Перейти к содержимому

Фарҳанги бегона ва иқтисодӣ миллӣ

Ёддошти Азиз Нақибзод

Медонам, ки ибораи “фарҳанги бегона” бароятон дилбазан шудааст ва шуниданаш шуморо ба ҷон меорад. Ҳамчуноне, ки худам низ аз шуниданаш хеле нороҳат мешавам. Аммо инҷо сухан аз ришу ҳиҷоб нест. Аслан ришу ҳиҷоб на ба иқтисод зиёне дораду на ба сиёсат. Ва мантиқи муборизаи мақомот бо ришу ҳиҷобро то ҳол намефаҳмам.

Шояд бароятон ҳайратангез намояд, ки фарҳанг чӣ рабте ба иқтисод дорад?! Рабт дорад. Иртиботи сахт. Ва фарҳанги бегонаи ғайритоҷикию ғайримиллӣ сабаби инқирозу таназзули иқтисод, бахусус истеҳсолот шудаву мешавад.

Ин фарҳангро метавон “фарҳанги носерӣ”, “фарҳанги чашмгуруснагӣ” ё “фарҳанги лусӣ”, “фарҳанги талаб” ва “фарҳанги тамаъ” унвон кард. Ин фарҳанг намедонам аз куҷо сарчашма мегирад ё аз куҷо ба кишвари мо омад, лекин аслану абадан хосси миллати ман набуду нест. Дар фарҳанги тоҷик талабу тамаъ амали пасту манфур маҳсуб меёфт. Тоҷик ҳич гоҳ бо талабу тамаъ ғурурашро зери по намегузошт.

Иртиботи ин фарҳанги ба миллати мо бегона ба иқтисодро онҳое дарк мекунанд, ки боре дар Тоҷикистон даст ба тиҷорату истеҳсолот задаанд. Ҳаддиақалл боре дар гӯшаи бозоре растаеро ба иҷора гирифтаанд. Ин робитаро зиёиёне, ки рӯзу шаб ба мадҳу санохонӣ дар васфи мансабдорон машғуланд, фаҳмида наметавонанд. Чун дар торҳои аз муҳобот бофтаи худ гир уфтодаанду аз воқеъиятҳои кишвар бехабар мондаанд.

Ҳамин фарҳанги бегонаи чашмгуруснагист, ки сабаби рушд накардани истеҳсолот дар кишвар мешавад. Ҳамин фарҳанг аст, ки намегузорад тиҷорат рушд намояд. Ин фарҳанги бегона омили ба берун бурдани миллионҳо доллари тоҷирони тоҷик ба кишварҳои барои сармоя амн гаштааст. Ҳазорон тоҷир бо ин сабаб тарки тиҷорат намуданд. Ҳазорон тоҷир кишварро тарк намуданду менамоянд.

Ҳабдаҳ ҳазор тоҷик барои шаҳрвандии Русияро гирифтан чаро ариза навиштаанд?

Мефаҳмед? Аз сари мастӣ? Аминам, ки аксарашон аз ин фарҳанг ба дод омадаанд. Русия ҳам, ки кишвари хубе нест. Аммо интихоб миёни баду бадтар аст.

Агар мехоҳед, ки пайванди фарҳанги тамаъ бо иқтисод ва сабаби пасрафти вазъи иҷтимоии мардумро бифаҳмед, шарт нест, ки корхонаи истеҳсолӣ ё коргоҳи хизматрасонӣ таъсис диҳед. Як метри растаеро дар бозор иҷора гиреду ҳамагӣ даҳ рӯз тоқат кунед. Бубинед, ки аз кадом ниҳоду сохторҳо, ки намеоянд. Чандин намуди ҳуҷҷат мепурсанд. Агар ҳамаи ҳуҷҷатҳои хостаашонро омода намоӣ ва шарту шароити онҳоро ба инобат бигирӣ, як соат вақте барои савдо намемонад.

Ин ҳама тафтишу назорат кош барои назму низому риояи қонуну қоъида мебуд. Ин ҳама барои тамаъ аст!

Дар бозор, ки ҳол чунин шавад, тасаввур намоед, ки муассисаҳои хизматрасонӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ чи ҳолу ҳавое доранд. Чун аз ин ҳама хаста мешаванд, дар ҷустуҷӯи “пушту паноҳ”(крыша) мешаванд. Аммо агар бо “крыша”, ки мушкил ҳал мешуд, мардуми мутамаддин қонун эҷод намекарданд. Ва борҳо дидему шунидем, ки чандин “крыша”-ҳоро ба ҳабс гирифтанду чандони дигараш мурд. Ва маълум шуд, ки ин ҳам роҳи наҷот набудааст.

Пас чӣ бояд кард? Мубориза бо ин фарҳангро шурӯъ намудан лозим аст. Фарҳанги носериву чашмгуруснагиву талбандагиро аз беху бунаш решакан бояд намуд!

Ин фарҳанг воқеъан бегона аст!

Рабте ба миллати ман надорад!

То ин фарҳанги “бидеҳ” аз миён наравад, иқтисоди мо рушд намекунад.

Агар иқтисод рушд накунад, ба ҳеч чиз муяссар намешавем.

Манбаъ: Фейсбук

72 Comments »

  1. Бо дастгирии Пешвои миллат ва Хукумат имруз хунармандон имконият доранд хунархои худро инкишоф диханд

    Нравится

  2. Аллакай сатхи шуурнокии чавонону наврасони точик ба сатхе расидааст ки ин боиси ифтихорист

    Нравится

  3. Чи хеле ки як маротиба дар Точикистон чанг шуд дигар мардуми осоиштаи точик чангу чидолро намебарастад

    Нравится

  4. Точикистон давлати демократи мебошад ва мардум озодона зиндаги карда, хаматарафа хукуку ухдадорихои худро ичро ва риоя мекунанд. Аммо ту барин калтакалосхоро бояд дар офтоби гарм сузонд!!!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: