“Ҳалвои назрӣ”-и Сайфулло Сафаров

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳушдори ним сол пеши ҷаноби Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти истротежики риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҲНИТ мабнӣ бар ин ки ин ҳизб “ба амнияти миллии мо хатари хеле ҷиддӣ дорад” ва изҳори назари ахираш, ки “ҲНИТ ягон хатари ҷиддӣ надорад”, дуруст достони Мулло Насриддин ва “ҳалвои назрӣ”-ро мемонад, ки аввал дурӯғе мебофад ва сипас ба ин дурӯғ бовараш мешавад.

Барои он ки матлаб барои хонандаи азиз равшан бишавад, ибтидо лозим аст ҳикояти Мулло Насриддин ва “ҳалвои назрӣ”-ро нақл бикунам.

Рӯзе Мулло Насриддин аз хиёбон рад мешуд, баччаҳои кӯча шурӯъ карданд ба дунболаш давидан ва масхара кардан. Мулло Насриддин, ки аз ин вазъ нороҳат буд, ба ин фикр афтод, то коре кунад ва ин баччаҳоро аз худаш дур намояд. Ба онҳо гуфт: дунболи ман барои чӣ меойед? Магар намедонед сари кӯча ҳалвои назрӣ пухтаанд ва пахш мекунанд?

Баччаҳо бо шунидани исми “ҳалвои назрӣ”, ҳамагӣ ба тарафи “сари кӯча” давиданд. Чанд дақиқаи дигар, Мулло Насриддин дид, тамоми мардуми он маҳалла ба тарафи “сари кӯча” медаванд. Пурсид: куҷо медавед? Гуфтанд: магар намедонӣ сари кӯча ҳалвои назрӣ пухтаанд ва пахш мекунанд? Мулло Насриддин, ки танҳо монда буд, бо худ гуфт: накунад воқеан “сари кӯча” ҳалво пахш мекунанд ва мо намедонем! Сипас косае бардошт ва ба тарафи “сари кӯча” давид, то аз “ҳалвои назрӣ” маҳрум нагардад.

* * *

Ҷаноби Сайфулло Сафаров низ ним сол пеш як дурӯғе бофт ва зоҳиран ба ин дурӯғ бовараш омад ва имрӯз аммо ҳамон дурӯғро инкор мекунад.

Эшон, ки ним сол пеш гуфта буд, ҲНИТ “ба амнияти миллии мо хатари хеле ҷиддӣ дорад”, як дурӯғ буд. Зеро, аксари тоҷикистониён, ки ҲНИТ-ро мешиносад ва бо фаъолиятҳояш ошно ҳастанд, оё боварашон мешавад, ки ин ҳизб барои амнияти миллии Тоҷикистон хатар доштааст, он ҳам хатари хеле ҷиддӣ?! Ман итминони комил дорам, ки ҳатто шумо худатон ҷаноби Сафаров, ки бо ин ҳизб аз наздик ошно ҳастед ва то соли 2015 дар якчанд ҷаласа ва конфронсаш ширкат ва суханронӣ ҳам кардаед, ба ин дурӯғ бовар надоред.

Оё ҳизбе, ки ба қонуни асосии Тоҷикистон пойбанд аст ва дар чорчӯби ин қонун фаъолият мекард ва дар Маҷлиси Намояндагон (порлумон) намояндаҳое дошт ва амалан ва дар арсаи сиёсии Тоҷикистон собит кардааст, ки фаъолиятҳояш комилан мусолиматомез ва дар чорчӯби қонун будааст, барои амнияти миллии кишвар хатар дорад?! Кадом хатар?!

Бале, агар ним сол пеш мегуфтед, барои “ҳукумати кунунӣ” хатар дорад, ин дуруст буд, касе ҳам мункираш нест. Зеро, ин ҳизб дар интихоботи порлумонии соли 2010, беш аз ниме аз курсиҳои порлумонро тасоҳуб карда буд. Ва аз қазо, аз ҳамон лаҳза ба баъд, ҳукумати феълӣ ин ҳизбро барои бақои худаш як “хатари ҷиддӣ” мешумурд ва ҷиҳати ҳазфу маҳви он барномарезӣ кард ва Протоколи маъруфи 32-20-ро тасвиб ва марҳилаи иҷро гузошт, ва саранҷом ҳамон шуд, ки имрӯзҳо шоҳидашем.

Бинобар ин, нагӯед, “барои амнияти миллии Тоҷикистон” хатар дорад, балки ҳақиқатро бигӯед, ки барои бақои ҳоким ва ҳукумати кунунӣ хатари ҷиддӣ дорад.

Албатта, инаш ҷои шукргузорӣ дорад, ки эшон дар изҳори назари ахири худ, сухане аз “амнияти миллӣ” ба миён наёварда, балки гуфтааст: “ҲНИТ ба ҳукумати Тоҷикистон ягон хатари ҷиддӣ надорад.” (Тибқи гузориши сойти Ахбор)

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: