Тавофуқи маҳрамонаи Туркия ва Сурия бар сари Ифрин ва Идлиб

Таҳлиле аз Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Пас аз он ки Омрико ба тамосҳои пушти сари ҳами раҳбарони “Ягонҳои мудофеи халқи курд” дар Ифрин посух надод, худи давлати худмухтори ин устон ба Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурия ва давлати ӯ барои кӯмак рӯй овард ва дар баёнияе расмӣ, дахолати Димишқ барои анҷоми вазоифи худ дар қиболи Ифрин ва муҳофизат аз марзҳои он ва шаҳрвандони сурӣ дар баробари ҳамалоти ишғолгари Туркияро хостор шуд.

Дар ин баёния омадааст: “Устони Ифрин бахши ҷудоинопазир аз Сурия аст ва акнун ин устон бо таҷовузи ваҳшиёна рӯ ба рӯ шуда, ки тамомияти арзии Сурия ва зиндагии ғайринизомиёни сокини Ифринро таҳдид мекунад.”

Ин забони ҷадид ва ноошно барои Асад, раисиҷумҳури Сурия ва кобинаи ӯ, ҳеч вокуниши сареъ аз Димишқ, ҳаддиақал то замони навишта шудани ин мақола пайдо накардааст, аз ҳамин рӯ ин назария то ҳадде эътибор дорад, ки Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, танҳо пас аз гирифтани “чароғи сабз” аз Русия ва ҳеч эътирозе аз сӯи Эрон ва давлати Сурия ба шаҳри Ифрин юриш бурдааст.

Ҳизби иттиҳодияи демукротики курд, ки контроли шаҳрҳои Ифрин ва Манбаҷ ва атрофи он дуро дар даст дорад, шохаи низомии он тайи шаш соли гузашта ба таври мустақил аз Димишқ фаъолият мекард ва ҳаргиз ҳокимияти Сурия бар ин ду шаҳр ва дигар манотиқи шимоли Сурияро ба расмият намешинохт. Илова бар ин, ҳизби мазкур пешниҳоди Русия дар бораи вуруди артиши Сурия ба ин ду шаҳр барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ҳамлаи Туркияро рад кард ва такя ба муттаҳиди омрикоии худро тарҷеҳ дод.

* * *

Афроде, ки аз шимоли ғарбии Сурия омадаанд, аз бародарони курдӣ дар Ифрин талхтарин шикоятҳоро доранд ва таъкид мекунанд, ки онҳо иҷоза намедиҳанд, ки суриҳои араб бидуни иҷозаи қаблӣ вориди ин минтақа шаванд ва бояд ҳазинаҳои зиёде барои вуруд ба он ҷо пардохт кард. Яке аз аҳолии ин минтақа таъйид кард, ки шӯрои иҷроии устони Ифрин ҳатто захоири пулии бештаре нисбат ба хазонаи Сурия дорад, он ҳам ба лутфи сарватҳои ин устон ва молиёт ва аворизе, ки аз ҳамлу нақли комиюнҳо ва ғайра ба даст меоваранд.

Давлати Сурия бо курдҳои сокини хоки худ ба гунае рафтор кард, ки ҳамтоёни онҳо дар кишварҳои ҳамсоя бархӯрдор нестанд, зарфи чанд ҳафта беш аз 300 ҳазор нафар аз онҳо, ки қабл ва дар тайи бӯҳрон аз Туркия гурехта ва ба хоки Сурия паноҳ оварданд, тобеияти сурӣ гирифтанд, чун ба дунболи як зиндагии шарофатмандона ба дур аз фишорҳо ва хатарҳои нажодӣ ва фирқаӣ буданд, аммо бо ин вуҷуд аз пушт ба Сурия ханҷар заданд ва ҳамдасти пружаҳои Омрико барои таҷзияи Сурия шуданд.

Мо намедонем ҷузъиёти тарҳи мавриди тавофуқи Сурия, Туркия ва Эрон таҳти ҳимояти Русия дар бораи Ифрин чист ва чӣ касе ҳаққи ҳокимият дар минтақаи амне дорад, ки Туркия мехоҳад дар умқи 30 километрии Ифрин эҷод кунад ва бо чӣ чиз аз марзҳои Туркия муҳофизат мекунад.

Раҷаб Тайиб Ардуғонро, ки барои нахустин бор дар 14 соли гузашта дар либоси низомӣ дар ҳоли сар задан ба нерӯҳояш дар марзҳо дидем, гуфт, ки ба дунболи нобудии теруризм ва искони муҷаддади се милюну ним паноҳандаи сурӣ дар минтақаи амн аст ва идораи онро ба “Артиши озод”-и Сурия ва на артиши Сурия таҳвил хоҳад дод; чизе, ки бо таваҷҷӯҳ ба тавофуқоти маҳрамона ва гумоназаниҳо қобили интизор буд.

“Артиши озод”-и Сурия як давлат нест ва шомили даҳҳо ҷиноҳ ва воҳидҳои мусаллаҳи мухолифи низоми Димишқ аст ва дар ҳоли ҳозир дастурот ва дастуруламалҳояшро аз Онқоро дарёфт мекунад, оё ин иқдом қонунӣ аст? Оё агар артиши Сурия барои бозпасгирии Ифрин ва ҳифозат аз ин минтақаи ҷудошуда аз хоки Сурия пешравӣ кунад, “Артиши озод” метавонад дар баробари артиши Сурия истодагӣ кунад?

Суоли дигаре, ки бояд пурсид ин аст, ки оё Ардуғон мехоҳад минтақае бо аксарияти муҳоҷирони “арабӣ”-и Сурия ва таҳти ҳимояти “Артиши озод” ва таҳти назорати артиши Туркия эҷод кунад? Ба гунае, ки курдҳоро дар ақаллият қарор диҳад ва посухи Русия ва посухи Сурия дар ин маврид чӣ тавр аст?

Як рӯзноманигори машҳури Туркия, ки хост номаш фош нашавад, аз иртибототи маҳрамона миёни Сурия ва Туркия тайи ин рӯзҳо барои ҳамоҳангии мавозеъ нисбат ба манотиқи Ифрин ва Идлиб хабар дод. Ӯ гуфтааст, ки Ардуғон пас аз тасаллут бар Ифрин, он ҷоро ба нерӯҳои русӣ таҳвил хоҳад дод ва Русия ҳам ба нақши худ дар таҳвили ин минтақа ба давлати Сурия амал хоҳад кард. Ва ин ба маънои вуруди артиши Сурия ба Ифрин аст. Аз ҳамин рӯ Русия дар вокуниши расмӣ ба дархостҳои кӯмаки шӯрои иҷроии риёсатии ҳоким бар Ифрин таъаммул кардааст.

Ба эътиқоди нависанда ва рӯзноманигори туркӣ, чизе, ки Ардуғонро ба хашм овард ин аст, ки бахши бузурге аз силоҳҳои мудерни Омрико, ки барои “Артиши Сурияи демукротик” фиристода шуд, дар дасти ПКК ва дар анборҳои мустаҳками он дар кӯҳҳост, ва ҳамин қазия муфассири баёноти раисиҷумҳури Туркия дар бораи ин аст, ки коридореро, ки дар имтидоди марзи Сурия ва Туркия аст, аз теруризм поксозӣ мекунад.

Бори дигар муъзали бародарони курдӣ марбут ба эътимоди онҳо ба Омрико ва “Исроил” мешавад, ки аз онҳо ба унвони баргае барои ҳаллу фасли ҳисобҳои худ бо кишварҳои минтақа‎ӣ монанди Туркия, Эрон, Сурия ва Ироқ истифода карданд. Агар курдҳо дар Ифрин ва Манбаҷ вуруди артиши Сурия ба манотиқи худро пазируфта буданд, на ин ки нерӯҳои омрикоӣ вориди Манбаҷ шаванд, шояд дар ҳоли ҳозир дар маърази ҳамалоти Туркия қарор нагирифта буданд ва бидуни ҳеч гуна ҳимоят аз сӯи касе ба танҳоӣ бо он мувоҷеҳ намешуданд.

* * *

Раисиҷумҳури Туркия хеле хуб медонад, ки интихоботи зудҳангоми соли оянда таъйид мешавад ва бузургтарин мушкили ӯ ва ҳизби ӯ ҳузури севу ним милюн паноҳандаи сурӣ дар Туркия аст ва то вақте, ки аз ин масъала, ки барои аксари мардуми Туркия ҳассос аст, халос шавад, бояд роҳи ҳаллҳои сареъро пайдо кунад, то ин интихоботро аз даст надиҳад.

Ардуғон ду роҳи ҳал барои ин мушкили паноҳандагон дорад: нахуст тасреъи суқути низоми Сурия ва бозгардондани табиии паноҳандагон ба шаҳрҳо ва рустоҳояшон, ё ин ки онҳоро дар манотиқе амн дар дохили Сурия искон диҳад ва Ифрин як намуна аз онҳо бошад.

Суқути низом дар Димишқ дар ояндае, ки пешбинӣ мекунем, ғайримумкин шудааст, аммо искони муҷаддади паноҳандагон дар Сурия танҳо бо мувофиқати давлат ва артиши Сурия мумкин мешавад, дар ғайри ин сурат, Туркия ба доми ҷанги фарсоишии чӣ басо тӯлонӣ хоҳад афтод.

Ин муомила, дигар Ифрин дар изои Идлиб нест, балки Идлиб ва Ифрин ҳар ду бори дигар ба оғӯши давлати Сурия бозмегарданд, он ҳам дар изои ин ки курдҳои Сурия ба ҳафт сол пеш бозгарданд, яъне дар сояи низоми кунунӣ зиндагӣ кунанд ва сақфи мутолиботи ҷудоиталабонаи худро коҳиш диҳанд, назири чизе, ки дар Курдистони Ироқ иттифоқ афтод ва Валид Алмуаллим, бузургмарди дастгоҳи диплумосии Сурия, бе ҷиҳат нагуфта, ки давлат монеъе дар баррасии идеяи худмухторӣ додан ба курдҳо дар Сурия нест ва Путин беҳтар медонад.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: