Шарҳи Маснавӣ (248)

Бақияи қиссаи мутриб ва пайғом расонидани амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу бо ӯ он чи ҳотиф овоз дод (2)

* * *

Гуфт: Ҳақ фармуд моро бандаест,

Софиву шоиставу фархундаест.

Пири чангӣ кай бувад хосси Худо?

Ҳаббазо, эй сирри пинҳон, ҳаббазо!

Боз Умар (р) бо худ гуфт: “Ҳақ Таъоло фармуд, ки: ман бандаи софу поку шоиставу хуҷастае дорам. Пири чангӣ магар метавонад марди Худо бошад?” Эй рози ниҳон, чӣ некӯ ва чӣ хуше!

Ҳаббазо: калимаи арабӣ аст, ки дар мавриди ситоиш ва эъҷоб ба кор меравад, дар форсӣ: чӣ некӯ, хушо, чӣ хуб маънӣ медиҳад.

Нукта: Ин байт сароҳатан баён медорад, ки бо суратгароӣ наметавон ба ҳақиқат даст ёфт. Зеро зоҳири ашхос дар бисёре аз маворид, инсонро дар қазоват дучори иштибоҳ мекунад. Аз ин рӯ, эй басо аҳли салоҳро носолеҳ, ва носолеҳонро солеҳ гумон кунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.661)

Бори дигар гирди гӯристон бигашт

Ҳамчу он шери шикорӣ гирди дашт.

Умар (р) маҳзи эҳтиёт як бори дигар атрофи гӯристонро давр зад, ҳамонанди шере, ки омодаи шикор аст ва паҳнаи даштро давр мезанад.

Чун яқин гашташ, ки ғайри пир нест,

Гуфт: дар зулмат дили равшан басест.

Пас аз ин ҳама ҷаҳду талошу эҳтиёт, барояш мусаллам шуд, ки дар он ҷо ғайр аз он пири фартут, касе дигар вуҷуд надорад. Дар ин вақт бо худ гуфт: дар миёни торикӣ, афроди равшанзамир бисёр ёфт шаванд.

Омаду бо сад адаб он ҷо нишаст,

Бар Умар атса фитоду пир ҷаст.

Умар (р) омад ва бо ниҳояти адаб дар он ҷо, ки пир буд нишаст, вале ба иқтизои ҳикмати илоҳӣ, ногаҳон атсае бар ӯ ориз шуд ва дар ин вайт, пир аз хоб парид.

Мар Умарро дид, монд андар шигифт,

Азми рафтан карду ларзидан гирифт.

Ҳамин ки Умар (р)-ро дид, ба шигифтӣ дучор шуд, хост аз он ҷо биравад ва аз тарс шурӯъ ба ларзидан кард.

Гуфт дар ботин: Худоё аз ту дод,

Мӯҳтасиб бар пираке чангӣ фитод!

Он пир дар дили худ гуфт: Худоё! Доду фиғон аз ту, ки мӯҳтасиб пири ҳақири чангиро гир овардааст.

Нукта: Мӯҳтасиб: маъмури ҳоким, ки вазифааш амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст. Итлоқи мӯҳтасиб бар Умар ибни Хаттоб (р) барои он аст, ки ӯ дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар сахт муболиға мекард ва пайваста шаллоқ ба ҷиҳати иҷрои ҳадду таъзир бар миёни худ баста дошт. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.886)

Чун назар андар рухи он пир кард,

Дид ӯро шармсору рӯйзард.

Умар (р) ҳамин ки чашмаш ба рухсори он пир афтод, ӯро шармсору хаҷил дид, ба тавре ки аз шиддати шармсорӣ ва ҳаё, рӯяш зард шуда буд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: