Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (247)

Бақияи қиссаи мутриб ва пайғом расонидани амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу бо ӯ он чи ҳотиф овоз дод (1)

* * *

Бозгарду ҳоли мутриб гӯш дор,

З-он ки оҷиз гашт мутриб з-интизор.

Дар ин ҷо Мавлоно дубора ба достони пири чангӣ бозмегардад ва мегӯяд: эй шунаванда! Шунидани ин гуна асрору маъониро феълан вонеҳ ва бақияи достони он хунёгарро бишнав, зеро ки он хунёгар дар гӯристони Ясриб (Мадина) аз интизор кашидан оҷиз шуда буд.

Бонг омад мар Умарро, к-эй Умар!

Бандаи моро зи ҳоҷат бозхар.

Аз боргоҳи илоҳӣ нидо даррасид, ки: эй Умар! Ҳоҷати бандаи моро баровар.

Аз ҳоҷат бозхаридан: киноя аз баровардани ҳоҷат ва ниёз.

Бандае дорем хоссу мӯҳтарам,

Сӯйи гӯристон ту ранҷа кун қадам.

Бандае дорем, ки назди мо ҷузъи ёрони вежа ва гиромӣ аст, ту ба сӯи гӯристон бирав.

Эй Умар, барҷаҳ, зи байтулмоли ом,

Ҳафтсад динор дар каф неҳ тамом.

Эй Умар! Аз хоб бархез ва аз байтулмоли умумии мардум ҳафтсад динори тамом бардор.

Пеши ӯ бар, к-эй ту моро ихтиёр,

Ин қадар бистон, кунун маъзур дор.

Ин қадар аз баҳри абрешимбаҳо,

Харҷ кун, чун харҷ шуд, ин ҷо биё.

Он динорҳоро назди он бандаи мо бибар ва ба ӯ бигӯ: эй бандаи мақбули мо феълан ин миқдор динорро бигир ва узри мо бипазир. Ин миқдор динорро ба ту бобати музди навозандагиат додем, феълан ҳамин миқдорро харҷ кун ва ҳар вақт, ки тамом шуд, ба ҳамин ҷо биё ва боз ниёзатро ба Парвардигорат арза кун.

Абрешимбаҳо: дастмузди навозанда.

Пас Умар з-он ҳайбати овоз ҷаст,

То миёнро баҳри ин хидмат бибаст.

Пас Умар (р) аз ҳайбату шукӯҳи он садо аз хоб барҷаҳид ва аз барои анҷоми ин хидмат омода шуд.

Сӯйи гӯристон Умар бинҳод рӯ,

Дар бағал ҳамён, давон, дар ҷустуҷӯ.

Умар (р) рӯ ба сӯи гӯристон ниҳод ва кисаи зарро дар бағал дошт ва ба ҷустуҷӯи пири ҷангӣ пардохт.

Гирди гӯристон равона шуд басе,

Ғайри он пир ӯ надид он ҷо касе.

Атрофи гӯрҳоро бисёр гашт, вале ғайр аз он пири чангӣ касеро дар он ҷо надид.

Гуфт: ин набвад, дигарбора давид,

Монда гашту ғайри он пир ӯ надид.

Бо худ гуфт: бандаи хосси илоҳӣ набояд ин пирамард бошад, пас як бори дигар давид ва дар ниҳоят оҷизу дармонда шуд ва ҷуз он пири солхӯрда касеро надид.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: