуз менамоед; ҳамон коре, ки истеъморгарон нисбат ба мустаъмараҳо анҷом медиҳанд). Ба дунболи навбати нахустин, бандагоне аз они худро, ки сахт нерӯманд ҳастанд бармеангезем ва бар шумо мусаллат мекунем, шуморо бикӯбанд ва дар дохили хоки шумо нуфуз кунанд. Бори дигар — вақте ки шумо худро иваз кунед — шуморо бар душманонатон пирӯз кунем ва бо молу фарзанду нафарот, шуморо мадад расонем. Агар некӣ пеша созед, ба нафъи худи шумо хоҳад буд, ва агар бад кунед низ ба зарари шумо хоҳад буд. Чун фасоди дуввумро эҷод кунед, муҷаддадан душманро бар шумо тасаллут бахшем, то шуморо бадбахт созанд ва дубора дар хоки шумо ва маъбади шумо пой биниҳанд ва ҳама чизро зеру рӯ кунанд. Умед аст Парвардигоратон ба шумо тараҳҳум кунад (яъне мумкин аст пас аз бадбахтӣ, дубора шуморо некбахт кунад), вале агар баргардед, боз ҳам мо бармегардем (зеро қонуни мо ин аст, ки агар сад бор фасод кунед, сад бор шуморо бикӯбем, ва агар дар ҷиҳати хубӣ ва некӣ худро иваз кунед, мо ҳам равиши худро бо шумо иваз мекунем) ва ҷаҳаннамро дарбаргирандаи кофирон қарор додаем.” (Сураи Исро, оятҳои 4-8)

Дар ҳақиқат, ин оёт, басту густариши ҳамон формули куллӣ аст, ки:

إِنَّ اللّهَ لاَ يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنْفُسِهِمْ

* * *

Қонун чист?

Аз он чи то кунун гуфта шуд донистем, ки падидаҳои ҷаҳон маҳкуми як силсила қавонини собит ва суннатҳои лоятағайяри илоҳӣ мебошанд, ва ба таъбири дигар, Худо дар ҷаҳон шеваҳои муайяне дорад, ки гардиши корҳоро ҳаргиз берун аз он шеваҳо анҷом намедиҳад.

Акнун бингарем қонун чист? Ва суннат ба чӣ маъност? Оё суннат ва қонуни илоҳӣ аз навъи қавонини мавзӯъа аст ва аз қабили таъаҳҳудот ва қарордодҳои иҷтимоӣ ва илтизомоти зеҳнӣ аст? Ё он ки махлуқи хоссе аст, ки Худо ӯро офаридааст? Ё ҳеч як аз ин ду таъбир дар бораи суннат ва қонуни илоҳӣ саҳеҳ нест? Ва дар ҳар сурат, оё мумкин аст Худо суннати худро наёфаринад ё қарор надиҳад? Чаро тағйири қонун ва суннати Худо ғайримумкин аст?

Дар посух мегӯем: суннат ва қонун, чизе нест, ки офариниши хосс ва хилқати ҷудогонае ба он таъаллуқ бигирад. Қонун, як мафҳуми куллӣ ва интизоъи зеҳнӣ аст ва дар хориҷ ба шакли куллият ва қонун будан вуҷуд надорад. Он чи дар хориҷ вуҷуд дорад, ҳамон низоми иллату маълул ва дараҷот ва маротиби вуҷуд аст, ки дар зеҳни мо таҷрид меёбад ва интизоъ мешавад ва ба сурати “қонун” мунъакис мегардад. Ҳастӣ дараҷоте дорад ва ҳар дараҷаи он мавқеияти собит ва мушаххасе дорад. Тасаввур надорад, ки иллате мавқеияти хосси худро ба дигаре бисупорад ва ё маълуле аз ҷои худ нақли макон кунад. Ва ҳамин ҳақиқат аст, ки ин гуна таъбир мешавад:

“Ҷаҳон қонун дорад.”

Пас, қонуни офариниш, як қарордод ва эътибор нест, зеро аз чигунагии ҳастии ашё интизоъ шудааст, ва ба ҳамин далел, табдилу тағйир барои он низ маҳол аст.

* * *

Истисноҳо

Оё қавонини офариниш истиснопазир аст? Оё мӯъҷизаҳо ва корҳои хориқулода, нақзи суннати Худост? Посух дар ҳар ду маврид, манфӣ аст. На қавонини офариниш истиснопазир аст ва на корҳои хориқулода истисно дар қавонини офариниш аст.

Агар тағйироте дар суннатҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад, он тағйирҳо маълули тағйири шароит аст ва бадеҳӣ аст, ки ҳар суннате дар шароити хосс ҷорӣ аст ва бо тағйири шароит, суннати дигар ҷараён меёбад ва он суннат низ дар шароити хосси худ куллият дорад. Пас, тағйири қонун ва суннат, ба ҳукми қонун ва суннат аст, вале на ба ин маънӣ, ки қонуне ба ҳукми қонуне насх мешавад, балки ба ин маънӣ, ки шароити як қонун тағйир мекунад ва шароити ҷадид ба вуҷуд меояд ва дар шароити ҷадид қонуни ҷадид ҳукмфармо мешавад. Дар ҷаҳон, ҷуз қонун ва суннат ва номусҳои лоятағайяр вуҷуд надорад. Агар мурдае ба таври эъҷоз зинда мешавад, он худ ҳисобу қонуне дорад. Агар фарзанде ҳамчун Исо ибни Марям (а) бидуни падар мутаваллид мешавад, бар хилофи суннати илоҳӣ ва қонуни ҷаҳон нест.

Башар, ҳамаи суннатҳо ва қонунҳои офаринишро намешиносад ва ҳамин, ки чизеро бар зидди қонун ва суннате, ки худ огоҳӣ дорад дар назар мегирад, мепиндорад мутлақан бар хилофи қонун ва суннат аст, истисно аст, нақзи қонуни иллият аст. Ва дар бисёре аз маворид ҳам, он чиро, ки ба унвони қонун мешиносад, қишри қонун аст, на қонуни воқеӣ. Масалан, мо мепиндорем, ки суннати офариниши ҳаёт, ин аст, ки ҳамвора мавҷуди зинда аз издивоҷи падару модаре ба вуҷуд ояд, вале ин қишри суннат аст, на худи суннат. Офариниши Исо ибни Марям қишри суннатро бар ҳам задааст, на худи онро. Ин ки қонунҳои воқеии офариниш тахаллуфнопазир аст, сухане аст, ва ин ки оё қавонине, ки мо шинохтаем, қонунҳои воқеии ҷаҳон аст ё қишре аз қонун аст, сухане дигар аст.

Маънои мӯъҷиза, бе қонун будан ва ё фавқи қонун будан нест. Материалистҳо дучори чунин иштибоҳе шудаанд, ки бахше аз қавонини табиии ҷаҳонро, ки ба василаи улум кашф гардида, қонунҳои воқеӣ ва мунҳасир фарз кардаанд ва сипас мӯъҷизотро нақзи қонун пиндоштаанд. Мо мегӯем он чиро, ки улум баён кардааст, дар шароити махсус ва маҳдуде содиқ аст, ва замоне, ки бо иродаи як пайғамбар ё валии Худо коре хориқулъода анҷом мегирад, шароит иваз мешавад, яъне як руҳи нерӯманд ва пок ва муттасил ба қудрати лоязоли илоҳӣ шароитро тағйир медиҳад. Ва ба иборати дигар, омил ва унсури хоссе вориди майдон мешавад. Бадеҳӣ аст дар шароити ҷадид, ки аз вуҷуди омили ҷадид яъне иродаи нерӯманд ва малакутии валии Ҳақ ношӣ мешавад, қонуни дигаре ҳукмфармо мегардад.

Дар мавриди таъсири дуо ва садақа дар дафъи балоҳо ва ғайра низ ҷараён аз ҳамин қарор аст. Дар ҳадис омадааст, ки аз Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) суол шуд, ки бо вуҷуди ин ки ҳар ҳодисае, ки дар ҷаҳон рух медиҳад ба тақдири илоҳӣ ва қазои ҳатмии ӯст, дуо ва даво чӣ асаре метавонад дошта бошад? Дар посух фармуданд: “Дуо низ аз қазо ва қадар аст.” (Биҳорул-анвор, ҷ.5, с.78)

Дар ривояти дигар омадааст, ки Алӣ (алайҳис-салом) дар пойи деворе нишаста буд. Мутаваҷҷеҳ шуд, ки девор шикастааст ва мумкин аст фурӯ резад. Фавран бархост ва аз онҷо дур шуд. Марде эътироз кард, ки: аз қазои илоҳӣ мегурезӣ? Яъне агар бино бошад ту бимирӣ, хоҳ аз канори девори хароб фирор кунӣ ё фирор накунӣ, хоҳӣ мурд, ва агар бино набошад садамае ба ту мутаваҷҷеҳ гардад, боз ҳам дар ҳар сурат маҳфуз хоҳӣ буд; бинобар ин фирор аз зери девори шикаста чӣ маънӣ дорад? Ҳазрат дар посухи вай фармуд:

أفرّ من قضاء الله الى قدره

Аз қазои илоҳӣ ба сӯи қадари илоҳӣ фирор мекунам.” (Тавҳиди Садуқ, с.337)

Маънои ин ҷумла ин аст, ки ҳар ҳодиса, ки дар ҷаҳон пеш меояд, мавриди қазо ва тақдири илоҳӣ аст. Агар одаме худро дар маърази хатар қарор диҳад ва осеб бибинад, қазои Худо ва қонуни Худо аст, ва агар аз хатар бигурезад ва наҷот пайдо кунад, он ҳам қонуни Худо ва тақдири Худост. Агар инсон дар муҳити микробдор ворид шавад ва бемор гардад, қонун аст, ва агар ҳам даво бихӯрад ва аз беморӣ наҷот ёбад низ қонун аст. Бинобар ин, агар инсон аз зери девори шикаста бархезад ва канор биравад, коре бар хилофи қонуни Худо ва қазои илоҳӣ анҷом надодааст, ва дар чунин шароите қонуни Худо ин аст, ки аз марг масун бимонад. Ва агар дар зери девор биншинад ва бо суқути девор нобуд гардад, ин низ қонуни офариниш аст.

Қуръони Карим, ин ҳақиқатро ба шакли ҷолибе баён фармудааст. Дар сураи Талоқ мехонем:

وَمَن يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَل لَّهُ مَخْرَجًا. وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِبُ وَمَن يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا

Ҳар кас парҳезкорӣ кунад, Худованд роҳи хуруҷе барои раҳоии вай аз мушкилот қарор медиҳад, ва аз тариқе, ки гумон надорад рӯзияшро мерасонад. Ва ҳар кас бар Худо эътимод кунад ва кори худ ба вай вогузорад, Худо барои ӯ кифоят аст. Ҳамоно Худо фармони хешро ба натиҷа мерасонад ва он чиро, ки бихоҳад тахаллуф надорад. Ростӣ, ки Худо барои ҳар чизе қадар ва андозае муайян кардааст”. (Сураи Талоқ, оятҳои 2-3)

Дар ин оят, гӯӣ қонуне, ки фавқи ҳамаи қавонин ва ҳоким бар ҳамаи онҳост баён гардида, ва он, қонуни тақво ва таваккул аст.

Аз ин оят истинбот мешавад, ки ба дунболи таваккул, инояти Парвардигор қатъӣ аст; ҳар кас бар Худо ба ҳақиқат таваккул кунад, инояти Худоро ҳамроҳ дорад, ва бо инояти Худо ва таъйиди Худо, ки худ як ҷараёни хосс дорад ва як суннат аст ва як силсила иллатҳо ва маълулот дар кор аст, расидан ба ҳадаф қатъӣ аст. Ин, қонуне аст, ки бар ҳамаи қонунҳои дигар ҳукумат мекунад. Дар айни ҳол, барои ин ки фаромӯш нашавад, ки кори Худо низом ва қонуне дорад, баён фармуда, ки “Худо барои ҳар чизе андоза ва ҳисобе қарор додааст” ва ҳам фармуда, ки “Ҳар кас парҳезкорӣ кунад, Худо барои вай роҳе қарор медиҳад”, яъне кори ӯ бидуни қонун ва бе васила нест, ҳарчанд ки мумкин аст он васила, аз васоили оддӣ ва роҳҳои шинохташуда набуда, балки “мин ҳайсу ло яҳтасиб” (тариқе, ки гумон надорад) бошад.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: