Перейти к содержимому

Пероҳани Умар ибни Абдулазиз

(Чаҳор ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом)

Пероҳани Умар ибни Абдулазиз

Умар ибни Абдулазиз дар замони хилофати хеш рӯзе болои минбар машғули суханронӣ буд. Дар хилоли сухан гуфтани вай, мардуме, ки пойи минбар буданд, медиданд халифа гоҳ ба гоҳ даст мебарад ва пероҳани хешро ҳаракат медиҳад.

Ин ҳаракат мӯҷиби таъаҷҷуби ҳуззор ва шунавандагон мешуд ва ҳама аз худ мепурсиданд: чаро дар хилоли сухан гуфтан, дасти халифа мутаваҷҷеҳи пероҳанаш мешавад ва онро ҳаракат медиҳад?

Маҷлис тамом шуд ва ба охир расид. Пас аз таҳқиқ маълум шуд, ки халифа барои риояти байтулмоли мусалмонон ва ҷуброни ифроткориҳое, ки пешиниёни вай дар табзиру исрофи байтулмол кардаанд, як пероҳан бештар надорад, ва чун онро шуста, пероҳани дигаре надоштааст, ки бипӯшад, ночор билофосила пероҳанро пӯшидааст ва акнун онро ҳаракат медиҳад, то зудтар хушк бишавад.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ)

* * *

Банда аст ё озод?

Садои созу овоз баланд буд. Ҳар кас, ки аз наздики он хона мегузашт, метавонист ҳадс бизанад, ки дар даруни хона чӣ хабарҳост? Басоти ишрату майгусорӣ паҳн буд ва ҷоми май буд, ки паёпай нӯшида мешуд. Канизаки хидматкор даруни хонаро ҷорӯб зада ва хокрӯбаҳоро дар даст гирифта аз хона берун омада буд, то онҳоро дар каноре бирезад. Дар ҳамин лаҳза марде, ки осори ибодат зиёд аз чеҳрааш намоён буд ва пешониаш аз саҷдаҳои тӯлонӣ ҳикоят мекард, аз он ҷо мегузашт, аз он канизак пурсид:

— Соҳиби ин хона банда аст ё озод?

— Озод.

— Маълум аст, ки озод аст. Агар банда мебуд, парвои соҳиб ва молик ва Худовандгори хешро медошт ва ин басотро паҳн намекард.

Радду бадал шудани ин суханон байни канизак ва он мард мӯҷиб шуд, ки канизак диранги бештаре дар беруни хона бикунад. Ҳангоме, ки ба хона баргашт, арбобаш пурсид:

— Чаро ин қадр дер омадӣ?

Канизак моҷароро таъриф кард ва гуфт:

— Марде бо чунин вазъу ҳайъат мегузашт ва чунон пурсише кард ва ман чунин посухе додам.

Шунидани ин моҷаро ӯро чанд лаҳза дар андеша фурӯ бурд. Махсусан он ҷумла, ки: “Агар банда мебуд, аз соҳибихтиёри худ парво мекард” мисли тир бар қалбаш нишаст. Бе ихтиёр аз ҷо ҷаст ва ба худ мӯҳлати кафш пӯшидан надод. Бо пойи бараҳна ба дунболи гӯяндаи сухан рафт. Давид, то худро ба соҳиби сухан, ки ҷуз ҳазрати Мӯсо ибни Ҷаъфар алайҳис-салом набуд расонд. Ба дасти он ҳазрат ба шарафи тавба ноил шуд, ва дигар ба ифтихори он рӯз, ки бо пойи бараҳна ба шарафи тавба ноил омада буд, кафш ба по накард. Ӯ, ки то он рӯз ба Бишр ибни Ҳорис ибни Абдурраҳмони Марвазӣ маъруф буд, аз он ба баъд лақаби “Ҳофӣ” яъне “побараҳна” ёфт ва ба “Бишри Ҳофӣ” маъруфу машҳур гашт. То зинда буд, ба паймони хеш вафодор монд, дигар гирди гуноҳ нагашт. То он рӯз дар силки ашрофзодагон ва айёшон буд, аз он ба баъд, дар силки мардони парҳезкор ва Худопараст даромад.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Ал-куно вал-алқоб”)

* * *

Шамшери забон

Алӣ ибни Аббос маъруф ба Ибни Аррумӣ, шоири маъруфи ҳаҷвгӯ ва мадеҳасаройи давраи аббосӣ, дар нимаи қарни севвуми ҳиҷрӣ дар маҷлиси вазири аббосӣ ба номи Қосим ибни Убайдуллоҳ нишаста ва саргарм буд. Ӯ ҳамеша ба қудрати мантиқу баён ва шамшери забони хеш мағрур буд. Қосим ибни Убайдуллоҳ аз захми забони Ибни Аррумӣ хеле метарсид ва нигарон буд, вале нороҳатӣ ва хашми худро зоҳир намекард, баръакс тавре рафтор мекард, ки Ибни Аррумӣ — бо ҳамаи баддилиҳо ва васвосҳо ва эҳтиётҳое, ки дошт ва ба ҳар чизе фоли бад мезад — аз муошират бо ӯ парҳез намекард. Қосим маҳрамона дастур дод, то дар ғизои Ибни Аррумӣ заҳр дохил карданд. Ибни Аррумӣ баъд аз он ки хӯрд, мутаваҷҷеҳ шуд. Фавран аз ҷо бархост, ки биравад. Қосим гуфт:

— Куҷо меравӣ?

— Ба ҳамон ҷо, ки маро фиристодӣ.

— Пас, саломи маро ба падару модарам бирасон.

— Ман аз роҳи ҷаҳаннам намеравам.

Ибни Аррумӣ ба хонаи хеш рафт ва ба муолиҷа пардохт, вале муолиҷаҳо фоида набахшид. Билохира бо шамшери забони хеш аз пой даромад.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Таърихи Ибни Халлакон”)

* * *

Ҷавони ошуфтаҳол

Намози субҳро Расули Акрам (с) дар масҷид бо мардум хонд. Ҳаво дигар равшан шуда буд ва афрод комилан тамйиз дода мешуданд. Дар ин байн чашми Расули Акрам ба ҷавоне афтод, ки ҳолаш ғайриоддӣ ба назар мерасид. Сараш озод рӯи танаш намеистод ва доиман ба ин тарафу он тараф ҳаракат мекард. Нигоҳе ба чеҳраи ҷавон кард, дид рангаш зард шуда, чашмҳояш дар косаи сар фурӯ рафта, андомаш борику лоғар шудааст. Аз ӯ пурсид:

— Дар чӣ ҳолӣ?

— Дар ҳоли яқинам, ё Расулаллоҳ!

— Ҳар яқине осоре дорад, ки ҳақиқати онро нишон медиҳад, аломат ва асари яқини ту чист?

— Яқини ман ҳамон аст, ки маро қарини дард қарор дода, дар шабҳо хобро аз чашми ман гирифтааст ва рӯзҳоро ман бо ташнагӣ ба поён мерасонам. Дигар аз тамоми дунё ва мофиҳо рӯй гардонда ва ба он сӯи дигар рӯ кардаам. Мисли ин аст, ки арши Парвардигорро дар мавқифи ҳисоб ва ҳамчунин ҳашри ҷамиъи халоиқро мебинам. Мисли ин аст, ки биҳиштиёнро дар наъим ва дӯзахиёнро дар азоби алим мушоҳида мекунам. Мисли ин аст, ки садои лаҳиби оташи ҷаҳаннам ҳамин алъон дар гӯшам танин андохтааст.

Расули Акрам рӯ ба мардум кард ва фармуд:

— Ин бандае аст, ки Худованд қалби ӯро ба нури имон равшан кардааст.

Баъд рӯ ба он ҷавон кард ва фармуд:

— Ин ҳолати некӯро барои худ нигаҳ дор.

Ҷавон арз кард:

— Ё Расулаллоҳ! Дуо кунед Худованд ҷиҳод ва шаҳодат дар роҳи Ҳақро насибам фармояд.

Расули Акрам дуо кард. Тӯле накашид, ки ҷиҳоде пеш омад ва он ҷавон дар он ҷиҳод ширкат кард. Даҳумин нафаре, ки дар он ҷанг шаҳид шуд, ҳамон ҷавон буд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Кофӣ”)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: