Перейти к содержимому

Маргу зиндагии Бағдодӣ дар ҳоли табдил шудан ба як афсона

Саркардаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ба Офриқо гурехтааст…” Ин тозатарин хабарест, ки аз ӯ ба гӯш мерасад. Рӯзномаи ангилисии Sun дар гузорише навишт: “Эҳтимолан Абӯбакр Бағдодӣ ҳамакнун дар кишвари Чод ё дар наздикии Ниҷер сокин аст. Ӯ умедвор аст, ки битавонад ташкилоти аз даст рафтаи худро дар ин қорра эҳё кунад…

Ин дар ҳолест, ки хабаргузориҳо дар Ироқ ва Урупо таъкид доранд, дар 18 моҳи гузашта Бағдодӣ дар рустое дар ҷануби Боҷ воқеъ дар шимоли Ироқ мустақар буда ва сипас ба минтақаи Букамол дар марзҳои муштараки Ироқу Сурия мунтақил шудааст.

Ҳамчун Бен Лодан, саркардаи пешини Алқоъида ва Мулло Умар, саркардаи асбақи Толибон, акнун маргу зиндагии Бағдодӣ низ дар ҳоли табдил шудан ба як афсона аст.

Охирҳои соли 2017, рӯзномаи “Яни шафақ”-и Туркия аз дастгирии ӯ хабар дода буд. Ба гуфтаи ин расона, низомиёни омрикоӣ ӯ ва ҳафт мақоми баландпояи ДОЪИШ-ро дастгир ва ба як пойгоҳи низомӣ дар Сурия мунтақил карда буданд.

Бағдод нюз” низ навишта буд, ки Абӯбакр Бағдодӣ 18 апрел дастгир ва ба “Пойгоҳи саҳроии T2” мунтақил шуда ва як гурӯҳи 50-нафара аз кумондуҳои омрикоӣ дар дастгирии вай нақш доштаанд. Ин шойеъа дар ҳоле густариш ёфта буд, ки гуфта мешуд, расонаҳо аз дастёбӣ ба номаҳои халифаи худхондаи ДОЪИШ ба фармондеҳонаш дар Либӣ хабар доданд.

Алъаҳд” дар ин бора навиштааст: “Шакке нест, ки дар ин замони ҳассос, сарнавишт ва маҳалле, ки саркардаи ДОЪИШ дар он қарор дорад, аз аҳаммияти фавқулъодае бархӯрдор аст. Иллати он ҳам ин аст, ки амалиёти зидди Бағдодӣ илова бар ин ки дар арсаи набард бисёр аҳаммият дорад, худи Бағдодӣ аз назари иттилоотӣ ба манзилаи ганҷе маҳсуб мешавад. Кушта шудани Бағдодӣ низ ҳеч гоҳ ба таври қатъӣ аз сӯи Омрико, Русия, Ироқ ва Сурия таъйид нашуд, ва ин нишон медиҳад, ки ё Бағдодӣ хориҷ аз расади ин кишварҳо ва нерӯҳояшон қарор дорад ё ин ки ДОЪИШ тавонистааст маҳалли ихтифои вай ва сарнавишташро махфӣ нигаҳ дорад.”

Аммо ин ки Бағдодӣ дар оянда чӣ гуна амал хоҳад кард, бо ибҳомоти зиёде рӯ ба рӯст, зеро талоши ДОЪИШ хориҷ аз нақшаи Ироқ ва Сурия, роҳ ба ҷое набурдааст. ДОЪИШ шӯъбаҳое дар ғарб ва шимоли Офриқо ва бархе манотиқи дигар эҷод кард ва умеди зиёде ба онҳо баст, аммо таҳаррукот барои пиёда кардани он бо шикаст рӯ ба рӯ шуд. Ин гурӯҳҳо натавонистанд мавозеи худро тасбит кунанд. На дар дохили Либӣ ва на дар Миср коре аз пеш набурданд.

Пас аз баррасии ҳамаи шавоҳид ва воқеиятҳои майдонӣ, расонаӣ, ҷуғрофиёӣ ва амалӣ ва ҳатто ғайривоқеӣ монанди интиқоли Бағдодӣ ба манотиқи шимоли ғарби Офриқо, эҳтимолоте матраҳ мешавад шомили: аввал ин ки тарҳе барои равон шудани амалиёти фурӯпошии ДОЪИШ ва интиқоли аъзои он ба минтақаи дигаре дар ҷараён аст ва ин ки ҳар аз гоҳе баёнияҳо ё фойли савтӣ аз вай пахш мешавад. Сарпӯш гузоштан бар мароҳили поёнии тарҳи мазкур аз сӯи сервисҳои иттилоотӣ аст ё ин ки Бағдодӣ фурсати ҷадиде ба даст овардааст ва мунтазири муҳайё шудани шароит барои нақши ҷадид ва минтақаи фаъолияти ҷадид аст.

Дар ин ҷо суолҳое матраҳ мешавад, ва он ин аст, ки оё Абубакр Бағдодӣ рӯзе либоси афғонӣ бар тан хоҳад кард ва Бен Лодани ҷадид дар кӯҳҳои Туро-буро хоҳад шуд? Оё арсаи дигаре омода шудааст ва барои шӯълавар кардани минтақае дигар бо истифода аз саркардаҳое, ки аз Ироқ ва Сурия мунтақил мешаванд, муқаддимасозӣ шудааст? Оё Афғонистон гузинаи баъдӣ аст? Афғонистон аз шимол ба Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ва Туркманистон ва аз ғарб ба Эрон ва аз шарқ ба Чин ва аз ҷануб ба Покистон маҳдуд мешавад. Ин мавқеияти ҷуғрофиёӣ метавонад гувоҳи муҳимме аз нақше бошад, ки дар оянда ба доъишиҳо пас аз поёни таърихи масрафи онҳо дар Сурия ва Ироқ мумкин аст дода шавад.

Он чи русҳо аз ҳамкории Омрико бо ДОЪИШ аз тариқи тасовири ҳавоӣ ошкор карданд ва талошҳои пай дар пайи омрикоиҳо барои кунд кардани раванди пешравиҳои артиш ва нерӯҳои мардумии Ироқ ва машғул кардани ироқиҳо бо мавзӯоти ихтилофбарангези сиёсӣ ва мавзӯи ҳамапурсии иқлими Курдистон, ҳамагӣ нишонаи тарҳҳо ва ҷадвали замонии муртабит бо амалиёти барномарезишудаи доъишиҳо ба манотиқи дигар аст, ба наҳве, ки дар хидмати тарҳҳои Омрико бошанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: