“Пайкараи Рӯдакӣ бо сармояи мардуми Самарқанд сохта шуда буд, чаро ғайб зад?”

Ҳаким Раббимпур, аз фаъолони сиёсӣ ва фарҳангии Самарқанд ва муқими Филоделфиёи Омрико, ин рӯзҳо дар ҷараёни баҳори навпадиди тоҷикон озодона аз фазо ва шароити фарҳангӣ ва фишорҳои даврони Шӯравӣ менависад. Чизе, ки то ҳамин охирҳо мумкин набуд. Оқои Раббимпур дар гуфтугӯ бо бону Шаҳзода Самарқандӣ дар Радиои Замона, аз таърихчаи пайкараи Рӯдакӣ дар шаҳри Самарқанд гуфт ва ин ки чаро тоҷикони Самарқанд хостори бозгардондани ин пайкара шудаанд.

Инак, матни гуфтугӯи Шаҳзода Самарқандӣ бо Ҳаким Раббимпур:

— Шумо баҳори тоҷикро аз дур бошад ҳам дунбол кардед ва дар ҷараён ҳастед, ки барои аввалин бор чеҳраҳои фарҳангӣ ба вижа самарқандӣ бо расонаҳои хориҷӣ сӯҳбат мекунанд ва аз ниёзҳо ва дархостҳояшон мегӯянд, ки чӣ интизороте доранд, ки дар марҳилаи аввал анҷом шавад. Шумо ҳам дар ин дархостҳо ва дар таҳия кардани листи дархостҳо ҳузур доштед. Мешавад ба мо бигӯед, ки дар айни ҳол чӣ қадр ба мо имкон вуҷуд дорад, ки ин дархостҳо ба вуқӯъ бипайвандад? Фикр мекунед, ки мамонеат комилан бардошта шуда ва ё ҳамчунон ҳаст? Афроде, ки дар дохили кишвар ҳастанд, ки битавонанд мисли он солҳое, ки шумо фаъолиятҳои сиёсӣ мекардед, ба ҳамон сурат фаъолиятҳои фарҳангӣ дошта бошанд?

— Аввалан, дуруд ба тамоми шунавандагон ва кормандони Радиои Замона ва ба шумо Шаҳзодабону, ки бо ман ҳамсӯҳбат шудед. Ман ҳам баъд аз ин қадр гуфтаҳои дӯстонам, ки дар фазои маҷозӣ ҳарф заданд ва сухан гуфтанд, хеле шодам, ки баъд аз ин ҳама солҳои яхбандӣ каме бошад ҳам таваҷҷӯҳ ба ормонҳо ва дархостҳои тоҷикони Ӯзбекистон шуд. Ва дар наздикиҳо дар Тошканд ду маҷлис шуд, ки дар яке аз онҳо аз фаъолон ва фидоиёни тоҷики саросари ҷумҳурӣ даъват шуданд, ки ҳукумат аз онҳо хост чӣ суолҳо ва ниёзҳое доред, ки мо агар тавонем, роҳи ҳаллашро ёбем. Дуюм, шумо медонед, шаби фарҳангӣ бо иштироки тамоми ҳаводорони шеъру адаби тоҷик дар Тошканд баргузор шуд, ки даҳ нафари онҳо аз Самарқанд буданд.

— Бале, фикр мекунед, ки фазо омода аст, ки ба фаъолиятҳо идома бидиҳанд мисли қабл?

— Бале, ман дар ин бора як сухан дорам. Албатта мо ба ин ҳақ дорем, барои он ки мо мардуми бумӣ ва таҳҷоии ҳамин сарзамин мебошем. Давру замон ҳамин тавр шуд, ки мо давоми садсолаҳо бо ӯзбекон дар ин сарзамини паҳновар зиндагӣ кунем, фарҳанг ва тамаддуни муштарак дорем, аммо забонамон каме дигаргун. Ин як.

— Дуруст.

— Дар гузашта ва ҳоло, садҳо мутафаккирон ва донишмандон ва зиёиёни тоҷик дар ин сарзамин хидмат мекарданд ва мекунанд. То омадани ишғолгарони Русияи подшоҳӣ ва болшевикон, мо бо ҳамдигар ҳеч зиддият дар ҷодаи забон надоштем. Кӣ мехост, ба форсӣ ҳарф мезад, кӣ мехост, ба туркӣ ҳарф мезад ва эҷод мекард. Пас инҳо омаданд ба сарҳадҳои мо хат кашиданд, аз ҳам ҷудо карданд ва нифоқ андохтанд. То ҳол мо азияти онро мекашем. Ҳукумати Ӯзбекистон, ки ҳоло аз сиёсатҳои болшевикон даст мекашад, чаро аз ин хатту марзҳое, ки ба мо таҳмил карданд, даст намекашад? Дар урфият мегӯянд: “Бародарам бошӣ баробарам бош!” Чаро миллати мо хору зор? Ҳоло дар тамоми идораҳои давлат кадрҳои миллати мо миллаташонро тағйир дода ӯзбек карда кор мекунанд. Кадрҳои мо дар тамоми дунё кор карда истодаанд, аммо чаро дар ин ҷо миллати моро ба инобат намегиранд?

— Дуруст аст, шумо медонед, ки дар 15-уми ҳамин моҳ дар Тошканд дубора ҳамоиши намояндагони тоҷик ҳаст, то ки руасои марказҳои фарҳангии худашонро интихоб кунанд ва барои ин ҳамоиш омодагиҳои зиёде гирифта истодаанд. Фикр мекунед, ки ин ҳамоиш ба чӣ навъ баргузор шавад? Ман медонам, ки шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастед ва менависед, ки чӣ навъ афроде бояд руасои марказҳои фарҳангии тоҷик бошанд? Мо медонем, ки марказҳои фарҳангӣ ҳастанд ба исм, аммо фаъолиятҳои фарҳангии зиёде анҷом намедиҳанд. Мешавад гуфт, ки аслан фаъолияти фврҳангӣ анҷом намедиҳанд. Ҳоло фикр мекунед, ки ин ҳамоиш фазоро тағйир хоҳад дод? Марказҳои фарҳангӣ фаъол хоҳанд шуд? Ё аслан чаро фаъолиятҳои тоҷикон аз тариқи як марказ бояд анҷом шавад? Чаро тоҷикон озодона наметавонанд ба хоҳиши худашон фаъолият кунанд?

— Бале, қисман ҳис кардам. Ба тафсил мехоҳам ҳарф занам. Ҳоло пурсида шудааст, ки барои қонеъ шудани дархостҳои тоҷикон, ҳукумати Ӯзбекистон чӣ кор бояд кунад? Пешниҳоди ман ин аст, ки аввал, қарори ҳукумат барои дар ҳақикат аз рӯи Сарқонуни Ӯзбекистон ҳимоя шудани ҳастӣ ва ҳуқуқи тоҷикон ва фарҳанги миллат дар тамоми ҷойҳое, ки тоҷикон сарҷамъона зиндагӣ мекунанд, лозим аст. Ин чиз бояд тариқи радио, телевизиюн, рӯзнома ва ҷамъомадҳо садо дода шавад, ки мардум аввал фаҳманд, ки на танҳо 10-15 нафар, балки тамоми мардум, ки дар Ӯзбекистон сукунат доранд, инро фаҳманд. Дуюм, кушодани кӯдакистон, синфҳо, мактаб, коллеҷ ва донишкадаҳо ба забони тоҷикӣ, ки дар гузашта баста шудаанд, барқарор карда шаванд. Сеюм, омода кардани кадрҳо ва бозомӯзии онҳо барои кор кардан дар ин мактаб ва коллеҷ, донишгоҳ ва кӯдакистонҳо. Чаҳорум, чопи китобҳои дарсӣ, ки ба меъёрҳои замона ҷавобгӯ бошанд. Боз ҳам бештар дар шаҳру ноҳияҳое, ки тоҷикон бештар ҳастанду нашри рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо аз нав барқарор карда шавад ё аз нав боз карда шаванд. Боз кардани бахши форсӣ-тоҷикии Иттифоқи Нависандагони Ӯзбекистон ва ташкили як маҷаллаи илмӣ-адабӣ ва фарҳангӣ барои кӯдакон. Кушодашавии телевизиони саросарӣ барои тамоми тоҷикон аз канали давлатӣ, бардоштани визо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки мардум равуо кунанд, доду гирифт кунанд ба хусус зиёиён. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ва аз ҷиҳати доду гирифти китоб. Ҳаштум, доду гирифти китобҳо ва кадрҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки гуфта гузаштем. Сафед шудани таҳқиршудагони тоҷик, ки беҳуда бадном шуданд ва интихоби раҳбарони марказҳои фарҳангии тоҷикон аз рӯи кордонӣ, масъулият ва хости мардум бояд шавад. Набояд касони тасодуфӣ ба ин марказ оянд ва боз ҳам хостаҳои худро, ки то ин вақт пеша мекарданд, даст гирифта шавад. Ин хушомадгӯён ва одамони тасодуфӣ набояд сари марказ бошанд. Сари марказ касоне оянд, ки масъулияти миллию фарҳангӣ дошта ва фидоӣ бошанд, ки аз ҳама чизҳои нолозим канор раванд. Мақсадашон фақат дигаргун кардани кори марказ ва фаъол кардани марказ бошад, ки таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ҷалб кунанд. Даҳум, додани мақоми забони расмӣ ба забони тоҷикӣ-форсӣ қатори забони давлатӣ дар саросари Ӯзбекистон, ки мардуми тоҷик он ҷо сарҷамъона зиндагӣ кардаанд, ба ҷуз Хоразм ва Қароқалпоқистон, то ин ки мардум донад, китоб хонад ва дар ояндааш ба коллеҷҳо дароянд ва ҳамчунин баъд аз донишгоҳ кор карда тавонанд. Қонунӣ шаванд ин корҳо. Ҳуқуқи тоҷикон дар қонуни Ӯзбекистон дарҷ карда шавад. Барои қонунманд кардани ин кор дар порлумон ва ҳукумат комиссияи махсус ташкил карда шавад, ки дар Сарқонун ҳамин чизҳоро нависанд, ки тоҷикон барои ҳимоя кардани хостаҳои миллӣ ва фарҳангии худ ҳақ доранд. Агар дар қонун ин чиз дарҷ нашавад, ҳамон корҳои кӯҳна мешавад. Мудирони мактаб ва ё мудирони маорифи ноҳияву вилоят аз касе напурсида мактабҳоро бастанд. Намедонам қонун аз боло буд ё инҳо худашон ин корро карданд барои нигоҳ доштани вазифаҳои худ.

— Шумо дар Филоделфиё ба сар мебаред бо хонаводаи худ. Фикр мекунед, ки тоҷиконе, ки дар айни ҳол дар Омрико ба сар мебаранд, аз ин тағйирот ва таҳаввулот чӣ тавр истиқбол карданд? Назарашон чист? Сӯҳбат мекунанд дар ҷамъ, ин тағйироти дохилро эҳсос карданд?

— Албатта, на ҳама, аммо 10-15 дарсади онҳое, ки дар фазои маҷозӣ фаъол ҳастанд, инро дарк карданд ва шод шуданд. Мо дар ҳар ҷамъомадҳои таърихиву фарҳангии худ ташвиқу тарғиб мекунем, ки забонро пос нигоҳ доранд, махсусан дар ҷашнҳои Сада ва Наврӯз, ки мо мегузаронем, дар ҳама ҷашнҳо мегӯем, ки мардуми қадим ҳастем, ки тамаддуни ҷаҳонӣ офаридем.

— Ҳамон тавр, ки медонед, дар рӯзномаи “Овози Самарқанд” мудири хона-музейи Садриддин Айнӣ мақолае навишта буданд ва дар он ҷо таййид карданд, ки буҷаи ба андозаи 300 милюн сӯми дохилӣ барои ин музей ҷудо карда шудааст аз буҷаи давлатӣ. Оё фикр мекунед, ки ин буҷа ба дурустӣ харҷ мешавад ва дар марҳилаи аввал чӣ чизҳоеро бояд тармим кунанд? Ҳамон тавр, ки медонед, яке аз он баҳсҳое, ки тоҷикони Самарқанд матраҳ мекунанд, ин аст, ки нимпайкараи Садриддин Айнӣ, ки дар беруни дари музей буд, ба дарун дароварданд, ба ҷое ки дида намешавад ва дур аз назари мусофирони хориҷӣ, ки қаблан канори он акс мегирифтанд. Он як намои фарҳангии шаҳр буд. Фикр мекунед, ки он муҷассамаро бармегардонанд ё ҷузъи барномаҳояшон нест?

— Албатта мардуми мо, зиёиёни мо аз ин қарор шод шуданд. Аввал ин ки чӣ хеле, ки медонед музейи Садриддин Айнӣ дар кӯчаи Регистон воқеъ аст, ки намуди он ба ҷуз аз як тараф аз се тараф бо биноҳои чандошёна баста шудаанд. Музей аз ҷиҳати сохтмон хеле фарсуда ва таъмирталаб шудааст. Албатта, сохтмонро дигар карда намешавад, вале таъмир мехоҳад. Дуюм ин ки пайкараи Садриддин Айниро, ки дар як рӯз аз он ҷо гирифтанд, ҳоло метавонанд дар як ҳафта онро ба ҷояш бозгардонанд. Фикр мекунам, ки дар Самарқанд барои Садриддин Айнӣ бояд муҷассама гузошта шавад. Рӯбарӯи музейи Айнӣ, дар он тарафи кӯча, ки он ҷо Боғи Шоирон ном дорад, макон ва фурсати хуб аст, ки он ҷо гузошта шавад. Масофа байни музейи Айнӣ ва кӯчаи Регистон 5-6 метр аст, ҳеҷ кас намебинад онро дар он ҷое, ки ҳаст. Ман намедонам, ки ин пул барои ин чизҳо харҷ мешаванд ё не? Ман фикр мекунам, ки мардум ва фидоиёни миллат ҳам кӯмак мекунанд, то ки музейи Айнӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ баргардад. Чӣ тавре медонед, соли 1987, ки замони Шӯравӣ буд, дар рӯзномаи русии “Ленинский Путь” ё “Роҳи Ленин” мақолае аз номи як меъмор, инсони худшинос ва фидоии миллат Вафо Эшонқулов ба номи “Пусть в Самарканде будет памятник Рудаки” (“Бигзор дар Самарқанд пайкараи Рӯдакӣ шавад”) мунташир шуд, ки бисёре аз мардумони гуногунмиллат, аз ҷумла тоҷикон, тарафдорӣ карданд. Дере нагузашта ҳукумати шаҳр ризоияти худро баён намуд. Ҳамон сол озмун барои тарҳи пайкара барпо шуд. Дар озмун мувофиқи акси рассоми бузург ва маъруфи Театри Опера ва Балет ва инчунин фидоии миллат Даврон Сафоев омода шуд, аз рӯи ин пайкарасоз аз шаҳри Душанбе, ки асолатан аз самарқандиён ҳастанд, дар ин озмун ғолиб омаданд. Барои омода кардани лоиҳа ва корҳои дигар Фонди Рӯдакӣ таъсис ёфт бо роҳбарии олими адабиётшинос ва боз як фидоии миллат Садрӣ ака Саъдиев. Ба суратҳисоби ин Фонд аз мардуми Самарқанд, ҳокимияти шаҳр, Фонди Забони Тоҷикистон, мудири китобхонаи миллии донишгоҳи Теҳрон Алӣ Кофӣ саҳмгузорӣ карданд. Маводди пайкараро Шаҳриёр Мухторов аксаран аз ҳисоби худ сарф карданд, каме давлат ва ҳамин Фонд ёрӣ расонданд. Пайкараро гузоштанд, обод карданд ва майдон шуд, вале рӯзе расид, ки пайкараро ба ҳеч кас нагуфта, аз он ҷо бардоштанд. Онро аз шафати қӯчаи Регистон ва Панҷакент, ки ҳамоно дар пушти музейи кишваршиносӣ ҷойгир буд, бардоштанд. Мардум ин корро хеле бад қабул карданд. Онҳо ба ҷояш дар рӯбарӯи донишкадаи савдо як нимпайкараи гаҷиро гузоштанд. Мо аз ҳукумат мепурсем, ки ин муҷассама куҷо шуд? Пули мардум куҷо шуданд? Он пайкара аз биринҷӣ буд, онро бояд баргардонанд. Дар куҷое бошад, як маконро ёфта муҷассамаи Рӯдакиро баргардонанд.

— Хеле мамнунам аз шумо

— Ташаккур Шаҳзодабону ки вазифаи миллӣ ва рӯзноманигории худро шуҷоъкорона адо кардед.

 

Манбаъ: Tribunezamaneh

(Аз бону Меҳрангези Саъдӣ ҷиҳати таҳияи матни кирилии матлаб изҳори сипос медорем)

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Худшиносӣ, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: