Перейти к содержимому

Ризоӣ: “ҲНИТ фабрикаи ҷавоб нест, дунболи корҳои муҳимтаре аст”

Муҳаммадсаид Ризоӣ, аз раҳбарони аршад ва узви Раёсати олии ҲНИТ, дар посух ба ин пурсиш, ки чаро ин ҳизб дар баробари иттиҳомоти ворида бар ӯ вокуниши ҷиддӣ аз худ нишон намедиҳад гуфт: “Дар асл, ҲНИТ фабрикаи ҷавоб нест, ки барои ҳар дурӯғу тӯҳмати Ҳукумат ҳатман ҷавобе баргардонад. Наҳзат дунболи корҳои муҳимтаре аст.”

Ба гузориши сойти Паём, Ризоӣ дар гуфтугӯ бо ин сойт, ҳамчунин бо таъкид бар ин ки “ҲНИТ собит кард, ки ин ҳизб ва аъзоёнаш аз тероризм ва даҳшатгароӣ поканд ва ин муҷарради иддиъоҳои дурӯғини тарафи Ҳукумат аст” гуфт: “ҲНИТ илова ба намояндагиҳое, ки дар кишварҳои мутаъаддид таъйин кардааст, барномаҳои кории худро дар шакли депортаментҳои ҳуқуқ, муҳоҷирин ва маҳбусин, расона танзим ва роҳандозӣ кард. Пайваста нишастҳои корӣ, вохурӣ ва конфронсу чорабиниҳои лозимро дар робита ба вазъи поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон, маҳбусин, таъқиб ва шиканҷаи пайвандони зиндониён ва гумонбаршавандагони берун аз Ватан ва масоили дигари доғи ҷоҳон, баргузор мекунад. Чеҳраи мақомотеро, ки бевосита муртакиби ҷиноёт шудаанд, шиносоӣ ва ба мардуми азизамон, ҳамин тӯр ба додгоҳҳои ҷиноии байналмилалӣ тақдим ва талаби дастгир ва муҷозоти онҳоро дорад.”

Вай афзуд: “Барои ҳамин, Ҳукумат талош дорад, то бо ин роҳ иттиҳомҳои сохта ва бардурӯғи болои Наҳзат бор кардаашро ба ҳамватанони шарифамон ва дигарон биқабулонад.”

Ризоӣ дар посух ба ин пурсиш, ки чаро ҲНИТ дар баробари иттиҳомоти ворида бар ӯ вокуниши ҷиддӣ аз худ нишон намедиҳад гуфт: “Дар асл, ҲНИТ фабрикаи ҷавоб нест, ки барои ҳар дурӯғу тӯҳмати Ҳукумат ҳатман ҷавобе баргардонад. Дигар ин, ки ин як нақшаи тарроҳишуда аст, то мухолифинро дар ҳолати дифоъӣ нигоҳ доранд. Наҳзати Исломӣ ба қадри кофӣ аз мавқеъи худ ҳимоят ба амал оварда, назари мусбии мавриди таваҷҷӯҳро ба худ касб кардааст. Наҳзат дунболи корҳои муҳимтаре аст. Бояд чеҳраи воқеъии Ҳукумат ва мақомоти алоҳидаи манҳусе, ки мардумро дар оворагӣ нигоҳ дошта, дороӣ ва арзишҳои миллатро дар ивази зиндагии хуши худ ва наздиконашон ба савдо гузоштаанд, бармало шавад. Маълумоти дақиқ ва потенсиали корӣ дар ин маврид вуҷуд дорад. ҲНИТ инро муҳимтар меҳисобад, на иҷрои нақшаи Ҳукуматро. Ҳукумати Тоҷикистон инро хуб медонад ва инро ҳам медонад, ки Наҳзати Исломӣ аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ бармеояд. Барои ҳамин обро лой карда, мехоҳад бо гул задани мардум аз ҳисоби миллат моҳии тиллоӣ бигирад.”

Ин узви Раёсати олии ҲНИТ дар бахше дигар аз ин гуфтугӯ, бо ишора ба ин ки терроризми воқеӣ дар Тоҷикистон кадом аст ва террористи ҳақиқӣ чӣ касоне ҳастанд, хотирнишон кард: “Дар нисбати таърифи терроризм ҷомиъаи ҷаҳонӣ ҳар чизеро қабул карда бошад, он ба таърифе, ки Тоҷикистон аз он сухан мекунад фарқ дорад. Бар асоси нишондоди СММ сарони калидии кишвари мо террорист мебошанд. Собиқ саркардагони Фронти халқӣ, ки муқобили ҳукумати қонунӣ бархоста мардумро ба хоку хун кашиданд, қудратро дар даст доранд. То ба ҳол ба ҷиноёти худ идома дода, аз хавфи ҷавоб додан дар назди мардум дар ҳар чанд сол қонунро ба фоидаи худ иваз мекунанд. Моликияти мардумро бо зурӣ аз худ мекунанд, таҳдид, ба муҳлати тулонӣ зиндонӣ ва лозим шавад ба қатл мерасонанд ва аз касе ибо надоранд. Ҳеҷ кас ҳаққи даъво ва шикоят аз болои хукми болояш омадаро надорад. Даъво кунад бидуни истисно, ки он шахс диндор аст ё ғайри диндор, руҳонӣ аст ё тоҷир, аҳли адаб ё ҳуқшинос ба наҳзатӣ, таблиғӣ ва ё салафиву дигар гуруҳҳои сиёсӣ муттаҳам шуда ба душмании миллат айбдор мешавад. Пас ин терроризм ва инҳо террорист набошанд, чӣ ва кӣ ҳастанд?

Вай афзуд: “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз замони таъсис ва дар тӯли фаъолият, ҳиҷрат ва талошу гузаштҳояш барои сулҳу оромӣ ва осудагии мардум, кишвар ва минтақа нишон дод, ки ҳизби дорои характери динӣ муқобили ҳама гуна хушунат ва терроризму даҳшатгароӣ мебошад. Дар ҳама шароит сабру шикебоиро пеша карда, аз хушунат дур ва ҳама навъи онро маҳкум кардааст. ҲНИТ дар ҳеҷ вақту шароит ба терроризм рост намеояд, зеро терроризм бар хилофи ормони он аст. Наҳзати Исломӣ ҷонибдори саъодату ободӣ ва рушди кишварҳо ва мардуми ҷаҳон аст. Ва худи он борҳо бо такрор ба хотири ин мавқеаш аз терроризм ранҷу азият дидааст, махсусан аз терроризми дунявӣ.”

1 комментарий »

  1. ҲНИТ дигар ба фабрикаи ҷавоб эҳтиёҷ надорад, зеро мардуми тоҷик кӣ будани ҲНИТ-ту аъзоёнашро чун рӯз барои худ рӯшан кард. Ҳар ҷавобе, ки менависед, касе намехонад зеро он танҳо барои худсафед кунист. Домани тари шумо барои ҳама рӯшан аст.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: