Адли илоҳӣ (21)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши панҷум: Фоидаҳои шурур (1)

Баҳсе, ки дар зимни бахши қабл доштем, як баҳси фалсафӣ ва як таҳлили ақлӣ дар бораи шурур буд, вале дар ин бахш, масъаларо бо диди дигар мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Маъмулан касоне, ки дар бораи шурури ҷаҳон ба чашми хӯрдагирӣ менигаранд, ҳисоб намекунанд, ки агар ҷаҳон холӣ аз ин шурур гардад, ба чӣ сурат дархоҳад омад. Онон фақат ба таври басит ва муҷмал мегӯянд, кош ҷаҳон пур аз лаззат ва комёбӣ буд ва кош ҳар касе ба орзуҳои худ мерасид ва ҳеч ранҷу нокомӣ вуҷуд намедошт! Мансуб ба Хайём аст:

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

Аз нав фалаке чунон ҳамесохтаме,

К-озода ба коми дил расидӣ осон.

Акнун бибинем, сохтани ҷаҳоне беҳтар аз ҷаҳони феълӣ, ки шоир орзуи онро доштааст, чӣ гуна мумкин аст? Вақте мехоҳем барои бино ниҳодани “ҷаҳон” даст ба кор шавем, “фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем”, ҳатман бояд аз андешаҳои маҳдуд ва фикрҳои кӯдаконае, ки лоиқи зиндагии маҳдуди як фарди инсон аст, сарфи назар кунем ва ба тарҳе васеъ ва бузург биандешем. Гумон намекунам ин муҳандисӣ кори осоне бошад ва шояд натавонем тасмим бигирем.

Дар ҳар ҳол, беҳтар ин аст, ки нахуст вазъи мавҷудро баррасӣ кунем ва онро нектар бишносем, он гоҳ ба дунболи “тарҳе беҳтар” фикри худро хаста кунем. Шояд ҳам дар як баррасии ҷиддӣ ҳамин вазъи кунуниро биписандем. Барои мутолеаи ҷаҳони ҳозир лозим аст падидаҳои бало ва мусибатро аз ду назар мавриди баҳс қарор диҳем:

1) Шурур дар низоми кулли ҷаҳон чӣ мавқеияте доранд?

2) Арзиши шурур аз назари худи онҳо чист?

Дар қисмати аввал, баҳс ин аст, ки оё дар низоми кулли ҷаҳон, шурур қобили ҳазфанд? Ва ба иборати дигар, оё ҷаҳон минҳои шурур мумкин аст? Ё он ки бар хилофи он чи, ки дар назари бадвӣ (ибтидоӣ) тасаввур мешавад, ҳазфи онҳо аз ҷаҳон — яъне ҷаҳони минҳои шурур — ғайримумкин аст ва набудани мусибатҳо мусовӣ аст бо нобудии ҷаҳон. Ва ба иборати дигар, шурури ҷаҳон аз хайроти он тафкикнопазиранд.

Дар қисмати дуввум, баҳс ин аст, ки оё мусибатҳо фақат зиёнманданд? Ва ба истилоҳ, дорои арзиши манфӣ ҳастанд? Ё фоидаҳо ва осори мусбат ҳам доранд ва балки осори манфии онҳо дар ҷанби осори муфид ва мусбаташон сифр аст.

* * *

Асли тафкик

Аз он чи дар баҳси “табъиз” ва дар баҳси “шарр амре нисбӣ аст” гуфта шуд, то ҳадди зиёде равшан гашт, ки шурур ғайриқобили тафкик аз хайротанд; зеро шуруре, ки аз навъи фуқдонот ва аъдом (адамҳо)-анд — ба иборати дигар, халаъҳое аз қабили ҷаҳлу аҷзу фақр, ки дар низоми офариниш вуҷуд дорад — то он ҷо, ки ба низоми таквин иртибот дорад, аз қабили адами қобилияти зарфиятҳо ва нуқсони имконот аст. Яъне дар низоми таквин, барои ҳар мавҷуде ҳар дараҷа аз нақс ҳаст, ба иллати нуқсони қобилияти қобилӣ аст, на ба иллати имсоки файз, то зулм ё табъиз талаққӣ шавад. Он чи аз ин умур, ки ба адами қобилияти зарфҳо ва нуқсони имконот марбут нест, ҳамонҳост, ки дар ҳавзаи ихтиёр ва масъулият ва иродаи башар аст ва башар ба ҳукми ин ки мавҷуде мухтор ва озод ва масъули сохтани хеш ва ҷомеаи хеш аст, бояд онҳоро бисозад ва халаъҳоро пур кунад, ва ин аст яке аз ҷиҳоти халифатуллоҳии инсон. Ин ки инсон инчунин офарида шуда ва чунин масъулияте дорад, ҷузъе аз тарҳи низоми аҳсан аст. Ва аммо шуруре, ки вуҷудӣ ҳастанд ва дар вуҷуди “фи нафсиҳӣ”-и худ хайранд ва дар вуҷуди “ли ғайриҳи” шарр, чунонки гуфта шуд, ҷанбаи шаррияти онҳо ба ҳукми ин ки нисбӣ ва изофӣ аст ва аз лавозими лоянфакки вуҷуди ҳақиқии онҳост, аз ҷанбаи хайрияти онҳо тафкикнопазир аст.

Он чи дар ин ҷо лозим аст биафзоем, матлаби дигаре аст, ва он, асли ҳамбастагӣ ва “андомворагӣ”-и аҷзои ҷаҳон аст. Ҷаҳон як воҳиди таҷзиянопазир аст.

Яке аз масоили муҳим дар ҷаҳонбиниҳои фалсафӣ ва илмӣ ин аст, ки ҷаҳон аз лиҳози иртибот ва пайвастагии аҷзоъ, чӣ гуна аст? Оё ба сурати як силсила умури мутафарриқ ва пароканда аст? Оё агар қисмате аз ҷаҳон намебуд ва ё ба фарз, бахше аз мавҷудоти ҷаҳон несту нобуд шавад, аз назари соири аҷзои ҷаҳон, амре мумкин аст? Ё аҷзои ҷаҳон ҳама бо якдигар ба навъе вобаста ва пайвастаанд? Дар ҷилди панҷуми “Усули фалсафа ва равиши реализм” дар бораи ин матлаб баҳс кардаем.

Ин ҷо ҳамин қадр мегӯем, ки аз қадимтарин даврони таърихи фалсафа, ин матлаб мавриди таваҷҷӯҳ будааст. Арасту тарафдори ваҳдати андомвории олам аст. Дар ҷаҳони ислом ҳамвора ин асл таъйид шудааст. Мир Фендерескӣ, ҳаким ва орифи маъруфи аҳди сафавӣ, бо забони шеър чунин мегӯяд:

Ҳақ, ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҳамчу бадан,

Аснофи малоик чу қувои ин тан.

Афлоку аносуру маволид, аъзоъ,

Тавҳид ҳамин асту дигарҳо ҳама фан.

Ҳегел, файласуфи машҳури Олмон, дар фалсафаи худ ин аслро мавриди таваҷҷӯҳ қарор додааст. Материализми диалектики Маркс ва Энгелс, ки сахт мутаассир аз фалсафа ва мантиқи Ҳегел аст, ин аслро ба номи асли “таъсири мутақобил” пазируфтааст.

Мо феълан наметавонем ба тафсил вориди ин баҳс шавем. Албатта ҳамаи касоне, ки аз робитаи андомворагӣ ва ҳамбастагӣ ва пайвастагии аҷзои ҷаҳон сухан гуфтаанд, дар як сатҳ сухан нагуфтаанд.

Он чи манзури мо аз ин асл аст ин аст, ки ҷаҳон, як воҳиди таҷзиянопазир аст. Яъне робитаи аҷзои ҷаҳон ба ин шакл нест, ки битавон фарз кард, ки қисматҳое аз он қобили ҳазф ва қисматҳое қобили ибқо бошад. Ҳазфи баъзе, мусталзим балки айни ҳазфи ҳамаи аҷзоъ аст, ҳамчунон ки ибқои баъзе, айни ибқои ҳама аст.

Бинобар ин, на танҳо адамҳо аз вуҷудҳо, ва вуҷудҳои изофӣ ва нисбӣ, аз вуҷудҳои ҳақиқӣ тафкикнопазиранд, худи вуҷудҳои ҳақиқӣ низ аз якдигар тафкикнопазиранд. Пас, шурур, илова бар ду ҷиҳати фавқуззикр ва сарфи назар аз он ду ҷиҳат низ аз хайрот тафкикнопазиранд. Ба қавли Ҳофиз, “чароғи мустафавӣ” ва “шарори бӯлаҳабӣ” бо якдигар тавъаманд:

Дар ин чаман гули бехор кас начид, оре,

Чароғи мустафавӣ бо шарори бӯлаҳабист.

Ва ҳам ӯ ба асли таҷзиянопазирии аҷзои ҷаҳон ишора мекунад он ҷо, ки мегӯяд:

Дар корхонаи ишқ аз куфр ногузир аст,

Оташ киро бисӯзад гар Бӯлаҳаб набошад.

* * *

Низоми кулл

То ин ҷо сухан аз иртибот ва пайвастагии ашё дар вуҷуд ва ҳастӣ, ва таҷзиянопазирии ҷаҳон буд. Сарфи назар аз ин ҷиҳат, матлаби дигареро бояд дар назар гирифт, ва он ин ки ашё аз назари хубӣ ва бадӣ агар танҳо ва мунфарид ва мустақил аз ашёи дигар дар назар гирифта шаванд, як ҳукм доранд, ва агар ҷузъи як низом ва ба унвони узве аз андом дар назар гирифта шаванд, ҳукми дигаре пайдо мекунанд, ки аҳёнан зидди ҳукми аввалӣ аст. Бадеҳӣ аст, ки ҳамон тавр, ки ашёи мунфариди воқеӣ агар ба сурати низом фарз шаванд, вуҷуди воқеиашон инфиродӣ аст ва вуҷуди узвӣ ва андомиашон эътиборӣ аст. Агар ашёе, ки воқеан ва таквинан ҷузъ ва узви як низоманд, ба сурати мунфарид дар назар гирифта шаванд, вуҷуди воқеиашон вуҷуди узвӣ ва андомӣ аст ва вуҷуди инфиродиашон, вуҷуди эътиборӣ. Акнун мегӯем:

Агар ба таври мунфарид аз мо бипурсанд, ки оё хатти рост беҳтар аст ё хатти каҷ? Мумкин аст бигӯем хатти рост беҳтар аз хатти каҷ аст. Вале агар хатти мавриди суол, ҷузъе аз як маҷмӯа бошад, бояд дар қазовати худ, тавозуни маҷмӯаро дар назар бигирем. Дар як маҷмӯа ба таври мутлақ на хатти мустақим писандида аст ва на хатти мунҳанӣ, чунонки дар чеҳра хуб аст “абрӯ” мунҳанӣ бошад ва бинӣ кашида ва мустақим, хуб аст дандон сафед бошад ва мардумаки чашм мишкӣ. Дуруст гуфта он ки гуфтааст:

Абрӯи каҷ ар рост будӣ, каҷ будӣ”.

Дар як маҷмӯа, ҳар ҷузъ мавқеияти хоссе дорад, ки бар ҳасби он, кайфияти хоссе барозандаи ӯст:

Аз шер ҳамла хуш буваду аз ғазол рам”.

Дар як тоблуи наққошӣ ҳатман бояд рангомезиҳои мухталиф вуҷуд дошта бошад. Дар ин ҷо як ранг будан ва яксон будан саҳеҳ нест. Агар бино шавад тамоми сафҳаи тоблу як ҷур ва якнавохт бошад, дигар тоблуе вуҷуд нахоҳад дошт.

Вақте, ки ҷаҳонро ҷамъан мавриди назар қарор диҳем, ночорем бипазирем, ки дар низоми кулл ва дар тавозуни умумӣ, вуҷуди пастиҳо ва баландиҳо, фарозҳо ва нишебҳо, ҳамвориҳо ва ноҳамвориҳо, торикиҳо ва рӯшноиҳо, ранҷҳо ва лаззатҳо, муваффақиятҳо ва нокомиҳо ҳама ва ҳама лозим аст.

Ҷаҳон чун чашму хатту холу абрӯст,

Ки ҳар чизаш ба ҷои хеш некӯст.

Асосан агар ихтилофу тафовут вуҷуд надошта бошад, аз касрату танаввӯъ хабаре нахоҳад буд ва мавҷудоти гуногун вуҷуд нахоҳад дошт, дигар маҷмӯа ва низом мафҳуме надорад (на маҷмӯаи зебо ва на маҷмӯаи зишт). Агар бино буд дар ҷаҳон, тафовуту ихтилоф набошад, лозим буд аз як моддаи содда ва басите ҳамчун корбун масалан, саросари ҳастӣ ташкил шуда бошад. Шукӯҳу зебоии ҷаҳон дар танаввӯи паҳновар ва ихтилофҳои рангоранги он аст. Қуръони Карим вуҷуди ихтилофҳоро аз оятҳо ва нишонаҳои қудрати ҳаким ва ҳокими лоязол мешумурад; ихтилофи алвон, ихтилофи забонҳо, ихтилофи шабу рӯз, ихтилофи инсонҳо ва ғайра.

* * *

Зиштӣ, намоёнгари зебоист

Зиштиҳо на танҳо аз ин назар зарурӣ мебошанд, ки ҷузъе аз маҷмӯаи ҷаҳонанд ва низоми кулл ба вуҷуди онҳо бастагӣ дорад, балки аз назари намоён сохтан ва ҷилва додан ба зебоиҳо низ вуҷуди онҳо лозим аст. Агар мобайни зиштӣ ва зебоӣ, муқорина ва муқобила барқарор намешуд, на зебо зебо буд ва на зишт зишт. Яъне агар дар ҷаҳон зиштӣ набуд, зебоӣ ҳам набуд, агар ҳамаи мардум зебо буданд, ҳеч кас зебо набуд. Ҳамчунон ки агар ҳамаи мардум зишт буданд, ҳеч кас зишт набуд. Агар ҳамаи мардум ҳамчун Юсуфи Сиддиқ буданд, зебоӣ аз байн мерафт. Ва агар ҳам ҳамаи мардум дар қиёфаи Ҷоҳиз буданд, зиштӣ дар ҷаҳон набуд. Ҳамчунон ки агар ҳамаи мардум қудратҳои қаҳрамонӣ доштанд, дигар қаҳрамоне вуҷуд надошт. Ин ибрози эҳсосот ва таҳсинҳое, ки қаҳрамонон дарёфт мекунанд, ба хотири ин аст, ки иддаи онҳо маҳдуд аст. Дар ҳақиқат, эҳсосҳо ва идрокҳое, ки башар аз зебоиҳо дорад, дар шароите имкони вуҷуд доранд, ки дар баробари зебоӣ зиштӣ ҳам вуҷуд дошта бошад. Ин ки мардум ба сӯи зебоҳо кашонида мешаванд ва маҷзуби онҳо мегарданд, ба иборати дигар, ин ки таҳарруку кашише ба сӯи зебоӣ пайдо мешавад, ба хотири ин аст, ки зиштҳоро мебинанд ва аз онон рӯгардон мешаванд. Ҳамчунон ки агар кӯҳистонҳо ва сарзаминҳои муртафеъ набуд, сарзамини дашт набуд ва об аз боло ба поин сарозер намешуд.

Дар ҳақиқат, ҷозибаи зеборӯён аз дофеаи зиштрӯён нерӯ мегирад. Ҷодугарӣ ва афсунгарии зебоӣ аз садақаи сари бефурӯғии зиштӣ аст. Зиштҳо бузургтарин ҳақро бар гардани зебоҳо доранд. Агар зиштҳо набуданд, зебоҳо ҷилва ва равнақ надоштанд. Инон маъно ва мафҳуми худро аз онон гирифтаанд. Агар ҳама яксон буданд, на таҳарруке буд ва на кашише ва на ҷунбише ва на ишқе ва на ғазале ва на дарде ва на оҳе ва на сӯзе ва на гудозе ва на гарме ва ҳарорате.

Ин як пиндори хом аст, ки гуфта мешавад, агар дар ҷаҳон ҳама чиз яксон буд, ҷаҳон беҳтар буд. Гумон мекунанд, ки муқтазои адлу ҳикмат ин аст, ки ҳамаи ашё ҳамсатҳ бошанд, ва ҳол он ки фақат дар ҳамсатҳ будан аст, ки ҳамаи хубиҳо ва зебоиҳо ва ҳамаи ҷӯшу хурӯшҳо ва ҳамаи таҳаррукҳо ва ҷунбишҳо ва нақлу интиқолҳо ва сайру такомулҳо нобуд мегардад.

Агар кӯҳу дарра, ҳамсатҳ буданд, дигар на кӯҳе вуҷуд дошт ва на даррае. Агар нишеб набуд, фарозе ҳам набуд. Агар Муовия намебуд, Алӣ ибни Абӯтолиб бо он ҳама шукӯҳу ҳусн вуҷуд намедошт. “Дар корхонаи ишқ аз куфр ногузир аст”.

Албатта набояд тасаввур кард, ки сонеъи ҳаким барои он ки низоми мавҷуд низоми аҳсан бишавад, мавҷудоте, ки барои ҳамаи онҳо ба сурати баробар мумкин будааст, ки зебо ё зишт бошанд, ва ӯ барои он ки назараш ба кулл ва маҷмӯъ будааст, якеро, ки мумкин буд зебо бошад, зишт қарор дод, ва дигареро, ки мумкин буд зишт бошад, зебо қарор дод, ва бо қайди қуръа ва ё як иродаи газофмаобона ҳар як аз онҳоро барои ҷойгоҳи худ интихоб кард.

Қаблан гуфтем, ки низоми ҷаҳон, чӣ аз назари тӯлӣ ва чӣ аз назари арзӣ, як низоми зарурӣ аст. Худованди Мутаъол ба ҳар мавҷуде ҳамон вуҷуд ва ҳамон андоза аз камолу зебоиро медиҳад, ки метавонад бипазирад, нуқсонот аз ноҳияи зоти худи онҳост, на аз ноҳияи файзи Борӣ Таъоло.

Маънии ин ки зиштӣ масалан фалон фоидаро дорад, ин нест, ки фалон шахс, ки мумкин буд зебо бошад махсусан зишт офарида шуд, то арзиши зебоии фалон шахси дигар равшан шавад, то гуфта шавад, ки чаро кор баръакс нашуд? Балки маънияш ин аст, ки дар айни ин ки ҳар мавҷуде ҳаддтаксари камолу ҷамоле, ки барояш мумкин буда дарёфт кардааст, осори некӣ ҳам бар ин ихтилоф мутараттиб аст, аз қабили арзиш ёфтани зебоӣ, пайдоиши ҷазаба ва таҳаррук ва ғайра. Ташбеҳе, ки акнун зикр мекунем, шояд матлабро равшантар кунад.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: