Чаро дидори Назарбоев ва Тромп муҳим аст?

Таҳлиле аз Лук Кофи (Luke Coffey) дар Daily Signal

Кохи сафед аз Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, барои мулоқот бо Дунолд Тромп истиқбол кард. Ин дуввумин боре буд, ки ин ду нафар мулоқот доштанд. Аввалин мулоқоти ин ду, дар Арабистони Саудӣ ва дар моҳи майи соли гузашта дар ҷараёни боздиди Тромп аз Арабистони Саудӣ иттифоқ афтод. Ин аввалин мулоқоти кории як раҳбари Осиёи Миёна аз Кохи сафед дар нахустин соли кории Тромп аст.

Мулоқоти Назарбоев фурсате барои Тромп буд, то рӯйкарди жеупулитик, амниятӣ ва иқтисодии Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Миёнаро ташреҳ карда ва густариш диҳад. Иёлоти Муттаҳида аз солҳои 1990 робитаи хуберо бо Қазоқистон эҷод карда ва ин робита ҳанӯз қавитар мешавад, аммо корҳои бештаре ҳам метавон анҷом дод.

Осиёи Миёна минтақаест, ки аз сӯи сиёсатгузорони Иёлоти Муттаҳида то кунун нодида гирифта шудааст. Дар ибтидои даҳаи 90, пас аз суқути пардаи оҳанин, Иёлоти Муттаҳида барқарории робита бо бархе ҷумҳуриҳои тозаистиқлолёфтаро пайгирӣ кард. Аммо пас аз чанд сол иштиёқи онҳо барои нуфуз ва даргир шудан дар ин минтақа фурӯкаш кард. Ин дид ба суръат ва пас аз ҳаводиси 11 сентябр тағйир кард ва Иёлоти Муттаҳида равобити худро дар минтақа бозсозӣ кард. Барои чанд сол Осиёи Миёна минтақае муҳим ва ҳаётӣ барои амалиёти зиддитеруристии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон шуд. Аммо вақте, ки Борок Убомо ба амалиёти Иёлоти Иуттаҳида дар Афғонистон поён дод, даврони ҳузури ин кишвар дар Осиёи Миёна низ ба поён расид. Бинобар ин, аз ин пас чӣ иттифоқе дар бораи Иёлоти Муттаҳида ва Осиёи Миёна хоҳад афтод?

Иёлоти Муттаҳида бояд таъомули пойдор ва истротежиктареро дар минтақа дунбол кунад ва боздиди Назарбоев аз Кохи сафед метавонад нуқтаи шурӯи олӣ бошад. Осиёи Миёна дар минтақаи ҷуғрофиёӣ ва сиёсии бисёр муҳимме қарор дорад. Қазоқистон дар қалби Уруосиё ва минтақаест, ки метавонад раҳбарии иқтисодӣ, амниятӣ, энержӣ ва мубориза бо теруризмро бар ӯҳда бигирад. Ба суди манофеи Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд агар равобити худро дар минтақа ба вежа бо Қазоқистон беҳбуд бибахшад ва як муттаҳиди қавӣ он ҷо барои худ эҷод кунад.

Қазоқистон кишварест бо аксарияти мусалмон, аммо дар заминаи сиёсӣ, ба секулоризм пойбанд аст. Ҳамчунин ба унвони раҳбари минтақаӣ дар ҷунбиши манъи густариши силоҳ фаъолият мекунад ва дар гузашта низ яке аз кишварҳое буда, ки аз силоҳҳои ҳастаии даврони Шӯравии собиқ даст кашидааст. Ҳатто агар Қазоқистон дар раванди музокироти Остона ширкат надошта бошад, боз ҳам бахше аз ин гуфтугӯҳо ба онҳо бармегардад. Ин нишаст бо ҳадафи ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ барои бӯҳрони Сурия оғоз шуд ва кори муҳимме дар он анҷом пазируфт. Зимни ин ки Қазоқистон тавонист нақши хубе дар мизбонӣ аз ин музокирот ифо карда ва ба поён додани хунрезиҳо кӯмак кунад.

Қазоқистон дар ҳоли ҳозир дар нимаҳои муддати дусолаи узвият дар Шӯрои амнияти Созмони Милал қарор дорад ва як муттаҳиди билқувва дар ин шӯро барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои рӯ ба густариши Куреи шимолӣ маҳсуб мешавад. Назарбоев бо ин умед ба Вошингтун омадааст, то ба шаффофият дар бораи сиёсати Иёлоти Муттаҳида дар қиболи Чин даст пайдо кунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва таърихии Қазоқистон, ин кишвар як мутаъодилкунандаи қудрат ба ҳисоб меояд. Қазоқистон дар дохил низ ба дунболи эҷоди тавозун дар сиёсати минтақаӣ ва хориҷии худ дар робита бо Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Чин аст, бидуни ин ки худаш қудрати бузурге маҳсуб шавад. Як сол пас аз ҳузури Тромп ва давлаташ дар Кохи сафед, вазъияти ӯ ва Русия мушаххас шудааст. Ба назар мерасад, ки онҳо мавқеияти сахтгирона дар қиболи Русия ва рӯйкарди ин кишвар дар қиболи Урупо ва масъалаи Укройн гирифтаанд. Ҳарчанд ҳанӯз дар бораи Чин суолоте вуҷуд дорад. То вазъият равшан нашавад, барои Қазоқистон сахттар ва сахттар мешавад, то равобити худро мудирият кунад. Авзоъ ҳатто бо вуҷуди бозигарони сонавия монанди Сурия, Эрон ва Куреи шимолӣ дар муъодилаи сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида, дар қиболи Русия ва Чин печидатар шудааст.

Қазоқистон набояд ба дунболи ин бошад, ки тарафи кишвари хоссеро бигирад. Қазоқистон дар минтақае печида аз ҷаҳон воқеъ шуда ва манофеи Омрико низ иқтизо мекунад, ки ин кишвар робитаи самимонаи худро бо тамоми ҳамсоягон ҳифз кунад. Мулоқоти Назарбоев нишондиҳандаи даврони ҷадиде аз истротежии амнияти миллӣ низ ҳаст. Бар асоси ин истротежӣ Иёлоти муттаҳида ба дунболи шевае аст, ки инъитофпазирии бештареро дар баробари қудратҳои рақиб нишон диҳад. Аммо ба манзури дастёбӣ ба ин ҳадаф, Иёлоти Муттаҳида бояд нишон диҳад, ки ба таври ҷиддӣ дар минтақа нақш ифо хоҳад кард ва ҳузури ӯ ба ҳарф нест, балки дар амал иттифоқ хоҳад афтод. Бахши дигаре аз истротежии амнияти миллии ҷадид бар ин устувор аст, ки бори дигар Осиёи Миёна ба унвони пойгоҳе барои амалиёт дар Афғонистон дар назар гирифта шавад.

Қазоқистон дар қалби минтақае аст, ки дар он бисёре аз чолишҳои ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида ба вуқӯъ мепайвандад. Амнияти энержӣ, манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ, ҳузури Чин ва савдогарии Русия, мушкилоти Афғонистон ва густариши хатари ифротгароӣ. Агар Иёлоти Муттаҳида бихоҳад бозигари ҷиддӣ дар Уруосиё бошад, ки манофеи зиёде ҳам дар он ҷо барои ин кишвар вуҷуд дорад, набояд Қазоқистонро нодида бигирад. Беҳтарин роҳи Иёлоти Муттаҳида барои убур аз ин чолишҳо, барқарории робитаи дутарафа ва қавӣ бо Қазоқистон аст. Ба ҳамин далел мулоқоти Назарбоев бисёр муҳим аст. Ҳеҷ раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз замони истиқлоли ҷумҳуриҳои минтақа аз соли 1991, аз Осиёи Миёна боздид накардааст. Раисиҷумҳур бояд дар ояндаи наздик посух дидори Назарбоев аз Кохи сафедро бо ҳузур дар ин кишвар бидиҳад.

Dailysignal

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: