Перейти к содержимому

Тоҷикистон ва Наҳзат

Ёддошти Халил Қаюмзод

Инак, се сол мешавад, ки ҲНИТ дар саҳнаи сиёсии дохилии Тоҷикистон нест. Бархе аз аъзоёнаш дар хориҷи кишвар маскун шудаанд, бархе дар зиндонҳои Тоҷикистон.  Фаъолияти ҲНИТ мамнӯъ эълон карда шуд. Ва аъзоёнаш ҷинояткор. Дар як муддати кӯтоҳ. Аммо ин, ки ҲНИТ як ҳизби терруристӣ аст, ягон кишвари ҷаҳон ин иддаъоро қабул накард.

Хуб, бубинем, ки Ҳукумати Тоҷикистон чиро мехост фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон манъ бошад?

1) Маҳбубияти ҲНИТ рӯз то рӯз миёни аҳолии Тоҷикистон бештар мешуд. Ва далели дуввуму саввуму чаҳоруму ҳазорум ҳам ҳамин буд.

2) Агар ҲНИТ ҳизби терруристӣ мебуд, чӣ гуна тавонист ин ҳама солҳо дар дохили як давлате, ки аъзои чандин ташкилотҳои бонуфузи ҷомиъаи ҷаҳонист, кор кунад? Куҷо менигаристанд сохторҳои амниятиву қудратии Тоҷикистон? Агар терруристӣ мебуд, чиро дар ҳеч ҷойе ягон таркише аз ҷониби ҲНИТ дар Тоҷикистон нашуд? Магар Ҳочӣ Ҳалим аъзои ҲНИТ буд, ки ҷурми ӯро ба ҲНИТ бор карданд? Дар куҷо гуфта буд, ки ман аъзои ҲНИТ ҳастам? Ва бубинед, ки ҳатто дар интихоботи раисҷумҳурӣ, ҲНИТ ягон нафареро аз аъзоёни худ пешкаш нанамуд, балки як нафареро аз миёни ҷомиъаи мадании Тоҷикистон интихоб кард. Пас маҳбубияти он чӣ хатаре дар пайи худ метавонист дошта бошад?

ҲНИТ чӣ мехост?

ҲНИТ боре ҳам дар бораи соҳиб шудани курсии раисҷумҳурии Тоҷикистон сухане нагуфта буд, аммо иддаъои дар интихоботҳои порлумонӣ ширкат карданро дошт. Агар дӯстон ягон хотирае дигаре доранд, лутфан маро ислоҳ кунанд. Ва ё агар як ҳизби сиёсӣ тавонад мушкилиҳои мардумро дар баробари ҳукумат ҳал кунад, ин чӣ бадие метавонад дошта бошад агар мақсад ободии Тоҷикистон ва ислоҳи камбудиҳо дар ин кишвар бошад?

ҲНИТ сипари Тоҷикистон буд

Бо аз даст додани ҲНИТ Ҳукумати Тоҷикистон сипари худро аз даст дод. Мо бо сари баланд метавонистем назди ҷомиъаи исломӣ бигӯем, ки бубинед, мо ҳизби исломӣ дорем, назди ҷомиъаи ҷаҳонӣ ҳам метавонистем чунин иддаъо бикунем, ки бубинед, мо як давлати воқиъан демукросик дорем. Ва ҳам барои ҳукумат зарур буд, то ки камбуду иштибоҳҳои худро бар гардани ӯ бор кунад ва ҳам сипаре буд, ки зарбаҳои дигарандешонро аввал ба синаи худ мекашид ва баъди зарба каме суст шудан ҳукумат онро мечашид.

Ғалати Ҳукумат

Ва мо чиро аз ҳукумати мардумии худ напурсидем, ки бобо, охир бо нишон додани ин ҳама видиюҳои фаҳшу ғализ ту як ҳизбро на, тамоми мардуми Тоҷикистонро олудаву шарманда мекунӣ. Агар мардуми дохил дардашро ба як ҳамтабору ҳамватанаш нагӯяд, пас бояд чӣ кор кунад. Яъне бо аз додани ҲНИТ мо майдонро барои аҷнабиён боз намудем.

Ғалати ҲНИТ

ҲНИТ ҳам ъорӣ аз иштибоҳҳо набуд, албатта. Дар сафи худ бештар онҳоеро дошт, ки нигоҳашон нигоҳи мазҳабӣ буд, аз миёни рӯшанфикрони ҷомиъаи маданӣ ягон нафаре надошт ё ман иштибоҳ мекунам…?

Замоне, ки фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон нашуда буд ва ин ҳам чандон дур набуд, ки аз ёд биравад, ҲНИТ дар рӯзномаи худ — “Наҷот” як чунин озмунеро эълон карда буд, ки ростӣ, ман низ дар ҳайрат будам. Озмуни риш. Беҳтарин шеър ё мақола дар васфи риш ва мукофот. Ин ҳам бошад дар асри 21. Ъаҷаб.

Мақсади ва ё ҳадафи ёд кардан аз ҲНИТ чӣ буд?

Мақсад ин аст, ки мо зуд якдигарро фаромӯш мекунем, миллати фаромӯшгар. Пас, фарз кардем агар як қудрати дигар ба сари ҳокимият фардо нишинад, оё ин давлатмандони имрӯза ҳам ба ин осонӣ аз хотираҳо рӯфта мешаванд? Суолест барои музокира.

P.S. Барои бештар фаҳмову рӯшан шудани ҳарфҳоям инҷо бояд бигӯям, ки ман аъзои ҲНИТ набудаму нестам ва аз зумраи онҳое ҳам нестам, ки ҷонибдори он бошам, ки ҲНИТ ба сари ҳокимият биояд. Дар ин боб, ман бештар тарафдори як идеолужики демукросӣ ҳастам.

Ва ин албатта маънои онро надорад, ки ман сиёҳро сиёҳу сапедро сапед набинам. Агар мо ҳама шахсият, гурӯҳ ва ҳизбе, ки хоҳад ба мардуми кишвараш хидмат кунад, дасту даҳон бубандем, пас мо кӣ ҳастем? Душмане барои ин миллат ё падарандари(угай) номеҳрубон?

Мо набояд сипарҳои худро аз даст бидиҳем ва ба осони таслими хориҷиён кунем. Чун замони муъосир ҳар лаҳза рангу бӯю хӯйи худро иваз мекунад…

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: