Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (161)

Худои ҷаҳон ва ҷаҳон (3)

Муқаддима (3)

Ҷумлае ба Расули Акрам (с) нисбат дода шудааст, ки:

عليكم بدين العجائز

Бар шумо бод ба дини пиразанон!

Ин ҷумла мустамсаке шуда барои мункирини таъаммуқу тадаббур дар маорифи ғайбӣ ва масоили моварои табиӣ.

Ин ҷумла ба сурати ҳадис дар ҳеч китоби ҳадисии шиъа ё суннӣ дида нашудааст. Бо ин вуҷуд, назар ба ин ки бо зоиқаи кӯтаҳфикрон мувофиқ омадааст, шӯҳрати фаровоне касб карда ва василае шуда барои инкори ҳар гуна кӯшише дар ин гуна масоил. Ва аз он тараф ҳам, аксуламалҳое ба унвони тавҷеҳ ва таъвили ин ҳадис аз тарафи тарафдорони таҳқиқ дар маорифи илоҳӣ иброз шудааст. Орифи маъруф, Маҳмуди Шабистарӣ, дар “Гулшани роз” дар баробари мутамассикон ба ин ҳадис, аксуламал нишон медиҳад, он ҷо, ки мегӯяд:

Ҷаҳон они туву ту монда оҷиз,

Зи ту маҳрумтар кас дида ҳаргиз?!

Чу маҳбусон ба як манзил нишаста,

Ба дасти аҷз пойи хеш баста.

Нишастӣ чун занон дар кӯйи идбор,

Намедорӣ зи ҷаҳли хештан ор.

Далерони ҷаҳон оғушта дар хун,

Ту сарпӯшида нанҳӣ пой берун!

Чӣ кардӣ фаҳм аз “динул-ъаҷоиз”,

Ки бар худ ҷаҳл медорӣ ту ҷоиз?

Агар мардӣ бурун ойу назар кун,

Ҳар он-ч ояд ба пешат з-он гузар кун.

Маёсо як замон андар мароҳил,

Машав мавқуф ҳамроҳи равоҳил.

Халилосо бирав Ҳақро талаб кун,

Шаберо рӯзу рӯзеро ба шаб кун.

Бирав андар пайи Хоҷа ба исро,

Тафарруҷ кун ҳама оёти кубро.

Бурун ой аз саройи Умми Ҳонӣ

Бигӯ мутлақ ҳадиси “Ман раонӣ”.

Шайх Муҳаммади Лоҳиҷӣ дар “Шарҳи Гулшани роз” ҷумлаи:

عليكم بدين العجائز

-ро тавҷеҳ мекунад, мегӯяд:

Дар ҷумлаи фавқ назар ба таъаббуд ва таслим дар фурӯъ аст, на дар усул. Мақсуд ин аст, ки ҳамчунон ки пиразанон дар иҷрои авомир ва фармонҳо бидуни чуну чаро амал мекунанд, шумо низ чунин кунед. Мақсуд ин нест, ки сатҳи афкор ва андешаҳои шумо дар Худошиносӣ баробар бо сатҳи афкори пиразанон бошад, ки масалан Худовандро ба сурати як қулумба нур дар болои осмонҳо тасаввур мекунанд ва ба ӯ шакли инсонӣ медиҳанд ва Худовандро ба ҳамаи чизҳое, ки Қуръон ӯро аз онҳо танзеҳ мекунад, тавсиф мекунанд…” (Нақл ба мазмун)

Мавлавӣ ин ҳадисро ба наҳви дигар тавҷеҳ мекунад. Ӯ таваҷҷӯҳаш ба моддаи “аҷз” аст, мегӯяд, мақсуд ин аст, ки дар роҳи ӯ шикастагӣ ва масканатро пеша кунед, ки дар он кӯй шикастагӣ мехаранду бас ва бозори худфурӯшӣ аз он сӯи дигар аст; мегӯяд:

Хуррам он, к-ӯ аҷзу ҳайрат қути ӯст,

Дар ду олам хуфта андар зилли дӯст.

Ҳам дар охур, ҳам дар охир аҷз дид,

Мурда шуд, “дини аҷоиз”-ро гузид.

Чун Зулайхо Юсуфаш бар вай битофт,

Аз аҷузӣ дар ҷавонӣ роҳ ёфт.

Зиндагӣ дар мурдану дар миҳнат аст,

Оби ҳайвон дар даруни зулмат аст.

Ҳақиқат ин аст, ки ин ҷумла интисобаш ба Расули Акрам (с) собит нест, то навбат ба баҳс дар мафҳуму маъниаш бирасад. Марҳум Мирзои Қумӣ дар ҷилди дуввуми “Қавонинул-усул” баҳсе дар бораи ҷавоз ва адами ҷавози тақлид дар усули дин унвон кардааст, яке аз далелҳои тарафдорони тақлиду таъаббуд дар усули динро ҳамин ҳадис медонад, вале худаш мефармояд:

Ҳадис будани ин ҷумла мусаллам нест, ва гуфтаанд, каломи Суфёни Саврӣ, фақеҳ ва сӯфии маъруф аст. Гӯянд, Амр ибни Убайди мӯътазилӣ дар бораи ақидаи маъруфи Мӯътазила дар бораи “манзилатун байнал-манзилатайн” сухан мегуфт. Пиразане бо тиловати як ояти Қуръон, ба ӯ ҷавоб дод. Суфёни Саврӣ, ки ҳозир (дар) ҷаласа буд, гуфт: “Алайкум би динил-ъаҷоиз”.

Ба илова, касоне, ки ин ҷумларо ба сурати ҳадис нақл кардаанд, достоне низ нақл кардаанд, ки равшан мекунад мафҳуми он ҷумла на он чизе аст, ки Ҳанобила ва Аҳли ҳадис мегӯянд ва на он чизе, ки Муҳаммади Лоҳиҷӣ ва ё Мавлавӣ ба унвони тавҷеҳ баён кардаанд.

Достон ин аст, ки Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бо асҳоби хеш бар пиразане гузашт, ки бо чархи дастӣ нахресӣ мекард, аз ӯ пурсид: Худоро ба чӣ далел шинохтӣ? Пиразан дасташро, ки ба дастаи чарх буд ва чархро ба суръат мегардонд, аз дастаи чарх бардошт ва табъан чарх пас аз чанд лаҳза мутаваққиф шуд. Пиразан гуфт: ба ин далел, ки ҳамчунон ки ин чархро дасте мебояд, ки онро ба гардиш оварад, чархи азими ҷаҳонро низ, ки ҳамвора дар гардиш аст дасте муқтадир мегардонад. Дар ин вақт буд, ки Расули Акрам (с) фармуд:

عليكم بدين العجائز

Бино бар ин нақл, он пиразан бурҳони муҳаррики аввали арастуиро бо фитрати соф ва забони соддаи худ баён кардааст ва ба ваҷҳе ҳамон роҳи иброҳимиро рафта, ки:

فَلَمَّا جَنَّ عَلَيْهِ اللَّيْلُ رَأَى كَوْكَبًا قَالَ هَذَا رَبِّي فَلَمَّا أَفَلَ قَالَ لا أُحِبُّ الآفِلِينَ. فَلَمَّا رَأَى الْقَمَرَ بَازِغًا قَالَ هَذَا رَبِّي فَلَمَّا أَفَلَ قَالَ لَئِن لَّمْ يَهْدِنِي رَبِّي لأكُونَنَّ مِنَ الْقَوْمِ الضَّالِّينَ. فَلَمَّا رَأَى الشَّمْسَ بَازِغَةً قَالَ هَذَا رَبِّي هَذَآ أَكْبَرُ فَلَمَّا أَفَلَتْ قَالَ يَا قَوْمِ إِنِّي بَرِيءٌ مِّمَّا تُشْرِكُونَ. إِنِّي وَجَّهْتُ وَجْهِيَ لِلَّذِي فَطَرَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ حَنِيفًا وَمَا أَنَاْ مِنَ الْمُشْرِكِينَ

Пас чун шаб бар ӯ (Иброҳим) парда афканд, ситорае дид, гуфт: ин рабб (парвардигор)-и ман аст, ва он гоҳ чун ғуруб кард, гуфт: ғурубкунандагонро дӯст надорам. Ва чун моҳро дар ҳоли тулӯъ дид, гуфт: ин парвардигори ман аст, он гоҳ чун нопадид шуд, гуфт: агар парвардигорам маро ҳидоят накарда буд, қатъан аз гурӯҳи гумроҳон будам. Пас чун хуршедро баромада дид, гуфт: ин парвардигори ман аст, ин бузургтар аст. Ва ҳангоме ки уфул кард, гуфт: эй қавми ман! Ман аз он чӣ (барои Худо) шарик месозед, безорам. Ман аз рӯйи ихлос покдилона рӯйи худро ба сӯйи касе гардонидам, ки осмонҳо ва заминро падид овардааст ва ман аз мушрикон нестам.” (Сураи Анъом, оятҳои 76-79)

Мутобиқи ин нақл ва ин баён, мазмуни ин ҷумла бо мақсуди тарафдорони тақлид ва таъаббуд робитаи маъкус дорад, яъне навъе даъват ба таҳқиқ ва истидлол ва маърифат аст, на ба тақлид ва таъаббуд ва манъи тафаккур.

Дар асри мо мухолифат бо тафаккуру таъаммуқ дар масоили мовароуттабиӣ ранги ҷадиде ба худ гирифтааст, ранги фалсафаи ҳиссӣ.

Чунонки медонем, дар Урупо равиши ҳиссӣ ва таҷрибӣ дар шинохти табиат, бар равиши қиёсӣ пирӯз шуд. Пас аз ин пирӯзӣ, ин фикр пайдо шуд, ки равиши қиёсӣ ва таъаққулӣ дар ҳеч ҷо эътибор надорад ва танҳо фалсафаи қобили эътимод, фалсафаи ҳиссӣ аст. Натиҷаи қаҳрии ин назария ин шуд, ки илоҳиёт ба сабаби хориҷ будан аз дастраси ҳиссу таҷриба, машкук ва маҷҳул ва ғайриқобили таҳқиқ эълом шавад ва бархе онҳоро яксара инкор кунанд. Ин ҷараёне буд, ки дар ҷаҳони ғарб рух дод.

Дар ҷаҳони ислом собиқаи мавҷи мухолифат бо ҳар гуна тафаккуру таъаммуқ аз тарафи Аҳли ҳадис аз як тараф, муваффақиятҳои пай дар пайи равиши ҳиссӣ дар шинохти табиат аз тарафи дигар, ва душвории таъаммуқ ва ҳалли масоили фалсафӣ аз ҷониби севвум, гурӯҳе аз нависандагони мусалмонро сахт ба ҳаяҷон овард ва мӯҷиби пайдоиши як назарияи талфиқӣ дар миёни онҳо шуд мабнӣ бар ин ки илоҳиёт қобили таҳқиқ аст, вале дар илоҳиёт низ мунҳасиран лозим аст аз равиши ҳиссӣ ва таҷрибӣ, ки барои шинохти табиат мавриди истифода қарор мегирад истифода кард. Ин даста муддаӣ шуданд, ки аз назари Қуръон танҳо роҳи шинохти Худованд мутолеа дар табиат ва махлуқот бо истифода аз равиши ҳиссӣ аст ва ҳар роҳе ғайри ин, роҳи беҳуда аст, зеро Қуръон дар саросари оёти худ дар камоли сароҳат башарро ба мутолеа дар мазоҳири табиат, ки ҷуз бо равиши ҳиссӣ муяссар нест даъват кардааст ва калиди рамзи мабдаъ ва маъодро дар ҳамин навъ мутолеа донистааст.

Фарид Ваҷдӣ дар китоби “Ъала итлолил-мазҳабил-моддӣ” ва Сайид Абулҳасани Надвӣ дар “Мозо хасирал-ъоламу бин-ҳитотил-муслимин” ва ҳамчунин нависандагони Ихвонулмуслимин монанди Сайид Қутб ва Муҳаммад Қутб ва ғайри инҳо, ин назарро таблиғ ва назари мухолифро тахтиа мекунанд.

Надвӣ дар китоби худ дар фасли “Убури мусалмонон аз ҷоҳилият ба ислом” таҳти унвони “Муҳкамот ва байинот дар илоҳиёт” мегӯяд:

Паёмбарон мардумро аз зоти Худо ва сифоти ӯ ва оғозу анҷоми ҷаҳон ва сарнавишти башар огоҳ карданд ва иттилооте ба ройгон дар ин заминаҳо дар ихтиёри башар қарор доданд, ӯро аз баҳс дар ин масоил, ки мабодӣ ва муқаддимоташ дар ихтиёри ӯ нест — зеро ин улум моварои ҳиссу табиат аст — бениёз сохтанд, аммо мардум ин неъматро қадр надонистанд ва ба баҳсу фаҳс дар ин масоил, ки ҷуз гом гузоштан дар минтақаҳои торику маҷҳул нест пардохтанд…” (Мозо хасирал-ъоламу бин-ҳитотил-муслимин, с.97)

Назари амсоли Фарид Ваҷдӣ ва Надвӣ навъе “раҷъат”-и ҳанбалигарӣ аст, вале ба сурати мудерн ва имрӯзӣ ва пайвандхӯрда бо фалсафаи ҳиссии ғарбӣ.

Мо дар бораи бунёди фалсафаи ҳиссӣ дар муҷалладоти “Усули фалсафа” баҳс кардаем, дар ин ҷо фақат дар бораи нуктае, ки нуқтаи иттикои ин даста қарор гирифта андаке баҳс мекунем.

Мегӯянд, Қуръон роҳи шинохти Худовандро мунҳасиран мутолеаи табиат бо равиши ҳиссӣ донистааст. Шак нест, ки Қуръон ба мутолеаи ҳиссии табиат даъват мекунад ва исрори фаровоне ҳам рӯи ин мавзӯъ дорад, вале оё Қуръон мутолеаи табиатро барои ҳалли тамоми масоиле, ки худ тарҳ кардааст, кофӣ медонад?! Ҳамчунон ки дар поварақиҳои ин ҷилд ба муносибати баҳс аз роҳҳои мухталифи башар ба сӯи Худо гуфтаем, дар Қуръон масоиле аз ин қабил тарҳ шудааст:

كَمِثْلِهِ شَيْءٌ

Чизе монанди Худо нест.” (Сураи Шӯро, ояти 11)

وَلِلّهِ الْمَثَلُ الأَعْلَىَ

Ва беҳтарин васф аз они Худост.” (Сураи Наҳл, ояти 60)

لَهُ الْأَسْمَاء الْحُسْنَى

Номҳои некӯ ба Ӯ ихтисос дорад.” (Сураи Тоҳо, ояти 8)

الْمَلِكُ الْقُدُّوسُ السَّلَامُ الْمُؤْمِنُ الْمُهَيْمِنُ الْعَزِيزُ الْجَبَّارُ الْمُتَكَبِّرُ

Фармонравои қуддуси саломатбахши мӯъмини нигаҳбони азизи ҷаббори мутакаббир…” (Сураи Ҳашр, ояти 23)

فَأَيْنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجْهُ اللّهِ

Ба ҳар сӯ рӯ кунед, он ҷо рӯй ба Худост…” (Сураи Бақара, ояти 115)

هُوَ الْأَوَّلُ وَالْآخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

Ӯст аввалу охиру зоҳиру ботин ва Ӯ ба ҳар чизе донист.” (Сураи Ҳадид, ояти 3)

وَإِن مِّن شَيْءٍ إِلاَّ عِندَنَا خَزَائِنُهُ وَمَا نُنَزِّلُهُ إِلاَّ بِقَدَرٍ مَّعْلُومٍ

Ва ҳеч чиз нест, магар он, ки ганҷинаҳои он назди мост ва мо онро ҷуз ба андозаи муайян фурӯ намефиристем.” (Сураи Ҳиҷр, ояти 21)

وَهُوَ مَعَكُمْ أَيْنَ مَا كُنتُمْ

Ва ҳар куҷо бошед, Ӯ бо шумост…” (Сураи Ҳадид, ояти 4)

يَمْحُو اللّهُ مَا يَشَاءُ وَيُثْبِتُ وَعِندَهُ أُمُّ الْكِتَابِ

Худо он чиро бихоҳад, маҳв ё исбот мекунад, ва асли китоб назди Ӯст.” (Сураи Раъд, ояти 39)

… ва даҳҳо оёти дигар амсоли инҳо.

Инҳо ҳама масоилест марбут ба он сӯи марз. Чӣ гуна мо аз роҳи табиатшиносӣ ба маърифати ин масоил ноил мегардем? Табиатшиносӣ қатъан ва мусалламан моро ба илму қудрату ҳикмати офаринандаи ҷаҳон огоҳ мекунад, аммо дар ҳамин ҷиҳат низ ҳаддиаксар ин аст, ки моро воқиф месозад ба ин ки офаринандаи ҷаҳон ба корҳое, ки дар табиат анҷом медиҳад огоҳ аст ва бар онҳо тавоност:

أَلَا يَعْلَمُ مَنْ خَلَقَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ

(“Оё касе, ки офаридааст намедонад, бо ин ки Ӯ худ борикбин аст?!” (Сураи Мулк, ояти 14)), вале Қуръон дар ин ҷиҳат низ маърифате болотар, аз мо мехоҳад, ва он ин ки ӯ бар ҳама чиз бидуни истисно огоҳ аст:

وهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

(“Ва Ӯ ба ҳар чизе донист.” (Сураи Анъом, ояти 101)) ва бар ҳама чиз бидуни истисно тавоност:

وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

(“Ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност.” (Сураи Моида, ояти 120)). Чӣ гуна аз роҳи мутолеа дар махлуқот, ки ба ҳар ҳол маҳдуданд, ба илми номутаноҳӣ ва қудрати номутаноҳӣ воқиф мешавем?

Ҳақиқат ин аст, ки мутолеаи табиат моро то марзи моварои табиат раҳбарӣ мекунад. Ин роҳ ҷоддае аст, ки то марзи моварои табиат кашида шудааст ва дар он ҷо поён меёбад ва фақат нишоне мубҳам аз моварои табиат медиҳад.

Яъне ҳаддиаксари асари мутолеаи табиат ин аст, ки бар мо равшан мекунад табиат мусаххар ва мақҳури қувва ё қувваҳои мудир ва мудаббир ва шоъир (шуъуркунанда) аст, аммо ин ки худи он қувва аз ҷое омадааст ё на? Оё азалӣ ва абадӣ аст? Оё воҳид аст ё касир? Басит аст ё мутаҷаззо? Ҷомеи ҳамаи сифоти камол аст ё на? Илму қудраташ мутаноҳӣ аст ё номутаноҳӣ? Оё қуддус аст ва дар ҳадди аълои танзеҳ аст ва ҳар гуна нақс аз ӯ маслуб аст ё на? Оё ба ҳар тараф, ки биравем ва ба ҳар сӯ, ки бингарем, ба тарафи Худо рафтаем ва ба сӯи ӯ нигаристаем? Оё ӯ аввали ҳама ва охири ҳама аст? Инҳо ва монанди инҳо, ки дар Қуръон матраҳ аст, пурсишҳое аст, ки посухи онҳоро мутолеа дар табиат намедиҳад, пас ё бояд бигӯем башар роҳе ба дарку маърифати ин гуна масоил надорад ва сирфан бояд дар баробари инҳо кӯр-кӯрона мӯътақид бошад, ва ё агар роҳе ҳаст, он роҳ ғайри роҳи диққату мутолеа дар табиат аст.

Қуръон инҳоро ба унвони як силсила дарсҳо илқо кардааст, ва аз тарафи дигар ба тадаббуру тафаккур дар оёти қуръонӣ амр кардааст, ва аз тарафе ҳам мутолеаи табиат барои ҳалли ин муаммоҳо кофӣ нест, пас ночор роҳе дигар барои фаҳми ин силсиламасоил ҳаст, ки мавриди таъйиди Қуръон аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: