Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (162)

Худои ҷаҳон ва ҷаҳон (4)

Муқаддима (4)

Муаллифи донишманди китоби “Роҳи тайшуда”, ки мӯътақид аст роҳи Худошиносӣ мунҳасиран ҳамон роҳи ҳиссу табиат аст, дар баҳси “тавҳид” пас аз тавзеҳи норасоӣ дар бораи таърихи дин ва парастиш ва натоиҷи илму фалсафа ва ишора ба ин ки роҳҳои ақлӣ ва фалсафӣ бероҳа буд ва илми имрӯз, ки ҳиссӣ ва таҷрибӣ аст, асоси тавҳидро эҳё намуд, мегӯянд:

Мехоҳем бибинем, илм чӣ гуна тавҳидро эҳё намуд? Агар аз як донишманд бипурсед, илм чист?, билохира хоҳад гуфт: илм яъне равобите, ки дар табиат миёни иллатҳо ва маълулҳои машҳуд вуҷуд дорад. Ҳар муҳаққиқе, ки дар озмоишгоҳ саргарми таҷрибиёт мешавад, ва мутафаккире, ки дар авзои иҷтимоъ ғавр менамояд, ҳадафе ҷуз ин надорад, ки аввалан, ҳаводис ва қазияҳои табиатро мӯшикофӣ карда дақиқан бишносад. Ва сониян, решаи ин ҳаводис ва қазияҳо ва иртиботеро, ки мобайни онҳо вуҷуд дорад, кашф кунад. Ҳеч донишманде нест, ки кучактарин шайъ ё ҳодисаеро мустақил ва иттифоқӣ дониста ба як шайъи дигар ё иллате нисбат надиҳад, ва билъакс заъифтарин амалеро зойеъшуда ва беасар пиндорад. Бинобар ин, илм сареҳан ё талвеҳан муттакӣ бар қабули вуҷуди иллату маълул аст ва мункири истиқлоли зотӣ ё иттифоқӣ будани ашё мебошад… Олим на танҳо мӯътақид ба ҳақиқат мебошад ва дунёро пучу беасос намепиндорад, балки яқин ба вуҷуди як интизоми куллӣ ва иртиботи қатъӣ, ки ҳоким бар табиат аст низ дорад. Илова бар ин, ҳеч муҳаққиқе нест, ки агар дар гӯшаи озмоишгоҳи худ рӯи як ҳодисаи кучаке қонунеро кашф намуд, он қонунро дар ҳар ҷои дигари табиат ҷорӣ ва сорӣ надонад ва ҳатто то охирин сарҳадди афлок ва то қадимтарин рӯзгор эъмол накунад. Яъне дар воқеъ ҳақиқати макшуфро ҳамаҷоӣ ва лоязол мешиносад. Бинобар ин, донишманд амалан мӯътақид аст, ки ҳеч чизи табиат бе асосу маншаъ набуда як назми воҳиди мутқани азалӣ дар саросари дунё ҷараён дорад. Худопараст чӣ мегӯяд? Ӯ мегӯяд, дунё дорои мабдаъ ва асос буда як нозими воҳиди азалии қодире ба номи “Худо” бар саросари он ҳукумат мекунад. Танҳо тафовут дар ин аст, ки олим сӯҳбат аз назм мекунад, ва муваҳҳид нозимро исм мебарад. Қуръон ҳам ғайр аз ин чизе намегӯяд, балки Худоро ба унвони касе муаррифӣ менамояд, ки замину осмонҳоро сириштааст, рӯзу шабро дар пайи якдигар дармеоварад, донаву дарахтро мешикофад, ҷисми мурдаро табдил ба вуҷуди зинда ва зиндаро мунқалиб ба мурда мекунад, борон ба замин мерасонад. Дар воқеъ тамоми ҳаракот ва атвори табиатро, ки мушрикин ба худоён ё ба манбаъҳои мухталиф нисбат медоданд, Қуръон марбут ва ношӣ аз як ҷо мегирад…

* * *

Албатта мо ҳам мӯътақидем, ки илми ҷадид кӯмаки фаровоне ба тавҳид ва Худошиносӣ намуд, мо ҳам мӯътақидем гомҳои улум дар ҷиҳати тавҳид буда, на дар ҷиҳати зидди он, ва наметавонист ҷуз ин бошад. Аммо хидмате, ки улум ба тавҳид намуд, аз роҳи “низоми ғоӣ” буд, на “низоми фоилӣ”, ки муаллифи донишманди китоби “Роҳи тайшуда” ба он истинод ҷустаанд. Хадамоти улум ба тавҳид аз ин роҳ буд, ки улум то ҳудуди зиёде дар дили табиат роҳ ёфт ва то ҳар ҷо, ки рафт, беш аз пеш ба назми дақиқи сохтмони ашё ва робитаи ташкилоти дохилии ашё бо як силсила ҳадафҳои пешбинишуда пай бурд. Ва ба иборати дигар, улум ҳар андоза, ки бештар ба рози дарунии ашё пай бурд, бештар ба мусаххар будани табиат ва ба худ вогузор набудани он имон ва изъон пайдо кард. Ҳадафи Қуръон ҳам аз даъват ба мутолеаи ҳиссӣ ва таҷрибии табиат аз назари Худошиносӣ, ин аст, ки ба махлуқ ва мусаххар будани табиат ва ин ки қуввае мофавқи қувваҳои табиӣ, табиат ва қувваҳои табиатро идора ва тадбир мекунад, пай бибарем ва имон пайдо кунем.

Мутолеаи ҳиссии табиат ва тафаккур дар замину осмон ва он чӣ дар онҳост, аз назари тавҳид ва Худошиносӣ, кайфият ва моҳияте дорад ва ҳадду рисолате. Кайфият ва чигунагиаш ин аст, ки низомоти дохилии ашё мавриди диққат қарор гирад, то равшан шавад, ки қувваҳои табиат барои таъмини як силсила ҳадафҳо фаъолият мекунанд ва миёни фоилҳо ва ғоятҳо робитаи мустақим барқарор аст. Аммо ҳадду рисолаташ ин аст, ки махлуқияти табиат ва вуҷуди қувва ё қувваҳои шоъир (шуъуркунанда) ва ҳоким бар табиатро бар мо равшан мекунад, ва беш аз ин, рисолате надорад ва наметавонад дошта бошад. Ин аст, ки гуфтем, роҳи мутолеаи табиат аз назари тавҳид ва Худошиносӣ, ҷоддае аст, ки танҳо то марзи моварои табиат кашида шудааст.

Аммо низоми фоилӣ, ки муаллифи донишманди он китоб бад-он тамассук ҷустаанд, кучактарин хидмате ба тавҳид накарда ва наметавонистааст бикунад. Улум аз назари низомоти фоилӣ, танҳо коре, ки мекунад ин аст, ки ба қавли шумо, собит мекунад, ки ҳеч падидае мустақил ва иттифоқӣ нест, балки вобаста ба падидаҳо ё падидаҳои дигар аст, ва ҳам собит мекунад, ки падидаҳо маълули дахолати худоён ва мавҷудоти номаръӣ, ки мушрикин ва ғайри мушрикин ҳаводисро бад-онҳо тавҷеҳ мекарданд нест, ва аз ин рӯ собит мекунад як низоми мутқани иллӣ ва маълулӣ миёни худи падидаҳо ҳукмфармост ва ин ришта аз бениҳоят сарчашма гирифта ва то бениҳоят идома дорад. Аммо куҷои ин матлаб бо тавҳид иртибот дорад? Магар моддигароён, ки мункири Худо ҳастанд, вуҷуди низоми мутқани иллӣ ва маълулиро ба ин сурат инкор доранд?

Оё Худо, ки анбиё бад-он даъват карданд, яъне “маҷмӯи низоми ғайримутаноҳии иллату маълул”?!

Ин ки табиат дар ҳама ҷо яксон амал мекунад, далеле ҷуз бар ваҳдати навъии аносури табиат нест ва ба ҳеч ваҷҳ бар вуҷуди қувваи воҳиди аҳади самади басити ғайримутаҷаззои собити доими азалии қоҳири ғолиб далолат намекунад.

Оё ин сухан пазируфтааст, ки вуҷуди мавҷуди воҳиди азалии ҳайи фаъоли алими қадири муриди самиъи басири мусаллат ва қоҳир бар табиат ва холиқ ва офаринандаи он, аз сохтаҳои фалсафаи Юнон аст, ва пайғамбарон чунин чизе нагуфтаанд, пайғамбарон омадаанд, ки мардумро ба табиат даъват кунанд ва эътиқод ба худоён ва арвоҳу шаётинро аз байн бибаранд?! Оё ин ҷуз сипар андохтан дар муқобили моддигароён аст?! Низоми фоилии иллату маълул метавонад дар масоили тавҳид мавриди истифода қарор гирад, вале ба мафҳуми фалсафии иллату маълул, на ба мафҳуми илмии он. Мафҳуми “илмии” иллату маълул иборат аст аз робита ва пайвастагии вуҷудии ҳаводиси замонӣ, ки пай дар пай якдигарро таъқиб мекунанд ва дар матни замон пушти сари якдигар қарор гирифтаанд. Аммо мафҳуми “фалсафии” он аз як таҳлили ақлӣ сарчашма мегирад, ки ҳар ҳодиса ба далели алоими имкон, “мумкин” шинохта мешавад ва ба далели ниёзи зотии мумкин ба иллат ҳудусан ва бақоан, вуҷуди иллате муқорин ва ҳамзамон ва муҳит бар ӯ кашф мешавад, сипас он иллати муқорин дар миёни ду фарзи “мумкин” ва “воҷиб” қарор мегирад, ва бино бар фарзи мумкин будан, ба далели имтиноъи тасалсул дар иллатҳои муқорин, вуҷуди воҷиб дар раъси силсила исбот мегардад.

Аз назари фалсафа, иллатҳое, ки улум онҳоро “иллатҳо” мешиносанд, муъиддотанд, на иллатҳо, ва ба иборати дигар, маҷро мебошанд, на эҷодкунанда ва офаринанда. Дар ин гуна иллатҳо, тасалсул —  яъне риштаи бениҳоят — ба ҳеч ваҷҳ имтиноъ надорад.

Ба ҳар ҳол, хидмате, ки улум ба тавҳид мекунад, аз роҳи низомоти ғоист, ки дар китоби “Роҳи тайшуда” бад-он истинод ҷуста нашудааст, аммо аз роҳи низомоти фоилӣ, ки бад-он истинод ҷуста шудааст, улум ҳеч гуна хидмате наметавонанд бикунанд, ва танҳо фалсафа аст, ки аз ин роҳ метавонад хидмат кунад.

Ҳақиқат ин аст: роҳе, ки муаллифи донишманди “Роҳи тайшуда” бо камоли сафо ва хулуси ният тай кардааст, ончунон бероҳа аст, ки маҷоле барои истидлол аз роҳи “низоми ғоӣ”, ки донишмандон ба иқтибос аз Қуръони Маҷид онро роҳи “итқони сунъ” истилоҳ кардаанд, намегузорад.

Китоби номбурда пас аз баҳси боло ишколе тарҳ мекунад ва ба посухи он мепардозад; мегӯяд:

Ишколе, ки донишмандони ғайри Худопараст доранд ин аст, ки мегӯянд, чӣ гуна касеро, ки намешиносем ва наметавонем тавсиф кунем, қабул намоем? Ба илова, вақте, ки ба Худо қоил шудем, бояд пайи он биравем, ки ӯ аз куҷо омада ва чӣ гуна дуруст шудааст? Пас, чун масъала ҳал намешавад.., беҳтар аст пойи худро аз ҳудуди маҳсусоти табиат фаротар нагузорем ва аз вуҷуду адами Худо феълан сӯҳбат накунем. Дар ҷавоби оқоён бояд гуфт: аввалан, ҳеч пайғамбаре (ва бино бар ин худи Худо) нахоста мо Худоро камоҳува (чунонки ҳаст) бишносем ва васф кунем, саҳл аст, ки манъ ҳам кардаанд ва он чиро мо битавонем васф ё дарк кунем, ночор аз навъи худамон аст, пас Худо нест. Бинобар ин, таваққӯи чунин маърифатеро феълан набояд аз худ дошта бошем. Сониян, вақте ақибу ҷилав рафтани маҷҳул тафовут намекунад, чаро бар хилофи одат ва маъмуле, ки дар ҳама чиз ва ҳама ҷо дошта барои ҳар феъл фоиле ва барои ҳар назм нозимеро суроғ медиҳем, дар мавриди фоили кулл ва нозими аслӣ ин қадр лиҷоҷ ба харҷ диҳем ва такаббур ва таҷоҳул намоем?! Вақте ба қонун эҳтиром мегузорем, чаро ба қонунгузор беэътино бошем?!

Аҷабо! Оё маънии шинохтани Худо, ки ин ҳама бад-он таъкид шуда ин аст, ки чунин тасаввуре мубҳам ва норасо дар бораи Худо дошта бошем?! Оё маънии ин ки мо Худоро наметавонем камоҳува бишносем ва ба кунҳи зоту сифоти ӯ иҳота пайдо кунем, ин аст, ки дар қадами аввал ланг бимонем, то он ҷо, ки аз посух ба соддатарин ва аввалин пурсишҳо дар бораи Худо нотавон бимонем ва он гоҳ узри нотавонии худро ба гардани ислом бигузорем ва бигӯем: ислом асосан тафаккур ва андеша дар бораи ин гуна масоилро таҳрим кардааст?!

Ҳар гоҳ касе дар бораи Худо биандешад ва ё ба касе ин андешаро илқо кунад, ки Худо он мавҷудест, ки ҷаҳонро офаридааст, аввалин ва соддатарин пурсише, ки ба зеҳн меояд ин аст, ки Худоро кӣ офаридааст? Агар бино шавад дар ҳамин ҷо ланг бимонем, Худошиносӣ мафҳуме нахоҳад дошт. Ба илова, дар ин сурат чӣ тафовутест миёни тавҳиди исломӣ ва таслиси масеҳӣ аз ҷанбаи нотавонии ақл ба посухгӯӣ ба соддатарин суолот? Бино бар баёни фавқ, ҳар гоҳ гурӯҳи моддигароён эроду ишколеро дар мавриди Худо тарҳ кунанд ва аз мо бипурсанд, мо бояд бар равиши қудамои Аҳли ҳадис шонаҳоро боло биандозем ва абрӯҳоро дар ҳам кашем ва бигӯем:

السؤال بدعة

(“Пурсидан бидъат аст”)? Рӯи Ҳанобила сафед!

Вонгаҳе бино бар мантиқи гузашта, ки ҳар роҳи дигар ғайри роҳи улуми ҳиссӣ ва таҷрибӣ ботил аст ва улум ҳам танҳо коре, ки мекунад ин аст, ки низоми бениҳояти иллату маълули ҷаҳонро ба мо мешиносонад, дигар “фоили кулл” ва “нозими аслӣ” маънӣ надорад. Бино бар ин мантиқ, ҳар чӣ ҳаст феълҳо ва фоилҳост, ки дар бистари замону макон пушти сари ҳам ва дар канори ҳам қарор гирифтаанд, назму қонун низ чизе ҷуз тараттуби муназзами феълҳои бениҳоят бар фоилҳои бениҳоят нест. Бино бар ин мантиқ, ҷое барои фоили кулл ва сонеъи кулл, ки табъан худ фоил ва сонеъе надорад, боқӣ намемонад.

* * *

Маҳдуд будани мафоҳими алфоз ва калимот аз як тараф, ва унси азҳон ба мафоҳими ҳиссӣ ва моддӣ аз тарафи дигар, кори тафаккуру таъаммуқ дар масоили мовароуттабииро душвор месозад. Зеҳн барои ин ки омодаи тафаккуроти мовароуттабиӣ бишавад, мароҳиле аз таҷрид бояд тай намояд.

Ҳақиқат ин аст, ки мафҳуми “саҳлу мумтанеъ” дар мавриди масоили илоҳӣ беш аз ҳар мавриди дигар сидқ мекунад ва ин худ розе дорад, ки ба пайванди ин масоил бо фитрати одамӣ аз як тараф ва бо ақлу андешаи ӯ аз тарафи дигар марбут аст.

Роҳи ақл бар хилофи роҳи дил, сару кораш бо мафоҳим ва тасаввурот ва алфоз ва калимот аст, ва ҳамин ҷиҳат корро душвор месозад, зеро маъонии мовароуттабииро дар маҳдудаи мафоҳим ва тасаввуроти оддӣ ворид кардан ва дар қолаби алфозу калимот ҷо додан, коре шабеҳи дарёро дар кӯза рехтан аст:

Маъонӣ ҳаргиз андар ҳарф н-ояд,

Ки баҳри бекарон дар зарф н-ояд.

Ва ё чизе шабеҳи андоми бузургро бо ҷомаи кучак пӯшидан аст:

الا ان ثوبا خيط من نسج تسعة

وعشرين حرفا عن معاليه قاصر

Бидуни шак маъонӣ ва мафоҳими ҳикмати илоҳӣ он гоҳ, ки бихоҳад дар сатҳи таъаққулоти фалсафӣ зоҳир гардад, як зарфияти зеҳнӣ ва гунҷоиши фикрии хоссеро эҷоб мекунад, ки бо зарфияти адабӣ ё фаннӣ ё табиӣ ё риёзӣ комилан мутафовит аст, яъне зеҳн бояд дар як буъд ва ҷиҳати хосс вусъат ёбад, то зарфияти ин гуна андешаҳоро пайдо кунад.

Ин аст, ки муҳаққиқон ҳамвора аз лузуми “лутфи қареҳа” дам мезананд ва дар айни эътироф ба фитрӣ будан ва умумӣ будани масъалаи Худо, мегӯянд:

جلّ جناب الحق عن ان يكون شريعة لكلّ وارد او يطّلع عليه الا واحد بعد واحد

Мегӯянд — ва дуруст мегӯянд — ишколи масоили мовароуттабиӣ дар марҳилаи тасаввур аст, на дар марҳилаи тасдиқ, яъне умда ин аст, ки зеҳн битавонад тасаввури саҳеҳе аз он маъонӣ пайдо кунад, ва пас аз он ки чунин тавфиқе ёфт, тасдиқ кардани онҳо басе осон аст, бар хилофи соири улум, ки тасаввури маъонӣ ва мафоҳими онҳо осон аст ва ҳар мушкиле ҳаст, дар марҳилаи тасдиқ ва исбот аст.

Ва ҳам аз ин ҷиҳат аст, ки вуруд дар ин фаннро ҷуз барои афроде хосс раво намешуморанд. Андешае ба вусъати уқёнус ва қареҳае ба латофати насими субҳгоҳӣ бояд то филмасал муҳтавои қоидаи “баситул-ҳақиқа”-ро дар худ ҷой диҳад бидуни он ки осебе бихӯрад ё осебе ба мазруфи хеш бирасонад.

Аз ин рӯ аксари иштибоҳоте, ки рух медиҳад, аз нарасидан ба муддао ва хуб тасаввур накардан аст.

Чунонки медонем, дар қуруни ахир, ки умуми арзишҳои илмӣ ва фалсафӣ мутазалзил гашт ва дигаргуниҳое дар ҷаҳони илм рух дод, мавҷе дар ҷиҳати моддигарӣ пайдо шуд. Дар бораи иллатҳои ин мавҷ, суханҳост. Ин банда рисолае таҳти унвони “Иллатҳои гароиш ба моддигарӣ” таълиф кардааст, ки ҳамакнун зери чоп аст. Ба ақидаи ин банда, гароишҳое, ки дар ду се қарни ахир дар ҷаҳони ғарб ба сӯи моддигарӣ шуд, иллатҳои гуногуне дорад. Яке аз он иллатҳо, норасоиҳои мафоҳими фалсафии ғарб будааст. Дар он рисола шавоҳиде бар ин матлаб оварда шудааст.

Қаблан дар назар доштам, дар ин муқаддима муфассал дар ин мавзӯъ баҳс кунам ва махсусан ёддошт карда будам, ки бархе шавоҳидро, ки дар он рисола зикр накардаам дар ин муқаддима ба тафсил дар бораи онҳо баҳс кунам, аммо акнун мебинам муқаддима беш аз ҳадди таносуб тӯлонӣ мешавад.

Барои банда бисёр равшан аст, ки афроде, ки тасаввури саҳеҳ аз ин масоил дошта бошанд, махсусан аз ҷанбаи илоҳиёти исломӣ, бисёр-бисёр каманд. Марҳум дуктур Муҳаммадиқболи Покистонӣ ба ҳақ мардест мутафаккир ва андешаманд, вале ин марди бузург бо фалсафаи исломӣ ошно набудааст, китобе таълиф карда ба номи “Сайри фалсафа дар Эрон”, ки ба ҳар чизе дигар аз “сайри фалсафа дар Эрон” шабеҳтар аст.

Ин марди бузург дар маҷмӯае, ки аз ӯ ба номи “Эҳёи фикри динӣ дар ислом” тарҷума ва чоп шудааст, мақолае дорад таҳти унвони “Маҳакки фалсафии таҷаллиёти таҷрибаи динӣ”. Дар он мақола бархе бурҳонҳои фалсафӣ бар исботи Худо аз он ҷумла бурҳони маъруфи вуҷубу имкон — ва ба таъбири он китоб “бурҳони ҷаҳоншинохтӣ” — ва дигар бурҳони итқони сунъ ва ба таъбири он китоб “бурҳони ҳадафшинохтӣ”-ро интиқод мекунад.

Таъаммул дар баёноти Иқбол мерасонад, ки вай тасаввури саҳеҳе аз ин масоил надоштааст ва махсусан аз мафҳуми исломии инҳо ҳеч гуна огоҳ набудааст.

Ҳамчунин Бертронд Росел мунозирае дар бораи “вуҷуди Худо” бо як файласуфи илоҳии масеҳӣ ба номи Коплестун дорад, ки дар соли 1948 миёни он ду сурат гирифтааст ва аз радиои ВВС-и Ангилистон пахш шуда ва дар маҷмӯае аз мақолоти вай ба номи “Ирфон ва мантиқ” ба форсӣ тарҷума шудааст.

Он чи дар он мунозира дида мешавад, далели равшани дигаре аст бар норасоии мафоҳими фалсафаи ғарбӣ дар масоили илоҳӣ.

Инҷониб моил буд ҳам мақолаи Иқбол ва ҳам мунозираи Росел ва Коплестунро дар ин муқаддима тарҳ кунад ва норасоиҳои онҳоро равшан намояд, вале назар ба ин ки баҳсу интиқоди онҳо мусталзими ин аст, ки лоақал баробар бо ин муқаддима итолаи сухан намояд, онро ба вақти дигар ва ҷойи дигар мавкул менамояд.

21 тирмоҳи 1350 шамсӣ, мутобиқи 19 ҷамодиулулои 1391 қамарӣ (12 июли 1971)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

(Поёни муқаддима)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: