Насиба

(Чанд ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом)

Насиба

Асаре, ки рӯи шонаи Насиба духтари Каъб — ки ба номи писараш Аммора Умми Аммора хонда мешуд — боқӣ монда буд, аз як ҷароҳати бузурге дар гузашта ҳикоят мекард. Занон ва билахасс духтарон ва занони ҷавоне, ки асри Расули Худоро дарк накарда буданд ё дар он вақт кучак буданд, вақте, ки аҳёнан мутаваҷҷеҳи ҷароҳатҳои шонаи Насиба мешуданд, бо кунҷковии зиёде аз ӯ моҷарои ҳавлнокеро, ки мунҷар ба захми шонааш шуда буд мепурсиданд. Ҳама майл доштанд достони ҳайратангези Насибаро дар саҳнаи Уҳуд аз забони худаш бишнаванд.

Насиба ҳеч фикр намекард, ки дар саҳнаи Уҳуд бо шавҳар ва ду фарзандаш дӯш ба дӯши якдигар биҷанганд ва аз Расули Худо дифоъ кунанд. Ӯ фақат машки оберо ба дӯш кашида буд барои он ки дар майдони ҷанг ба маҷрӯҳон об бирасонад. Низ миқдоре навор аз порча таҳия карда ва ҳамроҳ оварда буд, то захмҳои маҷрӯҳонро бибандад. Ӯ беш аз ин ду кор, дар он рӯз, барои худ пешбинӣ намекард.

Мусалмонон дар оғози мубориза, бо он ки аз лиҳози адад зиёд набуданд ва таҷҳизоти кофӣ ҳам надоштанд, шикасти азиме ба душман доданд. Душман по ба фирор гузошт ва ҷо холӣ кард, вале тӯле накашид, ки дар асари ғафлате, ки як идда аз нигаҳбонони талли Айнайн дар анҷоми вазифаи хеш карданд, душман аз пушти сар шабихун зад, вазъ иваз шуд ва иддаи зиёде аз мусалмонон аз даври Расули Акрам пароканда шуданд.

Насиба ҳамин ки вазъро ба ин наҳв дид, машки обро ба замин гузошт ва шамшер ба даст гирифт. Гоҳе аз шамшер истифода мекард ва гоҳе аз тиру камон. Сипари мардеро, ки фирор мекард низ бардошт ва мавриди истифода қарор дод. Як вақт мутаваҷҷеҳ шуд, ки яке аз сипоҳиёни душман фарёд мекашад:

— Худи Муҳаммад куҷост? Худи Муҳаммад куҷост?

Насиба фавран худро ба ӯ расонд ва чандин зарбат бар ӯ ворид кард, ва чун он мард ду зиреҳ рӯи ҳам пӯшида буд, заработи Насиба чандон дар ӯ таъсир накард, вале он мард зарбати муҳкаме рӯи шонаи бедифоъи Насиба зад, ки то як сол мудово мекард.

Расули Худо ҳамин ки мутаваҷҷеҳ шуд хун аз шонаи Насиба фаварон мекунад, яке аз писарони Насибаро садо зад ва фармуд:

— Зуд захми модаратро бибанд.

Вай захми модарро баст ва боз ҳам Насиба машғули корзор шуд.

Дар ин байн Насиба мутаваҷҷеҳ шуд яке аз писаронаш захм бардошта, фавран порчаҳое, ки ба шакли навор барои захмбандии маҷрӯҳон бо худ оварда буд даровард ва захми писарашро баст. Расули Акрам тамошо мекард ва аз мушоҳидаи шаҳомати ин зан лабханде дар чеҳра дошт. Ҳамин ки Насиба захми фарзандро баст ба ӯ гуфт:

— Фарзандам! Зуд ҳаракат кун ва муҳайёи ҷангидан бош!

Ҳанӯз ин сухан ба даҳони Насиба буд, ки Расули Акрам шахсеро ба Насиба нишон дод ва фармуд:

— Зориби писарат ҳамин буд.

Насиба мисли шери нар ба он мард ҳамла бурд ва шамшере ба соқи пойи ӯ навохт, ки ба рӯи замин афтод. Расули Акрам фармуд:

— Хуб интиқоми хешро гирифтӣ. Худоро шукр, ки ба ту зафар бахшид ва чашми туро равшан сохт.

Иддае аз мусалмонон шаҳид шуданд ва иддае маҷрӯҳ. Насиба ҷароҳоти бисёре бардошта буд, ки умеди зиёде ба зинда монданаш намерафт.

Баъд аз воқеаи Уҳуд, Расули Акрам барои итминон аз вазъи душман, билофосила дастур дод ба тарафи Ҳамроул-асад ҳаракат кунанд. Сутуни лашкар ҳаракат кард. Насиба низ хост ба ҳамон ҳол ҳаракат кунад, вале захмҳои сангин иҷозаи ҳаракат ба ӯ надод. Ҳамин ки Расули Акрам аз Ҳамроул-асад баргашт, ҳанӯз дохили хонаи худ нашуда буд, ки шахсеро барои аҳволпурсии Насиба фиристод. Хабари саломатии ӯро доданд. Расули Худо аз ин хабар хушҳолу масрур шуд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Мағозӣ”-и Воқидӣ)

* * *

Ҳамсояи нав

Марди ансорӣ хонаи ҷадиде дар яке аз маҳаллоти Мадина харид ва ба он ҷо мунтақил шуд. Тоза мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳамсояи ноҳамворе насиби вай шуда.

Ба ҳузури Расули Акрам омад ва арз кард:

— Дар фалон маҳалла, миёни фалон қабила хонае харидаам ва ба он ҷо мунтақил шудаам, мутаассифона наздиктарини ҳамсоягони ман шахсе аст, ки на танҳо вуҷудаш барои ман хайру саодат нест, аз шарраш низ дар амон нестам. Итминон надорам, ки мӯҷиботи зиёну озори маро фароҳам насозад.

Расули Акрам чаҳор нафар: Алӣ, Салмон, Абӯзар ва шахсе дигарро — ки гуфтаанд, Миқдод будааст — маъмур кард, бо садои баланд дар масҷид ба умуми мардум аз зану мард иблоғ кунанд, ки:

Ҳар кас ҳамсоягонаш аз озори ӯ дар амон набошанд, имон надорад.”

Ин эълом дар се навбат такрор шуд. Баъд, Расули Акрам бо дасти худ ба чаҳор тараф ишора кард ва фармуд:

Аз ҳар тараф то чиҳил хона ҳамсоя маҳсуб мешаванд.”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Кофӣ”)

* * *

Коргар ва офтоб

Имом Содиқ алайҳис-салом ҷомаи коргарӣ бар тан ва бел дар даст дошт ва дар бӯстони хеш саргарм буд. Чунон фаъолият карда буд, ки саропояшро арақ гирифта буд.

Дар ин ҳол, Абӯамри Шайбонӣ ворид шуд ва Имомро дар он таъабу ранҷ мушоҳида кард. Пеши худ гуфт, шояд иллати ин ки Имом шахсан бел ба даст гирифта ва мутасаддии ин кор шуда ин аст, ки касе дигар набуда ва аз рӯи ночорӣ худаш даст ба кор шуда. Ҷилав омад ва арз кард:

— Ин белро ба ман бидиҳед, ман анҷом медиҳам.

Имом фармуд:

— На, ман асосан дӯст дорам, ки мард барои таҳсили рӯзӣ ранҷ бикашад ва офтоб бихӯрад.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳор”)

* * *

Охирин сухан

То чашми Умми Ҳамида, модари Имом Козим алайҳис-салом, ба Абӯбасир — ки барои таслият гуфтан ба ӯ ба муносибати вафоти шавҳари бузургвораш Имом Содиқ омада буд – афтод, ашкҳояш ҷорӣ шуд. Абӯбасир низ лахте гирист. Ҳамин ки гиряи Умми Ҳамида истод, ба Абӯбасир гуфт:

— Ту дар соати эҳтизори Имом ҳозир набудӣ, қазияи аҷибе иттифоқ афтод.

Абӯбасир пурсид:

— Чӣ қазияе?

Умми Ҳамида гуфт:

— Лаҳазоти охири зиндагии Имом буд. Имом дақоиқи охири умри худро тай мекард. Пилкҳо рӯи ҳам афтода буд. Ногаҳон Имом пилкҳоро аз рӯи ҳам бардошт ва фармуд:

— Ҳамин алъон ҷамиъи афроди хешовандони маро ҳозир кунед.

Матлаби аҷибе буд. Дар ин вақт Имом ҳамчу дастуре дода буд. Мо ҳам ҳиммат кардем ва ҳамаро ҷамъ кардем. Касе аз хешону наздикони Имом боқӣ намонд, ки он ҷо ҳозир нашуда бошад.

Ҳама мунтазиру омода, ки Имом Содиқ дар ин лаҳзаи ҳассос мехоҳад чӣ бикунад ва чӣ бигӯяд.

Имом ҳамин ки ҳамаро ҳозир дид, ҷамъиятро мухотаб қарор дода фармуд:

— Шафоати мо ҳаргиз насиби касоне, ки намозро сабук мешуморанд нахоҳад шуд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳор”)

Реклама


Рубрики:Бонувон, Достон ва ҳикоёт, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: