Фалсафа ва равиши реализм (165)

Худои ҷаҳон ва ҷаҳон (7)

Матни мақола

3) Мегӯянд: аз қонуни иллияту маълулият, ки дар Худошиносӣ истеъмол мешавад, ҷуз тадоъии маъонӣ наметавон пазируфт, ва тадоъии маъонӣ дар ҷое ба дард мехӯрад, ки ҳисс кор кунад (1).

4) Мегӯянд: аҳком ва қазоватҳои мо дар ҳақиқат як ришта фарзияҳое аст, ки барои тавзеҳу тавҷеҳи маҷҳулот дар ҳаводиси моддия фарз мекунем. Бо пешрафте, ки дар улум тадриҷан насиби инсон мешавад, ҳар фарзияи кӯҳна ҷои худро ба фарзияе тоза ва беҳтар ва васеътар аз худ медиҳад (2).

Инсони аввалӣ, ки иллатҳои моддияи бисёре аз ҳаводисро намедонист, ҳисси иллатталабии худро бо фарзи як ё чанд иллати маҷҳул ва берун аз табиат (Худо ё худоён) ирзо ва иқноъ мекард, вале имрӯза, ки ба иллатҳо ва асбоби бештари ҳаводис пай бурда ва ба тавоноии худ дар кашфи бақияи иллатҳо умедвор аст, аз ин фарзияи кӯҳна (вуҷуди Худо) дигар бениёз аст, чунонки ҳар чӣ улум пеш рафта ва парда аз рӯи асрори модда болотар зада, инсон дар муборизаи ҳаётии худ ба модда чиратар мегардад ва ақида ба моварои табиат ва хосса Худо ва маъод сусттар мешавад. Асосан ба фикри Худо афтодан маълули инҳитоти иҷтимоӣ ва иқтисодии як миллат аст. Як фард ё миллати бечора ва маҳрумияткашида мехоҳад худро бо фикри Худо хушнуд созад ва маҳрумияти иҷтимоӣ ва иқтисодии худро бо хушиҳои пиндории пас аз марг ҷуброн намояд. Аз ин рӯй, як даста афроди истеъморгар ва истисморгар аз истеъдоди афҳоми табақаи маҳрум суистифода карда, як ришта афкореро ба номи “ақоиди мазҳабӣ” дар мағзи онҳо гунҷонида ва ба умедвор сохтани онҳо ба ояндаи хуш ва подоши нек дар ҷаҳони дигар, ҳисси интиқомашонро кушта, барои ҳамеша ба хок месупоранд. Фикри мазҳабӣ аст, ки иддаеро ба номи “зоҳид” ва “роҳиб” дар ғорҳо ва дайрҳои торик, ва иддаи бечораи дигареро дар хокистари маҳрумият, ва иддаи дигареро дар сари хони неъмату маҳсули заҳмати дигарон менишонад.

5) Мегӯянд: дар ҳеч гӯшае аз майдони озмоишҳои илмӣ, ки арсаи ҳастӣ ва зиндагии инсон мебошад, асаре ва нишоне аз моварои табиат нест. Ҳар падида ва ҳодисае, ки инсон собиқан ба воситаи бехабарӣ аз иллати табиӣ, ӯро ба моварои табиат (Худо) нисбат медод, имрӯз илм иллати ӯро ёфтааст, пас Худое дар кор нест, ва агар ҳам бошад, буду набуди вай барои мо яксон аст ва аз ҳамин рӯй суде дар ин баҳс нест, ҷуз ин ки вақти маҳдуди моро талаф карда, моро аз кунҷковӣ аз модда дар роҳи муборизаи ҳаётӣ бозмедорад (3).

6) Мегӯянд: ин баҳс ба ҷое намерасад, зеро агар бино шавад Худоро ба ин далел исбот кунем, ки иллати соири ашёст, аз барои Худо низ бояд иллат ҷуст, зеро ҳар мавҷуде хоҳ нохоҳ бояд иллате дошта бошад (4).

* * *

Таълиқот:

(1) Роҷеъ ба мафҳуми воқеии “иллияту маълулият” ва ин ки воқеияти он амрест ғайр аз таъоқуб ва таволӣ (пай дар пайӣ) ва ин ки мафҳуме, ки зеҳн аз он дорад, танҳо ин нест, ки тасаввури яке аз ин ду тасаввури дигареро ба дунболи худ меоварад, дар поварақиҳои ҷилди дуввуми “Усули фалсафа…” баҳс кардаем. Муроҷеа шавад ба ҷилди дуввум, мақолаи 5-ум.

* * *

2) Ин ишкол муштамил бар ду иддаост: яке ин ки мабдаи фикри эътиқод ба Худо кӯшишест, ки башар барои тавҷеҳ ва тафсири падидаҳои ҷузъии табиат яъне тавҷеҳи иллати хосси ҳар падида ба таври ҷудогона ба харҷ медодааст. Дуввум ин ки: ба фикри Худо афтодан маълули инҳитотҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст ва ҳамвора афрод ва миллатҳои маҳрум ва ранҷдида тамоюле ба ин гуна эътиқодот пайдо мекунанд, то хотири ранҷдида ва марорати кашидаи худро бо ин саргармиҳои равонӣ таскин диҳанд ва тасаллӣ бахшанд. Табақаи истисморгари иҷтимоъ низ барои ин ки табақаи истисморшударо бештар саргарм кунад ва аз таваҷҷӯҳ ба воқеияти зиндагӣ ва ҳуқуқи поймолшудаи худ мунсариф намояд, бо анвои васоиле, ки дар ихтиёр дорад, бозори ин афкору ақоидро гармтар мекунад.

Дар зимни ин ишкол, як матлаби дигар низ иддао шуда, ва он ин ки: ҳеч қоидаи илмии собите вуҷуд надорад, тамоми қоидаҳои илмӣ фарзияҳое аст, ки ҷабран кӯҳна ва нав мешавад ва ҳар фарзияи ҷадидтар фарзияи қадимтарро мансух менамояд.

Ҳамчунон ки мулоҳиза мекунед, ҳар як аз он ду иддао дар бораи мабдаи пайдоиши эътиқод ба Худо сухани ҷудогонае аст. Иддаои аввалро касоне иброз менамоянд, ки мабдаи пайдоиши эътиқод ба Худоро ҷаҳлу нодонӣ мешуморанд. Огуст Кант чунин назарияе дорад ва аз ин рӯ мӯътақид аст, ки пешрафти улум сабаби мансух шудани андешаи Худост.

Огуст Кант ба нақли Фломориюн (Flammarion) дар китоби “Худо дар табиат” мегӯяд:

Илм, падари табиати коинотро аз шуғли худ мунфасил ва ӯро ба маҳалли инзиво савқ дода ва дар ҳолате, ки аз хадамоти муваққати вай изҳори қадрдонӣ кард, ӯро то сарҳадди азаматаш ва қудраташ ҳидоят намуд.”

Вале иддаои дуввум аз тарафи касоне иброз мешавад, ки ноҳамвориҳои иҷтимоиро маншаи пайдоиши ин фикр муаррифӣ мекунанд. Марксистҳо ин гуна изҳори ақида менамоянд.

Иддаои аввал мубтанӣ бар асли куллитаре аст, ва он ин ки: аҳком ва қазоватҳои куллӣ ва фалсафӣ, аз навъи фарзияҳост, яъне аз навъи ҳадсҳои ибтидоӣ аст, ки башар барои тавҷеҳи ҳаводис эъмол мекунад ва сипас таҷориби амалӣ онҳоро таъйид ё рад мекунад. Дар ин иддао чунин гуфта шудааст, ки эътиқод ба мавҷуди ғайбии маҷҳул (Худо) як фарзия аст, ки башар дар даврони бехабарӣ ва беиттилоии худ аз таъсироти табиат барои тавҷеҳи падидаҳои табиат ба вуҷуд овардааст.

Башари аввалия аз хоссиятҳои ашё ва таъсироти онҳо беиттилоъ будааст ва чун бо падидае аз қабили беморӣ, марг, тӯфон, зилзила, хусуфу кусуф, фақру гуруснагӣ, ҷанг, қаҳтӣ, барф, борон, пайдоиши гиёҳҳо ва ҳайвонҳо ва инсонҳо мувоҷеҳ мешуд, бо фикри кӯдаконаи худ чунин фарз мекард, ки мавҷуде ба номи “Худо” ҳаст ва ӯст, ки ин падидаҳоро ба вуҷуд меоварад, аммо баъд, ки аз рӯи таҷориби илмӣ, ки ягона меъёри санҷиши сиҳҳату суқми афкору андешаҳост, таъсироти табиатро шинохт ва донист, ки ҳар як аз онҳо иллате дар худи табиат дорад, қаҳран ҷое барои ин андеша боқӣ намемонад.

Вале ҳақиқат ин аст, ки на тамоми аҳком ва қазоватҳои башар аз ин навъ аст, ки эҳтиёҷ ба таъйиди таҷриба дошта бошад — балки мумкин аст инсон мустақиман аз рӯи далоили ақлӣ, фалсафӣ ё риёзӣ ба натиҷае бирасад бидуни он ки қаблан онро ҳадс зада бошад ва ё он ки исботи он эҳтиёҷ ба таҷриба дошта бошад — ва на чизе, ки башарро ба сӯи эътиқод ба Худо кашондааст, тавҷеҳу тафсири ҳаводиси ҷузъии табиат аст.

Дар оғози мақола гуфта шуд, он чизе, ки мабдаъ ва маншаи эътиқод ба Худост, тавҷеҳи маҷмӯаи низоми ҳастӣ аст, на фалон падидаи хосс. Эътиқод ба Худо дар заминаи тавҷеҳи кулли низоми ҳастӣ ба вуҷуд омадааст, на дар заминаи тавҷеҳи фалон падидаи табиат ва таълили он. Башар ба ҳукми ғаризаи зотии худ аз як тараф фикр мекунад, ки мабдаи тамоми коинот — ки як воҳиди ба ҳам вобастае аст — чист? Чӣ тавр шуд, ки ин ҳама мавҷудот бо низоми муайян либоси ҳастӣ пӯшида? Реша ва асоси ҳамаи инҳо чист? Ва аз тарафи дигар, назми бадеъи хилқат, ки ба таври вузуҳ дахолати илму идрокро дар сохтмони олам нишон медиҳад ва ҳар чӣ бештар бо таҷориби илмӣ дар заминаи шинохти табиат пеш меравад, бештар ба воқеияти он пай мебарад, ӯро мутаваҷҷеҳи мабдаи ҳакими алими шоъир (бошуъур) мекунад.

Кӯшиш барои ба даст овардани иллат барои як маълули ҷузъӣ аз қабили ин ки иллати фалон беморӣ чист, ё чӣ тавр мешавад, ки зилзила ба вуҷуд меояд, маншаи эътиқод ба Худо намешавад. Агар фаразан фикру эътиқод ба Худоро як “фарзия” биномем, бояд ном онро “фарзияи иллатул-илал” бигузорем, яъне иллате, ки ҳамаи иллатҳо ва сабабҳо аз ӯ моя мегиранд, аммо фарзи иллат барои як маълули хосс, рабте ба вуҷуди Худо надорад. Усулан мавҷуде, ки кораш дахолат дар як маълули хосс бошад, аз назари илоҳиюн Худо нест, балки махлуқест аз махлуқоти Худо.

Аммо иддаои дуввум: пучии ин иддао возеҳтар аз ин аст, ки ниёз ба тавзеҳи зиёд дошта бошад. Агар ин сухан дуруст бошад, лозим аст, ки ҳеч фарди мураффаҳ ва баҳраманд тамоюле нисбат ба Худо дар худ эҳсос накунад ва ҳар чи башар аз лиҳози осоиш пеш биравад, аз рағбати ӯ ба умури маънавӣ коста бишавад, то ба сифр бирасад.

Воқеияти машҳуд хилофи ин аст. Чӣ қадр афроди зиёде пайдо мешаванд, ки амвол ва сарватҳои худро фидои умури маънавӣ ва илоҳӣ мекунанд, ва чӣ қадр афроди зиёде пайдо мешаванд, ки пас аз эҳрози ҳамаи мавоҳиби моддии зиндагӣ эҳсоси халаъ дар руҳи худ менамоянд ва ба ҷаҳони маънӣ рӯ мекунанд.

Ва аммо роҷеъ ба матлабе, ки дар зимни тақрири ишкол омада буд, яъне ин ки “ҳеч қоидаи илмии собит ва доим ва содиқ дар ҳамаи замонҳо вуҷуд надорад ва ҳар қоидаи илмӣ чанд рӯзе муваққатан ҳақиқат шинохта мешавад ва дер ё зуд бояд ҷои худро ба қонуни илмии дигар бидиҳад”, дар ҷилди аввали “Усули фалсафа…” мақолаи “Арзиши маълумот” баҳси кофӣ дар борааш шудааст ва дар матни ин мақола низ баъдан хоҳад омад.

* * *

3) Ин ишкол аз назари адами дарки мафҳуми Худо ва ин ки мӯътақидон ба Худо ба чӣ ҳақиқате имон доранд, дар радифи ишколи пешин аст ва чун дар худи матн машрӯҳан ҷавоби ин ишкол хоҳад омад, мо аз ҳар гуна тавзеҳи дигаре худдорӣ мекунем.

* * *

4) Дар мақолаи 9 “Усули фалсафа…” дар бораи ин матлаб баҳси кофӣ шуда ва дар матни мақола низ хоҳад омад.

Ҳукамо ва фалосифаи исломӣ дар асари бархӯрд бо ақоид ва орои мутакаллимин тавфиқ ёфтаанд, ки як мабҳаси фалсафии боарзиш дар боби иллату маълул боз кунанд, ва он ин ки: “маноти эҳтиёҷи шайъ ба иллат чист?”, оё як шайъ аз он ҷиҳат, ки шайъ аст ва мавҷуд аст, ниёзманд ба иллат аст? Ва ё аз он ҷиҳат, ки набудааст ва буд шудааст? Ва ё аз он ҷиҳат, ки дар зот ва моҳияти худ имкони ҳастӣ ва нестиро тавъаман дорад? Ва ё ҷиҳати дигаре дар кор аст? Мо дар поварақиҳои он мақола машрӯҳан дар ин бора баҳс кардаем, такрор намекунем.

Мабнои ишколи боло ин аст, ки пиндошта шудааст, ҳар мавҷуде аз он ҷиҳат, ки мавҷуд аст ниёзманд ба иллат аст ва аз ин рӯ гуфта шудааст Худо низ мавҷуд аст, пас иллати вуҷуди Худо чист? Ин як иштибоҳи фоҳиш аст.

Масъалаи “маноти эҳтиёҷ ба иллат”, ки дар боло ишора шуд, аз баракати тасодум ва бархӯрди оро ва ақоиди мутакаллимини исломӣ бо оро ва ақоиди фалосифаи исломӣ дар масъалаи “ҳудуси олам” дар фалсафа пайдо шуд ва яке аз боарзиштарин масоили фалсафӣ аст. Мо дар мутолеоти худ ба ин нуктаи қотеъ бархӯрдаем, ки дар фалсафаи Урупо аслан таваҷҷӯҳе ба ин асли асосии фалсафӣ нашудааст ва бисёре аз бунбастҳо аз ин адами таваҷҷӯҳ пайдо шудааст. Баръакс, дар фалсафаи исломӣ бисёре аз масоил ва лоақал бисёре аз бурҳонҳои масоил, ношӣ аз кашф ва таваҷҷӯҳ ба ин асли асосӣ аст. “Бурҳони Синавӣ” дар исботи иллатул-илал муттакӣ ба ин асл аст ва бо таваҷҷӯҳ ба ин асл баён шудааст. Баъдан дар бораи он бурҳон баҳс хоҳем кард.

Акнун барои ин ки маълум шавад то чӣ андоза ин асл дар фалсафаи Урупо маҷҳул будааст, сухани Росел, файласуфи муосирро дар ин замина нақл мекунем ва баҳси бештарро ба ҷои дигар ва вақти дигар мавкул мекунем.

Бертронд Росел дар китоби кучаке ба номи “Чаро масеҳӣ нестам?”, ки аз ӯ ба ҷой монда бурҳонҳои исботи вуҷуди Худоро интиқод мекунад, аз ҷумла бурҳони иллатул-илалро. Дар бораи ин бурҳон мегӯяд:

Асоси ин бурҳон иборат аз ин аст, ки тамоми он чиро, ки мо дар ин ҷаҳон мебинем дорои иллате аст ва агар занҷири иллатҳоро дунбол кунем, саранҷом ба нахустин иллат мерасем ва ин нахустин иллатро “иллатул-илал” ё “Худо” меномем.”

Он гоҳ ин бурҳонро чунин интиқод мекунад:

Ба ҳангоми ҷавонӣ дар бораи ин масоил жарф намеандешидам ва бурҳони иллатул-илалро то муддати мадиде пазируфтам, то он ки рӯзе ба синни 18-солагӣ ба хондани биюгрофии Ҷон Устуворт Мил бад-ин ҷумла бархӯрдам: “Падарам ба ман мегуфт, ки ин пурсиш: чӣ касе маро офарид?, ҷавоб надорад, зеро билофосила ин суол матраҳ мешавад, ки чӣ касе Худоро офарид?”. Ҷумлае бад-ин соддагӣ дурӯғи бурҳони иллатул-илалро бароям ошкор сохт ва ҳанӯз ҳам онро дурӯғ медонам. Агар ҳар чиз бояд иллате дошта бошад, пас Худоро низ иллате бояд. Агар чизе бидуни иллат вуҷуд тавонад дошт, ин чиз метавонад ҳам Худо бошад ва ҳам ҷаҳон. Пучии ин бурҳон ба ҳамин ҷиҳат аст.” (с.8-9)

Феълан ниёзе ба гуфтугӯ дар атрофи сухани пучи Росел намебинем, ба мавқеъ, ки дар атрофи худи бурҳон баҳс мешавад, пучии ин суханон равшантар хоҳад шуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: