Перейти к содержимому

Эъломи ҳимояти ҳизби салафии “Нур”-и Миср аз Ассисӣ дар интихобот

Ҳизби салафии “Нур”-и Миср ба таври расмӣ ҳимояти худ аз Абдулфаттоҳ Ассисӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии 2018-ро эълом кард.

Юнус Махюн, раиси ҳизби салафии “Нур” дар як конфронси хабарӣ эълом кард, ки тибқи баррасиҳои шӯрои ин ҳизб, Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури феълии Миср, барои ҳифзи суботи кишвар ва дур нигаҳ доштани он аз хатарҳо шоиста аст.

Махюн афзуд, ки чолишҳои пеши рӯи кишвар ва мушкилоти мутаъаддиди он бар ҳеч кас пӯшида нест ва ин амр иттиҳод ва ҳамкорӣ байни давлат ва миллатро металабад.

Тибқи гузориши Алявмус-собеъ, Махюн изҳор дошт, ки аҳзоби сиёсӣ бахше аз бофти миллӣ барои расидан ба аҳдоф ва таъмини манофеи Миср ҳастанд.

Вай афзуд, ки ҳизби “Нур” дидгоҳҳои худро ба раисиҷумҳури оянда барои бароварда шудани беҳтари ниёзҳои шаҳрвандон ироа хоҳад кард, ки ин дидгоҳҳо низ ба ҷанбаҳои иқтисодӣ ва рафъи осори манфии он бар шаҳрвандон марбут аст.

Лошин Иброҳим, раиси Кумитаи миллии интихоботи Миср ахиран дар як конфронси хабарӣ дар Қоҳира гуфт, ки мисриҳои муқими хориҷ тайи рӯзҳои 16, 17 ва 18 март барои ширкат дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ба пойи сандуқҳои раъй хоҳанд рафт.

Ба гуфтаи вай, интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар дохили кишвар низ тай рӯзҳои 26 то 28 март баргузор мешавад ва дар сурате, ки интихобот ба даври дуввум кашида шавад, ин интихобот тайи рӯзҳои 19 то 21 апрел дар дохили кишвар ва 24 ва 26 апрел низ дар хориҷ аз кишвар баргузор мешавад.

Дар ҳоле Ассисӣ дар Кумитаи интихобот сабти ном кардааст, ки то кунун рақиби ҷиддӣ барои Ассисӣ мушоҳида намешавад ва Сомӣ Анон, раиси пешини ситоди муштараки артиши Миср, ки барои номзадӣ дар интихобот эъломи омодагӣ карда буд, ҳафтаи гузашта ба иттиҳоми тахаллуф аз қавонини низомӣ боздошт ва аз саҳнаи рақобат ҳазф шуд.

Пештар низ Аҳмад Шафиқ, охирин нахуствазири давлати Ҳусни Муборак, раисиҷумҳури асбақ ва барканоршудаи Миср низ, ки барои номзадӣ эъломи тамоюл карда буд, таҳти фишорҳо инсироф дода буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: