Оё ҲНИТ фақат як ҳизби сиёсист?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар оғозҳои қатъи фаъолияти расмии ҲНИТ ва зиндонӣ шудани раҳбарони аршади он ва низ фишору таъқибҳои фаъолон ва аъзояш дар дохил ва хориҷи кишвар, гумон мекардам, аз он таърих ба баъд, умуми нухбаҳои тоҷик — чӣ афроде, ки бо ақоид ва сиёсатҳои ин ҳизб мувофиқ ҳастанд ва чӣ касоне, ки дидгоҳи мухолиф бо он доранд – ба ин ҳизб беш аз ин ки ба унвони як ҳизби сиёсӣ нигоҳ кунанд, ба ҳайси ҳаммиҳанони худ ва ба унвони маҷмӯае аз инсонҳо, ки ҳаққи ҳаёт ва нафас кашидан доранд ва феълан бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд, нигоҳ хоҳанд кард; инсонҳое, ки дар шароити кунунӣ ниёз ба дастгирӣ ва ҳаддиақал ҳамдардӣ доранд.

Аммо зоҳиран ин гумонам иштибоҳ будааст, лоақал ба назарам чунин мерасад, шояд воқеан чунин набошад ва умедвор ҳам ҳастам, ки чунин набошад. Вале бо таваҷҷӯҳ ба зоҳири амр, ба назар мерасад, нигоҳи нухбаҳо (албатта на ҳамаи онҳо, балки бештарашон) – чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ — ба ин ҳизб, ҳанӯз “сиёсӣ” аст; гӯӣ дар ин васат ҳеч иттифоқе науфтода, аҳаде аз аъзои ин ҳизб зери фишору таъқиб нест, касе аз онҳо дар зиндон ба сар намебарад ва умур камокон ба ҳамон минвол аст, ки пеш аз ин иттифоқҳо буда.

Нухбаҳо, ки мегӯям, манзурам аъамм аз сиёсатмадорон ва рӯзноманигорон ва таҳлилгарон ва ҳунармандон ва шоирон ва нависандаҳо ва ғайра аст. Шумо вақте ба таҳлили баъзе аз ин таҳлигарон нигоҳ мекунед, мебинед, тараф дар ҳоли баррасии ин масъала аст, ки масалан, оё аз ин ба баъд ин ҳизб шонсе барои “пирӯзӣ” дорад ё на? Ва “ҷангаш” бо ҳукумат, билохира ба куҷо анҷом хоҳад ёфт? Гӯӣ ин ки “ҷанге” дар ин миён барпост ва қувваҳо комилан баробаранд ва ҳоло бибинем, чӣ мешавад? Ингор на ингор, ки як тараф золим аст ва тарафе дигар мазлум.

Бале, таҳлилгар ҳақ дорад ҳар гуна, ки бихоҳад, таҳлил бикунад, дар ин тардиде нест. Вале ҳар таҳлиле, аввал ниёз ба таърифи “мавзӯъ” дорад. Шумо, то вақте, ки аз “мавзӯъе”, ки мехоҳед дар бораи он таҳлил бикунед, тасаввури возеҳе дар пеши худ надошта бошед, ва ё агар доштаед, вале онро барои хонанда ироа накунед, наметавонад таҳлилатон воқеъгароёна бошад. “Мавзӯи” таҳлили шумо, яке ҲНИТ аст, ки дар сахттарин ва душвортарин шароит қарор дорад ва ба ӯ зулму ситам мешавад, ва дигаре, ҳукумат аст, ки дар ҳоли истифода аз ҳар гуна васила ва абзор барои кӯбидан ва ҳазфи ҲНИТ аст. Дар ин сурат, таҳлили шумо ранге дигар ба худ мегирад.

Ва ё вақте ба мавзеъи баъзе аз сиёсатмадорон – ки худро шояд рақиби ҲНИТ бипиндоранд – нигоҳ мекунед, дигар ангушти ҳайрат мегазед! Дар ҳамин шароити бисёр душвор барои ин ҳизб, ки дар он қарор дорад ва бо ҳазору як мушкил домангир аст — ки намедонад аввал ба кадом яке аз онҳо бирасад; оё ба зиндониёнаш аз назари таъмини мояҳтоҷи онҳо бирасад, ё ба хонаводаҳои зиндониён, ки онҳо низ ниёз ба расидагӣ доранд, ва ё ба танзиму тартиби дохили худ бипардозад ва ғайра аз ҳазору як мушкили дигар – дар ҳамин вазъ ва шароит, ин “рақибҳо” ба ҷойи он, ки феълан даъвоҳои сиёсиро канор гузоранд ва биёянд ва ба унвони инсон, пешниҳоди кӯмак намоянд ва бигӯянд, “оё хидмате аз дасти мо бармеояд, то андаке ҳам, ки бошад, аз душвориҳои шумо бикоҳем?”, ба ҷойи ин, бо суистифода аз мавқеияти пешомада, дар садади таҳкими “ҷойгоҳи сиёсии худ” ҳастанд, ва бадтар аз ин, дар мавориде, ба кӯбидани ин ҳизб даст меёзанд; мисли ин ки он ҳама фишору таъқибҳои ҳукумат кам будааст, ки инҳо ҳам шарики онҳо мешаванд.

Дар ин миён як идда ҳам ҳастанд, ки аз назари ақида ва идеулужӣ, бо ҲНИТ ва куллан бо ҳар исломгарое, миёнаи хубе надоранд, ин гурӯҳ, ки қаблан ва пеш аз ин иттифоқоти ногувор, мудом ҷомеаро аз хатари “исломи сиёсӣ” ҳушдор медоданд, ман фикр мекардам, ки пас аз ин иттифоқот, шояд ҷанбаи инсонияташон бар ҷанбаи боварҳояшон чира гардад ва дигар (яъне феълан ва муваққатан) даст аз душманӣ ва адоват бо ҲНИТ ва исломгароён — ки дар дохили кишвар бо як вазъи бисёр ногувор рӯ ба рӯ ҳастанд – бармедоранд ва чун инсон ҳастанд (ва аз қазо, беш аз дигарон дам аз инсоният мезананд), раги инсонияташон бар раги душманӣ ва адоваташон бо ойини ислом ғалаба пайдо мекунад, вале мебинем, имрӯз ва пас аз ин ҳама иттифоқот, дастбардор нестанд. Ҳанӯз адабиёташон ҳамон адабиёт аст, ва мавзеъашон ҳамон мавзеъ, ба ҳадде, ки одам ҳатто дар инсонияти ин гурӯҳ шак мекунад.

Ингор фаромӯшамон шудааст, ки ҳар як аз мо, бо ҳар ақида ва андешае, ки дорем ва пеш аз ин ки мавзеъи хоссе нисбат ба ҷомеаи худ дорем, қабл аз инҳо, одам ва инсонем! Инсон, ҳатто агар як душмани ашаддиаш – то чӣ расад ба дӯсташ — дар як шароити сахт гирифтор ояд, дасти ӯро мегирад ва ба кӯмакаш мешитобад; на ин ки вақте душманаш гирифтор шуд, бо суистифода аз он шароит, ба фикри нобуд кардани вай барояд. Ин ғояти ноҷавонмардӣ ва хуруҷ аз зиййи инсоният аст. Дар таърих аст, ки миёни Фазл ибни Рабиъ, вазири Ҳорун ва писараш Амин, ва миёни Фазл ибни Саҳли Бармакӣ, яке дигар аз вузарои аббосӣ, як душманӣ ва рақобати бисёр сахте вуҷуд дошт, ин ду якдигарро чашми дидан надоштанд. Рӯзгор чунин шуд, ки Фазл ибни Рабиъ пас аз кушта шудани Амин ба дасти сипоҳиёни Маъмун, дар як шароити бисёр душворе қарор гирифт ва аз Бағдод ба Марв (маркази ҳукумати Маъмун) фирор кард, ва рӯзгор чунон барояш сахт гардид, ки мисли гадоён зиндагӣ мекард. Ӯ, ки худро аз Фазл ибни Саҳли Бармакӣ дар Марв махфӣ нигаҳ медошт ва гумон мекард, ки агар ба дасти ӯ биуфтад, Ибни Саҳл ӯро тиккапора хоҳад намуд, аммо иттифоқан дуруст баръакс шуд. Ибни Саҳл вақте Фазл ибни Рабиъро дар якчунин ҳолати бисёр ногувор дид, дасташро гирифт ва маболиғи зиёд аз пул ба ӯ дод, то ба вазъи собиқи худ баргардад. Вақте аз Бармакӣ суол шуд, ки чаро бо душманат чунин кардӣ, посух дод, ӯ бо ин ки душман ва рақиби ман аст, вале феълан мардонагии як мард барои ӯ ин иҷозаро намедиҳад, ки бо суистифода аз вазъи ногувори душманаш, ӯро саркӯб кунад.

* * *

Нигорандаи ин сатрҳо итминони комил дорад, ки рӯзе ин ҳама масоиб ва душвориҳо муртафаъ хоҳад шуд, ва борҳо ёдовар шудаам, ки ҲНИТ бо сари баланд ба кишвар бозмегардад. Ин фақат як орзу нест. Касе, ки каме ҳам, ки бошад, аз шоммаи таҳлили вақойеъ бархӯрдор бошад, инро мефаҳмад ва дарк мекунад. Он вақт, мо мемонему мавозеъи иштибоҳи мо! Мо мемонему баҳрабардориҳои суи мо! Мо мемонему хусуматҳои бепояи мо! Ва хулоса, мо мемонему сари хами мо!

ҲНИТ ҳизбе нест, ки ба ҳамин осонӣ касе битавонад онро решакан ва ё маҳву нобуд кунад. Ин пиндори бисёр хом аст. Ҳизберо, ки дар ҷомеа реша дорад ва аз як таҷрибаи 40-сола бархӯрдор аст, оё мешавад аз саҳнаи рӯзгор маҳву нобудаш кард?

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , ,

1 reply

  1. Барои ба ин холат гирифтор шудани ТЭТ ХНИТ худи рохбарияти он гунахгор аст. Сиесати нодурусти ин хизб буд, ки аьзоенаш гирифтори зиндон хастанду гуреза. Агар чун дигар хизбхо дар асоси Конститутсия ва дигар конунхои амалкунанда фаьолият мекарданд,ба ин холат гирифтор намешуданд.Зиедарави карданд, конуншикани ва чиноят содир карданд. Хол он ки чанд маротиба гунохи хамаро Президенти ЧТ авф карда буданд, ки ин бояд сабак мешуд.

    Ислом ба зоти худ надорад айбе,
    Хар айб,ки хаст, дар мусулмонии мост.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: