Перейти к содержимому

Муҳоҷирони Ҳабаша

Сол ба сол ва моҳ ба моҳ бар шумори мусалмонон дар Макка афзуда мешуд. Фишорҳо ва сахтгириҳои маккиён на танҳо натавонист афродеро, ки ба ислом гаравида буданд аз ислом баргардонад, балки натавониста буд ҷилави ҳуҷуми мардумро аз марду зан ба сӯи ислом бигирад.

Ҳуҷуми рӯзафзуни мардум ба сӯи ислом ва исрор ва самоҷат ва муҳкам часпидани онон — ки бо ҳеч василае барнамегаштанд — бештар Қурайшро асабӣ ва хашмгин мекард ва рӯз ба рӯз бар шиддати амал ва озору азияти мусалмонон меафзуданд.

Кор бар мусалмонон танг шуд ва ҳамчунон сабр мекарданд. Расули Акрам барои ин ки муваққатан дасти Қурайшро аз сари мусалмонон кӯтоҳ кунад, ба мусалмонон пешниҳод кард аз Макка хориҷ шаванд ва ба сӯи Ҳабаша муҳоҷират кунанд. Фармуд, чун фармонравои феълии Ҳабаша марди одил ва додгустарест, метавонед муддате дар ҷивори ӯ ба сар баред, то баъд Худои Мутаъол фараҷе барои ҳама фароҳам созад.

Иддаи зиёде аз мусалмонон ба Ҳабаша ҳиҷрат карданд. Дар он ҷо роҳат ва осуда зиндагӣ мекарданд ва аъмолу фароизи мазҳабии хешро — ки дар Макка ба ҳеч наҳв наметавонистанд озодона анҷом диҳанд — дар он ҷо озодона анҷом медоданд.

Қурайш ҳамин ки аз рафтани мусалмонон ба Ҳабаша ва осоиши онҳо мутталеъ шуданд, аз тарси ин ки мабодо конуне барои ислом дар он ҷо ташкил шавад, дар миёни худ шӯро карданд ва нақша кашиданд, ки коре кунанд, то мусалмононро ба Макка баргардонанд ва мисли ҳамеша таҳти назар бигиранд.

Барои ин манзур, ду марди шоиста ва зирак аз миёни худ интихоб карданд ва ҳамроҳи онҳо ҳадоёи зиёде барои Наҷҷошӣ, подшоҳи Ҳабаша ва ҳадоёи зиёди дигаре барои сарон ва шахсиятҳо ва атрофиёни Наҷҷошӣ, ки суханонашон дар подшоҳ муассир буд, фиристоданд. Ба ин ду нафар дастур доданд, ки баъд аз вуруд ба Ҳабаша аввал ба суроғи руасо ва атрофиёни Наҷҷошӣ биравед ва ҳадоёи онҳоро бидиҳед ва ба онҳо бигӯед: “Ҷамъе аз ҷавонони бетаҷриба ва нодони мо ахиран аз дини мо баргаштаанд ва ба дини шумо низ ворид нашудаанд ва ҳоло омадаанд ба кишвари шумо. Акобир ва бузургони қавми мо, моро пеши шумо фиристодаанд, ки аз шумо хоҳиш кунем, инҳоро аз кишвари худ берун кунед ва ба мо таслим намоед. Хоҳиш мекунем, вақте ин матлаб дар ҳузури Наҷҷошӣ матраҳ мешавад, шумо назари моро таъйид кунед.”

Фиристодагони Қурайш як-як бузургон ва шахсиятҳоро мулоқот карданд ва ба ҳар як ҳадияе доданд ва аз ҳамаи онҳо қавл гирифтанд, ки дар ҳузури подшоҳ назари ононро таъйид кунанд.

Сипас ба ҳузури худи Наҷҷошӣ рафтанд ва ҳадоёи олӣ ва нафиси худро тақдим карданд ва ҳоҷати хешро баён доштанд.

Тибқи қарори қаблӣ, ҳошиянишинони маҷлис ҳама ба нафъи намояндагони Қурайш сухан гуфтанд, ҳама назар доданд, ки фавран дастури ихроҷи мусалмонон ва таслими онҳо ба намояндагони Қурайш дода шавад.

Вале худи Наҷҷошӣ таслими ин фикру назар нашуд. Гуфт:

— Мардуме аз сарзамини худ ба кишвари ман паноҳ овардаанд, ин саҳеҳ нест, ки ман таҳқиқ накарда ва надида, ҳукми ғиёбӣ алайҳи онҳо содир кунам ва дастури ихроҷ бидиҳам. Лозим аст онҳоро эҳзор кунам ва суханашонро бишинавам, то бибинам чӣ бояд бикунм?

Вақте, ки ин ҷумлаи охир аз даҳони Наҷҷошӣ хориҷ шуд, ранг аз сурати намояндагони Қурайш парид ва қалбашон тапидан гирифт, зеро чизе, ки аз он метарсиданд, ҳамон рӯ ба рӯ шудани Наҷҷошӣ бо мусалмонон буд. Онон тарҷеҳ медоданд мусалмонон дар Ҳабаша бимонанд ва бо Наҷҷошӣ рӯ ба рӯ нашаванд, чун магар на ин аст, ки ин кеши ҷадид ҳар чӣ дорад, аз “сухан” ва “калом” дорад ва ҳар кас, ки мафтуни ин дин шуда, аз шунидани як силсила суханони бахусусе аст, ки Муҳаммад мегӯяд, ки аз ҷониби Худо ба ман ваҳй шуда? Магар на ин аст, ки ҷозибае сеҳромез дар он суханон нуҳуфтааст? Ҳоло кӣ медонад? Шояд мусалмонон омаданд ва аз ҳамон суханон, ки ҳамаашон ҳифз доранд, дар ин маҷлис хонданд ва дар ин маҷлис низ ҳамон асарро кард, ки дар маҷолиси Макка мекард ва мекунад. Вале чӣ бояд кард, кор аз кор гузаштааст. Наҷҷошӣ дастур дод, ин иддаро, ки мегӯянд ба кишвари Ҳабаша паноҳ овардаанд дар мавқеи муайян ба ҳузури вай биёваранд.

Мусалмонон аз омадани намояндагони Қурайш ва ҳадияҳои онон ва рафту омадашон ба хонаҳои риҷол ва ҳошиянишинони дарбори Наҷҷошӣ ва манзурашон аз омадан ба Ҳабаша комилан огоҳ буданд, ва албатта бисёр нигарон буданд, ки мабодо нақшаи онҳо коргар шавад ва маҷбур шаванд ба Макка баргардонда шаванд.

Вақте, ки маъмури Наҷҷошӣ омад ва ононро эҳзор кард, донистанд, ки хатар то болои сарашон омада. Ҷамъ шуданд ва шӯро карданд, ки дар он маҷлис чӣ бигӯянд? Раъйҳо ва назарҳо ҳама муттафиқ шуд, ки ҷуз ҳақиқат чизе нагӯянд, яъне вазъи худашонро дар ҷоҳилият таъриф кунанд ва баъд ҳақиқати ислом ва дастурҳои ислом ва руҳи даъвати исломиро ташреҳ кунанд, ҳеч чизеро кетмон накунанд ва як калима бар хилофи воқеъ нагӯянд.

Бо ин фикру тасмим, ба маҷлис ворид шуданд. Аз он тараф низ, чун мавзӯи таҳқиқ дар атрофи як дини ҷадид матраҳ буд, Наҷҷошӣ дастур дод, ки иддае аз уламои мазҳаби расмии он вақти Ҳабаша, ки мазҳаби Масеҳ (а) буд, дар маҷлис ҳозир бошанд. Иддаи зиёде аз усқуфҳо бо ташрифоти махсусе ширкат карданд. Ҷилави ҳар кадом як китоби муқаддас гузошта шуд. Мақомоти давлатӣ низ ҳар як дар ҷои махсуси худ қарор гирифтанд.

Ташрифоти салтанатӣ ва ташрифоти мазҳабӣ даст ба дасти якдигар дода, шукӯҳу ҷалоли хоссе ба маҷлис дода буд. Худи Наҷҷошӣ дар садри маҷлис нишаста буд ва дигарон ҳар кадом, ба тартиби дараҷот, дар ҷои худ қарор гирифта буданд. Ҳар бинандае бе ихтиёр дар муқобили он ҳама азамату ташрифот хозеъ мешуд.

Мусалмонон, ки имон ва эътиқод ба ислом, виқору матонати хоссе ба онон дода буд, бо тумаънина ва оромишу виқор вориди он маҷлиси боазамат шуданд. Ҷаъфар ибни Абӯтолиб дар ҷилав ва соирин ба дунболи ӯ, яке пас аз дигаре ворид шуданд. Вале мисли ин ки ҳеч таваҷҷӯҳе ба он ҳама ҷалолу шукӯҳ надоранд.

Болотар аз ҳама ин ки риояти адаби маъмули замонро нисбат ба мақоми салтанат, ки изҳори хоксорӣ ва ба хок бӯса задан аст, накарданд. Ворид шуданд ва салом карданд.

Ин ҷараён, ки ба манзилаи иҳонате талаққӣ мешуд, маврид эътироз қарор гирифт, аммо онҳо фавран ҷавоб доданд:

— Дини мо, ки ба хотири он ба ин ҷо паноҳ овардаем, ба мо иҷоза намедиҳад дар муқобили ғайри Худои ягона изҳори хоксорӣ кунем.

Дидани он амал ва шунидани ин сухан дар тавҷеҳи он амал, руъбе дар дилҳо андохт ва ҳайбат ва азамату шахсияти аҷибе ба мусалмонон дод, ки соири азаматҳо ва ҷалолҳои маҷлис ҳама таҳтушшуъо қарор гирифт.

Наҷҷошӣ шахсан ӯҳдадори бозпурсӣ аз онҳо шуд, пурсид:

— Ин дини ҷадиди шумо чӣ динест, ки ҳам бо дини қаблии худи шумо мутамойиз аст ва ҳам бо дини мо?

Риёсати мусалмонон дар Ҳабаша бо Ҷаъфар ибни Абӯтолиб, бародари бузургтари ҳазрати Алӣ буд ва қарор бар ин буд, ки ӯ ӯҳдадори тавзеҳот ва ҷавобдеҳи суолот бошад. Ҷаъфар гуфт:

Мо мардуме будем, ки дар нодонӣ ба сар мебурдем, бут мепарастидем, мурдор мехӯрдем, муртакиби фаҳшо мешудем, қатъи раҳим мекардем, ба ҳамсоягон бадӣ мекардем, ақвиёи мо (ҳаққи) зуъафои моро мехӯрданд. Дар чунин ҳолате ба сар мебурдем, ки Худованд пайғамбаре ба сӯи мо мабъус фармуд, ки насабу покдомании ӯро комилан мешиносем. Ӯ моро ба тавҳид ва ибодати Худои якто хонд ва аз парастиши бутҳо ва сангҳову чӯбҳо боздошт. Моро фармон дод ба ростӣ дар гуфтор, ва адои амонат, ва силаи раҳим, ва хушҳамсоягӣ, ва эҳтироми нуфус. Моро наҳй кард аз иртикоби фаҳшо, ва сухани ботил, ва хӯрдани моли ятим, ва муттаҳам сохтани занони покдоман. Моро фармон дод ба шарик нагирифтан дар ибодат барои Худо ва ба намозу закоту рӯза ва…

Мо ҳам ба ӯ имон овардем ва ӯро тасдиқ кардем ва аз ин дастурҳо, ки баршумурдам пайравӣ кардем. Вале қавми мо, моро мавриди таъарруз қарор доданд ва ба мо печиданд, ки ин дастурҳоро раҳо кунем ва баргардем ба ҳамон вазъе, ки дар собиқ доштем, боз баргардем ба бутпарастӣ ва ҳамон пастиҳо, ки доштем. Ва чун имтиноъ кардем, моро азоб карданд ва таҳти шиканҷа қарор доданд. Ин буд, ки мо он ҷоро раҳо кардем ва ба кишвари шумо омадем ва умедворем, ки дар ин ҷо қарини амн бошем.

Сухан Ҷаъфар, ки ба ин ҷо расид, Наҷҷошӣ гуфт:

— Аз он калимоте, ки пайғамбари шумо мегӯяд, ки ваҳй аст ва аз ҷаҳони дигар ба сӯи ӯ омада, чизе ҳифз ҳастӣ?

Ҷаъфар гуфт:

— Бале.

Наҷҷошӣ фармуд:

— Миқдоре бихон.

Ҷаъфар бо дар назар гирифтани вазъи маҷлис, ки ҳама масеҳимазҳаб буданд ва худи подшоҳ ҳам шахсан масеҳӣ буд ва усқуфҳо ҳама китоби муқаддаси Инҷилро ҷилав гузошта буданд ва маҷлис аз эҳсосоти масеҳият мавҷ мезад, сураи муборакаи Марямро — ки марбут ба Марям ва Исо ва Яҳё ва Закариёст — оғоз кард ва оятҳои он сураро, ки фосилаҳои кӯтоҳ ва хотимаҳои якнавохти онҳо оҳанги махсусе падид меовард, бо тумаънина ва истеҳком хонд. Ҷаъфар зимнан хост бо хондани ин оятҳо мантиқи мӯътадил ва саҳеҳи Қуръонро дар бораи Исо ва Марям барои масеҳиён баён кунад, ва бифаҳмонад, ки Қуръон дар айни ин ки Исо ва Марямро ба мунтаҳои дараҷа тақдис мекунад, онҳоро аз ҳарими улуҳият ва худоӣ дур нигоҳ медорад. Маҷлис вазъи аҷибе ба худ гирифт, ашкҳо ҳама бар гунаҳо ҷорӣ шуд.

Наҷҷошӣ гуфт:

— Ба Худо, ҳақиқати он чи Исо гуфта ҳаминҳост. Ин суханон ва суханони Исо аз як реша аст.

Баъд рӯ кард ба намояндагони Қурайш ва гуфт:

— Биравед дунболи коратон… Ҳадоёи онҳоро ҳам ба худашон рад кард.

Наҷҷошӣ баъдан расман мусалмон шуд ва дар соли 9-уми ҳиҷрӣ аз дунё рафт. Расули Акрам аз дур бар ҷанозааш намоз хонд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Сираи Ибни Ҳишом”)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: