Адли илоҳӣ (20)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши чаҳорум: шурур (2)

Шарр нисбӣ аст

Сифоте, ки ашё ба онҳо мавсуф мегарданд, бар ду қисм аст: ҳақиқӣ ва нисбӣ. Вақте як сифат барои чизе дар ҳар ҳол ва бо қатъи назар аз ҳар чизи дигар собит бошад, онро сифати “ҳақиқӣ” меномем. Сифати ҳақиқӣ он аст, ки барои имкони иттисофи як зот ба он сифат, фарзи худи он зот ва он сифат кофӣ аст.

Аммо як сифати нисбӣ он аст, ки фарзи мавсуф ва фарзи сифат, бидуни фарзи як амри севвум, ки тарафи нисбат ва муқоиса қарор гирад, барои имкони иттисофи мавсуф ба он сифат кофӣ нест. Бинобар ин, ҳар гоҳ сидқи як сифат бар чизе, манут ба дар назар гирифтани амри севвум ва муқоисаи ин бо он бошад, дар ин сурат, сифатро “нисбӣ” меномем.

Масалан, ҳаёт як амри ҳақиқӣ аст. Як мавҷуд худаш қатъи назар аз ин ки бо шайъи дигар муқоиса ва санҷида шавад, ё зинда ва ҷондор аст ва ё беҷон ва мурда. Ва ҳамчунин сафедӣ ва сиёҳӣ (ба фарзи ин ки рангҳо умури воқеӣ бошанд) сифатҳои ҳақиқӣ ҳастанд. Як чиз, ки сафед аст, бо қатъи назар аз муқоиса бо чизи дигар сафед аст, ва як чиз, ки сиёҳ аст, худаш сиёҳ аст ва лозим нест, ки бо чизи дигар муқоиса шавад, то сиёҳ будани он саҳеҳ бошад, ва ҳамчунин бисёр сифатҳои дигар, ва аз он ҷумла аст каммият ва миқдор.

Вале кучакӣ ё бузургӣ, сифати нисбӣ аст. Вақте як ҷисмро мегӯем кучак аст, бояд бибинем бо муқоиса бо чӣ чиз ва ё нисбат ба чӣ чиз онро кучак мехонем. Ҳар чизе мумкин аст ҳам кучак бошад ва ҳам бузург; бастагӣ дорад ба ин ки чӣ чизро меъёр ва миқёс қарор дода бошем. Масалан, як себ ё гулобиро мегӯем кучак аст, ва як себ ё гулобии дигарро мегӯем бузург аст. Дар ин ҷо миқёс ва меъёр, ҳаҷми себҳо ва гулобиҳои дигар аст; яъне себ ё гулобии мавриди назар, нисбат ба соири себҳо ё гулобиҳо, ки мешиносем, дорои ҳаҷме камтар ва ё бештар аст. Як ҳиндувонаи хоссро низ мегӯем кучак аст. Ин низ ба миқёси соири ҳиндувонаҳо аст.

Ҳамин ҳиндувонае, ки мо онро хеле кучак мебинем ва мехонем, аз он себи бузург бузургтар аст, аммо чун онро бо муқоиса бо ҳиндувонаҳо месанҷем, на бо себҳо, мегӯем кучак аст.

Ҳаҷми як мӯрчаи бисёр бузург, ки аз бузургии он ангушти ҳайрат ба лаб гирифтаед ва ҳаҷми як шутури бисёр кучакро, ки аз кучакии он дар шигифтед дар назар бигиред, мебинед шутури бисёр кучак милюнҳо баробари мӯрчаи бисёр бузург аст. Чӣ тавр аст, ки “бисёр кучак” аз “бисёр бузург” бузургтар аст? Оё ин таноқуз аст? Хайр, таноқуз нест.

Он бисёр кучак, бисёр кучаки шутурҳост ва бо миқёс ва қолабе, ки зеҳн ба ҳасби собиқа аз шутур сохтааст, бисёр кучак аст. Ва он бисёр бузург, бисёр бузурги мӯрчаҳост ва бо миқёс ва қолабе, ки зеҳн ба ҳасби собиқа аз мӯрча сохтааст, бисёр бузург аст.

Ин аст маънии ин ки мегӯем: “бузургӣ ва кучакӣ, ду мафҳуми нисбианд”, вале худи каммият яъне адад ва миқдор — ҳамон тавр, ки ишора шуд — умури ҳақиқӣ ҳастанд. Агар як идда себ дорем ва масалан адади онҳо “сад” аст, ин сад будан, як сифати ҳақиқӣ аст, на як сифат муқоисаӣ. Ва ҳамчунин агар ҳаҷми онҳо масалан ним метри мукаъаб аст.

Адад ва миқдор аз мақулаи камм, ва кучакӣ ва бузургӣ аз мақулаи изофаанд. Як, ё ду, ё се, ё чаҳор… будан, умуре ҳақиқӣ ҳастанд, аммо аввал, ё дуввум, ё севвум ва ё чаҳорум… будан, умуре изофианд.

Хуб будани як қонуни иҷтимоӣ ба ин аст, ки маслиҳати афрод ва маслиҳати иҷтимоъро тавъаман дар назар бигирад ва ҳаққи ҷамъро бар ҳаққи фард муқаддам бидорад ва озодиҳои фардро то ҳудуди имкон таъмин намояд. Аммо таъмини ҳамаи озодиҳои афрод, сад дар сад номумкин аст, ва ба ҳамин хотир, хуб будани як қонун аз ин назар, яъне аз назари таъмини озодиҳо, нисбӣ аст, зеро танҳо баъзе аз онҳо қобили таъмин аст. Қонуни хуб он аст, ки ҳаддиаксари озодиҳоро, ки мумкин аст, таъмин кунад, ҳарчанд мусталзими салби бархе озодиҳо аст. Пас, хуб будани як қонун аз ҷанбаи таъмини озодиҳо, нисбат ба қонунҳои мафрузи дигар аст, ки камтар аз ин қонун қодир бар ҳифз ва таъмини озодиҳо аст.

Дар ин ҷо лозим аст барои рафъи иштибоҳ, як нуктаро ёдоварӣ кунам, ва он ин ки: ҳамчунон ки мулоҳиза шуд, мақсуд аз ҷумлаи “шарр нисбӣ аст” нисбият дар муқобили ҳақиқӣ будан аст. “Нисбӣ аст” яъне муқоисаӣ аст. Нисбӣ будан гоҳе дар муқобили мутлақ будан ба кор меравад; дар ин сурат ба маънии ин аст, ки воқеияти шайъе вобаста ба як силсила шароит аст. Ва маънии мутлақ будан, раҳо будан аз як силсила шароит аст. Агар нисбиятро ба ин маънӣ бигирем, ҳамаи умури моддӣ ва табиӣ аз он назар, ки вобаста ба як силсила шароити маҳдуди замонӣ ва маконӣ мебошанд ва танҳо дар он шароит ва вобаста ба он шароит, воқеияти хосси худро доранд нисбӣ мебошанд; танҳо муҷаррадот вуҷуди мутлақ доранд, балки мутлақи ҳақиқӣ, ки воқеияте аст раҳо аз ҳар шарту иллату аз ҳар қайд, зоти муқаддаси Ҳақ аст. Ва аз ҳамин назар аст, ки зарурати зоти ӯ “зарурати азалӣ” аст, на зарурати зотии мусталаҳ.

Мақсуд ин аст, ки акнун, ки баҳс дар бораи нисбияти шаррияти вуҷудоте аст, ки шурури зотӣ яъне аъдом (адамҳо) аз онҳо ношӣ мешавад, мақсуд нисбӣ будан дар муқобили ҳақиқӣ будан аст, на нисбӣ будан дар муқобили мутлақ будан, ки бисёре аз хайрот ҳам ба ин маънӣ нисбӣ мебошанд.

Акнун бояд дид, оё бадии бадиҳо як сифати ҳақиқӣ аст ё як сифати нисбӣ? Қаблан гуфтем, бадиҳо ду навъанд: бадиҳое, ки худ умуре адамианд, ва бадиҳое, ки умуре вуҷудианд, аммо аз он ҷиҳат бад ҳастанд, ки маншаи як силсила умури адамӣ мегарданд.

Шуруре, ки худ адамӣ ҳастанд — монанди ҷаҳлу аҷзу фақр — сифоти ҳақиқӣ (ғайринисбӣ), вале адамӣ ҳастанд. Аммо шуруре, ки вуҷудӣ ҳастанд ва аз он ҷиҳат баданд, ки маншаи умури адамӣ ҳастанд — монанди селу зилзила ва газандаву даранда ва микроби беморӣ — бидуни шак бадии инҳо нисбӣ аст. Аз ин гуна умур, он чи бад аст, нисбат ба шайъ ё ашёи муайяне бад аст. Заҳри мор, барои мор бад нест, барои инсон ва соири мавҷудоте, ки аз он осеб мебинанд, бад аст. Гург барои гӯсфанд бад аст, вале барои худаш ва барои гиёҳ бад нест, ҳамчунон ки гӯсфанд ҳам нисбат ба гиёҳе, ки онро мехӯрад ва нобуд мекунад, бад аст, вале нисбат ба худаш ё инсон ё гург бад нест.

Мавлавӣ мегӯяд:

Заҳри мор, он морро бошад ҳаёт,

Лек он, мар одамиро шуд мамот.

Пас бади мутлақ набошад дар ҷаҳон,

Бад ба нисбат бошад инро ҳам бидон.

Ва аз тарафи дигар, вуҷуди ҳақиқии ҳар чиз, ки ба он халқу эҷод таъаллуқ мегирад ва вуҷуди воқеӣ аст, вуҷуди он чиз барои худ аст, на вуҷуди он барои ашёи дигар. Вуҷуди ҳар чиз барои шайъ ё ашёи дигар, вуҷуди эътиборӣ ва ғайриҳақиқӣ аст ва ҷаълу халқу эҷод ба он таъаллуқ намегирад.

Ба баёни дигар: ҳар чизе як вуҷуди “фи нафсиҳӣ” (ба худии худ) дорад, ва як вуҷуди “ли ғайриҳӣ” (нисбат ба дигарӣ), ва ба иборати саҳеҳтар: вуҷуди ҳар чизе ду эътибор дорад: эътибори “фи нафсиҳӣ” ва “ли нафсиҳӣ” (барои худаш), ва эътибори “ли ғайриҳӣ”.

Ашё аз он назар, ки худашон барои худашон вуҷуд доранд, ҳақиқӣ ҳастанд, ва аз ин назар бад нестанд. Ҳар чизе худаш барои худаш хуб аст, агар бад аст, барои чизи дигар аст. Оё метавон гуфт, ақраб худаш барои худаш бад аст? Гург худ барои худ бад аст? На, шак нест, ки вуҷуди ақраб ва гург барои худи онҳо хуб аст, онҳо аз барои худ ҳамон тавр ҳастанд, ки мо барои худ ҳастем. Пас, бад будани як шайъ дар ҳастӣ, “фи нафсиҳӣ”-и он нест, дар вуҷуди “билизофа”-и он аст.

Аз тарафи дигар, шакке нест, ки он чи ҳақиқӣ ва воқеӣ аст, вуҷуди “фи нафсиҳӣ”-и ҳар чиз аст, вуҷудоти билизофа, умуре нисбӣ ва эътиборианд, ва чун нисбӣ ва эътиборианд, воқеӣ нестанд, яъне воқеан дар низоми вуҷуд қарор нагирифтаанд ва ҳастии воқеӣ надоранд, то аз ин ҷиҳат баҳс шавад, ки чаро ин вуҷуд яъне вуҷуди нисбӣ ба онҳо дода шудааст. Ба иборати дигар, ҳар чиз ду бор мавҷуд нашуда ва ду вуҷуд ба ӯ дода нашудааст, яке вуҷуди “фи нафсиҳӣ”, ва яке вуҷуди билизофа.

Фарз кунед, шумо матлаберо барои шогирдон баён мекунед, бори дигар онро такрор мекунед, барои навбати севвум ва чаҳорум ҳамон матлабро бозгӯ мекунед. Шумо дар ҳар чаҳор навбат ҳамон матлабро бидуни каму зиёд адо кардаед. Ба иборати дигар, баёни шумо, ки аз тарафи шумо вуҷуд пайдо кардааст, дар ҳар чаҳор навбат як ҷур аст, вале ин чаҳор навбат ҳар кадом дорои сифати бахусус аст, яке “аввал” аст ва дигаре “дуввум” ва дигаре “севвум” ва дигаре “чаҳорум”. Оё шумо дар ҳар навбат ду амал анҷом додаед: яке ин ки матлабро адо кардаед, ва дигар ин ки сифати “аввалият” ё “сонавият” ё “солисият” ё “робиъият”-ро ба он додаед? Ва ё ин ки ин сифот як силсила сифоти изофӣ ва дар айни ҳол эътиборӣ ва интизоъӣ мебошанд, ки аз амали мукаррари шумо, ки ҳар чаҳор навбат ба як шакл сурат гирифта бо муқоиса бо якдигар пайдо мешавад? Бадеҳӣ аст, ки шиққи дуввум саҳеҳ аст. Ин гуна сифот, ки сифоти эътиборӣ ва интизоъианд, дар айни ҳол аз лавозими қаҳрӣ ва лоянфакки малзумоти худ ҳастанд, ки умуре ҳақиқӣ ва воқеианд.

Бинобар ин, дар бораи ин умур ба унвони ашёе мустақил наметавон баҳс кард. Наметавон ин пурсишро ба ин сурат матраҳ кард, ки чаро фоил ва мабдаъ ин вуҷудҳои изофӣ ва эътибориро офарид? Зеро ин вуҷудот аввалан воқеӣ нестанд, то сухан аз офариниши онҳо ба миён ояд. Ва сониян, ин вуҷудҳои эътиборӣ ва интизоъӣ, аз лавозими вуҷудҳои воқеианд ва ба сурати мустақил қобили тарҳ нестанд. Ва агар ба сурати ғайримустақил тарҳ шаванд, ба ин сурат хоҳад буд, ки чаро вуҷудоти воқеӣ, ки инҳо аз лавозими эътиборӣ ва интизоъии лоянфакки онҳо ҳастанд, офарида шуданд? Ва ин матлабе аст, ки дар бахши баъд тарҳ мешавад ва посухи он дода мешавад.

Зимнан ба ин нукта низ ишора кунем, ки ин ки гуфтем аввал будан ва дуввум будан ва ғайра, умури эътиборӣ ва интизоъӣ мебошанд ва вуҷуди воқеӣ надоранд ва бад-ин ҷиҳат ҷаълу халқу эҷод ба онҳо таъаллуқ намегирд ва фарзи халқу эҷод дар бораи онҳо намешавад, бо як матлаби дигар иштибоҳ нашавад, ва он, масъалаи “тақдиму таъхир” аст, яъне ин ки инсон ё фоили мухтор ва дорои шуъури дигар, аз миёни ду кор ё ду чиз, якеро бар дигаре муқаддам бидорад ва онро аввал қарор диҳад. Ин, матлаби дигаре аст ва баъд дар бораи он баҳс хоҳем кард. Таваҷҷӯҳ ба мисоли боло, матлабро равшан мекунад.

Ба ҳар ҳол, исноди умури эътиборӣ ба иллат, маҷозӣ ва билараз аст. Аз ин ҷиҳат ҳукамо гуфтаанд: шурур, биззот мавриди таъаллуқи офариниш қарор намегиранд; биззот маълул ва маҷъул нестанд. Махлуқ будан ва маълул будани онҳо, билараз аст. Ҳамчунон ки қаблан гуфтем, дуруст мисли ин аст, ки мегӯем: “Хуршед, сабаби эҷоди соя аст”. Албатта агар хуршед набошад, соя ҳам нест, вале сабаб шудани хуршед аз барои соя, ё сабаб шудан он барои нур мутафовит аст. Хуршед нурро воқеан ва ҳақиқатан ифоза мекунад, вале сояро ҳақиқатан эҷод намекунад. Соя чизе нест, ки эҷод шавад. Соя аз маҳдудияти нур пайдо шудааст, балки айни маҳдудияти нур аст.

Дар мавриди шурур, аъамм аз шурури навъи аввал ва шурури навъи дуввум низ матлаб аз ҳамин қарор аст. Шурур, умуре эътиборӣ ва адамӣ ҳастанд. Кӯрӣ дар инсони кӯр, як воқеияти мустақилле нест, то гуфта шавад, ки одами кӯрро як мабдаъ офаридааст, ва кӯрии ӯро як мабдаи дигар. Кӯрӣ нестӣ аст ва ҳар шарре нестӣ аст. Нестӣ, мабдаъ ва офаринандае надорад.

* * *

Шурур аз назари асли адл

Бад-ин тартиб, шубҳаи “санавия” ва пиндори дугона будани ҳастӣ ва ду реша доштани он аз миён меравад; зеро собит гардид, ки ҳастӣ, ду навъ нест, то ду мабдаъ лозим дошта бошад.

Аммо ҳамчунон ки қаблан ёдоварӣ кардем, масъалаи адамӣ будани шурур ба танҳоӣ барои ҳалли мушкили “адли илоҳӣ” кофӣ нест, қадами аввал ва марҳилаи аввал аст. Натиҷае, ки билфеъл аз ин баҳс гирифта мешавад, фақат ин аст, ки ҳастӣ ду навъ нест: як навъ ҳастиҳое, ки аз он ҷиҳат, ки ҳастӣ ҳастанд, хайранд, ва як навъ ҳастиҳое, ки аз он ҷиҳат, ки ҳастӣ ҳастанд, шарранд, (чунин нест), балки ҳастӣ аз он ҷиҳат, ки ҳастӣ аст, хайр аст, ва нестӣ аз он ҷиҳат, ки нестӣ аст, шарр аст. Ҳастиҳо аз он ҷиҳат шарранд, ки тавъам бо нестиҳоянд ва ё маншаи нестиҳо мегарданд. Пас дар худи ҳастӣ, дугонагӣ ҳукмфармо нест, то фикри ду реша доштани ҳастӣ дар мо пайдо шавад. Нестӣ ҳам аз он ҷиҳат, ки нестӣ аст, мабдаъ ва маншаъ ва конуни ҷудогонаеро эҷоб намекунад.

Вале аз дидгоҳи адли илоҳӣ, масъалаи шурур шакли дигаре дорад. Аз ин назаргоҳ, сухан дар дугунагии ашё нест, (балки) сухан дар ин аст, ки хоҳ ашё ду гуна бошанд ё як гуна, чаро нақсу костӣ ва фанову нестӣ дар низоми ҳастӣ роҳ ёфтааст? Чаро яке кӯр ва дигаре кар ва севвуме ноқисулхилқа аст? Адамӣ будани кӯрӣ ва карӣ ва соири нуқсонот барои ҳалли ишкол кофӣ нест, зеро суол боқӣ аст, ки чаро ҷои ин адамро вуҷуд нагирифтааст? Оё ин, навъе манъи файз нест? Ва оё манъи файз навъе зулм нест? Дар ҷаҳон, халаъҳое вуҷуд дорад, ки ҳамонҳо нороҳатиҳои ин ҷаҳон аст. Адли илоҳӣ эҷоб мекунад, ки ин халаъҳо пур шавад.

Як силсила умури вуҷудӣ низ ҳастанд, ки ҳамчунон ки қаблан бад-онҳо ишора шуд, зоидаи нестиҳое аз қабили ҷаҳлу аҷзу фақранд ва ба навбаи худ ҳамонҳо сабаби як силсила нақсҳо ва костиҳо ва фаноҳо ва нестиҳо мешаванд. Бемориҳо ва тӯфонҳо ва ҳариқҳо ва зилзилаҳо аз ин қабил аст. Адли илоҳӣ эҷоб мекунад, ки ин умур низ набошанд, то осори онҳо, ки ҳамон нақсҳо ва костиҳо аст низ набошад.

Матлабро, ки аз ин назар нигоҳ кунем, лозим аст ду матлабро мавриди баррасӣ қарор диҳем:

1) Яке ин ки: оё инфикоки ин нақсҳо ва костиҳо аз умури ин ҷаҳон, амре мумкин аст ё мумтанеъ? Яъне оё ҷаҳон минҳои ин костиҳо мумкин аст, ва ё ин ки инҳо аз лавозими лоянфакки ин оламанд ва набудани инҳо мусовӣ аст бо набудани ҷаҳон?

2) Дигар ин ки: оё он чи нақс ва костӣ номида мешавад, шарри маҳз аст ва хайре дар онҳо мустатир (пинҳон) нест, ё шарри маҳз нест, (балки) фавоид ва осори фаровоне бар онҳо мутараттиб аст, агар набошанд, низоми ҷаҳон ба ҳам мехӯрад ва хайрот вуҷуд пайдо намекунанд.

Ин ду матлаб, қисмати дуввум ва севвуми баҳси моро дар боби шурур, ки қаблан бад-он ишора кардем, ташкил медиҳад. Қисмати дуввуми баҳс, зимни қисмати аввал равшан шуд ва дар оянда равшантар мешавад, аммо қисмати севвум ниёз ба баҳси бештаре дорад ва дар бахши оянда (бахши панҷум) ба тафсил ба он мепардозем.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: