Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (164)

Худои ҷаҳон ва ҷаҳон (6)

Матни мақола

Мо бо ин баён (ки дар қисмати пешин гуфта омад) ба ин натиҷа мерасем, ки:

Баҳсу гуфтугӯ дар (бораи) Худои ҷаҳон, фитрии инсон аст.

Ва бо ин натиҷа, посухи пурсиши аввал аз пурсишҳои сегона, ки дар оғози сухан гузошта будем, равшан мешавад.

Ва ҳамчунин посухи пурсиши дуввум (1), зеро ғаризаи фитрӣ, ки ӯро сохтмони воқеии мавҷуде ба вуҷуд оварда ҳеч гоҳ берун аз гардишгоҳи воқеии худ пой наниҳода кор намекунад, чунонки маҳол аст гӯш ба хиёли дидан биафтад ва ё даҳон орзуи шунидан дошта бошад ва ҳамчунин.

Агар фитрати мо роҳе барои исбот ё нафйи ин мавзӯъ надошт, ҳаргиз ин фикр ва андешаро ба худ роҳ намедод. Пас:

Ин баҳс барои мо саҳеҳ ва равост.

Ва ҳамчунин фоидаи (2) ҳар кор иҷмолан асаре аст, ки бо анҷом ёфтани он пайдо мешавад ва асари ин баҳсро инкор наметавон кард. Пас:

Ин баҳс бефоида нест.

Оре, пас аз ин баён, навбати суоли дигаре мерасад, ва он ин ки: “Чаро моддигароён аз ин баҳс сарпечӣ мекунанд?”

Бояд мутазаккир шуд, ки: бисёр мешавад инсон ба воситаи ифрот ва зиёдаравӣ дар ҳукми яке аз ғароизи худ, сарсупурдаи ҳамон ғариза шуда аз иҷобати ғароизи дигар сар бозмезанад (3), монанди ошиқе, ки зимоми ҳастии худро ба дасти ишқ дода аз ҳамаи шуъуни зиндагӣ ва мазоёи ҳаёт бозмонда ва дар посухи ҳар эътирозе, ки ба вай шавад, пӯзиш ва узри тозае соз карда ё маойибе барои зиндагии озоду оддӣ исбот намояд ва дар муқобили ҳар панде, ки ба вай диҳанд, таронаи ошиқонае сар диҳад. Дар ҳақиқат, ҳадаф ва ормони ӯ танҳо сарпӯш гузоштан ба рӯи шоҳидбозии худаш мебошад. Ҳарифони моддӣ низ аз ин гуна суханони сохтаву пардохта бисёр доранд:

1) Мегӯянд: мо бо ин ҳама хато ва лағзиш, ки дар афкори худ дорем, чӣ гуна метавонем бо чунин василае ба натиҷае дуруст бирасем (4)? Ҷуз ин ки чун пойи кунҷковии илмӣ ба ҳиссу таҷриба банд аст, метавон нисбат ба натоиҷи онҳо эътимод ва итминон ба даст овард, вале моварои табиат дорои ин сифат нест ва аз қаламрави ҳиссу таҷриба канор аст. Пас, бояд гуфт: роҳе ба моварои табиат надорем.

2) Мегӯянд: чун ҳавосси мо танҳо осореро (маҳсусотро) дар дунболи таъсири моддаи хориҷӣ меёбад, ҳеч гуна воқеиятеро аз хориҷ наметавон ба даст овард (5), танҳо арзише, ки ин идрокот ва афкор доранд, арзиши амалӣ аст, яъне инсон зиндагии худро идома дода ва ё такмил кунад ва ҷуз ин аз барои идроку фикр, арзише нест.

* * *

Таълиқот:

(1) Пурсиши дуввум ин буд: “Оё ин баҳс саҳеҳ ва равост?” Таваҳҳуми нораво будани ин баҳс аз он ҷо пайдо мешавад, ки дастгоҳи фикрӣ ва ақлонии башарро нисбат ба дарки ин маъонӣ ва мафоҳим нотавон ва норасо бидонем.

Ин таваҳҳум, ҳам дар миёни гурӯҳе аз фалосифа пайдо шуда ва ҳам дар миёни гурӯҳе аз муташарриъа. Фалосифаи ҳиссӣ мӯътақиданд, ки ҳудуд ва минтақаи фаҳму дарки башар, маҳсусот аст, моварои минтақаи маҳсусот аз дастраси фаҳми башар хориҷ аст, башар на метавонад чизеро дар бораи моварои минтақаи маҳсусот бипазирад ва на метавонад нафй кунад.

Ин идда аз фалосифа, ҳам бо фалосифаи илоҳӣ ихтилофи назар доранд ва ҳам бо фалосифаи моддӣ; зеро ин ҳар ду даста барои фикру зеҳни башар қудрати таҳқиқ дар моварои маҳсусот (исботан ё нафян) қоиланд.

Бархе аз фалосифа ва донишмандони илоҳии Урупо низ камийяти ақлро дар майдони масоили илоҳӣ ба куллӣ ланг донистаанд ва роҳи маърифатро мунҳасир ба илҳому ишроқ донистаанд. Поскол ва Бергсун аз ин дастаанд.

Мо посухи фалосифаи ҳиссиро дар поварақиҳои ҷилди аввал ва ҷилди дуввуми ин китоб додаем. Посух ин даста аз донишмандонро низ аз зимни мабоҳисе, ки дар мақолоти гузашта таҳқиқ шудааст метавон дарёфт. Ба илова, дар оянда низ дар бораи он баҳс хоҳад шуд.

Гурӯҳе аз муташарриъа низ мӯътақиданд, ки ақли башар аз дарки ҳақоиқи мовароуттабиӣ қосир аст ва дар ин масоил монанди масоили амалӣ бояд мутаъаббид буд. Ба ақидаи баъзе аз ин афрод, ҳеч сифати Худо ҳатто ягонагии ӯро наметавон бо далоили ақлӣ собит кард.

Мегӯянд, мо аз он ҷиҳат мегӯем Худо якест, ки пайғамбар ва пешвоён гуфтаанд якест, ва илло аз роҳи ақл ҳеч далеле барои ягонагии Худо надорем. Инҳо тавқифӣ будани асмоуллоҳро (сифоти Худоро) баҳона қарор дода аз ҳар гуна талоши илмӣ дар маорифи илоҳӣ худдорӣ карда, балки бо он мухолифат мекунанд. Ин даста аҳёнан дар истилоҳи ҳукамои исломӣ “Муъаттила” хонда мешаванд, зеро мӯътақид ба таътили дастгоҳи ақлонӣ дар масоили илоҳӣ мебошанд ва ба истилоҳ ҳар гоҳ пойи баҳсу таҳқиқи ин масоил мерасад, ба ақл фармони таътил ва истироҳат медиҳанд. Ин идда низ ба навбаи худ истидлолҳое доранд, ки акнун ҷойи баҳсу интиқод аз онҳо нест.

Иҷмолан дар мақоми интиқод аз ин назария, дар ин ҷо ҳамин қадр мегӯем, ки дар осори исломӣ, ки “Муъаттила” ба онҳо истинод мекунанд, на танҳо дастури таътил дода нашудааст, (балки баръакс) тарғиби фаровоне дар бораи ба кор андохтани ақлу фикр дар ин масоил ба амал омадааст. Дар оянда, дар ҳамин мақола, он ҷо, ки дар бораи сифоти Худо баҳс мекунем, назари Муъаттиларо муфассал нақлу интиқод хоҳем кард.

* * *

(2) Аммо фоидаи ин баҳс: аввалан, вақте, ки як баҳс дар қаламрави ковишҳои ақлонӣ ва фикрии башар қарор гирифт, пурсиш аз фоида дар бораи он ғалат аст; зеро худаш фоида аст ва пурсиш аз фоида барои фоида, ғалат аст. Башар дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунад, ки на аз ибтидои он огоҳ аст ва на аз интиҳои он ва на аз маншаи он. Табъан моил аст аз ибтидо ва интиҳо ва маншаи он огоҳ гардад. Худи ин огоҳӣ, қатъи назар аз ҳар фоидаи дигар, барои ӯ матлуб аст. Лузуме надорад, ки ҳар масъалаи илмӣ ва назарӣ як фоидаи амалӣ дошта бошад.

Сониян, эътиқод ва имон ба Худо, аз муфидтарин ва лозимтарин мӯътақадоти башар дар зиндагӣ аст.

Эътиқод ва имон ба Худо аз назари фардӣ оромишдиҳандаи руҳу равон ва пуштвонаи фазоили ахлоқист, ва аз назари иҷтимоӣ зомини қудрати қонун ва адолат ва ҳуқуқи афрод дар баробари якдигар аст. Баҳс дар фавоиди имон ва эътиқод ба Худо, аз ҳудуди вазифаи ин мақола хориҷ аст.

* * *

(3) Моддият бар ду навъ аст: моддияти фалсафӣ ва моддияти ахлоқӣ.

Моддияти фалсафӣ ин аст, ки ҷаҳонбинии фалсафии касе моддӣ бошад, яъне ҷуз модда ва шуъуни модда чизеро воқеӣ надонад.

Моддияти ахлоқӣ он аст, ки касе ахлоқан ва амалан моддӣ бошад, яъне фақат ба лазоизи моддӣ ва ҳайвонӣ ишқ биварзад ва ҷуз маъшуқҳо ва маъбудҳои шаҳавонӣ напарастад. Ин ду аз якдигар қобили тафкиканд.

Мумкин аст касе аз назари фалсафӣ моддӣ бошад, вале аз назари ахлоқӣ моддӣ набошад ва ба шарофатҳои ахлоқӣ ва инсонӣ амалан пойбанд бошад. Ин гуна афрод ҳарчанд ба нудрат ёфт мешаванд ва ҳарчанд тарзи кору амали онҳо мантиқи саҳеҳе надорад, вале аҳёнан пайдо мешаванд. Албатта миёни тарзи тафаккури моддӣ ва шарофати ахлоқӣ навъе тазодд вуҷуд дорад, вале ин тазодд дар баъзе аз афрод вуҷуд пайдо мекунад ва иллатҳои хоссе дорад.

Ва ҳам мумкин аст касе аз назари фалсафӣ тарзи тафаккури моддӣ надошта бошад, вале ахлоқан ва амалан моддӣ бошад.

Вале ғолибан моддияти ахлоқӣ мунҷар ба моддияти фалсафӣ мешавад. Яъне моддияти ахлоқӣ табъан одамиро ба интихоби моддияти фалсафӣ мутамоил мекунад. Фурӯ рафтан дар шаҳавоти ҳайвонӣ сабаб мешавад, ки инсон барои ин ки амали худро назди виҷдони худ ва назди дигарон тавҷеҳ кунад, тамоми маънавиёт ва махсусан сарсилсилаи онҳоро, ки эътиқод ба Худост мункир гардад, фалсафаи моддиро аз ин ҷиҳат мепазирад, ки битавонад моддияти ахлоқии худро маъқул ҷилва диҳад.

Болотар ин ки шефтагӣ ба моддиёт, дар тарзи тафаккури шахс асар мегузорад, ба тавре, ки матлаб бар худи шахс муштабаҳ мешавад, ба ин маънӣ, ки дастгоҳи фикрии ӯ ончунон асири тамоюлоти нафсонӣ мешавад ва муҷрии бечуну чарои онҳо воқеъ мегардад, ки худи шахс намефаҳмад, ки аз озодии фикр бархӯрдор нест.

Аз ин рӯ, мебинем эродот ва ишколоте, ки моддигароён зикр мекунанд, беш аз он ки ба як ишколи илмӣ ва фалсафӣ шабеҳ бошад, ба баҳонагирӣ шабеҳ аст. Аз он чӣ дар матн таҳти унвони “мегӯянд…” хоҳад омад, ин матлаб комилан равшан мешавад.

Албатта дар миёни ишколҳои моддигароён аҳёнан ишколоте пайдо мешавад, ки воқеан мумкин аст робитае бо моддияти ахлоқӣ надошта бошад ва сирфан ношӣ аз тарзи тафаккури фалсафии озод бошад. Мо дар бораи он ишколот ба тафсили бештаре баҳс хоҳем кард.

* * *

(4) Ин эрод ба хатопазирии дастгоҳи фикри башар марбут аст. Хулосааш ин аст, ки фикри башар хатопазир аст ва он чӣ хатопазир аст, қобили эътимод нест, пас, фикри башар қобили эътимод нест. Аз тарафи дигар, баъзе аз афкори башар ба василаи таҷриба қобили таҳқиқу расидагӣ аст ва қобили эътимод ва итминон аст, ва баъзе дигар аз афкори башар қобили таҳқиқу расидагӣ ба ин васила нест. Пас, ҳар фикре, ки қобили таҳқиқи таҷрибӣ аст, қобили қабул аст ва ҳар фикре, ки чунин нест, қобили қабул нест. Ва аз сӯи дигар, масоили илоҳӣ аз навъи афкоре аст, ки қобили баррасӣ ва таҳқиқи таҷрибӣ нест, пас, ин гуна масоил қобили қабул ва эътимод нест.

Ҷавоб ин аст, ки аввалан, ин истидлол агар дуруст бошад, бояд на илоҳӣ буд ва на моддӣ, бояд роҳи лоадриюнро пеш гирифт. Моддигароён наметавонанд бо ин истидлол ба нафъи маслаки худ натиҷа бигиранд.

Сониян, ин худ як истидлоли ақлии маҳз ва ғайритаҷрибӣ аст. Агар ҳеч истидлоли ғайритаҷрибӣ қобили эътимод нест, худи ин истидлол низ қобили эътимод нест. Бадеҳист, ки истидлоле, ки шомили беэътибории худаш бошад, қобили эътимод намебошад.

Солисан, мо дар ҷилди дуввуми “Усули фалсафа…” собит кардем, ки ҳар истидлоли таҷрибӣ муттакӣ бар як силсила усули ақлии холиси ғайритаҷрибӣ аст. Агар бино бишавад ҳеч аслеро, ки таҷриба онро таъйид накардааст, напазирем, ҳеч асли таҷрибиро низ набояд бипазирем ва бояд яксара роҳи суфастоиёнро пеш бигирем.

Робиъан, таҷрибиёти башар бар ҳиссиёт устувор аст. Хатои ҳисс аз хатои ақл камтар нест. Агар ақл ба воситаи хатоҳои истидлол бояд ғайриқобили эътимод муаррифӣ шавад, ҳавосс низ бояд ба воситаи хатоҳои беандозае, ки доранд, ғайриқобили эътимод эълом гарданд.

Ҳақиқат ин аст, ки ҳамон тавре, ки хатои ҳавосс сабаб намешавад инсон аз маҳсусот чашм бипӯшад ва ба воситаи такрору таҷриба метавон аз хатои ҳисс парҳез кард, хатои бархе истидлолҳо низ сабаб намегардад, ки инсон ба куллӣ аз истидлоли ақлӣ чашм бипӯшад ва ҳамаро беэътибор эълом намояд.

Башар бо диққат ва муморисати комил ва бо ба кор бурдани эҳтиёти фаровон дар модда ва сурати истидлол, метавонад ба як силсила бурҳонҳои ақлии яқинии ғайритаҷрибӣ ва ғайриқобили ташкик ноил гардад. Умдаи масоили илоҳиёт дар фалсафаи исломӣ бо чунин бурҳонҳое исбот мешавад чунонки баъдан хоҳад омад. Ва баъдан дар матни мақола низ ба ин ишкол посух гуфта хоҳад шуд.

* * *

(5) Ин эрод аз як тараф ба маҳдуд будани афкор ва идрокоти башар, ва аз тарафи дигар ба адами воқеънамоии ҳавос иртибот дорад.

Назарияи маҳдуд будани афкор ва идрокоти башар ва ин ки ақли инсон кучактар аз ин аст, ки битавонад дар бораи моварои завоҳир ва падидаҳои ҷузъӣ биандешад, мунҳасир ба моддигароён нест, иддае аз илоҳиюн низ чунин ақида доранд. Дар миёни уламои ислом афроди зиёде буда ва ҳастанд, ки баҳси илмиро дар бораи Худо ва моварои табиат нораво медонанд. Мо баъдан он ҷо, ки аз “сифот” мехоҳем баҳс кунем, назари онҳоро нақлу интиқод хоҳем кард. Бархе илоҳиюни Урупо низ чунин меандешанд. Поскол ва Бергсун ва Спенсер аз ин дастаанд. Поскол ва Бергсун Худоро аз роҳи дил ҷустуҷӯ мекунанд, на аз роҳи ақл ва танҳо роҳи дилро мӯътабар медонанд.

Поскол мегӯяд:

Ҷаҳон курае аст, ки марказаш ҳама ҷост ва муҳиташ ҳеч ҷо нест. Бекаронӣ танҳо аз сӯи бузургӣ нест, аз сӯи хурдӣ низ бекарон аст ва инсон ба дарки бекаронӣ тавоно нест, хоҳ аз сӯи бузургӣ бошад, хоҳ аз сӯи хурдӣ. Тавоноии инсон танҳо ба дарёфти умуре аст, ки миёнаи хурдӣ ва бузургӣ аст, чунонки вуҷуди худи ӯ низ дар миёнаи ин ду ниҳоят аст; нисбат ба адам (яъне ниҳояти хурдӣ) кулл аст ва нисбат ба кулл, адам аст. Илми инсон на бар мабдаъу оғоз аст ва на бар маолу анҷом, пас илми ҳақиқӣ барои инсон муяссар нест ва фақат умури мутавасситро дармеёбад.” (Сайри ҳикмат дар Урупо, 2/13)

Ҳарчанд назари Поскол ба бениҳоятии ҷаҳон аз назари риёзӣ аст, вале натиҷае, ки мегирад аъамм аст. Ба илова, тасреҳ мекунад, ки: “Ба вуҷуди Худо дил гувоҳӣ медиҳад, на ақл” (Ҳамон манбаъ, 2/14), гувоҳии ақлро мункир аст.

Ҳерберт Спенсер низ муддаӣ аст:

Ҳақиқати мутлақ надонистанӣ аст, он чӣ донистанӣ аст, ҳамоно авориз ва ҳаводиси ин ҷаҳон аст.”

Вай мегӯяд:

Дар рӯзгори мо дин бо илму ҳикмат муъориза дорад аз он ҷиҳат, ки арбоби адён ва аҳли илм дар қаламрави якдигар мудохилаи нораво мекунанд ва низ ҳар ду гурӯҳ иддаои беҷо доранд. Иддаои беҷо ин аст, ки аз амре, ки бартар аз идроки инсон аст, яъне аз зоти мутлақ сухан меронанд.” (Ҳамон манбаъ, 3/161-162)

Аммо масъалаи адами воқеънамоии ҳавосс ва инҳисори василаи фаҳму идрок ба ҳавосс. Хулосаи эрод ин аст, ки робитаи суратҳои зеҳнӣ бо воқеиятҳои хориҷӣ фақат ин андоза аст, ки ин суратҳо маълули бархӯрди дастгоҳи ҳиссӣ бо воқеияти хориҷӣ аст, аммо ин ки ин суратҳо воқеънамо бошанд ва воқеияти хориҷиро он чунон ки ҳаст нишон бидиҳанд ва ба истилоҳ арзиши назарӣ дошта бошанд, хиёли маҳз аст.

Бале, арзиши амалӣ доранд, яъне дар амал метавон аз онҳо баҳра бурд бидуни ин ки битавон барои инҳо арзиши назарӣ ва воқеънамоӣ қоил шуд.

Аз ин рӯ улуме, ки башар онҳоро барои амал мехоҳад монанди тибб, физик, шимӣ ва ғайраҳо эътибор доранд, зеро метавон амалан аз ҳавосс истифода кард, аммо улуми назарӣ яъне улуме, ки ҳадафи он улум кашфи ҳақиқат аст ва коре ба амал надорад, монанди ҳикмати илоҳӣ, эътибор надорад.

Дар ин бора низ дар ҷилди аввал ва дуввуми “Усули фалсафа…” баҳс карда ва акнун такрор намекунем. Ин ҷо ҳамин қадр мегӯем, ин матлаб инкори вуҷуди зеҳнӣ ба мафҳуми фалсафӣ аст ва инкори вуҷуди зеҳнӣ ба мафҳуми фалсафӣ мусовӣ аст бо суфастоигарӣ ва инкори ҷамиъи улум. Ба илова, агар ҳавосси башар ба ҳеч ваҷҳ қудрати воқеънамоӣ ва арзиши назарӣ надошта бошанд, қаҳран арзиши амалӣ низ нахоҳанд дошт. Оё арзиши амалии ҳавосс ҷуз аз ин роҳ аст, ки воқеиятро нишон медиҳанд? Баъдан дар матни мақола дар бораи ин ишкол низ баҳс хоҳад шуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: