Шарҳи Маснавӣ (246)

Изҳори мӯъҷизаи пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ба сухан омадани сангреза дар дасти Абӯҷаҳл алайҳилаъна ва гувоҳӣ додани сангреза бар ҳақиқати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба рисолати ӯ

* * *

Хулосаи достон

Дар мушти Абӯҷаҳл чанд адад сангреза буд. Ба Паёмбар (с) гуфт: бигӯ бибинам, инҳо, ки дар мушт дорам, чист? Он ҳазрат фармуд: кадом якро бигӯям? Оё бигӯям, он чи дар мушти туст чист, ё бигӯям, он чи, ки дар дасти туст, ба ҳаққонияти ман гувоҳӣ диҳад? Абӯҷаҳл гуфт: ин мавриди дуввум нодиртар аст, зеро мумкин аст ба фиросат бидонӣ, ки дар мушти ман чӣ чизе ниҳон шуда, вале гувоҳӣ додани ашёи беҷон комилан амре ғайриоддӣ ва номаъқул аст. Паёмбар (с) дар посухи ӯ фармуд: оре, дар ин дунё чизҳои нодир бисёр вуҷуд дорад, ва ҳатто дар дунё ҳақоиқе аст, ки бо маҷории табиӣ қобили тафсир нест, вале инро ҳам бидон, ки Худо аз ҳамаи инҳо тавонотар аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.657)

* * *

Манбаи ин достон бад-ин гуна ёфт нашуд, ҷуз он ки Нувайрӣ ва дигарон яке аз мӯъҷизоти ҳазрати Хатмимартибатро шаҳодати сангреза медонанд. (Ниҳоятул-ираб, ҷ.3, с.287) Устод Фурӯзонфар низ менависад: “Маъхази ин қиссаро бад-ин сурат то кунун наёфтаам, вале муфоди он — яъне тасбеҳи сангреза — аз мӯъҷизоти машҳури ҳазрати Расули Акрам (с) аст ва ба чанд сурат нақл шуда…” (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.882)

Дар “Мирқотул-мафотиҳ, шарҳу Мишкотул-масобиҳ” ба нақл аз Доримӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят кардааст:

كنا مع النبي صلى الله عليه وسلم في سفر فأقبل أعرابي فلما دنا قال له رسول الله صلى الله عليه وسلم: تشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأن محمدا عبده ورسوله؟ قال: ومن يشهد على ما تقول؟ قال: هذه السلمة. فدعاها رسول الله صلى الله عليه وسلم، وهو بشاطئ الوادي، فأقبلت تخد الأرض حتى قامت بين يديه، فاستشهدها ثلاثا، فشهدت ثلاثا، أنه كما قال، ثم رجعت إلى منبتها

Дар як сафар, ҳазрати Паёмбар (с)-ро ҳамроҳӣ мекардем. Як аъробӣ омад. Вақте наздик шуд, ҳазрати Паёмбар (с) ба ӯ фармуд: шаҳодат медиҳӣ, ки худое ҷуз Аллоҳ нест, ягона аст, шарике надорад, ва ин ки Муҳаммад банда ва фиристодаи ӯст? Аъробӣ гуфт: бар он чӣ мегӯӣ, оё касе ҳам шаҳодат ва гувоҳӣ медиҳад? Паёмбар (с) фамуд: бале, ин дарахт! Он гоҳ Паёмбар (с) он дарахтро хонданд, дар ҳоле ки дар соҳили водӣ буд, пас наздик шуд, то дар ҳузури он ҷаноб (с) истод. Ҳазрати Паёмбар (с) се бор аз ӯ талаби шаҳодат додан намуданд, ва он дарахт низ се бор шаҳодат дод, сипас ба ҷойи худ баргашт.” (Мирқотул-мафотиҳ, шарҳу Мишкотул-масобиҳ, масъалаи 5925)

Ба ҳар ҳол, хоҳ достони мазкур он гуна ки аз Маснавӣ нақл шуд, айнан мустанад бошад ва ё зеҳни хаёлпардозонаи Мавлоно дар он дахлу тасарруфоте карда ва онро бар ҳасби мақсуди орифонаи худ тағйир дода, гӯёи ин ҳақиқати ирфонӣ аст, ки шавқу ҳаёту ишқ, ҷорӣ дар ҳамаи заррот ва сорӣ дар ҷамиъи коинот аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.658)

Сангҳо андар кафи Бӯҷаҳл буд,

Гуфт: эй Аҳмад, бигӯ ин чист, зуд!

Абӯҷаҳл сангрезаҳоеро дар мушти худ ниҳон дошта буд ва чун бо ҳазрати Паёмбар (с) рӯ ба рӯ шуд, ба ӯ гуфт: эй Аҳмад! Зуд бигӯ, дар мушти ман чист?

Гар расулӣ, чист дар муштам ниҳон?

Чун хабар дорӣ зи рози осмон.

Агар ту расули ҳақиқӣ ҳастӣ, бигӯ: дар муштам чӣ чизе ниҳон шуда? Ту, ки муддаӣ ҳастӣ аз асрори осмон хабар дорӣ.

Гуфт: чун хоҳӣ? Бигӯям он чиҳост?

Ё бигӯяд он ки мо ҳаққему рост?

Паёмбар (с) ба Абӯҷаҳл гуфт: оё мехоҳӣ бигӯям, чӣ чизҳое дар дасти туст? Ё ин ки бигӯям, он чизҳо, ки дар мушти ту ниҳон шуда, бар ҳаққонияти мо гувоҳӣ диҳанд?

Гуфт Бӯҷаҳл: ин дувум нодиртар аст,

Гуфт: оре, Ҳақ аз он қодиртар аст.

Абӯҷаҳл гуфт: ин мавриди дуввум нодиртар ва аҷибтар аст. Ва ҳазрати Паёмбар фармуд: бале, Ҳақ Таъоло қодиртар аз ин аст, ки дар гумони башар бигунҷад.

Аз миёни мушти ӯ ҳар порасанг,

Дар шаҳодат гуфтан омад бедиранг.

Дар миёни мушти Абӯҷаҳл ҳар тиккасанге шурӯъ кард ба шаҳодат додан ва бедирангу таъхир ба сухан даромад.

“Ло илоҳа” гуфт, “иллаллоҳ” гуфт,

Гавҳари Аҳмад расулуллоҳ суфт.

Он сангрезаҳо дар мушти Абӯҷаҳл калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ”-ро гуфт ва гавҳари тобноки Расули Худо (с)-ро баён кард.

Чун шунид аз сангҳо Бӯҷаҳл ин,

Зад зи хашм он сангҳоро бар замин.

Ҳамин ки Абӯҷаҳл аз санг ин гувоҳӣ ва шаҳодатро шунид, аз хашму ғазаб он сангҳоро бар замин зад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: