Нигоҳе ба андешаҳои сиёсии Имом Абӯҳанифа (р) (1)

Бахши аввал

Муқаддима

Андешаҳои сиёсии Имом Абӯҳанифаро наметавон дар як мақола гунҷонид, аммо бо ин ҳол, дар ин навиштор саъй шудааст ба сурати мухтасар, бо такя бар осор, фатвоҳо ва мавзеъгириҳои ӯ, ин матлаб ба хонанда намоёнда шавад. Дар ин мақола масоили марбут ба ҳоким ва ҳукумат, мардум ва ҷомеа ва фиқҳи сиёсии Имом Абӯҳанифа мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.

* * *

Зиндагинома

Имом Абӯҳанифа, Нӯъмон ибни Собит, фақеҳ ва мутакаллими номдори Куфа ва поягузори мазҳаби ҳанафӣ (аз мазоҳиби чаҳоргонаи фиқҳии аҳли суннат) буд. Пайравонаш ӯро Имоми Аъзам ва Сироҷулумма лақаб додаанд. Вай дар хонаводае мусалмон дар шаҳри Куфа зода шудааст. Таваллуди ӯ бо ҳукумати Абдулмалик ибни Марвон ва ҳокимияти Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф бар Ироқ ҳамзамон буд. Падарбузургаш аз мардумони Балх буд, ки эҳтимолан дар ҷараёни фатҳи Хуросон ба асорат даромад, ба Ироқ оварда шуд ва ба ойини ислом гаравид. (1)

Имом Абӯҳанифа аз тобеъин буд. (2) Ӯ барои имрори маъош, тиҷорати хазз (навъе порчаи абрешимӣ) мекард. (3) Вақте Ҳаҷҷоҷ саҳнаи сиёсатро тарк кард, Имом Абӯҳанифа 15-сола буд. Вай аз фақеҳон ва олимони бисёре дониш омӯхт. Устоди вежааш Ҳаммод ибни Абисулаймон буд, ки муддати 18 сол назди ӯ ба фарогирии фиқҳ пардохт ва то ҳангоми вафоти Ҳаммод ҳалқаи дарси ӯро тарк нагуфт. (4) Бо даргузашти Ҳаммод ибни Абисулаймон (дар соли 120 ҳ.қ), марҷаъияти судури фатво ва тадриси фиқҳ дар Куфа, ба Имом Абӯҳанифа мунтақил ва аз ҷойгоҳи вежае бархӯрдод шуд. (5)

Имом Абӯҳанифа шоҳиди рӯзҳои бӯҳронии ҳукумати Язид ибни Муҳаллаб, Холид ибни Абдуллоҳ ал-Қасрӣ ва Наср ибни Сайёр бар Ироқ буд. Вай ҳамвора истиқлоли худро аз ҳокимони умавӣ ва аббосӣ ҳифз кард ва аз пазириши маносиби ҳукуматӣ ва низ қазоват (қозигӣ), ки аз сӯи онҳо пешниҳод мешуд, худдорӣ менамуд. Ҳатто касонеро, ки бо дастгоҳи ҳукумати умавӣ ва аббосӣ ба мухолифат бармехостанд, гоҳу бегоҳ ва ба суратҳои мухталиф ҳимоят мекард. Ба шаҳодати таърих:

— ҳимояти молӣ аз қиёми Зайд ибни Алӣ; (6)

— кӯмак ба дарёфти амоннома барои бозгашти Ҳорис ибни Сурайҷ (яке аз сарони инқилобии Хуросон) ба Марв; (7)

— мунозира бо Хавориҷ, ки ба раҳбарии Заҳҳок ибни Қайси Шайбонӣ Куфаро дар солҳои 128-127 ҳ.қ тасарруф карда буданд; (8)

— гурехтан ба Макка дар ду соли охири ҳукумати умавиён ба далели фишорҳои ҳукуматӣ барои пазириши амри қазо (қозигӣ) ва мансаби назорат бар байтулмол; (9)

— ҳимояти ошкор аз қиёми Иброҳим ибни Абдуллоҳи Ҳасанӣ (аз имомони зайдӣ) дар Басра алайҳи хилофати Мансур (халифаи аббосӣ); (10)

— судури раъй бар хилофи майли Мансур дар ҷараёни қиёми Ҳассон ибни Муҷолид, ки Мансур ба дунболи ахзи раъй аз фақеҳони Куфа мабнӣ бар нақзи паймони собиқи мавсилиён бо халифа ва даст ёфтан ба тавҷеҳе барои ҳамла ба онҳо буд; (11)

… бахшҳое аз ҳаёти сиёсии Имом Абӯҳанифаро ташкил медиҳанд. Имом Абӯҳанифа саранҷом бино ба далеле, ки дақиқан равшан нест, тавассути Мансур дар Бағдод маҳбус шуд ва пас аз чанд рӯз даргузашт. (12)

Имом Абӯҳанифа 52 сол аз умри хешро дар ҳукумати умавиён ва 18 солро дар ҳукумати аббосиён гузаронд. Дар вараъу тақвояш нақлҳои фаровоне вуҷуд дорад, ӯ ҳеч гоҳ ҳадия ё тӯҳфае аз тавонгарон ва салотин дарёфт накард. (13)

Муҳимтарин шогирдонаш, ки дар ҳифз ва густариши мазҳаби ӯ яъне мазҳаби ҳанафӣ муассир буданд иборатанд аз: Абӯюсуф ибни Яъқуб ибни Иброҳим (вафотёфтаи 183 ҳ.қ) ва Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ (вафотёфтаи 189 ҳ.қ) (14)

Имом Абӯҳанифа аввалин касе дониста шуда, ки ба таснифу таълифи фиқҳ пардохта. Аз қавли Имом Шофеӣ нақл шудааст, ки ӯ мӯътақид буд ҳамаи мардум дар фиқҳ фарзандони Абӯҳанифаанд. (15) Мазҳаби вай тавассути Абӯюсуф, ки мансаби қозиюлқузотиро дар давлати аббосӣ ба даст овард тарвиҷ ва мазҳаби расмии фиқҳӣ дар давлатҳои аббосӣ, салҷуқӣ, ғазнавӣ ва усмонӣ буд. Ҳамакнун ин мазҳаб дар Фарорӯд, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Покистон, Ҳинд, Чин ва чанд кишваре дигар ривоҷ дорад.

* * *

Осор

Аз Имом Абӯҳанифа осоре дар фиқҳ, калом ва ахлоқ боқӣ монда, ки бархе ба чоп расида ва бархе низ ба сурати хаттӣ мавҷуд аст. Китобҳо ва рисолаҳои мунтасаб ба вай иборатанд аз:

1) Ал-фиқҳул-акбар;

2) Ал-ъолиму вал-мутаъаллим;

3) Рисолатун ило Усмон ал-Баттӣ;

4) Васиаятун ило тилмизиҳи (Қозӣ Абӯюсуф);

Осори хаттии ӯ иборатанд аз:

1) Васиятун ило ибниҳи Ҳаммод;

2) Васиятун ило Юсуф ибни Холид ас-Самтӣ;

3) Рисолатун фил-имон ва такфири ман қола би халқил-Қуръон;

4) Муҷодалатун ли аҳадид-даҳрийин.

* * *

Андешаи сиёсӣ

Фасли аввал: Ҳоким ва ҳукумат

1) Хилофат:

Яке аз мабоҳис дар миёни фирқаҳои каломии аҳли суннат ин буд, ки оё халифа лузуман бояд аз қабилаи Қурайш бошад? Ин муноқиша аз он ҷо бархоста буд, ки ҳадисе аз Паёмбари ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нақл шудааст, ки:

الْأَئِمَّةُ مِنْ قُرَيْشٍ

Пешвоён аз Қурайш ҳастанд”.

Хавориҷ ва Мӯътазила хилофати ғайри қурайширо ҷоиз мешумурданд. Дар муқобили ин ду гурӯҳ, фирқаҳое низ буданд, ки бар қурайшӣ будани халифа таъкиди қатъӣ ва ҳатмӣ доштанд. Дар ин миён, Имом Абӯҳанифа бар он буд, ки қурайшӣ будани халифа тарҷеҳ дорад, (16) аммо на ба ин маънӣ, ки хилофат ҳаққи вежаи ин қабила бошад. Ба назари вай, рози қурайшӣ будани халифа ин буд, ки дар шароити хосси он рӯзгор, як халифаи қурайшӣ беҳтар аз дигарон метавонад инсиҷом ва қудрати мусалмононро ҳифз кунад. Бинобар ин, ба назари Имом Абӯҳанифа, қурайшӣ будани халифа, иқтизои сиёсии он аср буд, на ин ки вежагии ҷудоинопазири халифаи мусалмонон барои ҳамаи давраҳои таърихӣ бошад. (17)

* * *

2) Машрӯияти сиёсӣ:

Мавзеъи Имом Абӯҳанифа дар қиболи хилофат ва масъалаи машрӯияти ҳокими исломӣ равшан буд. Ба назари ӯ, зӯр машрӯият намеоварад. Ҳокимоне, ки ба зӯр мансаби хилофат ё ҳукуматро ба даст мегиранд ва баъд барои қонунӣ нишон додани он, мутавассил ба ахзи байъати иҷборӣ аз мардум мешаванд, машрӯият надоранд. Ба назари Имом Абӯҳанифа, халифа бояд пас аз машварат ва табодули назар бо аҳли раъй, баргузида шавад. (18)

Имом Абӯҳанифа ҳамин нуктаро, ки халифа ба иҷмоъи мусалмонон машрӯият меёбад, бо сароҳати бештар дар гуфтугӯ бо Мансур, халифаи аббосӣ баён мекунад. Мансури Аббосӣ аз се тан аз фуқаҳои баноми асри худ хост, то раъйи худро дар бораи шоистагии вай барои хилофат иброз кунанд. Аз он се тан, яке Имом Абӯҳанифа буд. Ӯ дар баробари Мансур мегӯяд:

ولقد وليت الخلافة وما اجتمع عليك نفسان من اهل التقوى والخلافة تكون عن إجماع المؤمنين ومشورتهم فهذا أبو بكر يمسك عن الحكم ستة أشهر حتى أتته بيعة اهل اليمن

Ту дар ҳоле хилофатро гирифтӣ, ки ҳатто ду нафар ҳам аз аҳли тақво бар он иҷмоъ надоштанд. Ин дар ҳолест, ки хилофат бар иҷмоъи мӯъминон ва машварати онҳо муттакӣ аст. Ба ҳамин далел буд, ки Абӯбакр то шаш моҳ ва замоне, ки байъати аҳли Яман ба ӯ нарсида буд, аз пазириши ҳукм худдорӣ кард.” (19)

Дар замони Имом Абӯҳанифа яке аз мабоҳиси ҷорӣ ва пурмушоҷира дар мавриди машрӯияти ҳокими исломӣ ин буд, ки оё фарде золим ё фосиқ метавонад халифаи мусалмонон бошад ё на? Абӯбакри Ҷассос, фақеҳи номдори ҳанафӣ, дар зайли тафсири ояти:

إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا

Ҳамоно ман туро барои мардум ба унвони имом қарор медиҳам.” (Сураи Бақара, ояти 124) менависад:

فَثَبَتَ بِدَلَالَةِ هَذِهِ الْآيَةِ بُطْلَانُ إمَامَةِ الْفَاسِقِ وَأَنَّهُ لَا يَكُونُ خَلِيفَةً وَأَنَّ مَنْ نَصَّبَ نَفْسَهُ فِي هَذَا الْمَنْصِبِ وَهُوَ فَاسِقٌ لَمْ يَلْزَمْ النَّاسَ اتباعه ولا طاعته وَكَذَلِكَ قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: لَا طَاعَةَ لِمَخْلُوقٍ فِي مَعْصِيَةِ الْخَالِقِ. وَدَلَّ أَيْضًا عَلَى أَنَّ الْفَاسِقَ لَا يَكُونُ حَاكِمًا وَأَنَّ أَحْكَامَهُ لَا تَنْفُذُ إذَا وَلِيَ الْحُكْمَ وَكَذَلِكَ لَا تُقْبَلُ شَهَادَتُهُ وَلَا خَبَرُهُ إذَا أَخْبَرَ عَنْ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَلَا فُتْيَاهُ إذَا كَانَ مُفْتِيًا وَأَنَّهُ لَا يُقَدَّمُ لِلصَّلَاةِ… فَقَدْ حَوَى قوله: لا يَنالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ هَذِهِ الْمَعَانِي كُلِّهَا. وَمِنْ النَّاسِ مَنْ يَظُنُّ أَنَّ مَذْهَبَ أَبِي حَنِيفَةَ تَجْوِيزُ إمَامَةِ الْفَاسِقِ وَخِلَافَتِهِ… وَلَا فَرْقَ عِنْدَ أَبِي حَنِيفَةَ بَيْنَ الْقَاضِي وَبَيْنَ الْخَلِيفَةِ فِي أَنَّ شَرْطَ كُلِّ وَاحِدٍ مِنْهُمَا الْعَدَالَةُ وَأَنَّ الْفَاسِقَ لَا يَكُونُ خَلِيفَةً وَلَا يَكُونُ حَاكِمًا كَمَا لَا تُقْبَلُ شَهَادَتُهُ وَلَا خَبَرُهُ… وَكَيْفَ يَجُوزُ أَنْ يُدْعَى ذَلِكَ عَلَى أَبِي حَنِيفَةَ وَقَدْ أَكْرَهَهُ ابْنُ هُبَيْرَةَ فِي أَيَّامِ بَنِي أُمَيَّةَ عَلَى الْقَضَاءِ وَضَرَبَهُ فَامْتَنَعَ مِنْ ذَلِكَ وَحُبِسَ فَلَجَّ ابْنُ هُبَيْرَةَ وَجَعَلَ يَضْرِبُهُ كُلَّ يَوْمٍ أَسْوَاطًا… ثُمَّ دَعَاهُ الْمَنْصُورُ إلَى مثل ذلك فأبى فحبسه… وَكَانَ مَذْهَبُهُ مَشْهُورًا فِي قِتَالِ الظَّلَمَةِ وَأَئِمَّةِ الْجَوْرِ

Пас, ба далолати ин оят, ботил будани пешвоии фарди фосиқ ва ин ки ӯ наметавонад халифа бошад собит мешавад. Аз ин рӯ, агар як фарди фосиқ хештанро дар ин мансаб (хилофат) қарор бидиҳад, пайравӣ ва итоат аз вай, бар мардум лозим нест. Зеро ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд: “Махлуқро дар маъсияти холиқ итоате нест.” Ва ҳамчунин, ин оят далолат мекунад бар ин ки фарди фосиқ на метавонад ҳоким гардад — ва фармонҳои ӯ қобили иҷро нестанд — ва на шаҳодаташ қобили қабул аст ва на хабараш — агар аз Паёмбар (с) хабаре бигӯяд – ва на фатвояш қобили амал аст агар муфтӣ бошад. Ва ҳамчунин фарди фосиқ ҳатто наметавонад имоми ҷамоат гардад… Ҳамаи ин нукотро ояти мавриди назар дарбар мегирад. Баъзеҳо гумон мекунанд, мазҳаби Имом Абӯҳанифа бар ҷоиз шумурдани имомат ва хилофати фосиқ будааст… Ва ин нисбат дурӯғ аст, зеро дар назари Имом Абӯҳанифа, фарқе нест байни қозӣ ва халифа дар ин ки шарти ҳар як аз ин ду (қозӣ ва халифа) адолат (одил будан) аст ва ин ки фосиқ на метавонад халифа гардад ва на ҳоким, ҳамон тавр ки на шаҳодаташ қобили қабул аст ва на хабараш… Ва асосан, аз куҷо ин тӯҳмати нораворо ба домани Имом Абӯҳанифа бастаанд, дар ҳоле ки Ибни Ҳубайра дар рӯзгори умавиён Имомро бар пазириши мансаби қазоват маҷбур ва шаллоқ зад, аммо бо ин ҳама, Имом напазируфт, аз ин рӯ, ӯро ба зиндон афканданд ва Ибни Ҳубайра ҳам ҳар рӯз Имомро шаллоқ мезад… Сипас, Мансури Аббосӣ низ аз Имом хост, ин мансабро бипазирад, вале ӯ худдорӣ кард, ба ҳамин ҷиҳат Мансур Имомро ба зиндон андохт… Асосан, мазҳаб ва равиши Имом Абӯҳанифа дар набард ва пайкор бо золимон ва ҳокимони ҷоир бисёр машҳур аст…” (20)

* * *

3) Истиқлоли қувваи қазоия аз қувваи муҷрия:

Имом Абӯҳанифа мӯътақид ба ҷудоии ду ҳавзаи қазоват ва ҳавзаи иҷро дар ҳукумати исломӣ буд. Вай ақида дошт, ки қозӣ бояд чунон мустақил бошад, ки ҳатто агар халифа ба хато рафт, битавонад алайҳи ӯ ҳукми Худоро иҷро кунад, мегӯяд:

Агар халифа ба сабаби таҷовуз ба ҳуқуқи мардум муқассир бошад, қозӣ, ки ба мақом, толии ӯст (яъне қозиюлқузот) бояд ӯро маҷбур кунад, ки ба ҳукми қонун (шаръ) гардан ниҳад.” (21)

* * *

Идома дорад

Тазаккур: Поварақиҳо дар қисмати ахири ин мақола оварда хоҳад шуд.

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Ислом, Машоҳир, Торих

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: