Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (22)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши панҷум: Фоидаҳои шурур (2)

Иҷтимоъ ё фард?

Донишмандон таҳти унвони “Асолати фард ё иҷтимоъ” баҳсе доранд, ки оё фард асл аст, ё ҷомеа? Гоҳе аз ҷанбаи фалсафӣ баҳс мешавад ва манзур ин аст, ки оё фард амри ҳақиқӣ аст ва ҷомеа амри эътиборӣ ва интизоӣ? Ё баръакс, ҷомеа амри ҳақиқӣ аст ва фард амри эътиборӣ ва интизоӣ? Албатта дар ин ҷо ба хусус шиққи севвум ҳам қобили фарз аст, ва он ин ки: ҳар ду асил ва ҳақиқӣ бошанд. Ва ба назари мо, ин шиқ танҳо шиққи саҳеҳ аст.

Ва гоҳе аз ҷанбаи ҳуқуқӣ ва “фалсафаи қонун” баҳс мешавад ва манзур ин аст, ки оё ҳадафи қонун бояд “саодати фард” бошад ё “қудрати иҷтимоъ”? Тарафдорони асолати фард мегӯянд: қонунгузор бояд то ҷое, ки мумкин аст, осоишу рифоҳ ва танаъуму озодии афродро дар назар бигирад, хушбахтии фард дар дараҷаи аввали аҳаммият қарор дорад, набояд ба баҳонаи масолеҳи ҷомеа, хушӣ ва саодати афродро салб кард, магар дар ҷое, ки хатари измиҳлол ва муталошӣ шудани иҷтимоъ дар миён бошад; танҳо дар чунин мавридест, ки маслиҳати иҷтимоъро бояд бар маслиҳати фард муқаддам дошт; зеро агар иҷтимоъ муталошӣ шавад, фард ҳам қаҳран аз байн меравад. Ва дар ҳақиқат ин ҷо низ ҳоли фард ва маслиҳати ӯ риоят шудааст.

Аммо тарафдорони асолати иҷтимоъ мегӯянд: он чи дар дараҷаи аввали аҳаммият қарор дорад, нерӯмандӣ ва сарбаландии ҷомеа аст, қонунгузорон ва сиёсатмадорон бояд нерӯмандӣ ва сарбаландӣ ва иззати иҷтимоъро виҷҳаи ҳиммати хеш созанд. Ифтихороти фард, осоишу хушии фард, саодату некбахтии фард, озодии фард ва ҳар чӣ ки марбут ба фард аст, бояд фидои ҷомеа гардад, ҷомеа бояд сарбаланд гардад ҳарчанд ки ҳамаи афроди он дар ранҷу бадбахтӣ ба сар баранд.

Барои муқоисаи ин ду системи фикрӣ, будҷаи давлати кишварро дар назар мегирем. Агар зимомдорони кишвар асолати фардӣ фикр кунанд, саъй хоҳанд кард, ки будҷаи кишвари худро ба барномаҳое ихтисос диҳанд, ки ӯҳдадори осоиши афроди миллат ва беҳбуди иқтисоди умуми мардуми кишвар гардад ҳарчанд ки оҳанги пешрафти ҷомеа кунд гардад. Вале агар асолати иҷтимоӣ биандешанд, ба эҳтиёҷоти афрод таваҷҷӯҳ накарда, саъй мекунанд барномаҳое тарҳ кунанд, ки ҳар чӣ бештар заминаи пешрафти иҷтимоъро дар оянда ва мӯҷиботи сарбаландии иҷтимоъро дар миёни соири иҷтимоъҳо таъмин кунад. Барномаҳои парвоз дар фазо, ки кишварҳои муқтадири ҷаҳон доранд, ношӣ аз ин тарзи тафаккур аст. Чунонки медонем, ин барномаҳо бар барномаҳои беҳдоштӣ, омӯзиши умумӣ ва тарбиятӣ тақаддум ёфтааст. Барои тарроҳони ин барномаҳо муҳим нест, ки афроде аз кишварашон дар гуруснагиву беморӣ ва ҷаҳлу бехабарӣ ба сар баранд; он чи муҳим аст сарбаландӣ ва ифтихори кишварашон аст. Харҷи ин барномаҳо ба қадре сангин ва камаршикан аст, ки пушти мардуми ин кишварҳоро хам кардааст ва бо вуҷуди ин ки он давлатҳо беш аз панҷоҳ дарсади сарвати дунёро мерубоянд, боз дучори касрии будҷа ҳастанд.

Масъала ин аст, ки агар будҷаи калон, дар як барномаи иқтисодӣ ё беҳдоштӣ ё фарҳангӣ, ки ба нафъи умум тарҳ шудааст масраф гардад, мумкин аст рифоҳу осоишу озодии зиёде барои афроди миллат ба вуҷуд оварад, вале агар ин будҷа, сарфи ҳамин барномаҳо гардад — дар ҳоле, ки ҳамаи афродро леҳ мекунад — мӯҷиби ифтихор ва сиёдати он иҷтимоъ мегардад.

Тарафдорони асолати иҷтимоъ мегӯянд: дар дараҷаи аввал бояд қудрат ва ифтихороти иҷтимоъро мавриди аҳаммият қарор дод. Ва тарафдорони асолати фард мегӯянд: дар дараҷаи аввал бояд манофеъ ва осоишҳо ва озодиҳои афрод мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад.

Ғараз аз тарҳи ин мавзӯъ, таваҷҷӯҳ додан ба ин нукта аст, ки ҳисоби ҷузъ, ғайр аз ҳисоби кулл аст. Мумкин аст чизе, ки барои ҷузъ зиёнманд ва зишт аст, барои кулл судманд ва зебо бошад.

* * *

Тафовути зарфиятҳо

Дар мавриди ҷомеаҳои башарӣ, чунонки гуфтем, гоҳе байни ҷузъ ва кулл тазоҳум падид меояд, яъне гоҳе лозим меояд, ки ба хотири риояти салоҳи иҷтимоъ, фарде аз ҳуқуқи худаш маҳрум гардад. Вале дар мавриди низомоти табиии ҷаҳон чунин нест. Дар ин ҷо ба ҳеч ҷузъе ба хотири ин ки маҷмӯаи ҷаҳон зебо гардад, ситам нашудааст.

Аз он чи дар бахши дуввум таҳти унвони “Рози тафовутҳо” баён кардем, равшан шуд, ки ихтилофҳо ва тафовутҳое, ки маҷмӯаи ҷаҳонро ба сурати як тоблуи комил ва зебо даровардааст, ихтилофҳои зотӣ аст. Ҷойгоҳҳо ва мавқеиятҳое, ки дар офариниш барои мавҷудот муайян шудааст, монанди ҷойгоҳҳои иҷтимоӣ нест, ки қобили табдилу тағйир бошад.

Ин ҷойгоҳҳо назири хоссиятҳои ашколи ҳандасӣ, зотии мавҷудот аст. Вақте мегӯем, хоссияти мусаллас ин аст, ки маҷмӯи зовияҳояш баробар бо ду қоима аст ва хоссияти мураббаъ ин аст, ки маҷмӯи завоёяш баробар бо чаҳор қоима аст, маънояш ин нест, ки ба он, хоссияти ду қоима доштан, ва ба ин, хоссияти чаҳор қоима доштанро эъто кардаанд. Ба ҳамин хотир, ин пурсиш ҷо надорад, ки чаро ба мусаллас ситам кардаанд ва хоссияти чаҳор қоимаро надодаанд.

На, мусаллас ҷуз ҳамон хоссияти муайянро наметавонад дошта бошад, мусалласро касе мусаллас накардааст, яъне чунин нест, ки мусаллас қаблан дар вазъи дигаре буда ва хоссиятҳои дигар доштааст ва касе омада ӯро табдил ба мусаллас кардааст. Ва ё мусаллас ва мураббаъ ва ғайра дар як марҳила аз мароҳили ҳастии худ ва дар як мартиба аз маротиби воқеияти худ, фоқиди ҳамаи хоссиятҳо будаанд ва баъд як қудрати қоҳирае омадааст ва ин хоссиятҳоро миёни онҳо тақсим кардааст ва дилаш хоста, ки ба маҷмӯи завоёи мусаллас хоссияти тасовӣ бо ду қоимаро бидиҳад ва ба маҷмӯи завоёи мураббаъ хоссияти тасовӣ бо чаҳор қоимаро, то ин пурсиш пеш ояд, ки чаро табъиз шудааст? Ва мусаллас ба забони ҳол, эътироз кунад, ки ба ман ҷафо шуда ва бояд ба ман ҳам хоссияте монанди хоссияти мураббаъ дода мешуд.

Тафовути мавҷудоти ҷаҳон низ ҳамин тавр аст. Ин ки ҷамодот рушду дарк надоранд ва гиёҳон рушд доранд ва дарк надоранд ва ҳайвон, ҳам рушд дорад ва ҳам дарк дорад, зотии мартибаи вуҷуди ҷамод ва набот ва ҳайвон аст, на он ки ҳама аввал яксон будаанд ва баъд офаридгор ба яке хоссияти дарку рушдро додааст ва ба дигаре ҳеч кадомро надодааст ва ба севвумӣ якеро дода ва якеро надодааст. Бӯалӣ Сино ҷумлаи маъруфе дорад, ки мубайини ҳамин ҳақиқат аст. Вай гуфтааст:

ما جعل الله المشمشة مشمشة بل أوجدها

Худо зардолуро зардолу накардааст, балки зардолуро эҷод кардааст.”

Зардолу барои мисол зикр шудааст, манзур, ҳамаи мавҷудот аст. Худо ашёро офаридааст ва онҳо зотан ихтилоф доранд. Худо зардолуро офарида, себро офарида, анорро офарида ва ҳоказо, вале чунин набуда, ки қаблан ҳамаи онҳо якнавохт будаанд ва Худо байни онҳо ихтилоф барқарор сохтааст.

Худо замонро офаридааст. Замон хоссияти муайяне дорад, гузашта ва ҳол ва оянда дар он ҳаст. Худо замонро чӣ гуна офарид? Оё аввал замонро монанди як гулӯлаи нах ба сурати як маҷмӯа, ки ҳамаи аҷзои он бо ҳам аст офарида ва сипас онро кеш дода ва боз карда ва ба сурати феълӣ даровардааст? Ва низ ҷисмро офарид, оё аввал ҷисмро бидуни кашишу имтидоду ҳаҷм офарид ва баъд ба он кашишу ҳаҷм дод? Ё офаридани ҷисм мусовӣ аст бо офаридани кашишу имтидоду буъду ҳаҷму тақаддуму таъаххур. Миёни офаридани ҷисм ва офаридани кашишу имтидод, дугонагӣ нест.

Қуръони Карим дар ин ҷо таъбири бисёр латифе дорад; аз забони Мӯсо (алайҳис-салом) нақл мекунад, ки вақте Фиръавн аз вай ва бародараш Ҳорун мепурсад, ки Парвардигори шумо кист? Мӯсо (а) ҷавоб медиҳад:

رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى

Парвардигори мо он касест, ки ба ҳар чиз офариниши хосси он чизро додааст ва сипас онро ба сӯи ҳадаф раҳбарӣ кардааст.” (Сураи Тоҳо, ояти 50)

Нуктаи ҷолибе, ки мавриди назар аст, аз калимаи “халқаҳу” (офариниши он) истифода мешавад. Аз изофаи ба замир чунин истинбот мешавад, ки ҳар чиз хилқати хоссе дорад, ки моли худи ӯст, яъне ҳар чиз фақат гунае хосс аз вуҷудро метавонад бипазирду бас, ва Худо ҳамон хилқати хоссро ба он медиҳад. Набояд пиндошт, ки ашё таври дигаре будаанд ва Худо онҳоро ба ин сурат, ки ҳастанд даровардааст. Ва ё лоақал имкон дошта, ки таври дигар ва хилқати ба гунае дигар, беҳтар ё бадтар аз ин ки доранд, дошта бошанд ва Худованд ин гунаи ба хусусро, алорағми он имконот, баргузидааст. Ҳақиқат ин аст, ки ҷаҳон танҳо ба ҳамин ҷур, ки ҳаст имкони вуҷуд доштааст ва ҳар ҷузъ аз аҷзои ҷаҳон низ офариниши муайяне дар бораи он имкон доштааст ва Худо ҳамон офаринишро ба он додааст.

Қуръон ин матлабро бо як тамсили латифи бисёр олӣ баён кардааст. Қуръон ба оби борон, ки аз боло мерезад ва тадриҷан сел ташкил медиҳад ва об дар бистари наҳрҳо ва ҷӯйҳо ва рӯдхонаҳои мухталиф қарор мегирад, масал мезанад, мефармояд:

أَنزَلَ مِنَ السَّمَاء مَاء فَسَالَتْ أَوْدِيَةٌ بِقَدَرِهَا

Худо аз осмон обе фуруд овард ва ҳар рӯдхонае ба қадри зарфияти худаш саялон ёфт…” (Сураи Раъд, ояти 17)

Яъне раҳмати Парвардигор ҳеч мавҷуди мустаиддеро маҳрум намесозад, вале истеъдод ва зарфияти мавҷудот ҳам яксон нест; истеъдодҳо мухталиф аст, ҳар зарфе ба қадре, ки гунҷоиш дорад, аз раҳмати Худо лабрез мегардад.

Ин нукта ҳамон матлабест, ки дар бахши дуввум таҳти унвони “Рози тафовутҳо” баён кардем. Такрораш дар ин ҷо — илова бар фоидаи такмил — барои ин буд, ки таваҳҳум нашавад, ки дар офариниши ҷаҳон асолати ҷамъ дар назар гирифта шудааст ва барои зебоии маҷмӯа, ба баъзе аз аҷзоъ ситам шудааст. На, дар ин ҷо, маҷмӯае зебо падид омада, ки зебоии он, раҳини ихтилофҳо ва тафовутҳост ва дар айни ҳол, тафовутҳо ҳам аз навъи табъизу зулм нест; ҳам ҳаққи фард риоят гардида ва ҳам салоҳи ҷамъ.

Касоне, ки дар посухи ишколи “шурур” танҳо ба ҷанбаи лузуми тафовут дар низоми кулл таваҷҷӯҳ кардаанд, посухашон ноқис аст, зеро ҷузъи ноқис ҳақ дорад эътироз кунад, ки ҳоло, ки лозим аст дар низоми кулл яке комил бошад ва яке ноқис, чаро ман ноқис офарида шудам ва дигаре комил? Чаро кор баръакс нашуд? Ҳамчунин мумкин аст “зишт” эътироз кунад, ки ҳоло, ки лозим аст дар низоми офариниш, ҳам зишт бошад ва ҳам зебо, чаро ман зишт бошам ва дигаре зебо? Чаро кор баръакс нашуд? Вақте, ки амр доир аст, ки яке баҳраи вуҷудии камтар бигирад ва яке баҳраи вуҷудии бештар, чӣ мураҷҷиҳе ҳаст, ки филмасал “А” баҳраи бештаре дарёфт дорад ва “Б” баҳраи камтаре? Бинобар ин, сирфи ин ки бигӯем дар низоми кулли ҷаҳон, вуҷуди зишту зебо, комилу ноқис, тавъаман зарурӣ аст, ишколро ҳал намекунад, (балки) ин матлаб низ бояд замима ва изофа гардад, ки дар айни ҳол ҳар мавҷуде аз мавҷудот ва ҳар ҷузъе аз аҷзои ҷаҳон, насиб ва ҳаққи худро, ки имкон дошта дарёфт дорад, дарёфт кардааст.

Ба иборати дигар, масъалаи “фоида”, “маслиҳат”, “ҳикмат”, ки барои шурур ва бадиҳо зикр мешавад, ҳама фаръ бар ин аст, ки ба он ҳақиқат пай бибарем, ки робитаи иллатҳо ва асбоб бо маълулот ва мусаббаботашон, ва робитаи муқаддамот бо натоиҷ, ва робитаи муғайёҳо бо ғоятҳо зарурӣ аст ва сунани илоҳӣ лоятағайяр аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: