Фақр

Ёддошти Амруллоҳи Низом

Дар ҷомеаи мо чанд намуди фақр вуҷуд дорад, ки зарари онҳо бештар аз фақри молӣ ва иқтисодӣ аст. Барои намуна:

1) Аксар давлатмардони мо гирифтори фақри дониш, биниш ва оянданигарӣ ҳастанд;

2) Аксари ҳукуматдорони мо гирифтори фақри ахлоқӣ, идорӣ, фарҳангӣ ва шоистасолорӣ мебошанд;

3) Бисёре аз ҷавонони мо дастбагиребони фақри идеяҳои навбанав ва корзоиянд;

4) Муъзами хонаводаҳои мо гирифтори фақри меҳру муҳаббат ва рафту омад ҳастанд;

5) Хеле аз наврасони мо гирифтори фақри шавқу ҳавас ва ҳавсалаи дарсхонӣ мебошанд;

6) Зиёда аз нисфи кӯдакони мо аз фақри навозишҳои падаронаву модарона ва ҷомеа ранҷ мебаранд;

7) Аксари ба ном мухолифони мо бо фақри ростқавлӣ, вафои ба аҳд, шуҷоъату ҷасорат дасту панҷа нарм мекунанд;

8) Аксари майдондорони мо машғули худнамоӣ, бузургнамоӣ, ва гирифтори фақри худкамбинӣ, ки воқеиятнигорӣ, ки ҳоли онҳоро тарсим кунад, ҳастанд;

9) Муъзами ба ном раҳбарони мо бар иловаи фақрҳои зикршуда бо фақри ахлоқи раҳбарӣ ва идории худ гирифтор ҳастанд;

10) Аксари ба ном равшанфикони мо гирифтори фақри дониш, адолатхоҳӣ ва таблиғу ташфиқи рӯшангароӣ мебошанд;

11) Хеле аз донишмандони мо гирифтори фақри худхоҳӣ, доништалабӣ ва фурӯтанӣ ҳастанд…

Хулоса, ҷомеаи мо пеш аз ислоҳи вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ислоҳоти ғановати ахлоқӣ ниёз дорад. Ба ибораи дигар, то ахлоқ ва рафторҳоямон дар муносибат бо худ ва Худоямонро тағйир надиҳем, вазъамон беҳтар нахоҳад шуд.

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Нақду назар

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: