Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (19)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши севвум: табъизҳо (5)

Қазо ва қадар ва масъалаи ҷабр

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки тақдири илоҳӣ ба маънои “қонун доштан ва суннат доштани ҷаҳон” аст, ишколи ҷабр аз ноҳияи эътиқод ба қазо ва қадар низ ҳал мегардад. Мо дар китоби “Инсон ва сарнавишт” дар бораи ин матлаб муфассал баҳс кардаем ва ҷӯяндагонро ба он китоб ирҷоъ мекунем. Дар ин ҷо ба таври иҷмол ва ишора мегӯем:

Ин ишкол аз ин ноҳия пайдо шудааст, ки гурӯҳе пиндоштаанд, маънои тақдири илоҳӣ ин аст, ки Худо мустақиман ва берун аз қонуни ҷаҳон, ҳар падидаеро ирода кардааст. Мансуб ба Хайём аст, ки:

Ман май хӯраму ҳар кӣ чу ман аҳл бувад,

Май хӯрдани ӯ ба назди Худо саҳл бувад.

Май хӯрдани ман Ҳақ зи азал медонист,

Гар ман нахӯрам, илми Худо ҷаҳл бувад.

Сарояндаи ин шеър пиндоштааст, ки иродаи инсон нисбат ба як кор, дар муқобили иродаи Худо ва муъориз бо он аст, ва аз ин рӯ гумон кардааст, ки агар инсон бихоҳад май нахӯрад мумкин нест, зеро иродаи Худо ин буд, ки май бихӯрад. Ва чун ирода ва илми Худо тахаллуфбардор нест, одамӣ чӣ бихоҳад ва чӣ нахоҳад, майхорагиро анҷом медиҳад.

Ин сухан бисёр суст аст ва аз рӯи мунтаҳои нодонӣ гуфта шудааст, аз ин рӯ ба сахтӣ метавон бовар кард, ки гӯяндаи он, Хайёми файласуф бошад. Ҳар файласуф ва нимафайласуфе ин қадр мефаҳмад, ки Худо на “май” хӯрдани касеро мустақиман ирода мекунад ва на “май” нахӯрдани касеро. Худо барои ҷаҳон, низоме ва қонуне падид овардааст ва ҳеч коре дар ҷаҳон, берун аз қонун анҷом намегирад. Ҳамон тавре, ки ҳеч ҳодисаи табиӣ бидуни иллати табиӣ рух намедиҳад, афъоли ихтиёрии инсонҳо низ бидуни ирода ва ихтиёри инсон рух намедиҳад. Қонуни Худо дар мавриди инсон ин аст, ки одамӣ дорои ирода ва қудрат ва ихтиёр бошад ва корҳои нек ё бадро худ интихоб кунад. Ихтиёр ва интихоб, муқаввими вуҷуди инсон аст. Инсони ғайримухтор маҳол аст. Яъне, ин ки фарз шуда инсон аст ва ғайримухтор, фақат фарз аст, на ҳақиқат. Ва агар инсон набошад, мукаллаф нест; мисли ин аст, ки гов ё улоғе сар дар хуми шароб бибарад ва бинӯшад.

Пас, қазо ва қадари илоҳӣ, ки инсонро хостааст, мухтор будани ӯро низ хостааст. Пас, май хӯрдани инсон на бар асоси ихтиёр ва интихоби худи ӯ, балки бар асоси як ҷабри илоҳӣ бар хилофи илми азалӣ аст, ва агар инсон ба ҷабри илоҳӣ май бихӯрад, илми Худо ҷаҳл бувад.

Имрӯз муҳаққиқин тардид мекунанд, ки Хайёми шоир ҳамон Хайёми файласуф бошад, эҳтимол медиҳанд — балки собит мекунанд — ки ду нафар ва ё бештар вуҷуд доштаанд ва таърих онҳоро ба ҳам омехтааст. Ба ҳар сурат, хоҳ чанд нафар ба номи Хайём буда ва ё як Хайём бо ду шахсияти мутазодд вуҷуд дошта, ин сухан, ки илми илоҳӣ ва тақдири илоҳӣ, иллати иртикоби гуноҳ шумурда шавад ба тавре, ки масъулият аз инсон, ки омили интихобкунанда аст салб гардад, ботил аст. Дар посухаш баҷо гуфта шудааст, ки:

Илми азалӣ иллати исён кардан,

Назди уқало зи ғояти ҷаҳл бувад.

* * *

Хулоса

Аз баҳси тӯлонӣ ва шояд хастакунандае, ки дар ин бахш доштем, посухи ишколи табъизҳо ва тафовутҳо бад-ин наҳв хулоса мешавад:

1) Ҷаҳони ҳастӣ бо як силсила низомот ва қонунҳои зотӣ ва лоятағайяр идора мешавад ва ба мӯҷиби он ҳар шайъ ва ҳар падида, мақом ва мартиба ва мавқеи хоссе дорад, тағйиру табдилро дар он роҳ нест;

2) Лозимаи низом доштани ҳастӣ, вуҷуди маротиби мухталиф ва дараҷоти мутафовит барои ҳастӣ аст, ва ҳамин матлаб маншаи пайдоиши тафовутҳо ва ихтилофҳо ва пайдоиши нестиҳо ва нақсҳост;

3) Тафовут ва ихтилоф, офарида намешавад, балки лозимаи зотии офаридагон мебошад, ва ин пиндор хатост, ки касе гумон кунад, офаридгор мобайни мавҷудот табъизе раво доштааст;

4) Он чи нақз бар адолат ё ҳикмат метавонад бошад, табъиз аст, на тафовут, ва он чи дар ҷаҳон вуҷуд дорад, тафовут аст, на табъиз.

* * *

Бахши чаҳорум: шурур (1)

Баҳсе дар се ҷиҳат

Он чи то кунун баҳс кардем, дар бораи табъизҳо ва тафовутҳо буд. Ҳамчунон ки қаблан гуфтем, эродот ва ишколҳои марбут ба “адли илоҳӣ” дар чанд қисмат аст: табъизҳо, фаноҳо ва нестиҳо, нақсҳо ва камбудҳо, офатҳо.

Қаблан ваъда додем, ки аз ин чаҳор навъ эрод, қисмати аввалро таҳти унвони “табъизҳо” мавриди баҳс қарор диҳем ва се қисмати дигарро таҳти унвони “шурур”. Акнун, ки аз баҳс дар бораи табъизҳо фориғ шудем, вориди баҳси шурур мешавем.

Посухе, ки ҳукамо ба масъалаи шурур додаанд, шомили се қисмат аст:

а) Моҳияти шурур чист? Оё бадиҳо ва шурур, умуре вуҷудӣ ва воқеӣ ҳастанд, ё умуре адамӣ ва нисбӣ?

б) Хоҳ шурур вуҷудӣ бошанд ва хоҳ адамӣ, оё хайрот ва шурур, тафкикпазиранд ва ё тафкикнопазир? Ва бар фарзи дуввум, ки тафкикнопазиранд, оё маҷмӯи ҷаҳон бо ҳамаи некиҳо ва бадиҳо хайр аст ё шарр? Яъне, оё хайрот бар шурур фузунӣ доранд ва ё шурури ҷаҳон бар хайроти он фузунӣ доранд? Ва ё ҳеч кадом бар дигаре фузунӣ надорад, балки мутасовиянд?

в) Хоҳ шурур вуҷудӣ бошанд ва хоҳ адамӣ, ва низ хоҳ аз хайрот тафкикпазир бошанд ва хоҳ тафкикнопазир, оё он чи шарр аст воқеан шарр аст ва ҷанбаи хайрият дар он нест, яъне лоақал поя ва муқаддимаи як ё чанд хайр нест? Ё ин ки дар даруни ҳар шарре хайр ва балки хайроте мустатир (пинҳон) аст, ҳар шарре муваллиди як ё чанд хайр аст?

Дар қисмати аввал, посухи “санавия”, ки барои ҳастӣ ду навъ мабдаъ қоил шудаанд дода мешавад. Ва бо афзудани қисмати дуввум, эроди материалистҳо, ки шурурро ишколе бар ҳикмати илоҳӣ донистаанд, ва ҳам эроди касоне, ки бо ишколи шурур адли илоҳиро мавриди хӯрдагирӣ қарор додаанд, ҷавоб дода мешавад. Қисмати севвуми баҳс, низоми зебо ва бадеъи ҷаҳони ҳастиро ҷилвагар месозад ва метавон онро посухе мустақил, вале иқноъӣ, ё мукаммале муфид барои посухи аввал донист.

* * *

Сабк ва равиши мо

Мо бо истифода аз ҳамон матолибе, ки ҳукамои ислом дар ин баҳс овардаанд, бо сабк ва тарҳе нав ба посухгӯии шубҳаи шурур пардохтаем. Ҷавобе, ки дар ин китоб арза мекунем, шомили ҳамон аносуре аст, ки дар китобҳои фалсафаи исломӣ — махсусан китобҳои Садрулмутааллиҳин — дар посухи ишколи шурур зикр гардидааст ва ҳар ду посух аз лиҳози моҳият якест. Тафовути посухи мо ва посухи онон, дар шеваи хоссе аст, ки мо иттихоз кардаем. Ва ин аз он ҷиҳат аст, ки мо масъалаи “шурур”-ро аз назари “адли илоҳӣ” мавриди мутолиа қарор додаем, дар ҳоле, ки маъмули ҳукамои ислом ин буда, ки ин масъаларо дар баҳси тавҳид ва радди шубҳаи санавия ва ё дар масъалаи “иноят ва илми илоҳӣ” ва ин ки наҳваи таъаллуқи қазои илоҳӣ ба шурур чӣ гуна аст матраҳ кунанд. Ва чун аз ин дидгоҳи махсус онро мавриди мутолеа қарор додаанд, посухи онҳо ба таври мустақим мутаваҷҷеҳи радди шубҳаи “дугонагии мабдаъ” ва ё наҳваи таъаллуқи қазои илоҳӣ ба шурур аст, фақат ба таври ғайримустақим метавон аз он дар баҳси “адли илоҳӣ” низ истифода кард.

* * *

Масъалаи дугонагии ҳастӣ

Асоси шубҳаи “санавия” ва тарафдорони онҳо — чунонки қаблан ҳам бад-он ишора шуд — ин аст, ки чун ҳастиҳо дар зоти худ ду гунаанд: ҳастиҳои хуб ва ҳастиҳои бад, ночор бояд аз ду гуна мабдаъ судур ёфта бошанд, то ҳар як аз бадиҳо ва хубиҳо ба офаринандае ҷудогона таъаллуқ дошта бошад. Дар воқеъ санавия хостаанд Худоро аз бадӣ табриа кунанд, ӯро ба шарик доштан муттаҳам кардаанд. Дар назари санавия, ки ҷаҳонро ба ду қисмати неку бад тақсим кардаанд ва вуҷуди бадиҳоро зоид балки зиёнбор медонанд ва қаҳран онҳоро на аз Худо балки аз қудрате дар муқобили Худо медонанд, Худованд ҳамчун одам бо ҳусни ният вале забуну нотавоне аст, ки аз вазъи мавҷуд ранҷ мебарад ва ба он ризоят намедиҳад, вале дар баробари рақиби ширрир ва бадхоҳе қарор дорад, ки бар хилофи майли ӯ фасодҳо ва табоҳиҳо эҷод мекунад.

“Санавия” натавонистаанд эътиқод ба қудрати номутаноҳӣ ва иродаи мусаллати Худо ва қазо ва қадари берақиби ӯро тавъам бо эътиқод ба ҳаким будан ва одил будан ва хайр будани Худо ҳифз кунанд.

Вале ислом дар айни ин ки Худоро мабдаи ҳар вуҷуд ва дорои раҳмати поённопазир ва ҳикмати болиға медонад, ба иродаи тавоно ва қудрати муқовиматнопазири ӯ низ хадша ворид намекунад, ҳама чизро мустанад ба ӯ мекунад, ҳатто шайтон ва иғвои ӯро.

Аз назари ислом, масъалаи шурур ба шакли дигаре ҳал мегардад, ва он ин аст, ки мегӯяд, бо ин ки дар як ҳисоб, умури ҷаҳон ба ду дастаи некиҳо ва бадиҳо тақсим мегардад, вале дар як ҳисоби дигар, ҳеч гуна бадӣ дар низоми офариниш вуҷуд надорад, он чи ҳаст хайр аст ва низоми мавҷуд низоми аҳсан аст, ва зеботар аз он чи ҳаст имкон надорад.

Ин гуна посухгӯӣ ба масъалаи “шурур” аз лиҳози ақлӣ, муттакӣ ба фалсафаи хоссе аст, ки дар он, масоили вуҷуд ва адам ба таври амиқе мавриди диққат қарор мегирад. Посухе, ки ин фалсафа ба “санавия” медиҳад ин аст, ки “шурур” мавҷудҳои воқеӣ ва асиле нестанд, то ба офаринанда ва мабдае ниёзманд бошанд. Ин матлабро ба ду баён метавон тақрир кард:

Адамӣ будани шарр, нисбӣ будани шарр. Бо тавзеҳи ин ду матлаб, шубҳаи дугонагии ҳастӣ ба куллӣ рафъ мешавад.

* * *

Шарр адамӣ аст

Як таҳлили содда нишон медиҳад, ки моҳияти “шурур”, адам аст, яъне бадиҳо ҳама аз навъи нестӣ ва адаманд. Ин матлаб, собиқаи зиёде дорад. Решаи ин фикр аз Юнони қадим аст. Дар кутуби фалсафа, ин фикрро ба юнониёни қадим ва хусусан Афлотун нисбат медиҳанд, вале мутааххирон онро бештару беҳтар таҷзия ва таҳлил кардаанд. Ва мо чун ин матлабро саҳеҳ ва асосӣ медонем, дар ин ҷо дар ҳудуде, ки мутаносиб бо ин китоб аст, тарҳ мекунем ва муқаддимае аз хонандагони мӯҳтарам зимни пӯзишхоҳӣ аз сангинии матлаб, дархост мекунем, андаке шикебоӣ ба харҷ диҳанд ва кӯшиш кунанд, ки мақсудро дарёбанд.

Фикр мекунем матлаб арзиш дорад, ки мавриди диққат қарор гирад, ва албатта саъй хоҳем кард, ки ҳатталимкон баёни матлаб соддатар бошад.

Мақсуди касоне, ки мегӯянд, “шарр адамӣ аст” ин нест, ки он чи ба номи “шарр” шинохта мешавад вуҷуд надорад, то гуфта шавад ин хилофи зарурат аст, ба ҳиссу аён мебинем, ки кӯрӣ, карӣ, беморӣ, зулм, ситам, ҷаҳл, нотавонӣ, марг, зилзила ва ғайра вуҷуд дорад, на метавон мункири вуҷуди инҳо шуд ва на мункири шарр буданашон. Ва ҳам ин нест, ки чун шарр адамӣ аст, пас шарр вуҷуд надорад, ва чун шарре вуҷуд надорад, пас инсон вазифае надорад, зеро вазифаи инсон мубориза бо бадиҳо ва бадҳо ва таҳсили хубиҳо ва таъйиди хубҳост, ва чун ҳар вазъе хуб аст ва бад нест, пас бояд ба вазъи мавҷуд ҳамеша ризо дод ва балки онро беҳтарин вазъи мумкин донист.

Дар қазоват аҷала накунед. На мехоҳем мункири вуҷуди кӯриву карӣ ва ситаму фақру беморӣ ва ғайра бишавем ва на мехоҳем мункири шаррияти онҳо бишавем ва на мехоҳем салби масъулият аз инсонҳо бикунем ва нақши инсонро дар тағйири ҷаҳон ва такмили иҷтимоъ нодида бигирем. Такомулӣ будани ҷаҳон — ва ба хусус инсон — ва рисолати инсон дар сомон додани он чи бар ӯҳдааш гузошта шудааст, ҷузъе аз низоми зебои ҷаҳон аст. Пас, сухан дар инҳо нест, (балки) сухан дар ин аст, ки ҳамаи инҳо аз навъи “адамиёт” ва “фуқдонот” мебошанд ва вуҷуди инҳо аз навъи вуҷуди “камбудҳо” ва “халаъҳо” аст. Ва аз ин ҷиҳат шарр ҳастанд, ки худ нобудӣ ва нестӣ ва ё камбудӣ ва халаъ ҳастанд, ва ё маншаи нобудӣ ва нестӣ ва камбудӣ ва халаъанд. Нақши инсон дар низоми такомулии зарурии ҷаҳон, ҷуброни камбудҳо ва пур кардани халаъҳо ва решакан кардани решаҳои ин халаъҳо ва камбудҳост.

Ин таҳлил агар мавриди қабул воқеъ шавад, қадами аввал ва марҳилаи аввал аст. Асараш ин аст, ки ин фикрро аз мағзи мо хориҷ мекунад, ки шурурро кӣ офаридааст? Чаро баъзе вуҷудот хайранд ва баъзе шарр? Равшан мекунад, ки он чи шарр аст, аз навъи ҳастӣ нест, балки аз навъи халаъ ва нестӣ аст, ва заминаи фикри санавиятро, ки муддаӣ аст, ҳастӣ душохаӣ ва балки дурешаӣ аст, аз миён мебарад.

Аммо аз назари адли илоҳӣ ва ҳикмати болиға, ҳанӯз мароҳили дигаре дорем, ки баъд аз тайи ин марҳила, бояд онҳоро тай кунем.

Хубиҳо ва бадиҳо дар ҷаҳон, ду дастаи мутамойиз ва ҷудо аз якдигар нестанд он тавре, ки масалан ҷамодот аз наботот, ва наботот аз ҳайвонот ҷудо ҳастанд ва саффҳои хоссеро ба вуҷуд меоваранд. Ин хатост, ки гумон кунем бадиҳо як радаи муайяне аз ашё ҳастанд, ки моҳияти онҳоро бадӣ ташкил дода ва ҳеч гуна хубӣ дар онҳо нест. Ва хубиҳо низ ба навбаи худ, дастае дигаранд ҷудо ва мутамойиз аз бадиҳо. Хубӣ ва бадӣ омехта ба ҳаманд; тафкикнопазир ва ҷудоношуданӣ ҳастанд. Дар табиат, он ҷо, ки бадӣ ҳаст, хубӣ ҳам ҳаст, ва он ҷо, ки хубӣ ҳаст, ҳамон ҷо бадӣ низ вуҷуд дорад. Дар табиат, хубу бад чунон бо ҳам сиришта ва омехтаанд, ки гӯӣ бо якдигар таркиб шудаанд, аммо на таркибе шимиёӣ, балки таркибе амиқтар ва латифтар, таркибе аз навъи таркиби вуҷуду адам.

Вуҷуду адам, дар хориҷ ду гурӯҳи ҷудогонаро ташкил намедиҳанд. Адам, ҳечу пуч аст ва наметавонад дар муқобили ҳастӣ, ҷои хоссе барои худ дошта бошад, вале дар ҷаҳони табиат, ки ҷаҳони қувва ва феъл, ва ҳаракату такомул, ва тазодду тазоҳум аст, ҳамон ҷо, ки вуҷудҳо ҳастанд, адамҳо низ сидқ мекунанд. Вақте аз “нобиноӣ” сухан мегӯем, набояд чунин ангорем, ки “нобиноӣ” шайъи хосс ва воқеияти малмусе аст, ки дар чашми нобино вуҷуд дорад. На, “нобиноӣ” ҳамон фуқдон ва надоштани “биноӣ” аст ва худ, воқеияти махсусе надорад.

Хубӣ ва бадӣ низ ҳамчун ҳастӣ ва нестӣ аст, балки асосан хубӣ айни ҳастӣ, ва бадӣ айни нестӣ аст. Ҳар ҷо, ки сухан аз бадӣ меравад, ҳатман пойи як нестӣ ва фуқдон дар кор аст. “Бадӣ” ё худаш аз навъи нестӣ аст ва ё ҳастие аст, ки мусталзими навъе нестӣ аст, яъне мавҷуде аст, ки худаш аз он ҷиҳат, ки худаш аст хуб аст, ва аз он ҷиҳат бад аст, ки мусталзими як нестӣ аст, ва танҳо аз он ҷиҳат, ки мусталзими нестӣ аст бад аст на аз ҷиҳати дигар. Мо, нодонӣ, фақр ва маргро бад медонем. Инҳо зотан нестӣ ва адаманд. Газандагон, дарандагон, микробҳо ва офатҳоро бад медонем. Инҳо зотан нестӣ нестанд, балки ҳастиҳое ҳастанд, ки мусталзими нестӣ ва адаманд.

“Нодонӣ” фуқдон ва набудани илм аст. Илм, як воқеият ва камоли ҳақиқӣ аст, вале ҷаҳлу нодонӣ, воқеият нест. Вақте мегӯем: “Нодон фоқиди илм аст”, чунин маънӣ намедиҳад, ки вай сифати хоссе ба номи “фуқдони илм” дорад ва донишмандон он сифатро надоранд. Донишмандон қабл аз ин ки дониш биёмӯзанд, ҷоҳиланд. Замоне, ки таҳсили илм мекунанд, чизе аз даст намедиҳанд, балки мунҳасиран чизе ба даст меоваранд. Агар нодонӣ, як воқеияти ҳақиқӣ буд, таҳсили илм чун ҳамроҳ бо аз даст додани нодонӣ аст, сирфан табдили як сифат ба сифати дигар мебуд; дуруст монанди он ки ҷисме шаклу кайфиятеро аз даст медиҳад ва шаклу кайфияти дигаре пайдо мекунад.

“Фақр” низ бечизӣ ва нодорӣ аст, на дороӣ ва мавҷудӣ. Он ки фақир аст, чизеро ба номи сарват фоқид аст, на он ки ӯ ҳам ба навбаи худ чизе дорад ва он фақр аст, ва фақир ҳам монанди ғанӣ аз як навъ дороӣ баҳраманд аст; чизе, ки ҳаст ғанӣ дорои сарват аст ва фақир дорои фақр.

“Марг” ҳам аз даст додан аст, на ба даст овардан. Аз ин рӯ ҷисме, ки сифати ҳаётро аз даст медиҳад ва ба ҷамоде табдил мешавад, таназзул ёфтааст на тараққӣ.

Аммо газандагон, дарандагон, микробҳо, селҳо, зилзилаҳо ва офатҳо, аз он ҷиҳат бад ҳастанд, ки мӯҷиби марг ё аз даст додани узве ё нерӯе мешаванд ё монеъ ва садди расидани истеъдодҳо ба камол мегарданд. Агар газандагон, мӯҷиби марг ва беморӣ намешуданд, бад набуданд. Агар офатҳои наботӣ мӯҷиби нобудии дарахтон ё меваи онҳо намешуданд, бад набуданд. Агар селҳо ва зилзилаҳо талафоти ҷонӣ ва молӣ ба бор намеоварданд, бад набуданд. Бадӣ дар ҳамон талафот ва аз даст рафтанҳост. Агар дарандаро бад меномем, на ба он ҷиҳат аст, ки моҳияти хосси он, моҳияти бадӣ аст, балки аз он ҷиҳат аст, ки мӯҷиби марг ва салби ҳаёт аз дигаре аст. Дар ҳақиқат, он чи зотан бад аст, ҳамон фуқдони ҳаёт аст. Агар даранда вуҷуд дошта бошад ва дарандагӣ накунад, яъне мӯҷиби фуқдони ҳаёти касе нашавад, бад нест, ва агар вуҷуд дошта бошад ва фуқдони ҳаёт таҳаққуқ ёбад, бад аст.

Аз назари робитаи иллату маълулӣ, ғолибан ҳамон фуқдоноти воқеӣ, яъне фақру ҷаҳл, сабаби умуре монанди микроб ва сел ва зилзила ва ҷанг ва ғайра мешаванд, ки аз навъи бадиҳои қисми дуввум мебошанд, яъне мавҷудоте ҳастанд, ки аз он ҷиҳат баданд, ки маншаи фуқдонот ва нестиҳо мешаванд.

Мо дар мубориза бо ин навъ аз бадиҳо, бояд аввал бо бадиҳои навъи аввал мубориза кунем ва халаъҳое аз қабили ҷаҳлу аҷзу фақрро пур кунем, то бадиҳои навъи дуввум роҳ пайдо накунад.

Дар мавриди корҳои ахлоқӣ ва сифоти зишт низ ҷараён аз ҳамин қарор аст. Зулм бад аст, зеро “ҳаққ”-и мазлумро поймол мекунад. Ҳаққ, чизе аст, ки як мавҷуд истеҳқоқи онро дорад ва бояд онро дарёфт кунад. Масалан, илм барои инсон як камол аст, ки истеъдоди инсонӣ онро металабад ва ба сӯи он раҳсипор аст ва ба ҳамин далел истеҳқоқи онро дорад. Агар ҳаққи омӯзишро аз касе салб кунанд ва ба ӯ иҷозаи таълим надиҳанд, зулм аст ва бад аст, зеро монеъи камол ва мӯҷиби фуқдон шудааст. Ҳамчунин зулм барои худи золим низ бад аст аз он ҷиҳат, ки бо истеъдодҳои олии ӯ музоҳимат дорад. Агар золим, ғайр аз қувваи ғазабия, қувваи мофавқи он надошт, зулм барои ӯ бад набуд, балки зулм барои ӯ мафҳум надошт.

Акнун, ки дониста шуд, бадиҳо ҳама аз навъи нестӣ ҳастанд, посухи “санавия” равшан мегардад. Шубҳаи санавия ин буд, ки чун дар ҷаҳон ду навъ мавҷуд ҳаст, ночор ду навъ мабдаъ ва холиқ барои ҷаҳон вуҷуд дорад.

Посух ин аст, ки дар ҷаҳон як навъ мавҷуд беш нест, ва он хубиҳост. Бадиҳо ҳама аз навъи нестӣ аст ва нестӣ махлуқ нест. Нестӣ аз “халқ накардан” аст, на аз “халқ кардан”. Наметавон гуфт, ҷаҳон ду холиқ дорад: яке холиқи ҳастиҳо ва дигар холиқи нестиҳо. Масали ҳастӣ ва нестӣ, масали офтобу соя аст. Вақте шохисеро дар офтоб насб мекунем, қисматеро, ки ба сабаби шохис торик монда ва аз нури офтоб равшан нашудааст, “соя” меномем. Соя чист? “Соя” зулмат аст, ва зулмат чизе ҷуз “набудани нур” нест. Вақте мегӯем, нур аз конуни ҷаҳонафрӯзи хуршед ташаъшуъ ёфтааст, набояд пурсид, ки соя аз куҷо ташаъшуъ карда ва конуни зулмат чист? Сояву зулмат аз чизе ташаъшуъ накарда ва аз худ, мабдаъ ва конуни мустақилле надорад.

Ин аст маънии сухани ҳукамо, ки мегӯянд: “шурур” маҷъули биззот нестанд, маҷъули биттабаъ ва биларазанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: