Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (163)

Худои ҷаҳон ва ҷаҳон (5)

Матни мақола

Касе, ки ҷумлаи фавқро (яъне ҷумлаи Худои ҷаҳон ва ҷаҳонро) шунида ва мутаваҷҷеҳ мешавад, ки мо дар садади баҳс аз чунин мавзӯе ҳастем, табъан аз худ мепурсад, ки:

1) Чаро бояд аз Худои ҷаҳон баҳс кард? (1)

2) Оё ин баҳс саҳеҳ ва равост?

3) Фоидаи ин баҳс чист?

Мегӯем: он чи мусаллам аст ин аст, ки аз рӯзе, ки таърихи нақлӣ нишон медиҳад ва ё бо кунҷковиҳои илмӣ аз рӯзгорҳои моқабли таърих ба даст меояд, башар аз аввалин рӯзҳои пайдоиши худ ҳаргиз дар ин мавзӯъ ором нагирифта ва пайваста ба ҷустуҷӯ ва кунҷковӣ аз он пардохта ва ҳамеша муборизаи исботу нафй дар ин боб бапо будааст.

Агар исботи ин мавзӯъро фитрии башар надонем (бо ин ки фитрӣ аст), асли баҳс аз офаридгори ҷаҳон фитрӣ аст, зеро башар ҷаҳонро дар ҳоли иҷтимоъ дида як воҳид мушоҳида менамояд ва мехоҳад бифаҳмад, ки оё иллате, ки бо ғаризаи фитрии худ дар мавриди ҳар падидае аз падидаҳои ҷаҳон исбот мекунад, дар мавриди маҷмӯаи ҷаҳон низ собит мебошад?

Чизе, ки ҳаст ин аст, ки инояти башар ва фаъолияти фикрии вай дар ин баҳс, рӯз ба рӯз камтар мешавад ва ҳол он, ки дар гузаштаи замон рӯз ба рӯз бештар будааст (2) ва муқорини ин ҷараён ниёзмандиҳои ҳаётии инсон аз роҳи фаъолияти илмӣ ва амалӣ, ки мекунад ва доираи гирифтории вай рӯз ба рӯз васеътар ва бораш сангинтар мегардад. Ин нисбати мутаъокис пайваста буда ва мебошад. Ҳамин таъокуси нисбатро мо худамон низ метавонем бо ваҷҳе осонтар биёзмоем.

Дар ҳамин ҷаҳони пурҷору ҷанҷоли имрӯза агар ба афроде аз башар, ки нисбатан фароғате доранд ва ё ба воситаи мувоҷеҳа бо хатарҳои ҳавлнок ва ҳаводиси саҳмгин, дасташон аз ҳар васила ва сабабе аз асбоби наҷот кӯтоҳ мешавад саре бизанем, хоҳем дид, ки беҳтару некӯтар дилдодаи ин баҳс буда инояти зеҳнӣ ва истеъдоди фикриашон бештар аст. Ва ҳамин афрод ҳамин ки аз гӯшаи фароғат ё аз чолаи хатар берун омада пой ба саҳнаи кору кӯшиши рӯзона гузошта саргарми такопӯи зиндагӣ мешаванд, дубора фаромӯшкориро аз сар гирифта ва суст мегарданд.

Мо медонем, ки ба як фарди инсон, ки аз рӯи ғаризаи фитрии худ аз ҳар иллате баҳс мекунад, наметавон гуфт, истисноан дар як маврид, ғаризаи фитрии худро раҳо кунад.

Ва агар гоҳе дар асари иштибоҳкорӣ зеҳни вай аз ин баҳс мунсариф шуда ба парастиши модда бипардозад, ғаризаи фитрии вай дар паси парда ба фаъолияти худ идома дода дар мавқеъи фурсат, фаровардаи худро берун хоҳад рехт.

Мо бо ин баён ба ин натиҷа мерасем, ки:

Баҳсу гуфтугӯ дар Худои ҷаҳон, фитрии инсон аст.

Ва бо ин натиҷа посухи пурсиши аввал аз пурсишҳои сегона, ки дар оғози сухан гузошта будем, равшан мешавад.

* * *

Таълиқот:

(1) Дар таърихи адён ин масъала тарҳ мешавад, ки иллати пайдоиши мафоҳими динӣ, ки дар раъси онҳо мафҳуми “Худо” аст чист? Чӣ тавр шуд, ки башар ба ин мафҳум таваҷҷӯҳ кард ва ба дунболи он, як силсила сунан ва аъмол, ки фавқулъода барои онҳо аҳаммият қоил аст, анҷом дод? Ин пурсиш дар воқеъ мутаваҷҷеҳи ин ҷиҳат аст, ки башар дар тӯли таърихи худ чаро ба андешаи Худо афтода ва ба ҷустуҷӯи Худо пардохтааст? Чӣ омил ва ангезае башарро ба сӯи мафоҳими “Худо” ва “дин” ва “парастиш” савқ додааст? Оё он омил, ақлонӣ ва мантиқӣ аст ё равонӣ ва ё иҷтимоӣ? Ва агар равонӣ аст, оё ношӣ аз як тамоюли фитрӣ ва зотӣ аст, ва ё навъе аксуламал аст, ки руҳ дар баробари бархе пешомадҳо анҷом дода ва медиҳад?

Чунонки медонем, масоили бисёре ҳаст, ки аз қадимтарин давронҳо мавриди таваҷҷӯҳи башар будааст, аз қабили масъалаи иллияту маълулияти омма ва ҳамчунин иллияту маълулиятҳои хосса аз қабили таъсири фалон дору дар илоҷи фалон беморӣ, ва таъсири замину хуршеду моҳ дар хусуфу кусуф ва амсоли инҳо.

Ин гуна масоил, омили ақлонӣ ва мантиқӣ доштаанд яъне табиати ақлонӣ ва истеъдоди фикрии башар будааст, ки ӯро мутаваҷҷеҳи ин гуна масоил кардааст. Ин гуна масоил дар равоншиносӣ ё ҷомеашиносӣ ҷои холӣ надоранд, яъне ҷои ин нест, ки гуфта шавад, чӣ омили хориҷӣ сабаб шуд, ки дар фикри башар ин маъонӣ пайдо шуд? Зеро муқтазои табиати фикрии башар ин аст, ки мантиқан як силсила масоилро бипазирад. Аҳёнан мумкин аст он чи башар қарнҳо онро пазируфтааст хато ва носавоб бошад, ва дар айни ҳол, омили он фикри носавоб, истеъдоди мантиқӣ ва ақлонии башар бошад. Масалан, фалакиёти қадим ва порае аз табииёт, хато ва носавоб буд, вале омиле, ки башарро ба сӯи ҳамин фикри носавоб савқ додааст, ҷуз истеъдоди мантиқӣ ва ақлонӣ ва фикрии ӯ набудааст.

Аммо порае аз масоил ҳаст, ки қатъан чизи дигар ғайр аз истеъдоди ақлонӣ ва мантиқии башар дар гароиши ӯ ба онҳо таъсир доштааст, монанди эътиқод ба нуҳусати (шум будани) баъзе чизҳо. Дар миёни бисёре аз мардуми ҷаҳон эътиқод ба нуҳусати адади “13” вуҷуд дорад. Қатъан омили дигаре ғайр аз истеъдоди ақлонӣ ва мантиқӣ дар пайдоиши ин эътиқод таъсир доштааст, зеро аз назари ақлу мантиқ, кучактарин тафовуте миёни адади 13 ва соири ададҳо нест, ки лоақал эҳтимол дода шавад он тафовут маншаи хатои фикру мантиқи башар шудааст.

Дар ин гуна масоил аст, ки бояд ба дунболи иллати пайдоиши онҳо ва ривоҷи онҳо рафт ва он иллатҳоро, ки хориҷ аз ҳавзаи ақлу мантиқи башар аст кашф кард, ва дар заминаи ин гуна ақоид аст, ки метавон фарзияҳое иброз дошт бар хилофи масоиле, ки заминаи ақлонӣ ва мантиқӣ доштаанд. Ҳамчунон ки дар заминаи масоиле, ки бо тамоюлоти фитрӣ ва зотии башар бастагӣ дорад низ баҳс аз иллатҳои хориҷӣ ва рафтани дунболи фарзияҳо барои мабдаи пайдоиши онҳо кори ғалате аст. Масалан, аз замоне, ки башар пайдо шуда зиндагии хонаводагӣ доштааст ва ба қавли баъзе аз донишмандон, пеш аз он ки башар башар бошад яъне аҷдоди ҳайвонии ӯ низ зиндагӣ заношӯӣ доштаанд. Зиндагии заношӯӣ хостаи табиати башар аст.

Табиат ва сохтмони баданӣ ва руҳии башар барои таваҷҷӯҳи ӯ ба амри заношуӣ ва масоили хонаводагӣ кофӣ аст. Пас, ҷои ин баҳс нест, ки чӣ тавр шуд башар ба фикри зиндагии хонаводагӣ ва ҳаёти заношӯӣ афтод?

Мафоҳими “Худо” ва “дин” ва “парастиш” агар бо табиати ақлонӣ ва мантиқии башар бастагӣ дошта бошад ва ё бо тамоюлоти фитрӣ ва зотии ӯ марбут бошад, кофист барои таваҷҷӯҳи башар ба онҳо ва гароиш ба сӯи онҳо. Ва аммо агар бо ҳеч як аз онҳо бастагӣ надошта бошад, ночор бояд иллатҳои хосси равонӣ ва ё иҷтимоӣ барои онҳо ҷустуҷӯ кунем.

Касоне, ки “тарс” ё “ҷаҳл” ё “имтиёзоти табақотӣ” ё “маҳрумиятҳои иҷтимоӣ” ё “маҳрумиятҳои ҷинсӣ”-ро маншаи пайдоиши мафоҳими динӣ ва таваҷҷӯҳи башар ба Худо донистаанд, қаблан чунин фарз кардаанд, ки омили мантиқӣ ва ақлонӣ ё тамоюли фитрӣ ва зотӣ дар кор набудааст ва эътиқод ба Худо ва соири мафоҳими диниро аз қабили эътиқод ба нуҳусати адади “13” фарз кардаанд ва он гоҳ дар мақоми тавҷеҳи он баромадаанд; ва илло, бо вуҷуди омили мантиқӣ ё фитрӣ, ҷои ин гуна фарзияҳо нест.

Мо феълан дар бораи тамоюли фитрии динӣ баҳс намекунем ва онро ба оянда мавкул мекунем, танҳо аз ҷанбаи омили мантиқӣ матлабро дар назар мегирем.

Мегӯем: башар аз қадимтарин айём ба мафҳуми иллияту маълулият пай бурдааст, ва ҳамин кофист, ки ӯро мутаваҷҷеҳи мабдаи кулл кунад, ва лоақал ин пурсишро барои ӯ ба вуҷуд оварад, ки оё ҳамаи мавҷудот ва падидаҳо аз як мабдаи офариниш ба вуҷуд омадаанд ё на? Ба илова, башар аз қадимтарин айём, низомоти ҳайратовари ҷаҳонро медидааст, вуҷуди худро бо ташкилоти муназзам ва дақиқ мушоҳида мекардааст; ҳамин кофӣ будааст, ки ин фикрро дар ӯ ба вуҷуд оварад, ки ин ташкилоти муназзам ва ин ҳаракоти мураттаб, ҳама аз мабдаъ ва маншае мудаббир ва доно ва худогоҳ ношӣ мешавад ё на? Акнун мегӯем: оё бо вуҷуди ин авомили ақлонӣ ва мантиқӣ, боз бояд дар ҷустуҷӯи як омили иҷтимоӣ ва ё равонӣ бошем? Мусалламан ҳамон тавре, ки дар матн омадааст: “Фаразан исботи вуҷуди Худо фитрӣ набошад, асли баҳс аз Худо фитрӣ аст”.

Пас, дар бораи ин ки башар чаро аз Худо баҳс карда ва мекунад, набояд дар ҷустуҷӯи омили дигаре ғайр аз истеъдоди мантиқӣ ва ақлонӣ буд.

* * *

(2) Гуфтем, ки баҳс аз Худо фитрӣ аст. Ин ҷо як пурсиш падид меояд, ва он ин ки: агар баҳсу гуфтугӯ дар бораи Худо фитрист, чаро ҳамаи афроди башар ба ин баҳс алоқа нишон намедиҳанд? Чаро танҳо маҳрумон ва бекорон ба ин баҳс алоқа нишон медиҳанд? Чаро ҳар андоза, ки илму тамаддун пеш меравад ва башар саргармиҳои ҷиддӣ ва воқеӣ пайдо мекунад, аз ҳарораташ нисбат ба ин баҳс коста мешавад?

Дар гузашта, қисмати умдаи саргармии башарро “илоҳиёт” ташкил медод, аммо имрӯз ё барои ин масоил ҷое дар таълимоти умумӣ нест, ва ё ҳаст вале ба миқдори бисёр ночизе, ки нишондиҳандаи коҳиши ҳарорати башар дар ин масоил аст. Декорт, ки дар раъси таҳаввули ҷадиди илмӣ қарор гирифтааст, бо ин ки як марди илоҳист, тасреҳ мекунад, ки ман фақат қисмати бисёр каме аз вақти худро сарфи илоҳиёт мекунам, умдаи авқотам сарфи риёзиёт ва табииёт мешавад. Баъд аз Декорт ҳар чӣ гузаштааст, ин алоқа ва ҳарорат камтар шуда то ҷое, ки дар миёни баъзе миллатҳо ба сифр расидааст.

Агар баҳс дар илоҳиёт фитрӣ мебуд, бо пешрафти илму тамаддун коҳиш намеёфт ва аҳёнан ба сифр намерасид. Пас, маълум мешавад иллати гароиши башар ба ин маъонӣ ва мафоҳим чизи дигар ғайр аз фитрати зотии башар аст.

Посухи ин пурсиш ин аст, ки аввалан, лозимаи фитрӣ будани як баҳс ин нест, ки ҳамаи авқот ҳамаи афродро бигирад, ҳамчунон ки ҳеч алоқаи табиии дигар низ чунин нест. Алоқа ба ҳунар ва зебоӣ як алоқаи фитрист, аммо чунон нест, ки ягона саргармии башар маҳсуб шавад. Бале, дар мавриди ҳар алоқаи фитрии умумӣ ҳамеша афроди хоссе пайдо мешаванд, ки алоқа ва завқи шадидтаре нисбат ба он доранд ва онро ба унвони риштаи тахассусии худ интихоб мекунанд.

Дар мавриди илоҳиёт низ афроди махсусе дар ҳар замон пайдо мешаванд, ки ба ин масоил беш аз ҳар масъалаи дигар алоқа нишон медиҳанд ва тамоми авқоти худро бо ризоят ва беҳҷати комил сарфи ин масоил мекунанд, ҳамчунон ки афроди дигаре пайдо мешаванд, ки аз рӯи алоқаи комил тамоми авқоти худро сарфи масоили ҳунарӣ ва зебоӣ менамоянд.

Сониян, чун умури мавриди алоқаи фитрии башар мутаъаддид аст, яке ду то нест, табъан саргармӣ ба баъзе аз алоиқ, аз алоиқи дигар мекоҳад ва аҳёнан онҳоро ба бӯтаи фаромӯшӣ месупорад. Як нафар донишомӯз то вақте, ки дар муҳити дониш аст, бо алоқаи вофир ва ишқи комил ба таҳқиқоти илмӣ мепардозад ва аз онҳо лаззат мебарад, аммо ҳамин ки муҳити донишро раҳо мекунад ва ба ватани худ бозмегардад ва саргарми мулоқоти хешовандон ва гардишҳои дастаҷамъӣ ва ғайра мешавад, алоқаи илмиаш коҳиш меёбад, то ҷое, ки дар худ рағбате ба фикру мутолеа намеёбад, бо ин ки алоқа ба таҳқиқу ковиш як алоқаи фитрӣ ва зотӣ аст дар башар.

Алоқаи динӣ низ ҳамин тавр аст, бо шароити муҳит бастагӣ дорад. Яъне буду набуди мӯҷиботи таваҷҷӯҳ ба моддиёт, дар коҳиш ва афзоиши ин алоқа таъсири басазо дорад.

Ба илова, ҳар алоқаи фитрӣ дар айни фитрӣ будан, эҳтиёҷ дорад ба тазаккуру танаббуҳ. Буду набуди музаккироти илоҳӣ — яъне умуре, ки башарро ба Худо ва холиқи худаш таваҷҷӯҳ диҳад — дар афзоиш ва коҳиши ин алоқа муассир аст. Кадом рағбати табиӣ аст дар башар, ки буду набуди умуре, ки башарро нисбат ба онҳо ёдоварӣ мекунад, таъсир надорад? Оё рағбат ба хӯрок ин тавр аст? Ё рағбати ҷинсӣ ин тавр аст?

Пас, бисёр содда ва табиист, ки гирифториҳо ва саргармиҳои моддии имрӯзи башар, ки фаровон ва ҷолибу ҷозиб аст, аз таваҷҷӯҳ ба баҳсу ковиш дар умури маънавӣ бикоҳад. Вале ин гирифториҳо ва саргармиҳо сабаб намешавад, ки алоқаи башар ба ин масоил ба куллӣ аз миён биравад. Башари имрӯз низ агар фароғате биёбад, бо ишқу алоқаи вофир ба сӯи ин масоил гароиш пайдо мекунад. Дар ҷаҳони имрӯз фикру кӯшиш ва таълиму таъаллум ва таҳқиқу таълиф ва суханронӣ дар бораи масоили илоҳӣ кам нест.

Дар сол даҳҳо ҳазор китобу мақола аз тарафи донишмандони ҷаҳон дар ин мавзӯъот нигориш меёбад. Он китобҳо ва мақолаҳо аз соири китобҳо ва мақолоти илмӣ ва адабӣ агар хонандаи бештаре надошта бошад, камтар ҳам надорад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: